Кафедраи металлургия

  • Мудири кафедра: Раҳимзода Ҳаёт Шифоқул
  • Таҳсил: Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
  • Унвони илмӣ: номзади илмҳои техникӣ
  • Донистани забонҳои хориҷӣ: русӣ, англисӣ бо луғат
  • Телефон: +992 93 779-07-27; +992-900-74-99-88
  • Email: hayotrahimi95@mail.ru
  • Суроғаи корӣ: Кафедраи металлургия, утоқи М1

 

Таърихи ташакулёбии кафедра

Кафедраи металлургия барои тараққӣ додани металлургияи ватанӣ ҷиҳати аз ашёи хоми аввала ва дуюмдараҷа ба таври комплексӣ ҳосил намудани тамоми компонентҳои фоиданок ва ба вучуд овардани истеҳсолоти аз ҷиҳати экологӣ тоза ва бепартов имкониятҳои калон дорад.

Кафедра аз рӯи барномаҳои муосири таҳсилоти муҳандисӣ дар корхонаҳои пешбари металлургӣ ва саноатии Тоҷикистон мутахассис тайёр менамояд.

Кормандони кафедра дар такмил ва рушди равандҳои гуногуни металлургияи металлҳои ранга дар Тоҷикистон, ва кишварҳои хориҷи дуру наздик – Қазоқистон, Ӯзбекистон, Чин, Италия ва ғайра саҳми назаррас доранд.

Кафедраи металлургияи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар тайёр кардани кадрҳои баландихтисос дар самтҳои «Заргарӣ ва металлургия» мавқеи пешсафро ишғол мекунад.

Дар кафедра кор мекунанд

2- профессор

2- дотсент

2 -муаллими калон

2 – ассистент

1-лаборанти калон

1-лаборант

Самтҳои асосии илмии фаъолияти кафедра.

  1. Кор карда баромадани технологияи камхарҷ аз лиҳози иқтисодӣ самаранок, коркарди маъданҳои полиметаллй ва консентратҳои металлҳои нодир ва қиматбаҳо.
  2. Кор карда баромадани технологияи иноватсионии соҳа ва аз ҷиҳати экологй тоза бо истифода аз элементҳои интеллектуалии сунъй истеҳсоли металлҳои аз ҷихати стратеги мухимми рангаи қаламравӣ мамлакат.
  3. Коркарди дуюмдараҷаи металлҳои ранга, нодир ва қиматбаҳо.
  4. Коркарди технологияи истеҳсоли металлҳои вазнин (сурма, мис, сурб, руҳ ва ғайра) бо истифода аз реагентҳои дохилии воридотивазкунанда дар ҳарорати паст.
  5. Кор карда баромадани моделҳои математикии равандҳои истеҳсоли металлҳо ва пайвастагиҳои онҳо.
  6. Дар равандҳои технологии истеҳсоли металлҳои ранга ва пайвастагиҳои онхо ҷорй намудани интеллекти сунъй.
  7. Таҳияи маделҳои саноти заргарӣ бо истифода аз барномаҳои комютерӣ.

8.Усулҳои сайқалдҳии сангҳои қимматбаҳо ва сохтани маҳсулот дар асоси онҳо.

Фаъолиятҳои таълимӣ

Ҳоло дар кафедра дар якчанд самт кадрҳои касбӣ тайёр карда мешаванд.

Барномаҳои таълимӣ

Таҳсилоти олии асосӣ, дараҷаи бакалавр

 Дастурамал оид ба тайёр кардани ихтисосҳо. Ҳаҷдаҳ сол аст, ки кафедра ҳамчун кафедраи тахассусӣ аз рӯи ихтисосҳои 42010101-04 – Металлургияи металлҳои ранга ва 520201 – Технология ва таҷҳизоти саноати заргарӣ мутахассис тайёр мекунад.

420101-0104 – Металлургияи металлҳои ранга 420101-0104 – муҳандиси металлург, таҳия ва татбиқи равандҳои технологии истеҳсол ва коркарди металл ва маҳсулоти хӯладор, коркарди ашёи сунъӣ, таҳияи технологияҳои каммасраф дар соҳаи металлургияро меомӯзанд.

