АГАР БАД КУНӢ, ЧАШМИ НЕКӢ МАДОР

Дар шароити муосир таблиғи  амалҳои бесарусомониҳои гуногун дар кишварҳои алоҳида мушоҳида карда мешавад, ки асоси он иғвогарии қувваҳои ҷудоихоҳии бурунмарзӣ ба ҳисоб меравад. Мақсади ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонуние, ки чунин ҳолати ноамниро ба мён меоранд, сарнагун намудани ҳокимияти конститутсионӣ ва легитимӣ ба ҳисоб меравад.

Чунин неруҳои  мухталиф аз тарафи давлатҳои хориҷӣ дастгирӣ карда мешавад ва шаҳрвандони ниёзманд, ки мафкура – шуурнокии маънавӣ, маданӣ ва ҳуқуқии онҳо паст ва аксарияти онҳо ҳатто намедонанд, ки ба кадом роҳ рафта истодаанд, бо истифода аз сомонаҳои гуногуни ифротӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ шомил мешаванд. Сипас  дар натиҷа аъзои гуруҳҳои террористӣ мешаванд. Мутаассифона,  ҷумҳурии  мо  низ аз ин гуна ҳизбҳои ғайриқонунӣ ва кирдорҳои он холӣ намебошад. Ба онҳое, ки таҳриргари ин ҳизбҳои террористию экстримистӣ мебошанд аз куҷо ва кӣ будани шаҳрвандони муҳоҷир ва роҳгумзада аҳамияте надорад. Ҳадафи онҳо боз ба вартаи бесарусомонӣ ва ба вахшоният кашидани инсонҳои зиёди ҷомеа шуда истода аст.

Мутобиқи  қонунгузории мамлакат шаҳрвандони ҷумҳуриамон новобаста аз он ки ба  кадом намуди  дин ва мазҳаб пайравӣ мекунанд, комилан  баробарҳуқуқ мебошанд. Чи тавре мо медонем дар ягон ҳуҷҷати давлатӣ диндор будан ё набудани шахс қайд карда намешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вуҷуди он ки аксарияти  шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон пайрави дини ислом буда, дини исломро муқаддас мешуморанд аз  ҷониби давлат дини ислом ҳамчун дини расмии давлатӣ эътироф нашудааст. Ташкилотҳои динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикстон аз давлат ҷудо буда, ба кори давлат дахолат намекунанд. Пас дар ҷомеаи дунявӣ барои рушди ҳамагуна соҳаҳо ва махсусан соҳаи дину маънавиёти илоҳи шароити мусоид фароҳам оварда мешавад. Аз ҷумла дар ҷомеаи мо зиёда 4000 масҷиду мадрасаҳо расман амал мекунанд, китоби “Қуръони карим” ба забони тоҷикӣ тарҷума ва ба мардум дастрас гардид. Ин ҳама аз бузургдошти инсон ва шаҳрванд дарак медиҳад.

Бо вуҷуди ин, ҳама гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ бар муқобили давлат ва давлатдории ҷомеаи мо равона гардидааст. Бе ҳуда нест, ки Саъдии Шерозӣ мефармояд:

 

Агар бад кунӣ, чашми некӣ мадор,

Ки ҳаргиз наёрад газангур бор.

 

Фаридаи Амонулло, омузгори ДКМТ