АЗ БАДНИҲОД ЧАШМИ НАКУӢ ТАМАЪ МАДОР

Аз бадниҳод чашми накуӣ тамаъ мадор,

Кӯри зи модар омада бино накмешавад.

Ин байти Сайидо як олам маъно дорад. Хоса барои ҷавонони имруза, ки пайрави радикализм мегарданд. Мафҳуми радикализм дар адабиёти илмӣ ҳамчун истилоҳ арзёбӣ мегардад. Зери ин истилоҳ, таҳаммулнопазирӣ беэътирофии ҳақиқат фаҳмида мешавад. Гуфтан  ҷоиз аст, ки  радикализм дар ҷомеаи мо падидаи навзуҳур аст.Калимаи радикализм аз калимаи лотинии “ radix “ гирифта шуда, маънояш “ реша “ бех “ мебошад. Радикализм ҳамчун истилоҳ, маҷмӯи андешаҳои ҳаракатҳои иҷтимои сиёсӣ аст, ки мақсади дигаргун сохтан, сарнагун намудани институтҳои сиёсӣ ва иҷтимоии ҷомеаро дорад.Радикалҳо навигариҳо ва дигаргуниҳоро ворид намудан бо роҳи зӯри дуруст мешуморанд .  Дар асри XX радикализм ҳамчун пояи асосии идеологияи як қатор қувваҳои сиёсии чап ва рост гардид. Бо пешниҳоди ақидаҳои худ пайравони ин ҷараён низомҳои сиёсиро баён намуда ҳалли масъаларо барои барҳам додани онҳо диданд.

    Паёми  навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Тоҷикистон дар шароити муташанниҷ гардидани вазъи ҷаҳони муосир ва зуҳуроти тероризм ва экстремизм пешниҳод гардид. Воқеан, рӯйдодҳое, ки дар ҷаҳон шуда истодаанд, дар Ховари Миёна, Африқои Шимолӣ ва чандин кишвархои Аврупо тероризм ва экстремизм хатари аввалиндараҷа  буда, ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш мондааст. Фаъолияти созмонхои террористӣ васеъ шуда, аз ҷумла дар давлати Афғонистон, вазъиятро боз ҳам мураккабтар кардааст.  Пешвои миллати тоҷикон оид ба авзои  геополитикии ҷаҳони муосир бо таваҷуҳу нигаронӣ сухан гуфта, ҳушдор дод,ки вазъияти баамаломада  дар минтақаҳои гуногуни олам метавонад ба оромию осоиштагии ҳаёти мардуми мо ҳам таъсири манфӣ расонад.

     Экстремизм аз калимаи франсузии “ extremisme” ва лотинии “extrimus”гирифта шуда, маънояш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳаду андоза гузаштан аст. Экстремист шахсест,ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ мебошад. Ин зуҳурот дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто соҳаи варзиш инъикос меёбад.

   Ифодаи ифротгароӣ хеле решадор, он ҳеҷ гоҳ  ҳудуд ё дину миллат надорад ва ҳудуди ягон мамлакатро эътирф намекунад. Дар Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон чунин баён гардидааст:

    “ Ман чандин маротиба  аз минбарҳои Созмони милали муттаҳид ва ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид карда будам, ки террорист – ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад.

   Гузашта аз ин, зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, баръакс, аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандози шуда, аз ваҳшонияти асримиённагии террористӣ, пеш аз ҳама, пеш аз ҳама, кишварҳои исломӣ ва мусулмонони сайёра зарар мебинанд”.

  Боиси нигаронист, ки давоми солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  созмонҳои ғайрианъанавии динӣ – радикалӣ фаъолияти худро васеъ намуда, чун “ Ҳизб-ут-Таҳрир”, “ Ҳаракати исломии Туркистон”, “ таблиғи ҷамоат”, “салафия” ва ваҳҳобиён мебошанд. Ин созмонҳои динии ғайрианъанавӣ асосан махфи буда тарафдорони асосиаш ҷавонони аз  синни 17 – 35 мебошад.

  Бо қарори суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2001 дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти Ҳизб-ут-таҳрир қатъ гардидааст. Ғайри ин тасдиқ шудааст, ки ин созмон ба хонандагону донишҷуён, омузгорон ва халқи камбағал тааасуроти калон мерасонад. Боз бо қарарори  суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 08 декабри соли 2014   фаъолияти равиши созмони динии  “Салафия” экстремистӣ дониста шуд. Роҳбарияти Прокуратураи Генералии  Ҷумҳурӣ қайд мекунад, ки ҳиссаи калони шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар муқобилият бо яроқу аслиҳа дар Сурия ва Ироқ дар гуруҳҳои “ Давлати исломӣ” , ки фаъолият доранд, пайравони “ Салафия “ мебошанд,ки мақсадашон даъват ба “ ҷиҳод” аст.  Дар психологияи иҷтимоӣ фаҳмише вуҷуд дорад, “оинаҳои Овертон”. Мардум оид ба ин ё он воқеа ва далелҳо таҳкурсӣ доранд. Масалан  “экстремизм  – ин нодуруст” , “ машруботи спиртдор – зарарнок”, ва “ варзиш – ин саломатӣ” ба ҳисоб меравад. Вазифаи ғояи террористон ин фаҳмишро дигаргун сохтан аст, яъне вайрон намудани стереотип мебошад. Барои ҳамин бо ёрии интернет сайтҳо ва фазои хабарнигор видеоҳо, контентҳо масалан бо ДОИШ вобаста боргузорӣ мешаванд. Экстримистон мехоҳанд, ки онҳоро шунаванд ва натанҳо онҳоро ҳамчун муборизони зидди “кофирон” боз чун одамони  муқаррар  қабул кунанд.  

 

      Барои Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳанӯз солҳои навадуми асри гузашта ба рӯйдодҳои фоҷиабори муқовимат ба экстремизм ва терроризм рӯ ба рӯ шуда, талафоти зиёди ҷонӣ дода буд. Чунин ҳолат набояд дар кишвари мо такрор шавад. Барои ҳамин тамаъҷуӣ аз ТТЭ ҲНИ-и бадниҳод ҳаргиз қобили қабул нест.

 

                                                                                Манзура Сатторова, Дотсенти кафедраи забони давлатӣ

                                                                                                                           ва забонҳои хориҷии ДКМТ