АВРУПО ТЕРРОРИСТОНИ НАҲЗАТИРО КАЙ БАДАРҒА МЕКУНАД?

Тавре, ки ба мо маълум аст, имрӯзҳо наҳзатиёни малъун ва ҳаромзодаву харшиа ба хотири гумроҳ намудани мардум ба ҳар коре даст мезананд ва талош менамоянд, ки миллати тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ шарманда созанд. Аммо, хушбахтона ин бор худи наҳзатиён дар байни ҷомеаи Аврупо ва Ғарб шарманда шуданд. Зеро бо як амалиёти гузаронидаи пулиси Олмон яку якбора панҷ аъзои ТТЭ ҲНИ, ки дар Олмон паноҳанда буданд, боздошт гардиданд. Ва он ҳам бошад бо иттиҳоми ҳамкори бо созмони террористии “Давлати исломӣ” ва тарҳрезии як амали террористӣ дар қаламрави ин кишвар мебошад.

Яъне, ин бор ҳам наҳзатиёни палид ва бадсиришт натавонистанд, ки худро нигоҳ доранд ва боз даст заданд ба амалҳои хоинонаи худ, сиррашонро дар байни аврпуоиён ошкор сохт. 

Албатта, ин ошкорсозӣ замоне сурат гирифт, ки наҳзатиёни малъун ва ҳаромзодаву бадкеш ба хотири гумроҳ намудани ҷомеа талош мекарданд, ки номи миллати тоҷикро бад кунанд, аммо худашон фош шуданд, аъмоли зишт ва симои дурушташон бармало гардид.

Зеро пас аз эълони боздошти ин панҷ мутаҳҳам дар Олмон роҳбари ТТЭ ҲНИ ва аз террористони фирорӣ Кабирии палид ба тариқи онлайнӣ муроҷитаномаи видеоӣ анҷом дод, ки дар ин муроҷиаташ ин хоини бадкеш аз ин панҷ боздоштшуда, ҳимоят мекард ва чунон вонамуд мекард, ки гӯё ин панҷ авбош аъзои ТТЭ ҲНИ набошанд.

Аммо, чӣ кунем, ки тафтишот чизи дигар мегӯяд ва барои мақомоти Олмон ҳам маълум гардидааст, ки ин панҷ нафар аз паноҳандагони сиёсӣ худро аз аъзоёни ТТЭ ҲНИ сабти ном кардаанд ва албатта ин ҳолат Кабирии палидро нигарон кард ва ба хотири ҷомеаро фиреб додан ин хоин ба тариқи видеоӣ муроҷиат намуд, ки ҷомеа низ аз ин шайтониҳои Кабирии малъун кайҳо боз огоҳ аст.

Ва хулосаи гап ин аст, ки ин бор аъзоёни ТТЭ ҲНИ натавонистанд, мардумро фиреб диҳанд, зеро гуноҳашонро мақомоти Олмон ошкор кард ва ин албатта ба будубошӣ ин тоифа низ ҳатман иртиботи қавӣ хоҳад дошт.

Ҳоло дигар суоле ба миён меояд, ки акнун ҳоли наҳзатиён чӣ хоҳад шуд?

Зеро Иттиҳоди Аврупо созмонест, ки зуд тасмим мегирад  ва ҳатман хулосаи худро низ дар бораи наҳзатиён хоҳад баровард, ки ин албатта барои аъзоёни ТТЭ ҲНИ ва Кабирии маккор осон нахоҳад буд.

Зеро аврупоиён ин бор ба пуррагӣ огоҳ шуданд, ки наҳзатиёни душмани башарият ҳастанд ва як хатаре бар ҷомеаи Аврупо мебошанд. Ҳарчанд, қабалн ҳам гуфтам, ки Аврупо рӯзе аз ҷой додани террористон дар ин қаламрав пушаймон хоҳад шуд ва ниҳоят ин кор шуд.

Ҳоло дигар ягон ҷойи шубҳа нест, ки дигар мақомоти Олмон ва ҷомеаи Аврупо ба ягон далелҳои сохтаи наҳзатиён бовар нахоҳанд кард ва ҳатман ин тоифаи бадкешро аз қаламрави кишварашон берун хоҳанд намуд. Зеро наҳзатиён носипос ҳастанд ва дар Аврупо барои кӯрнамакону террористон ҷой нест.

Феълан ин ҷо суоле ба миён меояд, ки акнун Аврупо кай наҳзатиёни террористро бадарға менамояд?

Муҳаммадиев А.

Омӯзгори ДКМТ