Дар натиҷаи дигаргуниҳо ба амал омадан дар сохтори Коллеҷи кӯҳӣ-металлургии Чкалов, соли 2003 кафедраи энергомеханика таъсис ёфт, ки аввалин мудири он Раҳматов Раҳим Раҳматович - номзади илмҳои педагогӣ, дотсент таъин шуда буд. Ӯ ин вазифаро то таъсисёбии ДКМТ ба ӯҳда дошта, пояҳои аввалини таъминоти кадрӣ, танзим намудани нақшаҳои таълимии ихтисос ва дар умум фаъолияти кафедраро ба роҳ мемонад.
Баъди таъсисёбии ДКМТ кафедраи таъминоти барқ бо қарори Шӯрои олимони ДКМТ аз 05. 09. 2007с., дар заминаи кафедраи энергомеханика таъсис дода, ба ҳайати факултети энергомеханика вобаста карда мешавад. 
Роҳбарии кафедра аз моҳи сентябри соли 2007 то апрели соли 2013 ба зиммаи муовини ректори ДКМТ оид ба корҳои таълим, номзади илмҳои физикаю матемтика, дотсент Кодиров Абдураҳмон, чун вазифаи иловагӣ вогузор карда шуда буд. Минбаъд аз моҳи апрели соли 2013 то марти 2016 ӯ вазифаи мудири кафедраро дар асоси шартномаи меҳнатӣ иҷро кардааст. Ҳоло бошад роҳбарии кафедраро сармуаллими кафедра Ҳошимов А. ба ӯҳда дорад.
Дар соли таъсисёбии кафедра 6 нафар омӯзгорони зерин фаъолияти педагогиро ба роҳ монда буданд: Қодиров А., номзади илмҳои физика-математика, мудири кафедра, Раҳматов Р. Р., номзади илмҳои педагогӣ, сармуаллим, Эгамов М. Х., номзади илмҳои физика-математика, дотсент (муштараквазифа), Шарипов М. Ш. сармуаллим (муштараквазифа), Бобоева Н. Б. - сармуаллима (муштараквазифа), Зуҳуров З. - сармуаллим (муштараквазифа).
Дар ин давра омӯзгорони кафедра барои ихтисосҳои 1004 -электромеханикаи кӯҳӣ ва 2011 - Радиоалоқа, радиошунавонӣ ва телевизиони шӯъбаи тайёр намудани муҳандисони хурд аз фанҳои марбути кафедра дарс мегуфтанд.
Аз соли хониши 2008-2009 сар карда вобаста ба зиёд гардидани теъдоди донишҷӯёни ихтисосҳои марбут ба кафедра, шумораи омӯзгорон низ зиёд гардида дар солҳои минбаъда ба кафедра устодони зерин ба кор қабул карда мешаванд: Мавлонов А., Ҳошимов А. А., Насриддинов Т., Пӯлотов С., Сангинов А. К., Иброҳимов И., Шарипов И. Ш., Ваҳобов О. Ҷалолов М.С., Тошхӯҷаева М., Шокирова И., Сангинов М., Хусейнов Г.Н., Бобоев Ш.А., Зокиров М.Ш., Иброҳимов Р. И., Одирматова У. Б., Ҳомидова М. И., Умедов Ш. Т., Мухторов Ф. Б., Бобоева Н. Б., Эшов З., Зарипов С., Негматова М., Мӯминов А.
Кафедра дорои 4 адад лабораторияҳои таълимӣ аз фанҳои электротехника ва электроника, электромеханика, ҳифзи релейӣ,  равшанкунии барқӣ мебошад.
Солҳои 2007-2016 кафедра фаъолияти илмии худро тибқи Нақшаи дурнамои корҳои таълимӣ, тарбиявӣ ва илмӣ-тадқиқотии умумидонишкадавӣ, Низомномаҳои дохилӣ ва намунавӣ, ҳуҷҷатҳои меъёрии соҳаи таҳсилоти олии касбӣ, дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазоратҳои маориф ва илм, саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба соҳаи маориф тааллуқ доранд, ба роҳ монда ба дастовардҳои муайян ноил мегарданд.
Устодон то ин дам зиёда аз 30 адад мақолаҳои илмӣ, 2 китоби дарсӣ, 12 маводҳои таълимӣ-методии фаннӣ, 30 номгӯи силабусҳои фаннии марбут ба кафедраро таҳия намуда, аз чопи расмӣ баровардаанд.
Олимону омӯзгорони кафедра борҳо сазовори ҷоизаҳою мукофотҳои моддию маънавии намоиш-озмунҳои соҳавӣ гардида, соҳиби 2 адад патенти ихтироотӣ мебошанд. Яке нахустпатенти МД ММ ПИ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвонӣ «Пневмогидростатический котел» аз ҷониби муаллифон Азизов Р. О., Қодиров А., ва дигар таҳти унвони «Патрон ва бун барои лампаҳои люминессентии хурдҳаҷм»  аз ҷониби муаллифон Қодиров А., Ҳошимов А. ба даст оварда шудааст.
Сармуаллим Сангинов А. ҳангоми гузаронидани машғулияти амалӣ аз рӯи ихтисоси таъмини корхонаҳои саноатӣ бо барқ

Дар соли хониши 2015-2016 аз ҷониби якчанд донишҷӯёни хатмкунандаи бахши 5, ихтисоси 430103-01 таъмини корхонаҳои саноатӣ бо барқ як адад макети зеристгоҳи барқии «Ваҳдат» бо шиддати  110/10кВ сохта ба кафедра супорида шуд, ки дар оянда барои донишҷӯён ҳамчун аёният хизмат мекунад.



.
Кафедраи таъминоти барқӣ
Муфассал...