МО БА ЧИН МЕРАВЕМ БО ПАЙРАҲАИ ИЛМ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Корхонаи металлургии ҶДММ “Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой”  санаи 16 ноябри соли 2017 дар шаҳри Истиқлол вобаста ба тайёр намудани мутахассисони маҳаллӣ  ва бозомузии онҳо ба роҳбарияти ҷамъият дастур дода шуда буд  Дар доираи ин дастури Пешвои миллат, санаи 24-августи соли 2018 ҳайати устодони Донишгоҳи илм ва технологияи шаҳри Кунмини Ҷумҳурии Халқии Хитой бо роҳбарии профессор Жуан Райбо, дотсент Тан Йихонг, профессор Хей Кейанг, дотсент Лан Жуей, профессор Туан Гюкай, ҳамчунин гуруҳи муаллмон аз Донишгоҳи Ланжоу ва Донишгоҳи шимолу ғарбии Чин ба Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Нахуст, ректори  Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон , дотсент М.Фозилзода  меҳмононро хайра мақдам гуфтанд. Сипас дар робита ба муҳокимаи барномаҳои магистрӣ дар соҳаи саноати куҳкорӣ, бойгардонии маъданҳои фоиданок, геологияи муҳандисӣ, иктишофи маъданҳои куҳӣ, қавӣ гардонидани робитаҳои илмӣ  байни омузгорони тоҷику чин мубодилаи афкор сурат гирифт.

Дар ниҳояти мулоқот Меморандум (Ёддошти тафоҳум) оид ба ҳамкории илмию амалӣ байни Донишгоҳи илм ва технологияи шаҳри Кунмини Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон ба имзо расид.

Худи ҳамон рӯз 4 нафар хатмкунандагони Донишкадаи  куҳӣ-металлургии Тоҷикистон барои идомаи таҳсил дар магистратураи Донишгоҳи илм ва технологияи шаҳри Кунмини Ҷумҳурии Халқии Хитой соҳиби роҳхат шуданд.  Инҳо:

  1. Ашуров Муҳсин Саломович- ихтисос: (420101-0104) муҳандис-металлург, мудири лабораторияи кафедраи металлургия;
  2. Ҷонқулов Амирхон Темирович- ихтисос: (420101-0104)металлургияи

           металлҳои ранга, хатмкардаи соли 2018;

  1. Субҳонқулов Субҳонқул Ҳамроқулович – ихтисос: (520201-03) тоза кардани канданиҳои фоиданок, хатмкардаи соли 2018;
  2. Очилов Абдурасул Шарифович – ихтисос : (510201-02) корҳои зеризаминии кӯҳӣ , хатмкардаи соли 2015

Гузашта аз ин, дар назди донишкада Донишгоҳи Конфутсий амал мекунад, ки курсҳои омузиши забони чиниро ба роҳ мондааст. Донишҷуёни вилояти Суғд дар ин ҷо машқи забономузӣ карда ба озмунҳо иштирок мекунанд.  Ғолибони озмуни забондонӣ аз ҷумлаи 22 нафар донишҷуёни донишкадаҳои ҷумҳурӣ соҳиби роҳхат барои таҳсил ба  мамлакати Чин шуданд.

Лозим ба ёдоварист, ки давоми солҳои охир робитаҳои байналмилалии Донишкадаи  куҳӣ-металлургии Тоҷикистон бо мамолики хориҷа густариш меёбад.

 

Шуъбаи иттилоотии донишкада

Шарҳ гузоред

Суроғаи мактуби электронии Шумо паҳн нахоҳад шуд. Марзҳои ҳатмӣ бо аломати * ишора карда шудаанд

5 × 5 =