520201-Технология ва тачхизоти саноати заргарй 520201-муҳандис заргар, кор карда баромадан ва ҷорӣ намудани равандҳои технологии истеҳсол ва коркарди маснуоти заргарӣ, истеҳсоли хӯлаҳои гуногун, эҷоди маснуоти заргарӣ, баҳодиҳии сифати маснуоти заргариро меомӯзанд.

Магистратура ва олии махсус

Технологияҳои муосир дар металлургия ба баланд бардоштани самаранокии истеҳсоли металл, кам кардани хароҷот ва таъсири экологӣ нигаронида шудаанд. Фаҳмидани робитаи бунёдии таркиб ва сохтори маводҳо ва хусусиятҳои иҷрои онҳо ба магистр дар бахши металлургия имкон медиҳад, ки тафаккури оморӣ, системавии нигаронидашударо ташаккул диҳанд, ки барои рушди малакаи касбӣ зарур аст. Муҳандиси металлург дар рушди инноватсионӣ ва технологии саноат ва иқтисодиёт саҳми арзанда мегузорад. Дониш ва таҷрибаи худро барои ихтироъи технологияҳои нав, самараноктар ва беҳатари коркард ва истеҳсоли металлҳо истифода мебарад. Ин имкон медиҳад, ки рақобатпазирии корхонаҳои Тоҷикистон афзоиш ёфта, рушди иқтисоди кишвар таъмин карда шавад.

Таҳсил дар зинаи магистратура 2-сол мебошад.

Таълими рузона ба забони точикӣ ва руссӣ ба роҳ монда шудааст.

Шакли таълим дар асоси буҷетӣ ва шартномавӣ ба роҳ монда шудааст.

Доктори PhD

Металлургияи металлхои сиёх, ранга ва нодир

Дар беҳтарин мактаби илмии Тоҷикистон дар соҳаи металлургия таҳсил намуда, шумо дар рушди саноати металлургӣ саҳм мегузоред: доир ба ихтироъ ва пешниҳоди технологияи нави аз лиҳози иқтисодӣ муфид ва аз лиҳози экологи тозаро дар саноати истеҳсоли металлҳои ранга аз худ менамоед. Хатмкунандагони зинаи доктори PhD мутахассисоне мебошанд, ки метавонанд вазифаҳои гуногунро иҷро кунанд: аз тадқиқоти эҷодӣ то фаъолияти маъмурӣ ва идоракунӣ дар саноат.

Объекти фаъолияти касбии хатмкунандагоне, ки барномаҳои таълимиро азхуд кардаанд, соҳаи интихобшудаи донишҳои илмӣ, инчунин вазифаҳои илмии дорои хусусияти байнисоҳавӣ, аз ҷумла:

– равишҳо, принсипҳо ва усулҳои истеҳсоли металлҳои ранга, нодир ва қиматбаҳо ва пайвастагиҳои онҳо, аз ҷумла маводи инноватсионии дар асоси онҳо аз доираи васеи ашёи хоми аввалия ва дуюмдараҷа;

– равандҳо ва дастгоҳҳои технологии истеҳсоли металлҳои ранга, нодир ва қиматбаҳо бо мақсади баланд бардоштани сарфаи энергия ва захираҳо ва бехатарии экологӣ;

– реҷимхои технологии истеҳсоли металлҳои ранга, нодир ва қимматбаҳо ва пайвастагихои онҳо аз доираи васеи ашёи хоми аввалия ва дуюмдараҷа (қоидаҳо), ки сифатҳои зарурии масолеҳӣ махсулотро таъмин менамоянд;

  • таҷҳизоти технологй барои татбиқи равишҳо, принсипҳо ва усулҳои нави истеҳсоли металлҳои ранга, нодир ва киматбахо ва пайвастагихои онхо;
  • моделҳои математикӣ;
  • усулҳо ва воситаҳои назорати сифат ва ташхиси техникии равандҳои истеҳсолӣ;

– усулҳо ва воситаҳои муайян кардани маҷмӯи хусусиятҳои сохторӣ, физикӣ ва физикӣ-химиявии маводҳо, ки ба мақсадҳои истифодаи амалии онҳо мувофиқанд.

