Ҳанӯз соли 2003 дар натиҷаи ба ду кафедра тақсим гардидани кафедраи умумитехникӣ дар Коллеҷи кӯҳӣ-металлургии Чкалов кафедраи кӯҳӣ-металлургӣ таъсис дода шуда буд, ки ба вазифаи мудири кафедра Ёқубов Соҳибҷон - номзади илмҳои педагогӣ, дотсент таъин мегардад.
Аз сентябри соли 2003 вазифаи роҳбарии кафедра ба зимаи сармуаллим Абдураҳимов Б. гузошта мешавад.
Дар давраи гузариш аз Коллеҷ ба Донишкада Абдураҳимов  Баҳриддин иҷрокунандаи  вазифаи мудири кафедраи «Технологияи  химиявӣ  ва  металлургӣ» таъин мешавад.
Дар асоси Оинномаи Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон, дар сохтори Донишкада кафедраи металлургия ва технологияи химиявӣ аз 1 октябри соли 2006 таъсис дода шуда, фаъолияти худро дар асоси Низомномаи кафедраи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондааст.
Мувофиқи ин фармон ба вазифаи мудири кафедра доктори илмҳои техникӣ, профессор Назаров Х. М. таъин карда мешавад ва то ин дам ин вазифаро иҷро намуда истодааст.

.
Ҷаласаи кории кафедра
Яке аз вазифаҳои асосии кафедраи металлургия тайёр кардани мутахассисони соҳаи кӯҳӣ-металлургӣ мебошад. Самти асосии фаъолияти он таъмин намудани озмоишгоҳ барои гузаронидани таҷрибаҳо ва дарсҳои амалии донишҷӯён тибқи таълими ихтисоси металлургияи металҳои ранга равона карда шудааст.
Дар соли таъсисёбии кафедра 4 нафар омӯзгор фаъолият мебурд, ки  онхо доктори илмҳои техникӣ, профессор Назаров Холмурод Марипович, сармуаллим Мавлонов Абдусалом, сармуаллим Филиппова Тамара ва сармуаллим Пӯлотов Сироҷ  мебошанд.
Дар давоми 10 сол кафедра ҳамчун кафедраи тахассусӣ мутахассисони ихтисосҳои 42010101-04 - металлургияи металҳои ранга; ва 42010101-05 - металлургияи маводҳои техногенӣ ва коркарди маротиби дуюмро тайёр менамояд;

Дастовардҳои кафедра дар зарфи 10 сол
Корҳои илмӣ-татқиқотии устодони кафедра асосан дар мавзӯи коркарди физикавӣ-химиявии ҳосил намудани хӯлаҳои алюминий ба комплекси мошинсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва коркарди маротибаи дуюми партовҳои саноатӣ мебошад.
Барои боз ҳам ҷалб намудан ва бедор кардани ҳисси илмомӯзии донишҷӯён дар назди кафедра маҳфили «Металлург» амал мекунад, ки донишҷӯён дар он корҳои илмӣ-тадқиқотӣ мегузаронанд ва дар асоси он мақолаҳои илмии худро таълиф медиҳанд.
Кафедра дар тайёр намудани мутахассисони соҳибтаҷриба барои корхонаю муассисаҳои вилояту ҷумҳурӣ ва аз наздик шинос намудани донишҷӯён бо истеҳсолот, барқарор намудани робитаҳои илмӣ-истеҳсолӣ бо корхонаю ташкилотҳои истеҳсолӣ, илмӣ-тадқиқотӣ, лоиҳакашӣ-конструкторӣ ва ғайра ҳамкорӣ менамояд. Кафедра бо КВД «Фулузоти нодири Тоҷикистон», КМТК «Апрелевка», КМММТА «Анзоб», КМММ «Зарафшон», КВД «Ширкати алюминийи тоҷик», ҶММ «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой», комбинати металҳои нодири Ленинобод шартномаҳо доранд, ки дар онҳо донишҷӯён таҷрибаомӯзии худро мегузаронанд. Ҳамкорӣ барои иҷрои корҳои илмӣ татқиқотӣ, гузаронидани санҷишҳои истеҳсолӣ ва дастовардҳои илмӣ-техникӣ, ҷорӣ намудани ихтироотҳо ва навовариҳо, инчунин ҳамкорӣ оид ба табъ расонидан ва нашри дастурҳои таълимӣ, таълимӣ-методӣ ба роҳ монда шудааст.
Кафедраи металлургия
Муфассал...