Кафедраи фанҳои табиӣ-илмӣ то таъсиси Донишкада, дар сохтори Коллеҷи кӯҳӣ-металлургии Чкалов бо номи кафедраи фанҳои умумиилмӣ фаъолият мебурд. Кафедраи фанҳои умумиилмӣ бо Фармони директори коллеҷ  таҳти  № 19 К аз  31. 03. 2000 дар сохтори ККМЧ таъсис дода шуда буд ва аввалин мудири он - Шерматов Шавкат Мамадҷонович, номзади илмҳои физикаю математика таъин мешавад.
Баъди он ки мудири кафедра Шерматов Ш. М ба вазифаи декани факултети кӯҳӣ-металлургии ККМЧ таъин мешавад, роҳбарии кафедра ба зиммаи номзади илмҳои физика-математика, дотсент Акрамова Музайяна Маъмуровна аз 02. 01. 2003с.  гузошта мешавад.
Баъди таъсисёбии ДКМТ кафедраи фанҳои табиӣ-илмӣ бо Қарори Шӯрои олимони Донишкада аз 1. 10. 2006 с.  дар ҳайати 5 нафар омӯзгорон ва кормандони ёрирасон таҳти роҳбарии мудири кафедра, дотсент Акрамова Музайяна Маъмуровна ташкил гардида, фаъолияташро идома дод.
Дар он давра омӯзгорони кафедраи фанҳои табиӣ-илмӣ - доктори илмҳои техникӣ, профессор Султонов У., номзади илмҳои химия, сармуаллим Насриддинов Ҳ. М., номзади илмҳои химия, сармуаллим Саидов Б. И., номзади илмҳои фалсафа, дотсент Абдуллоев А. В. фаъолияти таълимӣ ва тарбиявиро ба роҳ гузошта буданд.
Соли хониши 2007-2008 вазифаи мудири кафедраи фанҳои табиӣ-илмӣ ба зиммаи доктори илмҳои техникӣ, профессор Султонов У. гузошта мешавад.
Мудири кафедра, профессор Султонов У. тавонист, ки омӯзгорон Акрамова Музайяна, Саидов Бахтиёр, Фозилова Мавҷуда, Ғаффоров Содирҷон, Сулаймонова Назокат, Бобоев Бекмурод, Абдуманонов Абдуалӣ, Боқиева Мавлуда, Мирхолиқова Маҳинабону ва ду нафар корманди ёрирасони кафедра - Юнусова Раҳбархон (сарлаборант ) ва Минакова Турсунмоҳ (сарлаборант)-ро муттаҳид сохта, раванди таълимро аз фанҳои физикаи умумӣ, химияи физикӣ, ҳимияи ғайриорганикӣ, консепсияи табиатшиносии муосир ба роҳ монад.
Як сол пас, ба кафедра боз як нафар номзади илми физика ва математика Усмонов Абдураҳмон ба кор даъват карда шуд. Қайд кардан лозим аст, ки кафедраи мазкур он солҳо дар сохтори факултети Металлургия  фаъолият мекард.
Аз 25 августи  соли 2010 бо қарори Шӯрои олимони Донишкада вазифаи мудири кафедра ба зиммаи номзади илмҳои химия, дотсент Тӯхтасунов Обиддин, ки пештар мудири кафедраи коркарди конҳои канданиҳои фоиданок буд, гузошта мешавад. Худи ҳамон сол ассистентон Турсунбоева Раъно ва Ҳуҷатов Абдулазиз ба фаъолияти омӯзгорӣ ҷалб карда мешаванд.
Ҳамзамон дар ҳайати кормандони ёрирасон низ дигаргуниҳо гузаронида шуд. Ба ҷои сарлаборантон Юнусова Раҳбархон ва Минакова Турсунмоҳ ба ҳайси лаборанти кафедра Силмонова Сурма қабул карда шуд.
Дар ин сол кафедра соҳиби дастоварди калони илмӣ гардид, зеро ассистенти кафедра Бобоев Бекмурод дар мавзӯи «Физико-химические основы миграции урана в системе «дренажные воды-почвы» на примере хвостохранилищ №1 и № 2 г. Табошар Республики Таджикистан» рисолаи номзадиро барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои химия бомуваффақият ҳимоя намуд.
Дар соли хониши 2011-20012 ба ҳайати омӯзгорони кафедра номзади илмҳои физика ва математика, дотсент Қозиев Камолуддин, ассистентон Холбоев Рафиқҷон, Раҳматов Нусратулло, Ҳоҷиев Саидмуқбил ва сарлаборант Толибшоева Султонбахт қабул карда шуданд.
