Тибқи нақшаи кории Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи дуюми соли 2023 ва фармоиши директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 05.09.2023с., №747 Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон аз санҷиши сифати таҳсил гузаронида мешавад. Ба ин хотир аз ин ниҳоди назоратии давлатӣ, гурӯҳи кории иборат аз 5 нафар ва гурӯҳи кории экспертӣ аз МТОК-и вилояти Суғд иборат аз 50 нафар дар муассиса ба мӯҳлати 8 рӯз фаъолият хоҳанд бурд. Тибқи ин фармоиш Раёсати таълими донишкада вазифадор карда шудааст, ки ҷиҳати гузаронидани санҷиши сифати таҳсилот аз ҷониби комиссияи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити мусоид фароҳам оварад. Бахши идоракунии сифати таҳсилот, садорати факултетҳо, мудирони кафедраҳо ва дигар сохтору шуъбаҳои дахлдор вазифадор карда шудаанд, ки дар мавриди санҷиш дастовардҳои донишкадаро муаррифӣ намуда, маълумотҳои заруриро дар мӯҳлати муайян ба комиссия пешниҳод намоянд. Ҳамчунин, ба раёсати таълим дастур дода шудааст, ки пас аз санҷиши сатҳи сифати таҳсилот дар донишкада, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба унвонии ректори донишкада, пешниҳод манзур намояд.