ДЕКАНИ ФАКУЛТЕТИ КОРҲОИ КУҲӢ
Телефон:
Email:
Факултети корҳои куҳӣ аз сентябри соли 2006 таъсис ёфта, сохтори он бо 4 кафедраҳои марбут ба
факултет мукаммал гардид. Факултети корҳои куҳӣ то имрӯз барои тайёр намудани мутахассисон дар
соҳаҳои геология, коркарди конҳои канданиҳои фоиданок, нафту газ ва сохтмони иншоотҳои
зеризаминӣ саҳми арзандаи худро гузошта истодааст.
Дар факултет қабули донишҷӯён аз рӯи 8 ихтисос, «Корҳои зеризаминии куҳӣ», «Корҳои кушоди куҳӣ»,
«Тоза кардани канданиҳои фоиданок», «Корҳои маркшейдерӣ», «Сохтмони шахтавӣ ва зеризаминӣ»,
«Коркард ва истифодабари конҳои нафту газ», «Геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок»
ва «Пармакунии чоҳҳо» ба роҳ монда шудааст.
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти факултет, ин ҳамкорӣ бо корхонаҳои истеҳсолӣ мебошад. Дар ин
самт факултет бо корхонаҳои саноатии КМ «Анзоб», КМ «Апреловка», ҶСШК «Ангишт», ҶСК «ГОК
Адрасмон», КМ «Зарафшон», КВД «Суғднафтугаз», ШКС «Тоҷикистону Хитой», ҶММ «Хуаксин Ғаюр
Суғдсемент», кумитаҳои заминсозӣ, корхонаҳои сохтмонӣ ва ғайра ҳамкориҳои илмӣ – техникӣ дошта,
дар ин корхонаҳо донишҷӯён таҷрибаомӯзиҳои таълимӣ, истеҳсолӣ ва пешаздипломиро мегузаранд.
Факултети корҳои куҳӣ бо муассисаҳои олии касбии хориҷи кишвар: Донишгоҳи давлатии нафту гази
Россия ба номи И.М.Губкин (Москва), Донишгоҳи давлатии куҳии Урал (Екатеринбург), Донишгоҳи
давлатии техникии нафти Уфа, Донишгоҳи миллии куҳии Украина, Донишгоҳи илмҳои табии
Норвегия, Донишгоҳи муҳандии Португалия (Порто), Донишгоҳи нафти Ҷумҳурии мардумии Чин,
Донишгоҳи давлатии геологӣ – иктишофии ба номи Серго Оржоникидзе (Москва), Донишгоҳи
техникии Кошитсаи Словакия ва ғайра ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст. Натиҷаи ҳамин
ҳамкориҳост, ки як зумра донишҷӯёни факултети корҳои куҳӣ таҷрибаомӯзии худро дар ин
донишгоҳҳои бонуфуз мегузаронанд.
Дар назди факултет маркази таҳсилоти фосилавӣ фаъолият менамояд, ки дар он донишҷӯён
метавонанд дар баробари таҳсил дар ДКМТ тариқи фосилавӣ бо истифода аз технологияҳои
иттилоотӣ – коммуникатсионӣ дар Донишгоҳи давлатии нафту гази ш. Тюмени ФР таҳсил менамоянд.
Ҳоло факултети корҳои куҳӣ дорои якчанд синфхонаҳои компютерӣ буда, аудиторияҳо ва кабинетҳои
таълимии муҷаҳҳаз бо технологияи мултимедиявӣ барои гузаронидани машғулиятҳо ва корҳои
инфиродии донишҷӯён омода мебошанд. Соли таҳсили ҷорӣ дар факултет ду озмоишгоҳи таълимии
тахассусӣ барои ихтисосҳои “Тоза кардани канданиҳои фоиданок” ва “Коркард ва истифодабарии
конҳои нафту газ” таъсис дода шуд.