Дар солҳои хониши минбаъда ин ҳайати мукаммал раванди корҳои таълимӣ, тарбиявӣ ва илмиро хуб ба роҳ монда, барои иштироки донишҷӯён дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ саҳми арзанда гузоштанд.
Дар соли хониши 2013-2014 кафедраи мазкур аз сохтори факултети металлургия ба ҳайати факултети корҳои кӯҳӣ гузаронида мешавад.
Аз соли 2015 роҳбарии кафедраро номзади илмҳои физика-математика, дотсент Эгамов Мухтор ба ӯҳда дорад.
Ҷаласаи кории кафедра
Аъзоёни кафедраи фанҳои табиӣ-илмӣ дар тӯли фаъолияти худ тавонистанд, ки баҳри баланд бардоштани сифати таълим ва омода намудани кадрҳои баландихтисос ду лабораторияи таълимӣ: «Физикаи умумӣ» ва «Химияи умумӣ» таъсис дода, мувофиқан ба миқдори 36 номгӯи корҳои лабораторӣ аз фанни физика ва 12 номгӯи корҳои лабораторӣ аз фанни химияи умумиро тайёр ва дастраси устодону донишҷӯён гардониданд.
Устодони кафедра аз соли аввали таъсисёбии кафедра густариши фаъолияти илмӣ-тадқиқотии донишҷӯёнро дар маҳфилҳои доимоамалкунандаи илмӣ бо номи «Илм ва ҳаёт дар раванди физика» ва «Химикони ҷавон дар раванди химия» ба роҳ монда, саъю кӯшиш менамуданд, ки он самараи худро диҳад.
Натиҷаи кори ин маҳфилҳо аст, ки соли хониши 2013-2014 донишҷӯи ихтисоси 42010101-04 (металлургияи металҳои ранга) Наҷмиддинов А. дар олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни мактабҳои олии таълимӣ, таҳти роҳбарии сармуаллим Ғаффоров Содирҷон иштирок намуда, ҷои сеюмро ишғол намуд ва бо Ифтихорномаи Кумитаи кор бо ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор гардонида шуд.
Ҳамчунин донишҷӯи ихтисоси 430103- (таъминоти барқ) Боқизода Домулло таҳти роҳбарии сармуаллим Ҳоҷиев Саидмуқбил дар олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни мактабҳои олии таълимӣ иштирок намуда, солҳои 2012-2014 пай дар пай се маротиба ҷои дуюмро ишғол намуда, бо Ифтихорномаи Кумитаи кор бо ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм ва техника мукофотонида шуд.
Тӯли фаъолияти кафедра, омӯзгорон дар баробари рушди таълим ва тарбия, иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотиро дар савияи баланд ба роҳ монда, натиҷаҳои таҷрибавии дар ин самт гирифтаашонро дар шакли мақолаҳои илмӣ дар маҷалаҳои илмӣ, илмӣ-фарҳангӣ ва воситаҳои ахбори умум ба табъ мерасонанд.
Натиҷаи чунин меҳнати пурсамар буд, ки дар ин самт зиёда аз 60 номгӯи мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои илмии ҷумҳуриявӣ, беш аз 180 фишурдаи маърӯзаҳои илмӣ дар конференсияҳои илмӣ-назариявӣ, илмӣ-амалӣ ва олимони ҷавони ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва донишкадавӣ ба нашр расидаанд.
Дар раванди таълим зиёда аз 22 номгӯи дастурҳои методӣ, нишондодҳои методӣ оид ба иҷрои корҳои лабораторӣ, ҳамчунин се китоби дарсӣ аз фанни физика аз тарафи профессор Султонов У. ва Акрамова М. ба нашр расидааст.
Боиси қайд аст, ки кафедраи фанҳои табиӣ-илмӣ яке аз кафедраҳои базавиест, ки аъзоёни он қариб дар тамоми самтҳои роҳбарикунандаи ин даргоҳи илму дониш фаъолият мебаранд. Чунончӣ, ноибректори Донишкада оид ба корҳои таълим, дотсент Қозиев К. С., декани факултети металлургӣ, дотсент Саидов Б. И. дар кафедраи мазкур фаъолияти таълимӣ ва илмӣ мебаранд.
Ноибдекани корҳои тарбиявӣ дар факултети металлургия Мирхолиқова М. ва ноибдекани корҳои тарбиявии факултети корҳои кӯҳӣ - Холбоев Р. низ ҳарду дар кафедраи мазкур фаъолият доранд.




.
Кафедраи фанҳои табиӣ-илмӣ
Муфассал...