Тибқи қарори Шӯрои олимони Донишкада аз 01. 10. 2006с. таъсис дода шудааст.
Дар тӯли даҳ соли фаъолияташ кафедраро шахсони зерин роҳбарӣ кардаанд: дотсент Солеҳов О. (20. 08. 2006 - 31. 01. 2007), сармуаллим Зиёмидинов Б. М. (01. 02. 2007 - 01. 07. 2007), дотсент Салоҳидинов К. (01. 09. 2007 - 01. 07. 2008), сармуаллим Зиёмидинов Б. М. (01. 09. 2008 - 01. 07. 2009), дотсент Бобоев Л. Ғ. (01. 09. 2009 - 01. 07. 2010), дотсент  Сайдуллоева М. М. (31. 08. 2010 - 01. 07. 2014), дотсент Рустамова М. (31. 08. 2014 - 01. 07. 2015), дотсент Ҷӯраева Х. Ю. (14. 09. 2015 то ҳол).
Дар солҳои гуногун омӯзгорон Иброҳимов С., Дадобоева М., Файзмамадова Л., Амонуллоева А., Ҳайдарова А. Б., Абдуллозода М. Х., Садриддинов А., Назмиддинов Н., Давлатов Д., Розиқов А., Саидов А., Насриддинов З., Эрбутаев М., Сафаров Р., Норбобоева Г., Ҳаитова Ф., дар кафедра фаъолият намуда, ба донишҷӯён аз фанҳои математикаи олӣ ва информатика таълим додаанд.    

.
Устодони кафедра
Дар соли таҳсили 2015-2016 устодон - дотсент Ҷӯраева Х. Ю.,  сармуаллимон Зиёмидинов Б. М., Исмоилова М., Самадова Ҳ. К.,  ассистентон Назаров П., Мирзоахмедов М., Туев Ш., Хӯҷамов Ш., Облоқулов В., муштараквазифаҳои дохилӣ, дотсент Сайдуллоева М. М., ассистент Кенҷаева Х., муштараквазифаҳои берунӣ, дотсент Солеҳов О.,  ассистент Мансуров Ф., бо фаъолияти таълимию тарбиявӣ ва илмӣ машғул мебошанд.
Барои фанҳои тадрисшаванда аз тарафи  устодони кафедра комплекси таълимӣ-методӣ аз фанҳои математикаи олӣ (бо забони тоҷикӣ Зиёмидинов Б. М., Назаров П., Исмоилова М., бо забони русӣ Самадова Ҳ.К., Мирзоахмедов М.), аз информатика ва технологияи информатсионӣ тартиб дода шудааст.
Аз тарафи дотсент Сайдуллоева М. М. ва сармуаллим Зиёмидинов Б. М. дастури методии «Ҳалли масъалаҳо аз таҳлили математикӣ» (2014) барои фанни математикаи олӣ  аз чоп бароварда шудааст. Дар соли 2015 бошад аз тарафи сармуаллим Зиёмидинов Б.М. ва ассистент Назаров П. А.  дастури методӣ  «Супоришҳо  дар дарсҳои КМДУ ва  КМД» тайёр ва нашр шудааст.
         Дар соли таҳсили 2007-2008 аъзои кафедра Сайдуллоева М. рисолаи номзадиро бомуваффақият дифоъ намуда, соҳиби дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ мешавад.
Дар тӯли фаъолияти кафедра аз тарафи устодони кафедра зиёда аз 100 мақолаву тезисҳо ба конференсияҳои байналхалқӣ, ҷумҳуриявӣ пешниҳод гардида, онҳо ба чоп расидаанд. 
Кафедраи математикаи олӣ ва информатика
Муфассал...