АДОЛАТ БО СУЛҲ ЗЕБОСТ….

Ҳадаф аз бунёди Давлат наҷоти инсон аз бадбахтиҳои бузург аст. Одамон бояд ба давлат эътимод кунанд.

Дарде, ки қалби ӯро ором намегузошт, изтироби адонашавандаро мемонад. Имрӯз мо ҳамагӣ дар даруни як киштӣ ҷой гирифтаем; дар киштие, ки шояд дар фазои беинтиҳои коинот ягона маҳалли маскун бошад. Киштие, ки ҳаёти одамонро вобастаи ҳам намудааст. Агар инсоният бо сулҳ зиндагӣ намуданро наомӯзад, ҳатман ҷои онро ба ҷанг медиҳад. Инсони заҳматкаши имрӯза, дар селоби ҳаракати таърих нақши калидӣ доранд. Ҳеҷ вақт таърих то мисли имрӯз озодии виљдонро  надидааст. Инсони имрӯза метавонад аз ҳамаи дастовардҳои замон норозӣ бошад, аммо ҳеҷ гоҳ аз тақдири худ набояд дилгир шавад. Ин ҳақиқат дар замираш як навъ ҳикмати зиндагиро дорад.  Дар давоми зиндагии худ  инсон на танҳо бо сабаби таҳаввулоти ҷисмонӣ ҷаҳонро дигаргун намуданд, балки асоси тағйирёбии ў аз инкишофи рӯҳиву зеҳнӣ ва дарк намудани идеяи озодӣ буд.

Мо дар замоне зиндагӣ дорем, ки ҳамаи одамон новобаста аз таҷриба ва омӯзишҳояшон, новобаста аз ихтисосашон ба равандҳои сиёсиву иҷтимоӣ баҳо медиҳанд. Мо тарафдори фикри одил ҳастем ва дар ҳаёт соҳиби фикри шахсӣ шудани ҳар фардро эътироф менамоем.  Назарияҳо ба пайдоиши ҳодисаҳо сабаб мешаванд ва зиндагии одамон маҳсули идеяҳояшон мебошанд. Ҳар як инсон дар ҳаёт барои худ қонуни тиллоии виҷдон дорад. Ва ҳамаи одамон вобаста ба ҷаҳонбинӣ рамзи бовиҷдониро дар ниҳоди худ мепарваранд. Пеш аз он ки ҳар як ғоя барои мардум  пешниҳод карда шавад, бояд фикр, фикр ва боз ҳам фикр кард, аз оқибати он, аз натиҷаи он… ин аст қонуни тиллоии виҷдон.       

 Инсон талаботҳоеро соҳиб аст, ки метавонанд онҳо харобкунанда ва созанда бошанд. Агар дар ҷомеа ҳама аз рӯи идеяи баробарӣ амал намояд, он гоҳ адолат ҳосил хоҳад шуд. Агар одамон эҳсоси идеяи ахлоқ, озодӣ, баробарӣ, виҷдон ва ғайраро надошта бошанд, ҳеҷ гоҳ адолати иҷтимоӣ зуҳур нахоҳад кард. Зеро сулҳ бе адолат ва адолат бе сулҳ нахоҳад буд. Фикр мекунам аз «муҳаббат ба инсоният» дида  имрӯз вазифаи пуршарафтаре мавҷуд нест.

Рафтори Изаттулоҳ,

дотсенти кафедраи фанњои гуманитарї-иљтимоии ДКМТ