Кафедраи геология ва коркарди нафту газ
Кафедраи сохтмон ва графикаи муҳандисӣ
Кафедраи коркарди конҳои канданиҳои фоиданок
Кафедраи фанҳои табиӣ-илмӣ
Ихтисосҳои факултети корҳои куҳӣ вобаста ба кафедраҳо
Кафедраи геология ва коркарди нафту газ
510101 - Геология ва иктишофи конҳо (рӯзона)
510202 - Коркард ва истифодабарии конҳои нафту газ (рӯзона, ғоибона)
510201-04 - Пармакунии чоҳҳо
Кафедраи сохтмон ва графикаи муҳандисӣ
510201 - Корҳои маркшейдерӣ (рӯзона)
700201-06 - Сохтмони шахтавӣ ва зеризаминӣ (рӯзона)
Кафедраи коркарди конҳои канданиҳои фоиданок
510201 – 01 - Коркарди конҳои канданиҳои фоиданок «Корҳои кушоди куҳӣ» (рӯзона)
510201 – 02 - Коркарди конҳои канданиҳои фоиданок «Корҳои зеризаминии куҳӣ» (рӯзона, ғоибона)
510201 – 03 - Коркарди конҳои канданиҳои фоиданок «Тоза кардани канданиҳои фоиданок» (рӯзона)
510201 – 04 - Коркарди конҳои канданиҳои фоиданок «Корҳои пармакунӣ» (рӯзона)
Тавсифи касбии ихтисосҳо
Муҳандиси куҳӣ аз рӯи ихтисосҳои 1-510201- Коркарди конҳои канданиҳои фоиданок (корҳои
зеризаминии куҳӣ, корҳои кушоди куҳӣ, тоза кардани канданиҳои фоиданок) барои ҳалли масъалаҳои
зерин омода карда мешавад: амалигардонии роҳбарии техникии корҳои куҳӣ ва таркониш, яъне
бевосита идора намудани ҷараёнҳои технологӣ дар объектҳои истеҳсолӣ, аз он ҷумла, таҳия,
ҳамоҳангсозӣ ва тасдиқи ҳуҷҷатҳои техникӣ, методӣ ва ғайра, ки тартиби иҷрои корҳои куҳиро ба
низом медароранд; назорати иҷрои талаботи ҳуҷҷатҳои техникӣ барои иҷрои корҳо, меъёрҳои
амалкунанда, қоидаҳо, стандартҳо ва коркарди натиҷаҳои дастрасшуда бо истифодаи технологияҳои
муосир; иҷро намудани баҳодиҳии техникиву иқтисодии конҳо, интихоби параметрҳои асосии
корхонаи куҳӣ; таҳияи нақшаи тақвимӣ, системаи истихроҷ, технология ва механиконии маҷмӯии
корҳо, асоснок намудани бехатарии техникӣ ва экологии корҳои куҳӣ.
Муҳандис – геолог аз рӯи ихтисоси 510101-Геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок ҳалли
масъалаҳои асосии корҳои иктишофии конҳои канданиҳои фоиданок, балоиҳагирӣ ва омӯзиши конҳо,
ҳисоби захираҳо, таҳлил намудани шароити куҳӣ - геологӣ ва геологӣ - техникии конҳо, гуруҳбандии
сифатӣ ва ҷойгиршавии конҳо, ҳаҷм ва андозаи конҳо, коркарди нишондиҳандаҳои иктишофӣ,
омӯзиши таркиби канданиҳои фоиданок ва гузаронидани марҳилаҳои гуногуни корҳои иктишофиро
мавриди омӯзиш қарор медиҳад.
Муҳандиси куҳӣ аз рӯи ихтисоси 510201 – Корҳои маркшейдерӣ барои ҳалли масъалаҳои зерин омода
карда мешавад: роҳбарии техникии корҳои куҳӣ, назорати иҷрои талаботи ҳуҷҷатҳои техникӣ барои
иҷрои корҳо, аз он ҷумла корҳои ченкунӣ, ҳисобкунӣ, тарҳрезиҳои геометрӣ, коркарди натиҷаҳои
дастрасшуда бо истифодаи технологияҳои муосир, иҷро намудани марҳилаҳои ҷустуҷӯи - иктишофии
конҳои канданиҳои фоиданок, истихроҷи онҳо бо тарзи кушод ва зеризаминӣ, иҷро намудани
баҳодиҳии техникиву иқтисодии конҳо.
Муҳандиси куҳӣ – аз рӯи ихтисоси 510202 – Коркард ва истифодабарии конҳои нафту газ ҳалли
масъалаҳои равандҳои балоиҳагирӣ ва истифодабарии комплексии коркарди конҳои нафту газ,
омодасозӣ ва ҳамлу нақли нафт, корҳои пармакунӣ, мустаҳкамгардонӣ ва санҷишу озмоиши чоҳҳо,
нигоҳдорӣ бо истифода аз усулҳо ва технологияҳои муосири соҳавӣ ва татбиқи техника ва
технологияҳои навро мавриди омӯзиш қарор медиҳад.
