Дар чанд соли охир барои бисёр ҳам нотинҷу ноором сохтани вазъи кишвар аъзоёни ташкилоти террористӣ-экстремистии “Ҳизби наҳзати исломӣ” бо маблағгузории хадамоти махсуси Ҷумҳурии исломии Эрон дар шабакаҳои иҷтимоӣ гурӯҳҳо таъсис додаанд ва дар шабакаи ҷаҳонии интернет чанд сомонаи ифротии худро фаъол сохтаанд, ки барои фақат ноором сохтани ҷомеа ва гумроҳ намудани мардуми кишвар сафарбар гардидааст.
Ҳамчунин ба воситаи ин сомонаҳо аъзоёни ТЭТ ҲНИ ғояҳои ифротгароиву даҳшатафканиро ба таври комил тарғибу ташвиқ намуда, аз ин ҳисоб сафи аъзоёни худро зиёд менамоянд.
Ҳамзамон иттилое дар даст дорем, ки роҳбарияти ТЭТ ҲНИ Кабирии палид ва разил бо истифода аз номи ислом ва мазҳабу арзишҳои динӣ бо ҷавононро гумроҳ намуда ба созмони террористии “Давлати исломӣ” ворид менамояд ва тибқи таҳлилҳо аз солҳои нахустини пайдоишаш созмони террористии “Давлати исломӣ” бо ТЭТ ҲНИ ҳамкорияшро қавӣ намуда дар ин самт барои зиёд намудани террористон ҳарду тараф ҳам фаъолона талош менамоянд ва чандин ҷавонро Кабирии разил ва касиф гумроҳ намуда ба сафи ин ташкилоти террористӣ ворид намудааст.
Аз ҷониби дигар чунин ахбор ҳам вуҷуд дорад, ки ТЭТ ҲНИ солҳои нахустини таъсисёбиаш бо созмони террористии “Ал-Қоида” ҳамкорӣ намуда, аъзоёнашро бо таълим дар мактабҳои махсуси ин ниҳоди террористӣ дар Афғонистон ба тамрину тадрис фаро гиронидааст.
Қатлу куштор ва бераҳмиҳои аъзоёни ТЭТ ҲНИ-ро мо агар рӯйи коғаз оварем ҳазор китоб мешавад ва танҳо қатрае аз баҳрро мегӯему халос. Зеро дар чанд соли охир аксарияти созмонҳои террористӣ ва аъзоёнаш дар минтақа дар ҳамкорӣ бо ҳамдигар ба ҷуз куштору содир намудани ҷиноятҳои сангин дигар коре накардаанд. Ин дар ҳолест, ки ТЭТ ҲНИ ба таври пардапӯшона фаъолияташро ба роҳ монда аъзоёнаш бошанд, ҳамон гунае, ки мехостанд ҷинояту авбошии худро идома медоданд.
Ҳарчанд он вақтҳо фаъолияти пасипардагии ТЭТ ҲНИ барои мардум ба таври ошкоро гуфта намешуд ва шаҳрвандон аз он хабар надоштанд ва ҳамин чиз низ боис шуд, ки мардум фирефтаи андешаҳои ин касифон гарданд ва ба доми онҳо афтанд.
Ба ҳар ҳол бе ягон мамониат мо метавонед аз парвандаи аъзоёни ТЭТ ҲНИ имрӯз аз хазинаи Суди Олӣ ва мақомот дастрасӣ пайдо намоем ва ба таври комил ҳамаашро бихонем ва шинос гардем. Зеро хиёнатҳои аъзоёни ТЭТ ҲНИ хеле зиёд аст ва ин як тарафи масъала ҳасту халос ва гумон мекунам, ки агар миллат аз ин огоҳ шавад, ҳатман ин разилони наҳзатиро ҳаргиз нахоҳад бахшид.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ба ин масъала таваҷҷуҳ намоянд ва махсусан созмонҳову давлатҳои аврупоӣ ва воқеияти ТЭТ ҲНИ-ро ба таври комил омӯхта, ҳадафи ин разилонро ба ҷаҳониён муайян намоянд, зеро дар сурати баръакс худи шаҳрвандони Аврупо қурбони амалҳои террористии ТЭТ ҲНИ хоҳанд шуд, зеро ин ташкилоти террористиро Ҷумҳурии исломии Эрон маблағгузорӣ менамояд ва дар ҳар ҳолат инҳо метавонанд дар хидмати охундҳои лаин бошанд.
Меҳвар Абдусаломов
омӯзгори ДКМТ