Санаи 21.02.2018 сол соати 10:00, бо иштироки адиб, шоир ва журналисти шинохта,              Ҷӯра Юсуфӣ вохӯрӣ бо донишҷӯёни Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон таҳти унвони “КИТОБХОНӢ ДАР НИЗОМИ МУОСИРИ ҶАҲОНИШАВӢ РАВИШ ВА ФАРҲАНГИ НАВ МЕХОҲАД” баргузор карда мешавад. Дар вохӯрӣ масъалаҳои мубрами тарзи интихоби китоб  - китобҳои рақамӣ, мутолиаи китоб дар ҳолатҳои гуногуни маишӣ-ичтимоӣ, кор бо сарчашмаҳо, вижагиҳои мутолиаи матбуоти даврӣ ва махсус, Интернет - сарчашмаҳои иттилоотӣ ва амсоли он мавриди таҳлил қарор хоҳанд гирифт.
Инчунин бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ атрофи ҷанбаҳои тарғибу ташвиқ ва омӯзиши маводҳои самти саёҳӣ изҳори назар карда мешавад.
Хоҳишмандон метавонанд ба толори Шӯрои олимони ДКМТ дар вақти муайяншуда ҳозир шаванд.
06 феврали 2018 сол
КИТОБХОНӢ ДАР НИЗОМИ МУОСИРИ ҶАҲОНИШАВӢ РАВИШ ВА ФАРҲАНГИ НАВ МЕХОҲАД
Муфассал...