Муҳандиси куҳӣ – сохтмончӣ 700201-06 – Сохтмони шахтавӣ ва зеризаминӣ барои ҳалли масъалаҳои
корҳои сохтмонию васлӣ, лоиҳакашии иншоотҳои зеризаминӣ, сохтмони иншоотҳои зеризаминӣ бо
истифода аз техника ва технологияҳои муосири соҳавӣ, таҳлил намудани шароити геологӣ ва
гидрогеологӣ дар сохтмони иншоотҳои зеризаминӣ, ҳисоб кардани таъсири фишори куҳӣ ба
конструксияҳои сохтмонӣ, танзиму озмоиши корҳои сохтмонӣ, таҳлил кардани нишондиҳандаҳои
техникӣ – иқтисодӣ ва истифодаи технологияҳои иттилоотӣ – коммуникатсионӣ дар корҳои
лоиҳакашию нархномавӣ, аз ҷумла барномаҳои компютерии AutoCad, Kompas 3D, ArchiCad,
MICROMINE омода карда мешаванд.
Саноати металлургии Тоҷикистон дорои базаи азими ашёӣ-минералӣ мебошад, ки барои таъмини
тараққиёти соҳа солҳои дуру дароз кифоят мекунад. Қишри Тоҷикистон, ки қариб ҳамаи элементҳои
ҷадвали даврии Менделеевро дорад, захираи бузурги канданиҳои фоиданок мебошад.
Дар факултет аз рӯи самтҳо ва ихтисосҳои зерин мутахассисон омода карда мешаванд:
Самти «Металлургия» – ихтисоси 42010101-04, муҳандиc-металлург;
Самти «Иқтисодиёт ва идоракунии корхонаҳои саноатӣ» – ихтисоси 270101-09, иқтисодчӣ-менеҷери
корхонаҳои саноатӣ;
Самти «Ҳамлу нақл тавассути автомобилҳои боркаш» – ихтисоси 440101-01, муҳандис-менеҷер;
Самти «Экология» – ихтисосҳои 330101-05, муҳандис-эколог ва 570101-03 муҳандис-химик-эколог.
Муҳандисони ихтисоси металлургия дар вазифаҳои зерини корхонаҳо иҷрои вазифа мекунанд: муҳандис
- металлург, муҳандис - технолог, муҳандиси танзиму озмоиш, муҳандис оид ба назорати техникӣ,
муҳандис оид ба татбиқи техника ва технологияи нав, муҳандис-тадқиқотчӣ, муҳандис-лаборант.
Масъулиятнокии муҳандисон: муҳандис-металлург – масъул ба равандҳои металлургӣ (амалиётҳои
металлургӣ), муҳандис-технолог – масъул ба равандҳои технологӣ (яъне назорати равандҳои пай дар
пайи технологӣ), муҳандиси танзиму озмоиш – масъул ба сифати ашёи хом ва маҳсулоти тайёршуда,
муҳандис оид ба назорати техникӣ – масъул ба тартибдиҳии дастурамалҳои технологӣ ва иҷроиши он
дар истеҳсолот, муҳандис оид ба татбиқи техника ва технологияи нав – масъул ба татбиқи техника ва
технологияи нав, муҳандис-тадқиқотчӣ – масъул ба корҳои илмию тадқиқотӣ дар истеҳсолот,
муҳандис-лаборант – масъул ба иҷроиши корҳои озмоишӣ.
Фаъолияти касбии хатмкунандагони ихтисоси иқтисодиёт ва ташкили истеӽсолот ҳамчун
муӽандис-иқтисодчӣ дар корхонаӽои саноати металлургӣ, корхонаӽои саноати куӽӣ ва дигар соӽаӽои
хоҷагӣ барои ӽалли масъалаӽои зерини касбӣ равона шудааст: ташкилӣ-идоракунӣ;
банақшагирӣ-иқтисодӣ; лоиӽавӣ-иқтисодӣ; молиявӣ-иқтисодӣ; таӽлилӣ; иқтисоди бурунмарзӣ;
соҳибкорӣ; илмӣ-тадқиқотӣ.
Хатмкунандагони ихтисоси иқтисодиёт ва ташкили истеӽсолот дар саноати куӽӣ ба вазифаӽои зерин
соӽиб мешаванд: муӽосиби категорияи 2, нозири давлатӣ оид ба савдо, мушовир оид ба фаъолияти
захиракунӣ, маркетолог, мутахассиси маркетинг, агенти савдо, диллер, брокер, иқтисодчӣ оид ба
таъмини моддию техникӣ, иқтисодчӣ оид ба фурўши маҳсулот.
