ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ КОРКАРДИ КОНҲОИ ФОИДАНОК ОИД БА НАВОРИ БОЗГАШТИ АЁМИДДИН САТТОРОВ – ЯКЕ АЗ АСОСГУЗОРОНИ ҲНИТ БА ТОҶИКИСТОН

Дар робита ба  НАВОРИ  БОЗГАШТИ   АЁМИДДИН САТТОРОВ – ЯКЕ АЗ АСОСГУЗОРОНИ ҲНИТ БА ТОҶИКИСТОН баён медорем, ки  сулҳу ваҳдат бештар ба таҳким ниёз дорад. Фазои сулҳу оромиро дар кишвар бояд нигоҳ дорем.

Сулҳу ваҳдат ибораҳоеанд, ки ҳамеша дилчаспу дилнишин ва бо лаҳни шево садо дода, бевосита шунавандаро ба фикр кардан водор месозанд.

Сулҳ – оштиву фарзонагӣ, якдигарфахмӣ ва толиби осоиштагӣ будани мардумро таҷассумгар аст.

Ваҳдат бошад ба ҳам омадан, сар аз як гиребон бурун овардан, ҳамдигарфаҳму покзинату миллатдуст будан.

Ваҳдат – беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумуи даврон, ҳастии инсон дар ҳар замину замон аст. Ваҳдат ва сулҳи умумибашарии Тоҷикистон ҷонибдории мамлакатҳои ҳамзамони берунмарзӣ мавқеу мақоми онро дар миқёси ҷаҳон овозадор менамояд. Имруз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омузиши Созмони Миллали Муттаҳид ва бисер ташкилотҳои олам гардидаасг. Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ гуё пандест аз гузаштаи дуру пешрафти маънавиёти кишвар. Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфахмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем.

Танҳо дар сурати ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рузгори мардум ру ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараккиёт ру меорад. Ба ақидаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо  ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ, намедиҳем, ки дигар теша ба решаӣ он расад».

Он дарахте, ки Пешвои миллатамон ба сулҳу ваҳдат ташбеҳ додаанд, имрузҳо меваҳои ширину бисере ба самар оварда истодааст, ки бо онҳо мо, тоҷикон фахр месозем. Муносибати нави давлатӣ, сиёсати соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон, сохтмони роҳҳои нави дохилию берунӣ ва ба хориҷи кишвар баромадани тоҷиконро ба миён гузошт. Роҳи оҳани Кургонтеппа – Кулоб сохтмони шоҳроҳи Ваҳдат ба мамлакатҳои Осиё, ба суй уқёнуси ҷахон, роҳҳои калонтарини хушкигард расонид. Ин аҳвол боиси эҳёи арзишҳои миллии роҳи бузурги Абрешим “гардид, ки Бохтару Суғдро бо калонтарин давлатҳои ҷаҳон мепайвандед.

Ҳақиқатан Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате. ки сулҳу амонӣ ва дустӣ ҳукмфармост, он давлат руз то руз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад.

Маҳз бо кушишҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон миллатипарешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имруз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист, ваҳдату сулҳ падидор аст.

Хулоса  чун як фарзанди бонангу номус ва баори миллат бо сулҳу ваҳдати кишвари азизам имруз меболам ва бо ифтихор метавонам гуям.

Пояи сулҳу осоиштагӣ дар ин сарзамини ҳамешабаҳор ба ҳадди бузург мустаҳкам гашта зеро онро фарзанди бузурги ин сарзамин устуворӣ бахшида, такягох аст.

 ООқ.илов, мудири кафедраи  коркарди конҳои фоиданок

Шарҳ гузоред

Суроғаи мактуби электронии Шумо паҳн нахоҳад шуд. Марзҳои ҳатмӣ бо аломати * ишора карда шудаанд

3 + 6 =