ЛИБОСИ АТЛАС ЗЕБИ ДУХТАРИ ҚАДРАС

Либос як ҷузъи фарҳанги миллӣ ба шумор рафта, ба мо аз аҷдодонамон ёдгор аст ва дар тӯли қарнҳо ӯ шаклашро дигартар намуда бошад ҳам, шинамию зебандагиашро гум накардааст. Баъзеҳо занеро, ки либоси миллӣ мепӯшад, «қишлоқӣ» ё ин ки аз замона қафомонда меҳисобанд. – Шахсан барои ман либоси миллӣ мероси арзишмандест аз гузаштагонамон. Бобою модаркалонҳои мо тӯли асрҳо як либосро ба бар мекарданд ва ман онро чӣ хеле, ки ҳаст, қабул дорам

– Ман тарафдори либоси миллии тоҷикӣ ҳастам, он ба духтарони мо бисёр мезебад. Бовар кунед, он майкачаҳои беостине, ки баъзе «тоҷикони нав» мепӯшанд, ба чеҳраи тоҷикона ва абрувони пайвасти онҳо ҳеҷ намезебад. Вақте ки тариқи моҳвора телевизиони Туркманистонро тамошо мекунам, аҳсант мехонам ба ин мардум. Ҳатто депутатҳо ва вазирҳояшон аз ҷинси латиф бо либоси миллианд. Пас чаро мо наметавонем чунин бошем? Аз сари минбарҳо мо ориёгием, мо сомонием, гуфта лоф мезанем, аммо на забонамонро тоза нигоҳ медорему на урфу одатамонро риоя мекунем, на либоси дуруст мепӯшем.

– Либоси миллӣ рамзи миллат аст. Бонувон бояд бо ифтихори баланд онро ба бар кунанд. Ба назари ман духтаракони атласпираҳани тоҷик чун гулҳои баҳорӣ тозаю тар метобанд. Дар рангҳои атлас бошад, тинҷӣ ва осудагӣ инъикос мегардад. Мо, тоҷикон, мардуми бодавлатем, ки ҷумҳурии соҳибистиқлол, забон, гузаштагони тавоно, урфу одате ва либоси ба худ хос дорем. Бояд ин меросҳои арзишмандро чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, ба ояндагон супорем.

Либоси атласу адрас хоси чашни Навруз аст, ки одатан барои ин чашн кариб хар як бонуи точик кушиш мекунад аз ин матоъхо куртаи милли омода кунад. Агар каблан дар миёни духтарон танхо куртаи адрасу атлас маъмул буд, имруз онхо аз ин матоъ як сару либоси пурра барои мисол, курта, почома ва токи ба бар мекунанд. Ин аст ки бо фарорасии фасли бахор ва дар рузхои чашни Навруз бозори матоъи кишвар хеле гарм ва дар дуконхо матоъхои атлас, адрас ва помбарххои мухрадор серхаридор буданд. Ба гуфти точирон сифати матоъи адрас нисбат ба атлас ба маротиб бехтар буда аз риштахои пахтагин бо усули кадимаи миллии мардуми Бухорову Самарканд бофта шудааст ва рангашро хам дар офтобу борон хуб нигох медорад. Феълан дар миёни ахоли адрасхои, норинчи, оби, сабз, гулоби ва як намуд зарди ифлос ки матоъфурушон, грязни асфалт мегуянд, муд шудааст. Ба гуфти точирон адрас бозори атласро танг карда бо сабаби афзудани талаботи мардум ба ин намуди махсулот киммати он хам ба маротиб гарон шудааст.

Агар 1 мохи кабл як либоси адрас бар ивази то 100 сомони харидори мешуд, имруз бахои он аз 130 то 240 сомони баробар шудааст. Яъне як метри адрас аз 16 то 30 арзиш дорад. Хаётон мегуянд, соли чори харачоти бонувон хангоми харидории адрас афзудааст, зеро бо сабаби хурд гаштани пахнои матоъ сарфи адрас 3 метр афзуда, барои як сару либос на 5 метр балки 8 -10 метр адрас зарур аст.

Ба назари коршиносон корхонахои саноатии кишвар тавони истехсоли молхои хушсифати бозоргирро надоранд ва аз ин ру 90 дар сади махсулоти бозорхои Точикистонро молхои хоричи ташкил медихад, ва ин як иллати аслии гаронии нарх дар бозор аст. Дар мачмуъ матоъ ба бозори Точикистон аз кишвархои Эрон, Туркия, Аморати Муттахидаи Араб, Чин Куриё ва Узбакистон ворид мешавад. Аммо новобаста аз киммат ва сифати махсулот бисёре аз бонувон мувофик ба имконот ба хотири оростани худ аз онхо фаровон харидори мекунанд.Бо тараккиёти илму техника ва пешрафти фархангу тамаддун дар чомеаи мо падидахои нав ба майдон меоянд, ки бархе аз онхо бо арзи вучудашон, дар баробари манфиатхои маънави, инчунин роххои ифроту тафритро тай менамоянд. Масъалаи либоси занон, ки чузъе аз фарханги миллати точикро дар бар мегирад, солхои охир ба зухуроти нав ру ба ру шудааст. Дар воситахои ахбори омма имрузхо анвои гуногуни либоси милли бо тобиши аврупои – доману блузхои чакан, киманохои атласи, беостинхои адрасу чакан ва гайрахо симои духтарони точикро оро медиханд, ки диккати мехмонони хоричиро ба худ чалб месозанд. Албатта, навоварихои мазкур барои истифодаи умумии чомеа имконнопазир аст, зеро дар онхо нишонахои милли бештар дар шакли аврупои инъикос ёфтааст. Чун бо молхои атика сару кор дорам, зуд-зуд шохиди он мегардам, ки сайёхону мехмонони чумхури бештар аз чуробхои бадахшони, чихозхои гулбофти ин минтака, мухракорихои онхо, заргарихои ромити, чаканхои кулоби ва атласи накшин хушашон меояд. Хатто чандин чихозхои миллиро бо нархи гаронтарин харидори менамоянд. Бештари онхо аз ман суол мекунанд, ки оё занони сар то по сиёхпуше, ки имруз дар хама чои кишвар ба назар мерасанд, хоричи хастанд ё точик? Баъди чунин суолхо ман низ сари масъала андешидам. Дар хакикат, шумораи хохарони “сиёхпуши” мо руз ба руз ру ба афзоиш ниходаанд. Шояд кисми зиёди аз онхо баъди тахсил дар мадрасахои исломии кишвархои Арабу Эрон имиджи худро тагйир додаанд. Дар баробари онхо теъдоди точикдухтарони хичобпуше, ки низ дар шакли тангу кутох ва то андозае шик либоси ачнабиёнро ба бар кардаанд, нихоят зиёд шуда истодааст.

Дар низомномаи вазорати маориф чандин либосҳои тавсиявӣ пешниҳод шудаанд, ки дар қатори онҳо куртаи атлас ҳам аст. Аммо пӯшидани ин навъи либос маҷбурӣ нест ва шогирдон дар пӯшидани он озоданд.

Пас аз хатми курси тарроҳи либоси литсейи техники Хуӌанд ба Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоӌикистон дохил шудам. Мехоҳам дар озмуни атласи вилоятӣ иштирок намуда,  номи донишкадаро боло бардорам.

 

Розияи Рустам, донишӌӯи соли якуми риштаи менеӌменти экологӣ ва аудит дар саноат

Шарҳ гузоред

Суроғаи мактуби электронии Шумо паҳн нахоҳад шуд. Марзҳои ҳатмӣ бо аломати * ишора карда шудаанд

15 − ду =