“Бо назардошти аҳаммияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ пешниҳод менамоям, ки саноаткунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шавад”.
аз Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ кишварест, ки дорои захираҳои бузурги канданиҳои фоиданок ба ҳисоб рафта, дар қаъри кўҳҳои сар ба фалак кашидаи он сарватҳои нодири табиӣ нуҳуфтаанд. Тибқи маълумотҳои омории солҳои охирӣ тадқиқотчиён дар қаламрави мамлакат зиёда аз 700 конҳои канданиҳои фоиданок кашф шудаанд, ки дар онҳо зиёда аз 50 намуди ашёи минералӣ: тилло, нуқра, сурб, рўҳ, сурма, симоб, мис, қаълагӣ, сангҳои гаронбаҳову ороишӣ, намак ва дигар канданиҳои нодир маҳфузанд.
Аз ин лиҳоз, соҳаи саноати кўҳӣ-металлургӣ яке аз соҳаҳои фоидаовари хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ба шумор рафта, омилӣ асосии ғанӣ гардонидани буҷаи давлат мебошад ва баҳри рушди устувори иқтисодиёти кишварамон заминаҳои мусоид фароҳам меоварад .
Бояд қайд намуд, ки баъди пошхȳрии собиқ Иттиҳоди шуравӣ робитаҳои иқтисодии байни ҷумҳуриҳо гусаста шуда, қисмати зиёди мутахассисон алалхусус, мутахассисони соҳаи саноати кўҳӣ-металлургӣ аз имкониятҳои худ маҳрум монданд. Дар натиҷа бо назардошти ин омилҳо соҳаи мазкур анқариб рȳ ба таназзул оварда буду хатари аз фаъолият бозмонданди корхонаҳо вуҷуд дошт.
Хушбахтона, баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ аз рȳзҳои аввали соҳибистиқлол гардидани ҷумҳуриамон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми ҷидду ҷадди худро барои таҷдиду рушди соҳаи саноати кўҳӣ-металлургӣ сафарбар намуданданд ва муассисаю корхонаҳои ин соҳа аз нав таҷдид гардида, корхонаҳои ватанию муштараки нав ба фаъолият оғоз намуданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушд додани соҳаи мазкур мунтазам таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Аз ҷумла, Сарвари давлат дар баромадҳо ва Паёмҳои худ таъкид намуданд, ки «Бунёди корхонаҳои саноатӣ оиди коркарди маъдан, металлҳои ранга аз коркарди ашёи хом то маҳсулоти ниҳоӣ табдил додани металлҳои ранга ва сангҳои кимматбаҳо яке аз роҳҳои ғанӣ гардонидани буҷати давлат ва бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани аҳолӣ мебошад». Вобаста ба ин таъкидҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ «Барномаи омȳзиш ва арзёбии захираи металлҳои нодир барои солҳои 2015-2025»-ро таҳия намудааст, ки айни замон татбиқи он идома дорад.
Дар доираи ин Барнома дар мамлакатамон чандин корхонахои саноати кимиё, коркарди металлҳои ранга сохта ба истифода дода шудаанд.
Мавриди зикр аст, ки дастовардҳои соҳаи мазкур бевосита тавассути густариш додани татқиқотҳои илмӣ, инноватсия ихтироъкорӣ ва ҷорӣ намудани технологияи муосир муяссар мегардад. Вобаста ба ин, олимони ин соҳаро зарур аст, ки корҳои илмӣ-татқиқотиро дар ин самт вуссъат бахшида, баҳри дар истеҳсолот ҷорӣ намудани навгониҳои илм саҳмгузорӣ намоянд.
Бояд қайд намуд, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат, мȳҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на фақат ба фаъолияти босамари корхонаҳои ин соҳа вусъат бахшида шуд, балки қисмати зиёди корхонаҳои саноатӣ кўҳӣ-металлургӣ ба истеҳсоли маҳсулоти тайёр мутобиқ гардонида шудаанд.
Президенти кишвар ба ин соҳа мунтазам таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда дастур доданд, ки «Саноати истихроҷи маъдан ва металлургия соҳаҳои пешоҳанги хоҷагии халқи Тоҷикистон буда, воридоти асъори хориҷиро ба мамлакат таъмин менамояд, муаммои шуғли аҳолиро ҳал менамоянд. Вазифаи асосии мо дар шароити истиқлолият аз таҷдид кардани корхонаҳои кȳҳна ва сохтмони корхонаҳои наве, ки на танҳо истихроҷ ва бойгардонии маъдан, балки маҳсулоти тайёрро таъмин намуда метавонанд, иборат аст.»
Вобаста ба дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат имрȳз дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ даҳҳо корхонаҳои саноатии соҳаи кȳҳкорӣ ва металлургия фаъолияти худро ҷиҳати омода намудан маҳсулоти тайёр роҳандозӣ намуда истодаанд.
Бояд зикр намуд, ки ҳарчанд сол аз сол соҳаи саноати кȳҳкорӣ, коркарди конҳои канданиҳои фоиданок ва металлургия рȳ ба инкишоф оварда бошанд ҳам, аммо барои рушди босуръати он ҳаллу фасли як зумра муаммоҳои ин соҳа хеле муҳим аст. Аз он ҷумла, тайёр намудани мутахассисони баландпояи ватанӣ, ҷорӣ намудани техникаву технологияҳои навтарин дар раванди коркарди конҳои канданиҳои фоиданок ва металлургия мутобиқи меъёрҳои байналхалқӣ, дар истеҳсолоти ин соҳа ҷорӣ намудани роҳу усулҳои пешқадам ва сарфакоронаи коркарди конҳо, таъмин намудани самаранокии истеҳсолот ва ғайра аз зумраи муаммоҳои ҳалталаби ин соҳа ба ҳисоб мераванд.
Мавриди зикр аст, ки дар ҳаллу фасли ин муаммоҳо бояд олимону тадқиқотчиён, навоварону мутахассисон мунтазам саъю кȳшиш намуда, ҳиссагузорӣ намоянд.
Ҳамин тавр саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаи саноати кўҳӣ–металлургии Тоҷикистони соҳибистиқлол басо арзишманд мебошад.
Садриддинов А., Раҳимов Ҳ.Ш.,
омўзгоронӣ
Донишкадаи кўҳию металлургии Тоҷикистон