Кафедраи таҷҳизот ва технологияи мошинсозӣ

Мудири кафедра: н.и.и. Холов Зафарҷон Абдуғафорович

Телефон: +992 10 – 146 – 00 – 00  

E–mail: zafar.holov@mail.ru

Суроғаи корӣ: Бинои асосӣ, утоқи № 129

 

ТАЪРИХИ ТАЪСИСЁБИИ КАФЕДРА

Дар асоси Оинномаи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо қарори № 1 Шурои Олимони Донишкада аз 29 октябри соли 2006 дар сохтори Донишкада кафедраи «Технологияи мошинсозии мошинҳо ва таҷҳизоти кӯҳӣ» таъсис дода шуд ва фаъолияти худро дар асоси Низомномаи кафедраи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондааст. Солҳои хониши 2006-2007 ва 2007-2008 барои ихтисосҳои Автомобилҳо ва Ташкили ҳаракат дар роҳ кафедраи тахассусӣ ҳисоб меёфт. Яке аз вазифаҳои асосии кафедра ташкил ва амалигардонии раванди таълим аз фанҳои тахассусии ихтисосҳои номбаршуда, тайёр намудани мутахассисони сохаҳои кӯҳкорӣ ва металлургӣ мебошад.

Баробари таъсис ёфтани факултетҳо дар ДКМТ бо фармони ректори донишкада № 78а «К» аз 2 сентябри соли 2008 кафедраи «Технологияи мошинсозӣ, мошинҳо ва таҷҳизоти кӯҳӣ» ба сохтори факултети «Энергомеханика» вобаста карда шуд. Самти асосии фаъолияти кафедра таъмин намудани донишҳои назариявию амалии донишҷӯён тибқи нақшаи таълимии ихтисосҳои «Технолгияи мошинсозӣ» ва «Мошинҳо ва тачхизоти куҳӣ» мебошад.

Фаъолияти асосии кафедра дар асоси талаботи «Қонун дар бораи маориф» сурат гирифта, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазоратҳои маориф ва илм, Саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст. Бо қарори Шурои олимони донишкада № 1 аз 5 сентябри соли 2009 кафедра «Таҷҳизот ва технологияхои мошинсозӣ» номгузорӣ шудааст.

 

САМТҲОИ ОМОДАСОЗИИ МУТАХАССИСОН   – ИХТИСОСҲО

Кафедраи Таҷҳизот ва технологияҳои мошинсозӣ аз рӯи ихтисосҳои 3601 01 – “Технологияи мошинсозӣ” ва 3610 01 «Таҷҳизот ва мошинҳои саноати куҳӣ” мутахассисонро тайёр мекунад.

1.Тахассус барои 3601 01- муҳандис самти омоданамоии мутахассиси дипломдор барои  3601 – «таҷҳизоти мошинсозӣ ва технологияҳо»
2.Тахассус барои 3610 01- муҳандиси саноати куҳӣ самти омоданамоии мутахассиси дипломдор барои 3610 – «иктишофи геологӣ ва саноати истихроҷи куҳӣ»

Хатмкунандаи аввалини ихтисоси 3610 01 Воҳидов А. А. соли 2011, солҳои 2013 ва 2014 Саидов С. Н, Оманов Н. И.  ба вазифаи ассистенти кафедра ба кор қабул карда шуданд. Соли 2015 баъди хатми ихтисоси технологияи мошинсозӣ хатмкунанда Очилов Ш. Д ба вазифаи устои таълимӣ ба кор қабул карда шуд. Имрўзҳо дар кафедра 3 нафар номзади илм, дотсент, 2 нафар сармуаллим, 4 нафар ассистентон, 1 нафар устои таълимӣ, 1 нафар лаборант, xамъ 11 нафар фаъолият бурда истодаанд.

Соли 2011 аз рўи ихтисоси таҷҳизот ва мошинҳои саноати куҳӣ ва соли 2012 аз рўи ихтисоси технологияи мошинсозӣ нахустин хатми донишҷўён амалӣ гардонида шуд. Давр давраи фаъолияти кафедра ҳамагӣ 80 нафар аз рўи ихтисоси таҷҳизот ва мошинҳои саноати куҳӣ ва 107 нафар аз рўи ихтисоси технологияи мошинсозӣ соҳиби маълумоти олӣ гардиданд. Соли 2017 ихтисосҳои кафедраро 43 нафар хатм мекунанд.

