Санаи 4-феврали соли 2016 дар толори шӯрои олимони донишкада, тибқи ҷадвали баргузории нишасти матбуотӣ бо иштироки фаъолони донишкада ва хабарнигорону рӯзноманигорон баргузор гардид.
Дар баромади худ ректори донишкада Мухтор Фозилов ҷиҳати фаъолияти донишкада дар соли 2015 маълумоти муфассал дод. Ҳамзамон ҷиҳати дастовардҳо ва муаммоҳои кунунии донишкада бо рӯзноманигорон саволу ҷавоб баргузор гардид.