Донишкадаи Конфутсий дар назди
Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон
Моҳи сентябри соли 2014 Донишкада бо Донишгоҳи нафти Ҷумҳурии
мардумии Чин Созишнома ба имзо расонд.
Дар даврони истиқлолият муносибатҳои дӯстонаи байни Ҷумҳурии
Тоҷикистон ва Ҷумҳурии мардумии Чин ҳамчун кишварҳои ҳамсоя
ва шарикони стратегӣ дар ҳама ҷабҳаҳо сол то сол густариш меёбад.
Дар доираи сафарҳои корӣ ва мулоқотҳои...
Сарвари давлат, муҳтарам Эмомали Раҳмон бо Раиси ҶМЧ Си Чин Пин даҳҳо созишномаи ҳамкориҳои
судманд дар соҳаҳои гуногун аз он ҷумла, соҳаи маорифи халқ ба тавсиб расиданд. Дар назди ДКМТ боз
намудани Донишкадаи Конфутсий ба ҳайси як Маркази таълимию фарҳангӣ ва забономӯзӣ самараи
ҳамин ҳамкориҳои дуҷониба буда, бо дастгирию мусоидати Вазири саноат ва технологияҳои нави ҶТ
муҳтарам Шавкат Бобозода, Вазири маориф ва илми ҶТ муҳтарам Нуриддин Саид ва Раёсати ДКМТ
амалӣ гардид.
Дар ҳамин замина намояндагони расмии Донишгоҳи нафти Чин (муассиси Донишкадаи Конфутсий аз
тарафи ҶМЧ) дар ҳайати: хонума Шан Хунхун- ректори Донишгоҳи нафти Чин, профессор, ҷаноби Луан
Фенчи- директори маркази таҳсили байналхалқии донишгоҳ, ҷаноби Чен Хун Бин- ҷонишини мудири
Маркази рушди маорифи донишгоҳ, хонума Сун Даман-ҷонишини директори Донишкадаи илмҳои
гуманитарии ҳамин донишгоҳ санаи 18-уми августи соли 2015 ба ДКМТ ташриф оварданд. Тибқи
барнома ҳайати расмӣ ба фаъолияти ДКМТ шинос гардида, сипас аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии
вилоят дидан намуданд.Маросими имзогурии шартномаи иҷроияи байни ДКМТ ва Донишгоҳи нафти
Чин оиди кушодашавии расмии Донишкадаи Конфутсий дар назди ДКМТ санаи 20-уми августи соли
2015 дар толори маҷлисгоҳи Донишкада бо иштироки ҳайати намояндагони Донишгоҳи нафти Чин,
намояндагони Вазоратҳои Саноат ва ТН ҶТ ва маориф ва илми ҶТ, мақомотҳои иҷроияи Ҳукумати
вилоят ва шаҳри Чкалов, роҳбарони корхонаҳои саноатӣ, шуъбаҳои маорифи шаҳрӣ ва вилоятӣ,
ректорони муассисаҳои олии вилоят, ҳайати профессорону омӯзгорони ДКМТ ва воситаҳои ахбори
омма дар вазъи тантанавӣ баргузор гардид.
Ҷамъомади тантанавиро ректори ДКМТ дотсент Фозилов М.М. бо сухани ифтитоҳӣ кушода, роҷеъ ба
ҳамкориҳои судманди Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ ва Вазорати маориф ва илми ҶТ бо
кишвари ҳамсояи Чин дар самти рушд додани соҳаҳои саноатӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои нав,
маорифу фарҳанг суханронӣ намуда, ба ҳайати расмии меҳмонони Чин арзи сипос намуд. Инчунин, дар
ҷамъомад ректори Донишгоҳи нафти Чин хонума Шан Хун Хун, намояндаи Сафоратхонаи Ҷумҳурии
мардумии Чин дар Тоҷикистон Чжоу Сзянсзюя, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
вилояти Суғд мудири шуъбаи инкишофи иҷтимоии дастгоҳи Раиси вилоят Аъзами Ҳотамӣ, намояндаи
Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ дар вилояти Суғд Муқаддас Раҷабова, муовини аввали
Вазорати маориф ва илми ҶТ Раҳматулло Мирбобоев, муовини аввали Раиси шаҳри Чкалов Рустамӣ
Содиқҷон Абдукарим баромад намуда, аз кушодашавии Донишкадаи Конфутсий дар назди Донишкадаи
куҳӣ-металлургии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, қайд карданд, ки ба фаъолият оғоз намудани
чунин як Маркази таълимию-фарҳангӣ дар равобити дӯстонаи Тоҷикистону Чин саҳифаи наверо боз
хоҳад кард.
Ҳамзамон, дар ҷаласаи ибтидоии Шӯрои машваратии Донишкадаи Конфутсий дар назди ДКМТ,
Оинномаи муассисаи Донишкадаи Конфутсий дар назди ДКМТ ва Нақшаи кории минбаъдаи
Донишкадаи Конфутсий дар назди ДКМТ тасдиқ карда шуд.
Бояд қайд намуд, ки ифтитоҳи расмии Донишкадаи Конфутсий дар назди ДКМТ тавассути воситаҳои
ахбори омма: телевизиони вилояти Суғд, радио ва матбуоти даврӣ ба таври васеъ инъикос карда шуд.
Ҳоло ба қайдгирии давлатии ҳуҷҷатҳои расмии Донишкада амалӣ гардонида шуда истодааст.
Муфассал...