Объекти фаъолияти касбии хатмкунандаи ихтисоси ҳамлу нақл тавассути автомобилҳои боркаш
ташкилот ва корхонаҳои давлатӣ оид ба ҳамлу нақли борҳо ва мусофирон, ташкилот ва корхонаҳои
нақлиётии шаклҳои дигари хусусӣ, хадамотҳои бехатарии ҳаракат, корхона ва ташкилотҳои нақлиётиву
экспедитсионӣ, идораҳои мақомотҳои минтақавии нақлиётӣ ва инспексияҳои давлатии нақлиётӣ,
хадамотҳои маркетингӣ ва қисмҳо оид ба аз худ намудан ва хизматрасонии бозори хизмати нақлиётӣ,
системаҳои истеҳсолотӣ ва интиқоли бор ва кашонидани мусофирон маҳсуб меёбанд.
Хатмкунанда – мутахассиси соҳибмаълумоти ихтисоси ҳамлу нақл тавассути автомашинаҳои боркаш
метавонад барои иҷрои фаъолиятҳои касбии зерин омода бошад: истеҳсолотӣ-технологӣ,
ташкилӣ-идоравӣ, илмӣ-тадқиқотӣ, лоиҳавӣ.
Соӽаи фаъолияти касбии хатмкунандагони ихтисоси «Ӽифзи муӽандисии муӽити зист» ва ихтисоси
«Мониторинги ӽифзи муӽити зист» - ин коркард, лоиӽакашӣ, сохтан, ба истифода додан ва такмили
техника ва технологияи ӽифзи табиат, ташкил ва идоракунии корӽои муӽофизати табиат дар корхонаӽои
саноатӣ ва дар комплексӽои минтақавӣ-саноатӣ буда, бо экспертизаи лоиӽаӽо, технологияӽо ва
истеӽсолот, сертификатсияи маҳсулотӽо бо мақсади ба даст овардани бехатарии экологӣ дар фаъолияти
хоҷагидорӣ машғул мешаванд.
Дар факултети металлургия 940 нафар донишҷӯён дар шӯъбаҳои рӯзона(793н.) ва ғоибона(147н.) таҳсил
менамоянд ва тайёр намудани мутахассисон аз рӯи 6 ихтисос дар 4 кафедраҳои тахассусӣ, ки дорои
якчанд озмоишгоҳҳои соҳавӣ, кабинетҳои фаннӣ, синфхонаи компютерӣ, китобхонаи электронӣ ва
аудиторияҳои замонавӣ мебошанд, ба роҳ монда шудааст.
Кафедраҳои тахассусии факултет: Металлургия; Иқтисодиёт ва идоракунии корхонаҳои саноатӣ; Ташкил
ва идоракунии хоҷагии автомобилӣ; Экология.
Хатмкунандагони факултет метавонанд дар корхонаҳои равияҳои металлургия, саноатӣ ва муассисахои
хоҷагии манзил аз рӯи ихтисосҳои худ кору фаъолият баранд. Аз он чумла: Ширкати алюминии тоҷик
(ТАЛКО), Корхонаи элктрохимиявии Ёвон, КД «Металлхои нодири шарк», КМ «Адрасмон», КМ
«Анзоб», КМ «Апрелевка», КМ «Зарафшон», ҶММ «Ширкати куҳӣ - саноатии Тоҷикистону Хитой»,
муассисаҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ ва монанди инҳо.
ФАКУЛТЕТИ МЕТАЛЛУРГИЯ  
ФАКУЛТЕТИ ЭНЕРГОМЕХАНИКА  
Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги сарватҳои энергетикӣ аст. Ҳатто истифодаи қисмати ин сарватҳо
ба хеле беҳтар намудани таъминоти энергетикии хоҷагии халқ ва аҳолӣ имконият медиҳад, ки ҳолати
тавозуни энергетикӣ ва экологиро дар кишвар ва тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ мӯътадил гардонад.
Тадбиқи самараноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Стратегияи миллии рушди соҳаи
энергетика сохтмон ва ташаккулдиҳии иншоотҳои наву бузурги тавонои энергияистеҳсолкунандаро дар
назар дорад, ки амалигардонии онро бе тайёр намудани мутахассисони баландмаҳорати соҳаҳои
мошинсозӣ ва энергетика тасаввур кардан гайриимкон аст.
Тайёр кардани мутахассисон дар факултет аз рўи равия ва ихтисосҳои зерин ба роҳ монда шудааст:
Равияи 4301 «Электроэнергетика ва энергетикаи гармӣ» – ихтисоси 430103-01 «Таъмини корхонаҳои
саноатӣ бо барқ»; Равияи 3610 «Иктишофҳои геологӣ ва саноати коркарди (истихроҷи) куҳӣ» – ихтисоси
361001 «Таҷҳизот ва мошинҳои саноати кӯҳӣ»; Равияи 3601 «Технологияҳои мошинсозӣ ва таҷҳизотҳо» –
ихтисоси 360101 «Технологияи мошинсозӣ».
