Дар асоси Оинномаи Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон ва қарори Шӯрои олимон аз 3 октябри 2006с. дар сохтори Донишкада кафедраи технолгияи мошинсозӣ, мошинҳо ва таҷҳизоти кӯҳӣ таъсис дода шуда, фаъолияти худро дар асоси Низомномаи кафедраи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонад. Роҳбарии кафедра ба зиммаи номзади илмҳои техникӣ, дотсент Бадалов М. гузошта мешавад, аз соли хониши 2007-2008 бошад, роҳбарии кафедраро дотсент Мирзомидинов И. М. ба ӯҳда дорад.
Солҳои хониши 2006-2007 ва 2007-2008 барои ихтисосҳои автомобилҳо ва ташкили ҳаракат дар роҳ кафедраи тахассусӣ ҳисоб меёфт. Яке аз вазифаҳои асосии кафедра ташкил ва амалигардонии раванди таълим аз фанҳои тахассусии ихтисосҳои номбаршуда, тайёр намудани мутахассисони соҳаҳои кӯҳкорӣ ва металлургӣ мебошад.
Баробари таъсис ёфтани факултетҳо дар ДКМТ аз 2 сентябри соли 2008 кафедраи технологияи мошинсозӣ, мошинҳо ва таҷҳизоти кӯҳӣ ба сохтори факултети энергомеханика вобаста карда шуд.
Самти асосии фаъолияти кафедра таъмин намудани донишҳои назариявию амалии донишҷӯён тибқи нақшаи таълимии ихтисосҳои технолгияи мошинсозӣ ва мошинҳо ва таҷҳизоти кӯҳӣ мебошад.
Бо қарори Шӯрои олимони донишкада № 1 аз 5 сентябри соли 2009 кафедра таҷҳизот ва технологияҳои мошинсозӣ номгузорӣ шудааст.

Ҳайати кормандон ва пояи моддӣ-техникӣ
Солҳои таъсисёбии кафедра дотсентон Мирзомидинов И. М., Бадалов М. ва сармуаллим Ҷуманазаров И. инчунин профессор Азизов Р. О., дотсентон Ваҳобов М., Муҳидинов Қ. ба тариқи муштараквазифаи дохилӣ, дотсент Собиров А., сармуаллимон Маҳкамов А. ва Маҳмудова Ф. М. ҳамчун муштараквазифаи беруна фаъолияти меҳнатӣ доштанд.
Солҳои 2009-2011 як қатор мутахасисони корхонаҳои саноатии соҳавӣ, аз ҷумла Отаев А., Дадоҷонов М., Мулоҷонов Р. О., Бобоев Р. М., Ҳоҷибоев Д. Д., Султонов О. тариқи муштараквазифа ва штатӣ ба кор даъват карда шуданд.
Соли 2011 аз рӯи ихтисоси таҷҳизот ва мошинҳои саноати кӯҳӣ ва соли 2012 аз рӯи ихтисоси технологияи мошинсозӣ нахустин хатми донишҷӯён амалӣ гардонида шуд. Дар давраи фаъолияти кафедра ҳамагӣ 56 нафар аз рӯи ихтисоси таҷҳизот ва мошинҳои саноати кӯҳӣ ва 80 нафар аз рӯи ихтисоси технологияи мошинсозӣ соҳиби маълумоти олӣ гардиданд. Соли 2016 ихтисосҳои кафедраро 41 нафар хатм карданд.
Хатмкунандагони аввалини ихтисоси мошинҳо ва таҷҳизоти кӯҳӣ Воҳидов А. А. соли 2011, Саидов С. Н, Оманов Н. И. солҳои 2013 ва 2014   ба вазифаи ассистенти кафедра ба кор қабул карда шуданд. Соли 2015 баъди хатми ихтисоси технологияи мошинсозӣ хатмкунанда Очилов Ш. Д. ба вазифаи устои таълимӣ ба кор қабул карда шуд.
Имрӯзҳо дар кафедра 3 нафар номзади илм, дотсент, 2 нафар сармуаллим, 5 нафар ассистентон, 1 нафар устои таълимӣ, 1 нафар лаборант, ҷамъ 12 нафар фаъолият бурда истодаанд. Аз он ҷумла 9 нафар тариқи  муштараквазифаи дохилӣ ба кор қабул карда шудаанд.
Пояи моддӣ-техникии таълимии кафедраро устохонаи дастгоҳҳои фулузбурӣ, устохонаи таълимӣ, синфхонаи махсуси абзорҳои буранда ва асбобҳои ченкунанда, лабораторияи масолеҳшиносӣ ва технологияи маводҳои конструксионӣ, синфхонаи мошинҳо ва таҷҳизоти кӯҳӣ, синфхонаи технологияи мошинсозӣ ва синфхонаи таълимӣ ташкил медиҳанд.
Сармуаллими кафедра Ҳоҷибоев Д.
ҳангоми гузаронидани машғулияти назариявӣ аз фанни масолеҳшиносӣ
Устохонаи дастгоҳҳои фулузбурӣ, ки масоҳати умумиаш 240 м2 ташкил медиҳад барои 20 нафар ҷои корӣ мутобиқ гардонида шудааст.

