Дар Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон қабул ва таҳсили донишҷӯён аз рӯи 15  ихтисосҳои равияҳои корҳои куҳӣ,  металлургия ва энергомеханика ба роҳ монда шудааст. Дар сохтори Донишкада  3 факултет, 15 кафедра, ки дар ҳайати онҳо 118 нафар омузгорон ба донишҷӯён таълим медиҳанд. Аз теъдоди умумии омӯзгорон 5 нафар докторони илм, профессорҳо ва 47 нафар номзадони илм, дотсентҳо фаъолияти илмиву педагогӣ менамоянд.
КОМИССИЯИ ҚАБУЛ 2017
«Дар кишвари мо барои таъсиси корхонаҳои саноатии истихроҷи маъдан ва то маҳсулоти ниҳоӣ коркард намудани он захираву имкониятҳои зиёд мавҷуданд»
Эмомалӣ Раҳмон
ҚАБУЛИ ДОНИШҶӮЁН БА ШУЪБАИ РӮЗОНА
ҚАБУЛИ ДОНИШҶӮЁН БА ШУЪБАИ ҒОИБОНА
РАМЗИ ДОНИШКАДА ДАР МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТӢ - 201


.
Суроға:735730, Ҷумҳурии Тоҷикистон,  вилояти Суғд,  шаҳри Бӯстон, кучаи Московская 6, (аз шаҳри Хуҷанд хатсайрҳои №3, 3а, 80 ва 100 ба самти мо ҳар 10 дақиқа ҳаракат мекунанд) факс: +992(83451) 5 06 34,  тел:+992(83451) 5 01 75, +992-92-771-71-91,
e-mail: gmit_tajikistan@mail.ru
WWW.GMIT.TJ
Довталабони азиз! Мо шумоёнроро бесаброна дар Донишкадаамон   интизор мешавем, ба Шумо муваффақиятҳо орзу мекунем. Ҳангоми   интихоби донишгоҳҳо-Донишкадаи моро дар ҷои аввал гузоред!
Донишкада дорои ду бинои таълимии асосӣ, чор адад биноҳои таълимии ёрирасон, китобхонаи дорои зиёда 120 ҳазор китобҳо ва китобхонаи электронии бо хатти ИНТЕРНЕТ пайвастшуда ва комплекси устохонаҳои Парки технологӣ мебошад. Дар раванди таълим лабораторияҳои химия ва физика, электротехникаи умумӣ, муқовимати масолеҳ, технологияи маводҳои конструксионӣ, тоза кардани канданиҳои фоиданок, осорхонаи геологӣ, синфхонаҳои компутерӣ (дорои компутерҳои замонавӣ ва тахтаҳои электронӣ), устохонаи таълимии коркарди металл, мактаби ронандагӣ, майдони таҷрибавии коркарди куҳӣ ва толори варзиш пурсамар истифода бурда мешавад. Инчунин, Донишкада барои мутобиқ гардонидани лабораторияҳои таълимӣ ба талаботи рӯз, таҷҳизотҳои навтарини замонавии рақамиро дастрас намуда, мавриди истифода қарор додааст.
                  Дар донишкада шуъбаи илм, аспирантура, маҳфилҳои илмии назди кафедраҳо, муассисаи Парки технологӣ, дастаи олимпӣ ва семинару конфронсҳои илмӣ-амалӣ ва назариявӣ барои омода намудани кадрҳои илмӣ-педагогӣ ва ихтироъкориву навоварӣ саҳми босазо гузошта, идеяву донишу малакаи донишҷӯён ва устодонро тақвият мебахшад. Донишҷӯён дар маҳфилҳои назди кафедраҳо барои иштирок дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ омодагӣ мебинанд, ки даҳҳо нафарони онҳои ғолиби чунин озмунҳо гардидаанд. Дастаи SIFE-и донишкадаи идеяву лоиҳаҳои донишҷӯёнро ба сатҳи байналмилалӣ бароварда, барои дар амал тадбиқ намудани онҳо сарчашмаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва сармоягузор меҷӯяд.