1. Мухандис –энергетик, ихтисоси 43010301-Таъмини корхонаҳои саноати бо барқ. Фаъолияти касбии
мутахассисони ин ихтисос соҳаҳои зеринро дар бар мегирад: шабакаҳои энергетикии барқӣ, неругоҳҳо ва
зеристгоҳҳои барқӣ, хатҳои интиқоли энергияи барқӣ; омодакунии лоиҳаҳои таҷҳизотҳои
электроэнергетикии таъиноташ гуногун; сохтани нақшаҳои коргоҳҳои энергетикии барқӣ; ҳисоб кардани
нақшаҳо ва қисмҳои асосии таҷҳизотҳо ва занҷирҳои дуюми коргоҳҳои электроэнергетикӣ; сохтани
таҷҳизотҳои энергетикии барқӣ ва ҳароратӣ; нигоҳдошт ва тағйири реҷаи кории коргоҳҳои энергетикӣ,
гузаронидани санҷишҳои саривақтии таҷҳизотҳо; гузаронидани корҳои васлкунӣ дар корхонаҳои
энергетикии барқӣ ва ҳароратӣ.
2. Мухандис-механики саноати куҳӣ, ихтисоси 361001-Таҷҳизот ва мошинҳои саноати кӯҳӣ. Соҳаи
фаъолияти касбии ин мутахассисон чунинанд: таҳияи технологияҳои муносиби истеҳсоли маҳсулот;
таҳлил ва таҳияи роҳу усули равандҳои технологӣ; таҳияи параметрҳои механикӣ, технологӣ, тарроҳӣ,
асбобсозӣ, иқтисодӣ; ташхиси ҳолат ва динамикаи равандҳои технологӣ, таҷҳизот ва васоити идоракунӣ
барои банақшагирии дарозмуддат ва кӯтоҳмуддат; банақшагирии коркард ва истифодаи равандҳои
технологии истеҳсоли маснуот; тартиб додани ҳуҷҷатҳои зарурии техникӣ оиди истифодабарии таҷҳизот
ва техника; гузаронидани санҷишҳои саривақтии нишондодҳои техникии таҷҳизот ва мошинҳои
саноати кӯҳӣ; гузаронидани корҳои таъмир, васлкунӣ ва озмоиши таҷҳизоти корхонаҳои саноати куҳӣ;
ташкили амалиёт оид ба ҷобаҷогузории таҷҳизот.
3. Муҳандис, ихтисоси 360101 – Технологияи мошинсозӣ. Фаъолияти касбии мутахассисони ин ихтисос
ба самтҳои зерин равона шудааст: саноати истеҳсолоти мошинсозӣ, аз ҷумла технологияи коркард ва
васли ҷузъиёти мошинҳо; равандҳои технологии истеҳсолот; коркарди равандҳои технологии
истеҳсолот; ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ, системаҳои стандартонӣ ва сертификатонӣ, усулу воситаҳои
озмоишӣ ва санҷиши сифати маҳсулот дар истеҳсолот; ихтироъ ва лоиҳакашии таҷҳизотҳои технологӣ;
ташхис ва таъминоти идоракунии системаҳои технологӣ барои ба даст овардани сифати маҳсулоти
истеҳсолшаванда ва ғайра.
Соли 2011 аввалин хатмкунандагони факултет сазовори дипломҳои муҳандиси куҳӣ ва муҳандиси барқ
гардиданд. Ҳоло онҳо дар корхонаҳои гуногуни соҳаи мошинсозӣ, истеҳсолоти куҳӣ ва ширкати «Барқи
Тоҷик» фаъолияти пурсамар доранд.
Дар сохтори факултет ду кафедраҳои тахассусӣ фаъолият бурда истодаанд: кафедраи таҷҳизот ва
технологияҳои мошинсозӣ, кафедраи таъминоти барқ.
Дар факултет 800 нафар донишҷӯён таҳсил менамоянд. Дар назди кафедраҳои факултет озмоишгоҳҳои
(лабораторияҳои) хуб таҷҳизонидашуда, устохонаҳои харротию челонгарӣ ва коргоҳҳои таълимии
истеҳсолӣ амал менамоянд. Бо иштироки донишҷӯён ва олимону омӯзгорони кафедраҳо дар факултет
корҳои самараноки илмӣ-тадқиқотӣ гузаронида шуда, дар назди муассисаи Парки техологии Донишкада
коркардҳои таҷрибавии конструкторӣ иҷро карда мешаванд.