Таърихи 30.09.2023 сол., гурӯҳи кории таъсисдодаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбари Сардори шуъбаи баҳодиҳӣ ва мониторинги сифати таҳсилот – Ширинзода Наҷмиддин ва ҳайати кории он Олимов А., Тоҷуддинзода А., Садуллоев А., Намозов Н., инчунин бо ҷалби коршиносон ва мутахассисон аз макотиби олии вилояти Суғд санҷиши сифати таълимро дар донишкада анҷом дода, дар назди раёсат ва коллективи меҳнатӣ ҳисобот дода, ҳозиринро бо натиҷаҳои пешакӣ арзёбинамудаи гурӯҳӣ корӣ шинос намуд.
Тибқи арзёбиҳои пешакӣ дар ДКМТ 62% азхудкунӣ ва 26,5% сифатнокӣ баҳо дода шудааст.
Гурӯҳи корӣ ҳамчунин, дар самти таҳияи низомномаҳо, саволномаҳои санҷиши сифат, таъмини иҷроиши босифати қарору фармонҳо, такмили ихтисос, рушди фонди китобҳо, гусиариши робитаҳо дар самти таҷрибаомӯзӣ, назораи корҳои амалии донишҷӯён, навиштани китобҳо ва дигар самтҳои муҳими фаъолияти донишкада, таклифу пешниҳод ва эроду маслиҳатҳо ироа намуд.
Раёсати таълим бо таҳияи нақшаи чорабиниҳо иҷроиши пешниҳодҳои гурӯҳи кории агентиро амалӣ хоҳад кард.