Кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ зодаи Коллеҷи кӯҳӣ-металлургии Чкалов мебошад.
Дар раванди мукаммал гардонидани сохтори Коллеҷ ва барои баланд бардоштани сатҳу сифати тайёр кардани мутахассисони миёнаи касбӣ Фармони директори Коллеҷ таҳти  № 19 К аз  31.03.2000 оид ба таъсис додани кафедраҳо ва таъин намудани мудирони  кафедраҳо ба тасвиб мерасад, ки мувофиқи он кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ таъсис дода мешавад. Бо ҳамин фармон ба ин вазифа аввалин мудири кафедра, номзади илмҳои филологӣ Усмонов Акбар Раҳматович таъин карда мешавад.
Бо роҳбарии ӯ дар ин вақт фаъолияти ҳайати штатии кормандони кафедра ва фаъолияти кафедра ҳамчун яке аз зерсохторҳои Коллеҷ ба роҳ монда мешавад.
Усмонов  Акбар Рахматович аз санаи 1.03.2002 озод карда шуда, аз 15 марти 2002с. ба ин вазифа Ёқубов Ҷума Калонович - сармуаллими  кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ ҳамчун иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедра таъин карда мешавад. Ёқубов Ҷума Калонович  27 маи 2002с. аз вазифааш озод карда шуд.
Аз моҳи сентябри соли 2002 ба вазифаи мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ номзади илмҳои таърих, дотсент Абдуллоев И. Р. таъин карда мешавад, ки ӯ ин вазифаро то барҳамхӯрии Коллеҷ (2006с.) иҷро менамояд.
Дар тӯли ин солҳо ҳайати штатии кормандони кафедра афзуда, барои фаъолияти омӯзгорӣ устодони нави унвони илмидошта ва таҷрибадор, ба монанди доктори илмҳои таърих, профессор Холҷӯраев Ҳ. Х., номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Изатуллоев Р. И., сармуаллим Ҳодибоев Т., сармуаллим Ҷӯраев А., омӯзгорони ҷавон Аминҷонова М., Ҷалолова З., ки минбаъд соҳиби дараҷаҳои илмии номзади илмҳои педагогӣ гардиданд, Тӯйчиева А. ҷалб карда мешаванд.
Дар тӯли фаъолияти Коллеҷи кӯҳӣ-металлургии Чкалов ҳамаи устодони кафедра дар маъракаҳои гуногуни ҷамъиятӣ, муҳими сиёсӣ, тарбияи насли навраси донишҷӯён дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ фаъолона иштирок намуда, саҳми босазои худро гузоштаанд.
Соли 2006 Коллеҷи кӯҳӣ-металлургии Чкалов барҳам дода шуда, дар заминаи он Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон таъсис дода мешавад. Дар натиҷаи ин раванд сохторҳои донишкада аз нав таъсис дода шуданд, ки дар ин радиф кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ низ меистод.
Кафедра дар асоси Низомномаи муассисаҳои олии таълимӣ, тибқи қарори Шӯрои олимони Донишкада аз 01. 10. 2006 таҳти № 21 таъсис дода шудааст.
Аз 23. 08. 2006с. дар асоси  шартномаи меҳнатӣ Абдуллоев Икром Рабиевич, номзади илмҳои таърих, иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ таъин карда мешавад. Аз 19. 08. 2008 дар асоси қарори Шӯрои олимон оид ба озмуни ишғоли вазифаҳои ҳайати омӯзгорӣ Абдуллоев И. Р. мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ тасдиқ карда шуда, ин вазифаро то соли 2015 иҷро менамояд.
Аз моҳи январи соли 2015 мудири кафедра номзади илмҳои педагогӣ Ҷалолова Зӯҳро Абдусаломовна таъин шуда ҳоло ин вазифаро ба ӯҳда дорад.
Устодони кафедра дар рафти муҳокимаи раванди таълим
Кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ ҷузъи таркибии сохтори Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон буда, дар байни донишҷӯён, омӯзгорон корҳои таълимӣ-тарбиявӣ, илмию методиро бо назардошти Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои олимони ДКМТ ба роҳ мемонад.
Самтҳои асосии фаъолияти кафедра раванди таълим, тарбия ва илмӣ-тадқиқотӣ дар Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон аз фанҳои ҷомеашиносӣ мебошад. Таълим дар асоси Низоми кредитии таҳсилот амалӣ карда мешавад.
Устодони кафедра дар асоси нақшаи таълимии тасдиқгардида дар раванди таълим дар гурӯҳҳои таҳсилашон тоҷикӣ ва русӣ дар ҳамаи ихтисосҳо фанҳои зеринро таълим медиҳанд: таърихи халқи тоҷик, фалсафа, сиёсатшиносӣ, фарҳангшиносӣ, ҳуқуқ аз рӯи ихтисосҳо, ҷуғрофияи Тоҷикистон бо асосҳои демографии он, сотсиология, этикаи касбӣ, психологияи касбӣ.
Самтҳои асосии фаъолияти кафедра чунин мебошанд: ташкил ва гузаронидани машғулиятҳои лексионӣ, семинарӣ (амалӣ), корҳои мустақилонаи донишҷӯ бо роҳбарии омӯзгор аз фанҳои дар номенклатура оварда шуда, тибқи нақшаҳои таълимии донишкада;  ташкил ва ба роҳ мондани корҳои тарбиявӣ дар байни донишҷӯён; ба роҳ мондани корҳои илмию татқиқотӣ дар асоси нақшаи тасдиқшуда; омӯзиш, баррасӣ ва татбиқи таҷрибаи пешқадами омӯзгорони кафедра.
Айни ҳол дар кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ 10 нафар, ки аз онҳо 9 нафар омӯзгорон аз ҷумла 4 нафар номзади илм, 3 нафар сармуаллим, 2 нафар ассистент ва 1 нафар коргузори калон фаъолият доранд:Ҷалолова Зӯҳро Абдусаломовна - мудир ва дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоии Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон, Абдулоев Икром Рабиевич - дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоии Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон, Изатуллоев Рафторҷон Изатуллоевич - номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти кафедра, Атоева Кибриёхон Мухторовна - номзади илмҳои филологӣ, сармуаллимаи кафедра, Садриддинов Аслиддин Фахриддинович - ёвари ректор, сармуаллими кафедра, Эргашева Розия Азизовна - сармуаллимаи кафедра, Саидов Анварҷон Акрамович - ассистенти кафедра, Тошматов Зариф Алибоевич - ассистенти кафедра, Азизбекова Зайбогул - коргузори калони кафедра.
Аз тарафи устодон дар тӯли даҳ соли фаъолияти кафедра зиёда аз 10 монография, 15 дастурҳои таълимӣ-методӣ ва китобҳои дарсӣ, 50 мақолаҳои илмӣ тайёр ва аз чоп бароварда шудааст.
Кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ дар фаъолияти беруназдонишкадавии худ бо Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи давлатии техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ, Осорхонаи Ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров, Осорхонаи кишваршиносии вилояти Суғд робитаҳои илмию эҷодӣ дорад.



.
Кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ
Муфассал...