Дар доираи барномаҳои таълимии иловагии кафедра метавонад лоиҳаҳои илмиро амалнамоянд.  

Фаъолияти илмӣ

Кафедраи металлургия барои таҳия ва татбиқи нақшаҳои технологӣ дар соҳаи истихроҷи комплексии ҷузъҳои фоиданок аз ашёи хоми аввалия ва дуюмдараҷа ва ба вуҷуд овардани истеҳсоли воқеан аз ҷиҳати экологӣ тоза ва бепартов имкониятҳои калон дорад, инчунин истеҳсоли маҳсулотро бо истифода аз зеҳни сунъӣ низ таҳия менамояд.

Озмоишгоҳҳои таълимию тадқиқотии кафедра

Дар кафедра чор озмоишгоњи соњавї амал менамояд.

  1. Озмоишгоњи пирометаллургия-дар ин озмоишгоҳ қураҳои металлургии баландҳарорат (то 1500 °C) мавҷуд мебошад. Имконияти гузаронидани корҳои озмоиши ва илмию тадқиқотиро доро мебошад ва доир ба самти саноати қуҳию металлургии кишвар фаъолиятро равона гардидааст.
Расмҳо дар раванди корҳои илмию тадқиқоти дар озмоишгоҳи пирометаллургия.
  1. Озмоишгоњи гидрометаллургия-дар ин озмоишгоҳ асосан усули ҳосилкунии металлҳои ранга бо усули гирометаллургӣ ва ҳалнамои корҳо гузаронида мешавад;

  1. Озмоишгоњи электрометаллургия-дар ин озмоишгоҳ асосан раванди электролизи металлҳои ранга аз маҳлулҳои обӣ гузаронида мешавад;

4. Озмоишгоҳи сайқалдиҳии сангҳои қимматбаҳо-бо истифода аз таҷҳизотҳои ин озмоишгоҳ донишҷӯён аз масулотҳои ватанӣ яъне сангнҳои ороишӣ ва қимматбаҳо ҳар хел намунаҳои саноатиро омода намуда метавонанд.

Расмҳо дар рафти баргузории корҳои озмоишию истеҳсоли дар озмоишгоҳ

Натиҷаиҳои ба даст омада

Дар давоми панҷ соли фаъолияти кории омӯзгорони кафедраи металлургия дар озмоишгоҳҳои соҳави, ки бо парки технологи пайваст мебошад, дастоварҳои зиёди илми ба даст оварда шудааст. Аз ҷумла панҷто нахустпатент доир ба ихтироот ба даст оварда шудааст:

  1. Тарзи коркарди консентратњои сулфидї. Нахустпатент ЉТ, №TJ 1192, № ариза- 2101500 Дар фењристи давлатии ихтироъњои ЉТ снаи 12.10.21с ба ќайд гирифта шуд.
  2. Тарзи коркарди консентрати сулфидии сурмадори фаъолгардидаи механикї. Нахустпатент ЉТ, №TJ 1206, № ариза- 2101522 Дар фењристи давлатии ихтироъњои ЉТ снаи 12.09.21с ба ќайд гирифта шуд.
  3. Способ переработки сульфидных медных мышяковых концентратов. Нахустпатент ЉТ, №689/012 №2201649 Дар фењристи давлатии ихтироъњои ЉТ ба ќайд гирифта шуд.
  4. Способ эффективной переработки сульфидных свинцовых концентратов. Нахустпатент ЉТ, №690/012 №2201648Дар фењристи давлатии ихтироъњои ЉТ ба ќайд гирифта шуд.
  5. Способ переработки сульфидных золотосодержащих сурьмянных концентратов. Нахустпатент ЉТ, №TJ 1423, № ариза- 2302804. Дар фењристи давлатии ихтироъњои ЉТ санаи 15.09.23с ба ќайд гирифта шуд. №2302804 аз 15.09.23с.

