То ташкилёбии кафедраи мустақили экология аз соли 2006 то 2013 устодони ин кафедра дар кафедраи экология ва корҳои нафту газ фаъолияти худро ба роҳ мондаанд. 
Моҳи сентябри соли 2008 кафедраи коркард ва истихроҷи конҳои нафту газ ба факултети энергомеханика вобаста карда шуда буд.  Мудири кафедра профессор Розиқов З. А. таъин  карда   мешавад.
Аз 09. 01. 2010с. мудири кафедраи экология ва корҳои нафту газ номзади илмҳои биологӣ, дотсент Ортиқбоев И. М. таъин карда мешавад ва ин вазифаро то 01. 09. 2011 иҷро менамояд.
Аз 1 сентябри соли 2012 сарварии кафедраи экология ва корҳои нафту газ ба ӯҳдаи доктори илмҳои химия, профессор Юнусов М. М. гузошта мешавад.
Бо қарори Шӯрои олимони Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон моҳи майи соли 2013 кафедраи экология таъсис дода шуда, ба факултети металлургия вобаста карда мешавад. Мудири кафедра доктори илмҳои химия, профессор Юнусов М.М. таъин гардид.
Самти асосии фаъолияти кафедра тайёр намудани мутахассисон аз рӯи ихтисосҳои ҳифзи муҳандисии муҳити зист ва мониторинги ҳолати муҳити зист буда, муҳандис-эколог ва муҳандис-химик-экологро тайёр менамояд.
Дар кафедра як озмоишгоҳи таълимӣ-илмӣ амал мекунад, ки дар он донишҷӯён дарсҳои лабораториро аз фанни  химияи муҳити зист аз худ мекунанд.
Кафедра дар тӯли фаъолияти худ аз рӯи ихтисоси 330101-05 - ҳифзи муҳандисии муҳити зист: соли 2013 - 36 нафар, соли 2014 - 9 нафар соли 2015 - 31 нафар мутахассисон - муҳандисони соҳаро тайёр кард, ки ҳамаи онҳо дар саноат ва ташкилотҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда истодаанд.
Аз байни инҳо ду нафар ба аспирантураи Донишгоҳи нафту гази шаҳри Тюмен ва Донишгоҳи нафту гази шаҳри Уфаи Федератсияи Россия дохил шуда дар арафаи ҳимоя қарор доранд. Ду нафар аз хатмкунандагони соли таҳсили 2014-2015 дар Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон дар кафедраи экология кор карда истодаанд.
Мудири кафедра доктори илмҳои химия, профессор  Юнусов М. М. буда бо роҳбарии ӯ ҳоло дар кафедра 8 нафар омӯзгорон фаъолият бурда истодаанд, ки аз онҳо 5 нафар омӯзгорони штатӣ ва 2 нафар муштараквазифаи дохилӣ ва 1 нафар муштараквазифаи берунӣ мебошанд. Аз инҳо 2 нафар доктори илм, профессор, 1 нафар дотсент, 1 нафар номзади илм, сармуаллим, 1 нафар магистри илмҳои экологӣ, 3 нафар ассистент мебошанд.


.
Устодони кафедра бо донишҷӯёни бахши 1 ихтисоси 330101-05 - ҳифзи муҳандисии муҳити зист (1 сентябри 2016с.)

Дар тӯли фаъолияти кафедра устодони зерин ба таълиму тарбияи донишҷӯён саҳм гузоштаанд: Юнусов М.М. - доктори илмҳои химия, профессор, Розиқов З, А. - доктори илмҳои техникӣ, профессор, Ортиқбоев И.М. - номзади илмҳои педагогӣ дотсент, Ҷӯрабоев Ҷ. Ҷ. - номзади илмҳои кишоварзӣ, дотсент, Ортиқова Д, А. - номзади илмҳои химия, дотсент, Саидова М. - номзади илмҳои кишоварзӣ, дотсент, Беззубов Н. И. - номзади илмҳои техникӣ, сармуаллимон - Ғаффоров С. Ҷ., Ҳакимов А. А., Музаффаров М. Р., Зуҳуров З. К., Иброҳимов И. М. , Иброҳимов Н. Ҷ., Иброҳимов С. Т., Саидов А. М., ассистентон - Шерматов Ҷ. Н., Саксанова Н. А., Мирбобоев Ш., Сатторова М. Ш., Раҳмонов О., Воҳидова Ф., Камолова Ш. Ҷ. - лаборант.

Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ

Дар ҷаласаҳои кафедра мунтазам фаъолияти илмии кафедра ва рушди он муҳокима ва баррасӣ мегардад. Аз ҷумла, дар ҷаласаи кафедра, ки моҳи октябри соли 2015 баргузор гардид, қарор карда шуд, ки корҳои илмию тадқиқотии омӯзгорони кафедра оянда дар ду самт бурда шавад: 1. Омӯзиши таъсири ифлосшавии радиоактивӣ ба муҳити зист; 2. Баҳодиҳӣ ба ифлосшавии байнисарҳадии дарёи Сир бо металҳои вазнин.
Дар самти якум ва дуюм доктори илмҳои химия, профессор Юнусов М.М. ва доктори илмҳои техникӣ, профессор Розиқов З. А., кор мебаранд. Корҳои илмию-тадқиқотии онҳо асосан ба ҳалли муаммои паҳншавии ифлосшавии радиоактивӣ дар атмосфера,  баҳогузаронӣ ба таъсири объектҳои радиатсионӣ ба муҳити зист, ба аспектҳои экологии коркарди дуюмини партовҳои радиоактивӣ ва ифлосшавии ҳавзаи дарёи Сир бо металҳои вазнин бахшида шудааст. 
Бояд қайд кард, ки аз вақти мавҷудият натиҷаи корҳои илмии кафедра дастрас буда, зиёда аз 60 мақолаҳои илмӣ ва тезисҳои баромадҳо дар маҷаллаи илмӣ ба чоп расида, устодони кафедра дар конференсияҳо, симпозиумҳои байналхалқӣ дар Олмон, Норвегия, Шветсия, Италия, Булғория, Фаронса, Словения ва Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ иштирок кардаанд.


.
Кафедраи экология
Муфассал...