Кафедраи фанҳои умумитехникӣ яке аз кафедраҳое мебошад, ки сарчашмаи худро аз давраи Коллеҷи кӯҳӣ-метллургии Чкалов гирифтааст. Ин кафедра 31. 03. 2000с. таъсис дода шуда, аввалин мудири кафедра номзади илмҳои физика-математика, дотсент Акрамова М. М. таъин шуда буд.
2 январи соли 2003 кафедраи фанҳои умумитехникӣ ба ду кафедра тақсим карда мешавад. Дар натиҷаи ин тақсимот кафедраҳои энергомеханика ва кӯҳӣ-металлургӣ ташкил дода мешавад.
Баъди таъсисёбии Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон кафедра аз нав, дар асоси Низомномаи муассисаҳои олии таълимӣ, тибқи қарори Шӯрои олимони Донишкада, аз 01. 10. 2006 таъсис дода шудааст.
Кафедраи фанҳои умумитехникӣ бо назардошти фанҳои графикаи муҳандисӣ,  механикаи назариявӣ,  муқовимати масолеҳҳо ташкил карда шуд ва сарвари кафедра номзади илмҳои техникӣ, дотсент Ҷалолов А. таъин карда мешавад.
Кафедра омӯзонидани фанҳои масолеҳшиносӣ, механикаи назариявӣ, графикаи муҳандисӣ, муқовимати масолеҳҳо, ҷузъиёти мошинҳо, гидравлика, техникаи гармӣ, асосҳои ҳисоби муҳаррикҳои дарунсӯз, хизматрасонии техникӣ ва таъмири автомобилҳоро дар бар мегирифт.
Дар кафедра устодон - номзади илмҳои техникӣ, дотсент Собиров А. С., номзади илмҳои педагогӣ Раҳматов Р. Р., номзади илмҳои техникӣ, дотсент Ҷалолов А., номзади илмҳои техникӣ, дотсент Муҳидинов Қ., номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Ниёзов А., номзади илмҳои техникӣ, дотсент Бадалов М. номзади илмҳои техникӣ, дотсент Мирзомидинов И. ва сармуаллимон Воҳидов А., Мавлонов А., ассистент Собиров Ф. солҳои тӯлонӣ фаъолият намуда, дар ташаккули кафедра ва тайёр кардани мутахассисони соҳа саҳмгузор гаштаанд.
Зиёдшавии ихтисосҳо ва контингенти донишҷӯён ва ташкили факултетҳои корҳои кӯҳӣ, металлургия ва энергомеханика зарурати таъсис додани кафедраҳои навро ба миён овард. Аз ин лиҳоз, аз 1 сентябри соли 2009 ба ҷои кафедраи фанҳои умумитехникӣ ду кафедра - кафедраи механика ва кафедраи сохтмон ва графикаи муҳандисӣ кушода шуд.
Сарварии кафедраи механика ба зимаи номзади илмҳои техникӣ, дотсент Ваҳобов М. гузошта шуд. Ба феҳрасти кафедра фанҳои механикаи назариявӣ, муқовимати масолеҳҳо, механикаи амалӣ, ҷузъиёти мошинҳо, назарияи механизм ва мошинҳо, гидравлика, техникаи гармӣ ва фанҳои ҳамлу нақли нақилётҳо ҷудо карда мешавад.
Дар кафдераи номбурда дар тӯли фаъолияташ устодони зерин:Муҳидинов Қ., Буҳодуров Ш., Ғаниев И., Абдуллозода Б., Воҳидов  А., Ҳомидова Р.,  Маҳмудова С., Усмонов Ш., Ҷумъаев А., Мавлонов А., Умаров М., Башиков Р., Азизов Қ., Мирзоев Д., Юсупов Х., Отабоев, Бобоев Р., Азизхонов И.  фаъолият доштанд.
Аз 1 сентябри соли 2013 бошад номи кафедра ба номи пештарааш баргардонида мешавад ва ҳамчун кафедраи фанҳои умумитехникӣ ба фаъолият оғоз намуд. Сарвари он номзади илмҳои техникӣ, дотсент Муҳидинов Қ. таъин   карда мешавад.



.
Устодони кафедра
Кафедра дорои лабораторияи татқиқотии муқовимати масолеҳҳо мебошад. Синфхонаҳо ва лабораторияҳо бо асбобҳои айёнӣ, плакатҳо, тамсилҳои механизму мошинҳо ҷиҳозонида шудаанд, ки боиси беҳтару хубтар гардонидани сифатнокии гузаронидани дарсҳои таълимӣ мебошанд.
Кори методии кафедра асосан барои мувофиқи талаб сохтани силлабусҳо, тайёр намудани дастурамалҳо оид ба иҷрои корҳои мустақилонаи донишҷӯён ва ҷиҳозонидани аудиторияҳо равона шудааст.
Кори илмии кафедра бо назардошти барномаи дурнамои илмии Донишкада дар мавзӯӣ «Тадқиқоти хӯрдашавии ҷузъҳои таҷҳизоти  мошинҳои кӯҳӣ” равона карда шудааст. Ассистенти ҷавон Мирзоев Д. дар мавзӯи «Хосияти физикавӣ-химиявии маъданҳои мутлақо мавҷуда дар мисоли Иккижилон» рисолаи илмӣ тайёр намуда истодааст.
Кафедраи фанҳои умумитехникӣ
Муфассал...