АВРУПО АЗ ҶО ДОДАН БА НАҲЗАТИЁН ПУШАЙМОН ШУД

Ба нақл аз радиои террористпарвари “Озодӣ”, ки бештар аз манфиати террористони наҳзатӣ ҳимоят мекунад ва зиёдтар хабарҳои бардурӯғро нашр месозад, ин бор гузоришеро дар бораи панҷ боздоштшудаи наҳзатӣ дар Олмон нашр намуд, ки дар он бештар аз хоҷагони наҳзатияш ҳимоят кардааст.

Зеро радиои “Озодӣ” ин хабарро мисли дигар расонаҳо холис пешкаши ҷомеа накард ва он чӣ ки дар мақсадаш буд бо манфиатҷӯйи ва сиёҳнамоии тарафи дигар ироа кардааст, ки ин бар хилофи журналистика мебошад.

Зеро мо аз дигар расонаҳо ҳам хуб медонем, ки панҷ аъзои ТТЭ ҲНИ, ки дар Олмон паноҳанда буданд, бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо созмони террористии “Давлати исломӣ” ва тарҳрезии як амали террористӣ дар шимоли ин кишвар боздошт гардидаанд. Ҳарчанд номи ин панҷ нафар дертар ошкор шуд, аммо пас аз нашри ин хабар роҳбари наҳзатиёни малъун ва палид Кабирии террорист муроҷиатномаи видеоӣ анҷом дода, аз ин панҷ террористи дастгиршуда аз ҷониби мақомоти Олмон ҳимоят кард, ки ин муроҷиатномаи Кабирии палид тавре, ки медонем ҳама гумону шубҳаҳоро аз байн бурд ва ба таври комил ошкор сохт, ки ин панҷ нафар аъзоёни ТТЭ ҲНИ будаанд ва Кабирии малъун мехоҳад сирру асрори фошшудаашро бо баҳонаҳои дигар пинҳон дорад. Зеро мо ҳамагон хуб медонем, ки ТТЭ ҲНИ бо созмонҳои террористии дигар ҳамкорӣ дорад ва ҳатто созмони террористии “Ансоруллоҳ”-ро коршиносон аз созмонҳои сохтаи ТТЭ ҲНИ медонанд, ки ин ҳам хеле нигаронкунанда мебошад.

Албатта, ҷомеа аз кирдорҳои бади наҳзатиён ба хубӣ огоҳ аст ва хуб медонанд, ки ин палидони манфур ва ҳаромзодаву харшиа ҳаргиз тарафдори сулҳу оромиш ва осоиштагии мардум нестанд ва ҳамеша ҳаркуҷое ки бошанд, носипосӣ мекунанд, ки ин борҳо исбот шудааст.

Ин бор ҳам боз ошкор гардид, ки наҳзатиёни малъун ва ҳаромзода дар ҳақиқат ҳам носипос ва кӯрнамаку душманнасақ ҳастанд ва ҳатто дар хоки Аврупо ҳам, ки бароияш мардуми Аврупо ҷой додаанд, мехоҳанд мисли ҳамон мори заҳрзан, зарари худро бирасонанд ё ба қавле заҳри худро бизананд, ки ин ҳаргиз аз рӯйи одамгариву инсонгарӣ нест.

Ин ҳам амал боз ҳам ошкор намуд, ки наҳзатёни палид ва ҳаромзода асло ба некӣ нестанд ва душману хоинанд, ки мақсадашон ҳамеша зарар бар башарият мебошад. Зеро меҳвари террорист ҳам ин аст, ки бар оромии башар халал расонад ва башариятро гумроҳу сарсон созад.

Ҳоло дигар аврупоиён акнун ангушти ҳайрат хоҳанд газид, зеро онҳо як масъаларо нодида гирифтанд, яъне инсоне, ки бар миллату Ватани худаш хиёнат кард, чӣ тавр бар дигарон намекунад, дар ҳоле, ки ин дар хуни вай бошад?!

Сари ин масъала мақомоти Аврупо ҳатман хоҳанд андешид ва ҳатман наҳзатиёни носипосро аз хоки Аврупо ва махсусан аз Олмон бадарға хоҳанд кард.

Ш. Насриддинов

Омӯзгори ДКМТ