АЗ БЕАДАБӢ КАСЕ БА МАҚСАД НАРАСАД…

Имрӯзҳо ҷомеаи  ҷаҳониро чун вабои аср амалҳои терористию экстрэ-мистӣ ба ларза овардааст. Ин сабаб гардидааст, ки тероризм ва гурӯҳу  ҳаракатҳои ифротӣ боиси ташвишу нигарониҳои олам гардидааст.

    Аз ин рӯзҳо ҳар насли имрӯз, ки соҳиби ақли солиму хиради воло аст,  зарур аст, ки  нисбат ба ин амалҳои номатлуб борикбинона изҳори ақида ва эҳсоси назар намояду бетарафиро зоҳир нанамояд. Зеро ин вабои аср ҷомеаи имрӯзро чун тори анкабут печидааст.

     Мисоли аз инҳо фаъолияти ҳизби мамнӯъгашта ТЭТ  ҲНИТ  мебошад. Бо баробари фаъолияти ғайриқонунӣ доштан, ки дар охир чун парда аз ниқоби аъзоён, риёсат, роҳбарони ҳизб бардошта шуд, таърих нишон дод, ки фаъолияти ин ҳизбу гурӯҳи, манфиатхоҳ танҳо бо истифодаи мафҳуми Исломи пок мехостанд нақшаҳои ғаразноки худро амалӣ намоянд.

     Яке аз поягузорон, иштирокчиёни фаъоли ҷангӣ шаҳрвандӣ, ки ибтидои солҳои 90-уми садаи бистум ҷомеаи тоҷикони соҳибистиқлолро фаро гирифта буд, ин таъсис ва фаъолияти ғайри қонунии  ҲНИТ  буд. Ин ҳизби мамнӯъгардида, дар ибтибои солҳои 1992-1997 дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон амал намуда, баъд аз имзошавии созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чун ҳизби сиёси аз нав ба қайд гирифта шуда буд. Таърих нишон дод, ки фаъолияти ин ҳизб танҳо манфиатхоҳи мақсади нопоки худ буд. Сарвари  ин ҳизб дар охир бо сарварии шахси ватанфурӯш Муҳиддин Кабирӣ, ки имрӯзҳо чун фирори ватани аҷнабиёнро макони зисти худ интихоб кардаасту ба қадри пораи нон, қатраи обҳои мусаффои Тоҷикистони биҳиштосо нарасида, ҳатто аз ҷойҳо ҳам ором наистода мехоҳад ба амну осоштагии мо монеа эҷод кунад. Албатта ҳамаи ин “ҷонибҳо”-и вай ин хизмат ба “хоҷагон”-и худ аст, ки “сарпарастон”- мехостанд бо пардохти маблағҳои ҳангхудаст  сулҳи моро халалдор намоянд. Ин буд, ки бо супоришу маблағгузориҳои ин гурӯҳи “манфиатхоҳон” аз ҷумла аз ҷониби Эрони Исломи чеҳраҳои шинохтаи илму маърифати мо дар соҳои ҷанги шаҳрванди кушта шуда буданд, ба мисли О. Латифи, Исҳоқӣ, М. Ғуломов ва даҳҳои дигар. Инҷо суоле ба миён меояд…  онҳо чӣ мехостан. Бигзор ба ин савол аъзоёни собиқ ҳизби  ҲНИТ ва роҳбари собиқи он чун М. Кабири ба мардуми тоҷик ҷавобе гӯянд. Рӯи рост ба аҳли мардуми тоҷик тариқи садо ва симо, рӯ ба рӯ сӯҳбат намоянд. Афсӯс наметавонанд… Зеро амалҳояшон ғайриқонунӣ буд ва онҳо чун гуреза берун аз ин марзу бум ҳастанд.

Аз ин рӯ мо мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки аҳли исломем, 99% аҳолии моро мусулмонон ташкил медиҳанд ҳамеша чун таблиғгари исломи ноб бошем. Зеро Ислом чун дини пок тараннумгари ростиву накӯкорӣ, инсондӯстиву муҳаббат, хайру садақа ва меҳанпарастӣ аст. Дини Ислом маҳкум менамояд қатлу куштор, бӯҳтону тӯҳмат, кинаву адолат, ғоратгариву тухми низоъро коштан.

Мо бояд шукронаи истиқлолият, якпорчагӣ, ваҳдат бошем ва ин ҷанги ноёбро чун неъмати ноёб ба насли ояндаи хеш боқӣ гузорем.

Аминҷонова М.С.

омӯзгори ДКМТ