Кафедраи ташкили ҳамлу нақл тибқи қарори Шӯрои олимони Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон соли 2013 таъсис ёфтааст. Аз соли таъсисёбиаш кафедра ҳамчун тахассусӣ мутахассисони як ихтисос 440101-01 - ҳамлу нақл тавассути автомобилҳои боркашро тайёр менамояд.
Дар давоми чор соли фаъолият кафедра 186 нафар мутахасисони ихтисоси 440101-01 - ҳамлу нақл тавассути автомобилҳои боркашро тайёр намудааст.
Дар соли таъсисёбиаш шумораи ҳайати профессорону омӯзгорони кафедра чунин буд: Ваҳобов М - номзади илмҳои техникӣ, мудири кафедра, Бобоев Р. - сармуаллим, ассистентон - Бобоев Ҷ., Юсупов И. Ду нафар - Башиков Р. ва Азизов Қ. ба ҳайси муштараквазифа фаъолият мебурданд.
Ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони кафедра дар соли хониши 2015 - 2016 аз ду номзади илм, як сармуаллим, ду ассистент, ду ассисенти муштараквазифаи дохилӣ, як лаборант иборат мебошад.

.
Ҷаласаи кории кафедра Пояҳои моддӣ-техникӣ ва таълимии кафедра
Дар соли аввали таъсисёбиаш кафедра дорои 2 синфхона буд. Дар давраи фаъолияташ омӯзгорони кафедра бо роҳи таъмиркунию азнавсозӣ ду синфхонаҳои иловагиро ба истифода доданд. Ҳоло кафедра дорои 4 синфхонаву утоқҳои таълимӣ бо минимуми таҷҳизотҳо ва аёниятҳои ҷиҳозонидашуда мебошад.
Соли тақвимии 2015 дар кафедраи ташкили ҳамлу нақл аз рӯи 3 самти асосӣ иҷрои корҳои илмӣ-татқиқотӣ ба нақша гирифта шуда, он амалӣ мешавад.
1)Муддати тӯлонӣ дар хунукхонаҳо нигоҳ доштани хурмои шарқӣ (иҷрокунанда Ваҳобов М.).
2)Интихоби технологияи аз лиҳози экологӣ бехатари корҳои боркунӣ, борфарорӣ ҳангоми интиқоли автомобилии борҳои калонҳаҷму вазнин (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон) (иҷрокунанда Бобоев Р.).
3)Развитие научных  основ моделирования и анализа рабочих процессов, разработка и обоснование параметров интеллектуальных конструкций рабочих органов и механизмов привода технологических машин  (иҷрокунанда Умарҷонов А.).

Робитаҳои кафедра бо истеҳсолот ва муассисаҳои  илмию таълимии берунӣ
Кафедра бо истехсолот алокаи зич баркарор намудааст. Донишчӯёни ихтисоси 440101-01 «Хамлу накл тавассути автомобилхои боркаш» тачрибаомузихои истехсолӣ ва пешаздипломиро дар сехҳои наклиётии корхонаҳои саноати кӯҳӣ, муассисахои нақлиёти автомобилии шаклҳои моликияташон гуногуни вилояти Сугд ва берун аз он аз ҷумла, дар чунин корхонаҳо: КМ «Зарафшон», КМ «Апрелевка», ЧСК «Ангишт», ЧСК «Фон-ягноб», ЧС «МНА-33», ЧС «Рахш» ва гайрахо тибки шартномаи тарафайн мегузаронанд.

Кафедраи ташкили ҳамлу нақл
Муфассал...