 

РОБИТАИ КАФЕДРА БО ИСТЕҲСОЛОТ ВА МУАССИСАҲОИ ИЛМИВУ ТАЪЛИМӢ

Кафедра бо ҳамаи кафедраҳои Донишкада, инчунин бо Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, Донишкдаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ,  Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ робита дорад. Инчунин омўзгорони кафедра бо корхонаҳои саноатии соҳа, монанди пойгоҳи истеҳсолии корхонаи фаръии «Корхонаи мошинсозӣ»-и КВД «Фулузоти ноидири Тоҷикистон», корхонаи муштараки «Хуҷанд – ЗиЛ», заводи таъмири қатораҳои Маҳрам, ҶС «Бодом», корхонаи ангишти Исфара (ҶСШК «Ангишт»), КМ «Апрелевка» ва ҶСК «ГОК Адрасмон» дар самти мубодилаи таҷриба, омўзиши талаботи корхонаҳои соҳа нисбати мутахассисон, аз худ намудани технологияҳои муосир ҳамкорӣ доранд. Соли 2016 дар пойгоҳи истеҳсолии корхонаи фаръии «Корхонаи мошинсозӣ»-и КВД «Фулузоти ноидири Тоҷикистон» филиали кафедра ташкил карда шуд.

ҲАЙАТИ ПЕДАГОГӢ

Фаъолияти таълимии кафедра дар асоси Стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбӣ, нақшаҳои таълимӣ ва силлабусҳо дар гурӯҳҳои тоҷикӣ ва русӣ ба роҳ монда шудааст.  Вазифаи мудирии кафедраро соли хониши 2006/2007 дотсент Бадалов М. ва аз соли хониши 2007/2008 дотсент Мирзомидинов И.М. ба ӯњда доштанд. Солњои таъсисёбии кафедра дотсентон Мирзомидинов И.М., Бадалов М. ва сармуаллим Љуманазаров И. инчунин профессор Азизов Р.О., дотсентон Шамсиев Р.М., Вањобов М., Муњидинов Ќ. ба тариќи муштараквазифаи дохилӣ, дотсент Собиров А., сармуаллимон Мањкамов А. ва Мањмудова Ф.М. муштараквазифаи беруна фаъолияти мењнатӣ доштанд. Солњои 2009-2011 як ќатор мутахасисони корхонањои саноатии соњавӣ, аз љумла Отаев А., Дадољонов М., Мулољонов Р. О., Бобоев Р. М., Њољибоев Д.Д., Султонов О. тариќи муштараквазифа ва штатӣ ба кор даъват карда шуданд. Хатмкунандаи аввалини ихтисоси 3610 01 Воњидов А. А. соли 2011, солњои 2013 Холов З.А., Кенҷаев Ш.А., Дӯсталиев С.Т., ва 2014 Саидов С. Н, Оманов Н. И.  ба вазифаи ассистенти кафедра ба кор ќабул карда шуданд. Соли 2015 баъди хатми ихтисоси технологияи мошинсозӣ хатмкунанда Очилов Ш. Д ба вазифаи устои таълимӣ ба кор ќабул карда шуд. Аз соли 2011 то соли 2020  кафедраро н.и.т., дотсент Мирзомиддинов И.М. аз моҳи августи соли 2020 то 2023 н.и.п., и.в. дотсент Қобилов В.А. ва  аз сентябри соли 2023 то ин ҷониб ба вазифаи мудири кафедра н.и.и. Холов З.А. ба ӯҳда дорад.

