АВВАЛИН БОР ЯКУМИН ФЕСТИВАЛИ «СУҒД – КЛИМАТ – FEST» ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД БАРГУЗОР ГАРДИД

Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон санаи 31-уми майи соли 2024 якумин Фестивали «СУҒД – КЛИМАТ – FEST» (оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар соҳаҳои гуногун), тибқи Лоиҳаи “Тағйирёбии иқлим ва устуворнокӣ дар Осиёи Марказӣ” баргузор гардид, ки дар ин бора ба шуъбаи иттилоот мудири кафедраи экология олими ҷавон Ҳоҷибоев Далер иттилоъ дод.
Дар кори он намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳоқимияти давлатии вилояти Суғд, шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои кабудизоркунӣ ва ободонии шаҳру ноҳияҳо, хоҷагии деҳқонӣ ва ширкатҳои сохтмонӣ, ҳамкорони рушд, кормандони соҳаи илмҳои гуногун ва рӯзноманигорон иштирок намуданд.
Мақсади асосии фестивал баланд бардоштани фаҳмиш ва огоҳӣ дар сатҳи минтақавӣ дар байни аҳолӣ ва тарафҳои асосии манфиатдор оид ба хатарҳои иқлим ва чораҳои мавҷудаи мутобиқшавӣ буд.
Дар доираи барнома намоишгоҳи ихтироот ва молу маҳсулоти гуногун вобаста ба сарфаи энергия ва об, соҳаи кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои алоқаманд баргузор гардид.
Баъди анҷоми намоишгоҳ конференсияи илмӣ-амалӣ бо иштироки олимон, мутахассисон ва коршиносони соҳа бо пешниҳоди маърӯзаҳои илмӣ баргузор гардид.
Дар қисмати ифтитоҳии конференсия намояндаи МИҲД- и вилояти Суғд – Раҷабзода Муҳаммадҷобир, ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷиикстон доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ, сардори намояндагии Барномаи рушди СММ дар ш. Хуҷанд Мирсаидова Ҷамиля, сармутахассиси Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд – Саидов Хуршед суханронӣ намуданд.

Дар қисми баромадҳо номзади илмҳои химия Абдувалиев Аскар оид ба мафҳумҳои асосии тағйирёбии иқлим, сабабҳо ва оқибатҳои эҳтимолии он суханронӣ намуд.
Директори Агентии обуҳавошиносии вилояти Суғд Ҳомидов Абдувалӣ оид фаъолияти агентӣ ва корҳои тадқиқотии вобаста ба тағйирёбии иқлим ва шарҳи хатарҳои иқлимӣ ва таъсири онҳо дар сатҳи экосистемаҳои минтақа дар қисми тоҷикистонии водии Фарғона маърӯза намуд.
Директори Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити зист» Мамадов Икромҷон ба масъалаҳои баланд бардоштани огоҳӣ ва таҳкими потенсиали аҳолӣ оид ба масъалаҳои ҳамгироии тадбирҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим таваҷҷуҳ зоҳир намуд.
Ассистенти кафедраи экологияи ДКМТ Назарова Махинахон оид ба тайёр кардани мутахассисони соҳаи экология дар ДКМТ суханронӣ намуд.
Дар қисмати дуюми конфронс, ки дар толори шӯрои илмии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон баргузор шуд, натиҷаи озмуни лоиҳаҳои амалӣ оид ба мутобиқшавӣ ба тағйири иқлим ва идоракунии оқилонаи муҳити зист ҷамъбаст гардид.
Ба кумитаи тадорукоти Озмун ҳамагӣ 22 дархост пешниҳод шуда буд, ки аз ин шумор ҳакамон 10 нафари беҳтаринро интихоб карданд, ки ба онҳо ҷоизаҳои кумитаи тадорукотӣ дода шуданд. 4 лоиҳаи беҳтарини пешниҳодкардаи олимону мутахассисони ҷавони то 35-сола ғолиби озмун дониста шуданд. Ин мукофоти олӣ ба Бурҳонзода Сомон (ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров), Шодмонова Зебо (Донишгоҳи политехникии ДТТ ба номи акад. М.Осимӣ), Шафиев Аминҷон (Технопарк, ДДҲБСТ), Почоев Анӯшервон (ДКМТ) дода шуд. Ҳамаи онхо бо тӯҳфаҳои арзишманд мукофотонида шуданд.
Иштирокчиён ва меҳмонон аз баргузории Фестивал баҳои баланд дода, онро Лоиҳаи муваффақу муфид донистанд ва изҳори умедворӣ намуданд, ки ин Фестивал анъанавӣ ва солона мегардад.
Фестивал аз ҷониби Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид (UNDP) бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо ва бо мусоидати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд баргузор гардид. Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, ташкилоти чамъиятии «Гурӯҳи чавонон оид ба ҳифзи муҳити зист» ва як қатор сохторҳои тиҷоратии вилоят ва ҷумхурӣ ҳамшарик буданд.