Ҷиҳати тадбиқи босамари ихтироотҳои болозикр дар корхонаҳои саноатии мамлакат корҳои самаранок ба роҳ монда шуда дар натиҷа корҳои илмию тадқиқоти дар истеҳсолоти ватани тадбиқ гардидааст, ки аз лиҳози иқтисодӣ фоидаи калонро ба бор меоварад.

Санадҳои тадбиқ дар истеҳсолот мавҷуд аст, ки далели гуфтаҳои боло мебошад:

       1.Тарзи коркарди консентратњои сулфидї-тадбиќ дар ҶДММ “Тоҷикистону-Америка”Корхонаи муштараки “Анзоб” (Мањсулоти истењсолгардида сурмаи металлї).

  1. Тарзи коркарди консентрати сулфидии сурмадори фаъолгардидаи механикї тадбиќ дар КВД “Фулузоти нодири Тољикистон” (Мањсулоти истењсолгардида сурмаи металлї).
  2. Способ переработки сульфидных медных мышяковых концентратов-тадбиќ дар ЉДММ КМ «Зарафшон» (Мањсулоти истењсолгардида миси металлї);
  3. Способ эффективной переработки сульфидных свинцовых концентратов- тадбиќ дар корхонаи гидрометаллургии КВД “Фулузоти нодири Тољикистон” (Мањсулоти истењсолгардида сурби металлї).

Ғолибияти омӯзгорон ва донишҷӯёни кафедраи металлургия дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм фурӯғи маърифат» ва дигар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ

Соли чорум аст, ки дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» баргузор мешавад. Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо доир мешавад.

 

  

Хуллас дар давоми чор соли баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» ҳамасола дар кафедраи металлургия омӯзгоронӯ донишҷӯён сазовори ҷойҳои намоен мегардад, ки натиҷаҳои корҳои илмии ба даст овардаи худ аз озмоишгоҳҳои кафедра, ки бо парки технологӣ пайваст мебошад сарчашма мегирад.

Манфиатҳои илмии кафедра ба таҳия ва татбиқи технологияҳои муосири ояндадор дар истеҳсолоти саноатӣ нигаронида шудааст. Донишҷӯён ва кормандони кафедра на танҳо бо таҳия ва тадқиқи технология ва таҷҳизоти металлургӣ, балки дар раванди технологӣ ҷорӣ намудани элементҳои зеҳни сунъӣ низ корҳои илмӣ-тадқиқотӣ корҳоро ба анҷом расонида истодаанд.

Шарикони асосии кафедра

  • ZiJin
  • Talco gold
  • TBEA
  • ҶДММ “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой”
  • Ҷамъияти муштараки Тоҷикистону-Канадагӣ дорои масъулияти маҳдуд “Апрелевка”
  • Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди корхонаи муштараки “Анзоб”
  • Агентии амнияти ХБРЯ
  • Институти физикаю техникаи ба номи С. Умаров, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Робитаи кафедра бо кишварҳои хориҷа;

  1. Донишгоњи марказии љанубии шањри Чаншаї Љумњурии мардумии Чин

  1. Донишгоҳи илм ва технология НИТУ МИСиС Федератсияи Россия

  1. Донишгоҳи давлатии техникии шаҳри Тошкент.

  1. Институти металлургияи истихроҷи Кролл ИМА.

  1. Донишгоҳи L’Aquila Италия. Университета Л’Акуилы Италия. Дар доираи шартномаи тарафайн магистрантон ва донишҷӯёне, ки забони ангилисиро медонанд метавонанд дар курси дуюм таҳсили худро дар ин донишгоҳ идома диҳанд.
  2. Донишгоҳи касби техники захираҳо ва муҳити зисти шаҳри Ланжоу, Ҷумҳурии мардумии Чин. Бо Донишгоҳи мазкур шартномаи таълимии тарафайн ба имзо расидааст. Дар доираи ин шартнома донишҷӯёни ихтисоси 520201-Технология ва тачхизоти саноати заргарӣ ду сол дар Тоҷикистон ва ду соли дигар дар Ҷуҳурии мардумии Чин таҳсил менамоянд. Дар курси якум ва дуюм алакай ба донишҷӯён дар Донишкадаи Конфутсий забони чини омӯзонида мешавад.