Устохонаи дастгоҳҳои фулузбурӣ
Устохонаи дастгоҳи фулузбурӣ бо гӯшаи техникаи бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат, амсилаҳо, овезаҳо ва маҳсули дастии донишҷӯён, таҷҳизот ва асбобҳои зерини дастгоҳҳои харротӣ (тамға ва миқдор)  16К20 - 1 адад, 1К62 - 2 адад, 1А616 - 5 адад, 1Е61М - 1 адад, ТВ320 - 3 адад, 1А625 - 1 адад, 1Д325п - 1 адад, 111М - 1 адад, дастгоҳҳои фрезерии тамғаи 6М80Ш - 1 адад, 6Н10 - 1 адад, дастгоҳи сайқалдиҳии тамғаи 315м - 1 адад, дастгоҳи теғтезкунӣ - 3 адад, ҷевонҳои барқтаксимкунӣ - 4 адад (ПП-12, РП 1/12, РП 2/12, РП 3/12) ҷиҳозонида шуда, дар дарсҳои амаливу лабораторӣ донишҷӯён малакаву донишҳои тахассусии худро сайқал дода мукаммал мегардонанд.

Лабораторияи масолеҳшиносӣ ва технологияи масолеҳи конструксионӣ
Масоҳати умумии лаборатория 72м2 буда, барои 18 донишҷӯ мутобиқ карда шудааст. Лаборатория бо таҷҳизотҳои зерин ҷиҳозонида шудааст: асбобҳои муайянкунии сахтии фулузот - 5 адад, микроскопи тамғаи МиМ-8 ва МиМ-9 барои микротаҳлили сатҳ - 1 ададӣ, асбоби тайёр кардани микрошлиф - 1 адад, қураи муфелӣ - 3 адад, дастгоҳҳои муқовиматсанҷии тамғаи УММ-5 - 1 адад, МК-03 - 1 адад; МК-50 - 1 адад.
Синфхонаи таълимии фулузбурӣ, ки масоҳати умумиаш 72м2 мебошад, барои 28 донишҷӯ мувофиқ гардонида шудааст ва бо таҷҳизот ва асбобҳои зерин муҷҷаҳаз гардонида шудааст: таҷҳизоти ЭДИ-43А - 1 адад, лавҳаи фрезаҳо - 1 адад, лавҳаи теғҳо - 1 адад, лавҳаи теғҳо ва асбобҳо - 1 адад, лавҳаи асбобҳои ченкунӣ- 1 адад. Устохонаи таълимӣ, ки масоҳаташ 72 м2-ро ташкил медиҳад ва барои 13 нафар мувофиқ карда шудааст, дорои таҷҳизотҳои зерин мебошад: дастгоҳи пармакунии 2А12 - 1 адад, дастгоҳи фрезерӣ 6Н80Г - 1 адад, дастгоҳи дандонакӯбӣ, дастгоҳи дандонафрезеронӣ, дастгоҳи пармкунии рӯимизӣ, мизи челонгарӣ, ҷевони фулузӣ барои асбобу таҷҳизот.

Робита бо истеҳсолот ва муассисаҳои илмиву таълимӣ
Кафедра бо Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, Донишкдаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ,  Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ робитаи қавии илмӣ дорад.
Инчунин омӯзгорони кафедра бо корхонаҳои саноатии соҳа, монанди заводи мошинсозии шаҳри Чкалов, корхонаи муштараки «Хуҷанд - ЗиЛ», заводи таъмири қатораҳои Маҳрам, ҶС «Бодом», корхонаи ангишти Исфара (ҶСШК «Ангишт»), КМТК «Апрелевка» ва ҶСК «ГОК Адрасмон» дар самти мубодилаи таҷриба, омӯзиши талаботи корхонаҳои соҳа нисбати мутахассисон, аз худ намудани технологияҳои муосир ҳамкорӣ доранд.



.
Кафедраи таҷҳизот ва технологияи мошинсозӣ
Муфассал...