Шуъбаи аспирантура ва магистратура

Сардори шуъба: Валиева Мастура Набихоновна                      

Таҳсил: Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров.

Донистани забонҳои хориҷӣ: русӣ, англисӣ ва арабӣ

Тел: +99292 200 96 66

E-MAIL:  mastura.valiyeva@mail.ru

Суроғаи корӣ: бинои 2, утоқи №12

 

 

Мутахассиси шуъба: Исозода Шероз Муҳсинхоҷа.

Таҳсил: 1. Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон (Душанбе). (Российско-Таджикский славянский Университет)

  1. Донишгоҳи Аврупоии Лефке (Қибрис) (European University of Lefke (Cyprus)

Донистани забонҳои хориҷӣ: русӣ, англисӣ, туркӣ ва узбекӣ.

Тел: +992938686500

E-MAIL: sheroz-9494@mail.ru.

Суроғаи корӣ: бинои 2, утоқи №12

 

Шуъбаи аспирантура ва магистратура яке аз самтҳои муҳими фаъолияти илмии донишкада маҳсуб ёфта, барои тайёр намудани кадрҳои илмӣ-педагогӣ ва дар роҳи ноил гардидан ба тақвими пойгоҳи илм аз ҳисоби мутахассисони дохил ва берун аз донишкада фаъолият менамояд.

Ҳадафи асосии шуъбаи аспирантура ва магистратура ин интихоби мавзуъҳои актуалӣ ва проблемавӣ  барои муҳаққиқони ҷавон буда, бо ин васила зиёд кардани сафи олимони донишкадаро аз ҳисоби ҷалби мутахассисон ва тайёр намудани кадрҳои соҳибунвони илмӣ тавассути аспирантура, унвонҷўӣ ва докторантура (аз рӯи ихтисос PhD) ҳадафи худ қарор додааст..

 

1) Тайёр намудани  кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ тариқи унвонҷуйӣ

 

Шуъбаи аспирантура ва магистратураи донишкадаи куҳию-металлургии Тоҷикистон тибқи фармоиши Вазири Маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.10.2013с. №2615 ба Донишкадаи куҳию-металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон барои ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимии унвонҷуйӣ аз рӯи ихтисосҳои:

02.00.04.- «Химияи физикавӣ»,

05.16.01.- «Металлшиносӣ ва коркарди ҳароратии металлҳо»,

05.16.02.- «Металлургияи металлҳои сиёҳ, ранга ва нодир»,

05.16.07.- «Металлургияи захираҳои техногенӣ ва коркарди маротиби дуюм»,

08.00.05.- «Иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии халқ аз рӯи соҳаҳо ва самтҳои фаъолият, аз ҷумла: иқтисодиёт, ташкил ва идоракунии корхонаҳо, соҳаҳо, комплексҳо (саноат), иқтисодиёти истифодабарии табиат, илмҳои иқтисодӣ»,

25.00.22.- «Геотехнология (корҳои зеризаминӣ, корҳои кушоди куҳӣ ва сохтмонӣ»,

25.00.13.- «Бойгардонии канданиҳои фоиданок»,

05.14.00.-«Энергетика»

05.01.01.-«Геометрияи муҳандисӣ ва графикаи компутерӣ»

ба муҳлати дар иҷозатномаи АУ №0000969 зикр гардида, иҷозат дода шуд.

 

2) Тайёр намудани кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ тариқи магистратура

Дар Донишкадаи кӯҳию – металлургии Тоҷикистон дар асоси фармоиш ва тибқи Иҷозатномаи дар боло зикргардида, фаъолияти таълимии зинаи таҳсилоти магистратура аз рӯи ихтисосҳои зерин ба роҳ монда шудааст:

Ихтисоси 43010301 – Таъминоти корхонаҳои саноатӣ бо барқ;

Ихтисоси 510201 – Коркарди конҳои канданиҳои фоиданок;

Ихтисоси 42010101 – 04 – Металлургия металлҳои ранга;

Ихтисоси 360101- Технологияи мошинсозӣ;

Ихтисоси 510202- Коркард ва истифодабарии конҳои нафту газ.

 

НОМГӮИ ҲУҶҶАТҲОЕ, КИ БАРОИ ДОХИЛШАВӢ БА МАГИСТРАТУРА ПЕШНИҲОД МЕШАВАНД:

– ариза ба номи ректор бо нишон додани ихтисос;

– нусхаи шиноснома;

– нусхаи дипломи бакалавр;

– варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;

– Хислатнома;

– рӯйхати чопи мақолаҳои илмӣ ва корҳои таълимӣ-методӣ (дар

 ҳолати надоштан пешниҳод намудани реферат аз рӯи ихтисос бо

 тақризи на камтар аз ду мутахассиси соҳа);

– маълумотномаи тиббӣ шакли 086-У;

– 6 расми андозаи 3х4.

 

3) Тайёр намудани  кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ тариқи   докторантура аз рӯи ихтисос (PhD)

Дар Донишкадаи куҳию-металлургии Тоҷикистон  дар асоси  фармоиш ва Иҷозатномаи АУ № 0002202 аз 01.09.2018с. фаъолияти таълимии зинаи таҳсилоти   докторантура аз рӯи ихтисос (PhD) аз рӯи ихтисосҳои зерин ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла,

 6D091100 – Геоэкология ва идоракунии истифодабари табиат;

 6D070700 – Кӯҳкорӣ;

 6D070900 –  Металлургия;

 6D090900 – Логистикаи соҳа.

 

  НОМГӮИ ҲУҶҶАТҲОЕ, КИ БАРОИ ДОХИЛШАВӢ БА ДОКТОРАНТУРА АЗ РӮИ ИХТИСОС ПЕШНИҲОД МЕШАВАНД:

 

– ариза ба номи ректор бо нишон додани ихтисос;

– нусхаи шиноснома;

– анкетаи дохилшаванда ба докторантура;

– нусхаи нотариалӣ тасдиқкардашудаи дипломҳои таҳсилоти олӣ ва  

   баъдидипломӣ ва замимаҳои он (дипломи бакалавр ва магистр);

– варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;

– нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ, ки аз тарафи шуъбаи кадрҳо тасдиқ  

карда шудааст (ҳангоми доштани собиқаи корӣ);

– сертификати супурдани имтиҳонҳои иловагӣ аз забони хориҷӣ,

дар сурати мавҷуд будан (TOEFL ва ғайра);

– мактубҳои тавсиявӣ (бо тасдиқи муҳри ташкилот);

– рӯйхати чопи мақолаҳои илмӣ ва корҳои таълимӣ-методӣ (дар

ҳолати надоштан пешниҳод намудани реферат аз рӯи ихтисос бо

тақризи на камтар аз ду мутахассиси соҳа);

– асосномаи таҳқиқоти диссертатсионии банақшагирифташуда дар

мувофиқа бо мушовири илмии ватанӣ ё хориҷӣ (тибқи дархости

муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмӣ);

– маълумотномаи тиббӣ шакли 086-У;

– 6 расми андозаи 3х4.

 

Имтиҳони дохилшавӣ аз рӯи як забони хориҷӣ дар ҳаҷми барномае, ки барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дараҷаи магистратура) муайян карда шудааст, гузаронида мешавад. 

Имтиҳон аз рӯи фанҳои махсус дар ҳаҷми барномаи таҳсилоти олии касбӣ (дараҷаи магистратура) дар шакли хаттӣ, шифоҳӣ ва ё тестӣ гузаронида мешавад.