Дар назди донишкада донишкадаи  Конфутсий таъсис дода шудааст ва дар он донишҷӯён забони чиниро меомӯзанд. Соли ҷорӣ донишкада ҳамкориҳои судмандро бо Донишгоҳи нафти Ҷумҳурии мардумии Чин оиди таҳсили донишҷӯён дар ин таълимгоҳ ба роҳ мондааст.
Бо баробари ин Донишкада бо Донишгоҳи давлатии нафту гази Тюмен таҳсили фосилавиро аз рӯи ихтисоси коркарди нафту газ ба роҳ мондааст, ки ин имконият медиҳад,  донишҷӯён тариқи таҳсили фосилавӣ аз рӯи стандартҳои таълимии Руссия таҳсил намоянд ва соҳиби дипломи Донишгоҳи номбурда шаванд.
Донишҷӯёне, ки аз ноҳияҳои дурдаст мебошанд, бо хобгоҳ таъмин карда мешаванд. Хобгоҳи Донишкада, дар назди бинои таълимӣ воқеъ буда, шароити хуби зист мухайё карда шудааст. Донишҷӯёни аълохон ва фаъол бо идрорпулиҳои давлатӣ ва номӣ, ки аз ҷониби Раиси вилоят, шаҳр, кумитаи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл» таъин шудаанд, сарфароз мегарданд.
  Ихтисосҳо Ройгон Пулакӣ
Рамз Номгуй Нақша тоҷикӣ русӣ тоҷикӣ русӣ маблағ
КЛАСТЕРИ 1                                       
1 1510101 Геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок 48 7 6 17 18 3200
2 1510202 Коркард ва истифодабарии конҳои нафту газ 48 8 7 16 17 3800
3 151020103 Коркарди канданиҳоиконҳои фоиданок (тоза кардани канданиҳои фоиданок) 24 8 16 3200
4 151020102 Коркарди конҳои канданиҳои фоиданок (корҳои зеризаминӣ) 24 8 16 3200
5 151020101 Коркарди конҳои канданиҳои фоиданок (корҳои кушоди куҳӣ) 24 8 16 3200
6 1510201 Коркарди конҳои канданиҳои фоиданок (корҳои маркшедерӣ) 48 5 5 19 19 3200
7 151020104 Коркарди конҳои канданиҳои фоиданок (корҳои пармакунӣ) 24 8 16 3200
8 14201010104 Металлургияи металҳои ранга 44 6 5 16 17 3800
9 170020106 Сохтмони зеризамини ва шахтаҳо 18 4 14 3200
10 1361001 Таҷҳизот ва мошинҳои саноати куҳӣ (аз рӯи самтҳо) 47 8 7 16 16 3200
11 143010301 Таъмини корхонаҳои саноати бо барқ 69   45 24 4200
12 1360101 Технологияи мошинсозӣ 48 8 7 16 17 3800
13 144010101 Ҳамлу нақл тавассути автомобилҳои боркаш 48   24 24 3800
14 133010105 Ҳифзи муҳандисии муҳити зист 48 8 7 16 17 3800
КЛАСТЕРИ 2                                              
15 127010109 Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот 38     19 19 3800
  Ихтисосҳо Ройгон Пулакӣ
Рамз Номгуй Нақша тоҷикӣ русӣ тоҷикӣ русӣ маблағ
КЛАСТЕРИ 1                                       
1 1510202 Коркард ва истифодабарии конҳои нафту газ 20   20   1900
2 151020102 Коркарди конҳои канданиҳои фоиданок (корҳои зеризаминӣ) 20   20 1900
3 14201010104 Металлургияи металҳои ранга 20   20 1900
4 143010301 Таъмини корхонаҳои саноати бо барқ 25   25 2200
5 1360101 Технологияи мошинсозӣ 20   20 1900
6 144010101 Ҳамлу нақл тавассути автомобилҳои боркаш 20   20 1900
7 133010105 Ҳифзи муҳандисии муҳити зист 20   20 1900
КЛАСТЕРИ 2                                              
8 127010109 Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот 20     20   1900
Муфассал...