БАЗАИ МОДДӢ-ТЕХНИКӢ

Пояи моддӣ-техникии таълимии кафедраро устохонаи дастгоҳҳои фулузбуррӣ (105), устохонаи таълимӣ (106), синфхонаи махсуси абзорҳои буранда ва асбобҳои ченкунанда (106А), лабораторияи Масолеҳшиносӣ ва технологияи маводҳои конструксионӣ (101), синфхонаи Мошинҳо ва таxҳизоти кӯҳӣ (130), синфхонаи Технологияи мошинсозӣ (138), синфхонаи Стандартонӣ, метрология ва сертификатонӣ (128) ва синфхонаҳои таълимӣ (127, 129, 132) ташкил медиҳанд.

 

ДАСТОВОРДҲОИ КАФЕДРА

Устодони кафедра дар тайёр ва нашр намудани китобҳо, дастурамалҳо, барномаҳои таълимӣ ва таҷрибаомӯзии донишҷӯён фаъолият намуда дар тӯли фаъолияти кафедра чунин маводҳоро рӯи нашр овардаанд:
1. Мирзомидинов И.М., Ѓаниев И. Луѓати русӣ ба тољикии истилоњоти соњаи метрология, стандартонӣ ва сертификатонии мањсулот ва хизматрасонӣ. Душанбе Ирфон-2011.

  1. Мирзомидинов И.М., Ќозиев К.С., Ниёзов А.М. Ќоидањои мураттабсозии њуљљатњои матнӣ ва графикии лоињањои курсӣ ва дипломӣ. Дастури методӣ. Чкалов -2014.
  2. Мирзомидинов И.М. Луѓати русӣ-тољикии истилоњоти соњаи стандартонӣ, метрология ва сертификатонӣ. Душанбе, Донишварон-2016.
  3. Мирзомидинов И.М., Каримов М.Б. Стандартонӣ, метрология ва  сертификатонӣ Дастури таълимӣ. Хуљанд, Меърољ -2017.
  4. Шамсиев Р.М., Ќобилов В.А., Ањмадов Д. Корњои лабораторӣ аз фанни масолењшиносӣ ва технологияи масолењи конструксионӣ. Хуљанд, Меърољ -2017.
  5. Азизов Р.О., Мирзомиддинов И.М. Технологияи истеҳсолоти мошинсозӣ. Китоби дарсӣ барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ. – ХУҷанд: Ношир, 2022 – 340 с
  6. Азизов Р.О., Мирзомиддинов И.М. Асосҳои технологияи мошинсозӣ. Китоби дарсӣ барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ. – ХУҷанд: Ношир, 2023 – 340 с
  7. Қобилов В.А., Ҳоҷибоев Д.Д. Тадқиқотҳо ва коркардҳои илмӣ –техникии усулҳои алтернативии истеҳсоли энергияи барқӣ дар асоси манбаъҳои табии барқароршавандаи энергия. Монография. Бустон-2020.
  8. Њољибоев Д.Д. Комплекси таълимӣ-методӣ аз фанњои: “Масолењшиносӣ ва технологияи масолењњои конструксионӣ”. Бустон-2022, “Муќаддимаи ихтисос -360101” Бустон-2022 “Технологияи масолењњои конструксионӣ”Бустон-2022 ва “Металлшиносӣ” Бустон-2022.
  9. Воњидов А.А. Комплекси таълимӣ-методӣ аз фанњои: “Њифзи моликияти зењнӣ” Бустон-2016, “Идоракунии системањои техникӣ” Бустон-2017, “Технологияи масолењњои конструксионӣ”Бустон-2018 ва “Њифзи мењнат” Бустон-2018.
  10. Дусталиев С.Т. Комплекси таълимӣ-методӣ аз фанњои: “Мошин ва таљњизотњои куњии кушод” Бустон-2022, “Асосњои лоињакашии М ва ТК” Бустон-2022, “Мошин ва таљњизотњои куњии зеризаминӣ” Бустон-2022 ва “Мошин ва механизмњои борбардор” Бустон-2022. Дастури методӣ барои иҷрои рисолаи тахассуси хатм ихтисоси 361001 “Таҷҳизот ва мошинҳои саноати кӯҳӣ” Бустон -2021. Баромаи таҷрибаомӯзӣ (истеҳсоли пеш аз рисолаи хатм) Бустон-2021
  11. Хуљамов С.С. Комплекси таълимӣ-методӣ аз фанњои: “Мошин ва таљњизоти куњӣ” Бустон-2016 “Таљњизоти механикии конњо” Бустон-2021, “Таърихи соња” Бустон-2018. “Ҳифзи меҳнат” Бӯстон-2021
  12. Кенљаев Ш.А. Комплекси лексионӣ аз фанни “Мошинњои наќлиётӣ” Бустон-2021.

  Комплекси таълимӣ-методӣ аз фанни “Мошинњои собит” Бустон-2022.

  1. Барномањои таљрибаомӯзи барои ихтисосӣ Мирзимидинов И.М. ва Њољибоев Д.Д.
  2. Барномањои таљрибаомӯзи барои ихтисосӣ Дусталиев С.С. ва Кенљаев Ш.А.
  3. Дастури методӣ аз фанњои “Мошинњои собит” ва “Мошинњои наќлиётӣ” Воњидов А.А. ва Кенљаев Ш.А.
  4. Дастури методӣ аз фанни “Дастоҳҳои фулузбурӣ” Холов З.А., Кенҷаев Ш.А.,
  5. Холов З.А. Комплекси таълимӣ-методӣ аз фаннҳои: “Дастгоҳи технологӣ, Таҷҳизоти технологӣ, Бурриши масолеҳҳо, Абзорҳои буранда, Автоматикунонии раванди истеҳсолот, Технологияи истеҳсолоти мошинсозӣ мошинсозӣ” Дастури методтоди аз фанни “Абзорҳои буранда, Дастгоҳҳои технологӣ, Буриши масолеҳҳо” барои иҷрои кори семестрӣ Бӯстон – 2022.

Патент:

  • Буходуров Ш.Б., Дӯсталиев С.Т., Кенҷаев Ш.А., Воҳидов А.А. Нармкунаки ангурпарварӣ — №TJ 1352 аз 22.02.21
  • Буходуров Ш.Б., Дӯсталиев С.Т., Кенҷаев Ш.А., Воҳидов А.А. Култеватори ангурпарварӣ — №TJ 1352 аз 22.02.21

Монография: Ќобилов В.А. Њољибоев Д.Д. Татќиќотњо ва коркардњои илмї – техникии усулњои алтернативии истењсолї энергияи барќї дар асоси манбаъњои табии – ДКМТ – Бӯстон 2019. 50с

Дар кафедра:

     Мирзомидинов И.М. бо Сипоснома ва Ифтихорномаи Раиси вилояти Суѓд ќадрдони карда шудааст.

      Омӯзгори калони кафедра Кенҷаев Ш.А. дар соли 2023 дар озмуни “Илм фурӯғи маърифат” гирандаи ҷои сеюм дар Ҷумҳурӣ.

САМТҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМИИ КАФЕДРА

Самти кори илмӣ-тадқиқотии кафедра Усулҳои алтернативии истеҳсоли энергияи барқ аз ҳисоби манбаъҳои табии ибтидоии энергия мебошад. Дар кафедра маҳфили “Навовар” фаъолият менамояд, ки роҳбарии онро Воҳидов А.А. ба уҳда дошта донишҷўёни фаъол ва лаёқатманди ихтисосҳои 360101 ва 361001 сарҷам гардидаанд. Аз ҷониби омўзгорони кафедра ҳар сол аз 15 то 18 мақолаҳои омўзишӣ, илмӣ ва тадқиқотии донишкадавию ҷумҳуриявӣ нашр мегарданд.

Инчунин дар базаи кафедра Бюрои конструктории ДКМТ фаъолият дорад, ки донишҷўёни ихтирокору навовари ДКМТ аъзогӣ доранд. Мақсади Бюро ин, рушди эҷодиёти техникии донишҷўён, роҳнамоии касбии онҳо, инчунин ҷалб намудани ҷавонон ба фаъолияти инноватсионӣ дар самти илмию техникӣ. Самти асосии фаъолият Бюрои конструкторӣ, коркардҳои навоварона дар соҳаи рушди техникаю технологияи соҳаҳои электромеханикӣ, куҳкорӣ ва металлургӣ равона гардидааст.