(и.в. мудири кафедра номзади илмҳои техникӣ,
сармуаллима Самадова Г. М.)

Саромади таъсисёбӣ ва оғози фаъолияти кафедра ҳанӯз аз даврони Коллеҷи кӯҳӣ-металлургии Чкалов сарчашма мегирад.
2. 01. 2003 бо Фармони директори Коллеҷ дар натиҷаи ба ду кафедра тақсим шудани кафедраи умумитехникӣ бо номи кафедраи кӯҳӣ-металлургӣ ташкил карда шуда буд. Бо ҳамин фармон Ёқубов Соҳибҷон - номзади илмҳои педагогӣ, дотсент мудири кафедраи кӯҳӣ-металлургӣ таъин карда мешавад.
Минбаъд ин кафедра бо номи истеҳсолоти кӯҳӣ ва сохтмони роҳҳои оҳан фаъолияти худро идома медиҳад. Ёқубов Соҳибҷон 29. 08. 2003 аз вазифаи  мудири кафедраи кӯҳӣ-металлургӣ  озод карда шуда, аз 25 сентябри 2003с. сармуаллими ҳамин кафедра Абдураҳимов Баҳридин Бурҳониддинович мудири кафедраи истеҳсоли кӯҳӣ ва сохтмони роҳи  оҳан аз  1.09.2003 таъин  карда мешавад.
Аз 15 марти  соли 2006 Абдураҳимов Баҳриддин аз вазифаи мудири кафедраи истеҳсолоти кӯҳӣ ва сохтмони роҳи оҳан  озод карда шуда, ба ҷояш доктори илмҳои техникӣ, профессор Назаров Холмурод Марипович мудири кафедраи истеҳсолоти кӯҳӣ ва сохтмони роҳи оҳан таъин карда мешавад.
Пас аз таъсисёбии ДКМТ дар асоси Оиномаи Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон, кафедраи коркарди конҳои канданиҳои фоиданок бо қарори №1-и Шӯрои олимони Донишкада аз 29 октябри соли 2006 таъсис дода шуда, фаъолияти худро дар асосии Низомномаи кафедраи муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонад. Яке аз вазифаҳои асосии кафедраи КККФ ташкили ҷараёни таълим аз фанҳои тахасусӣ дар тайёр кардани мутахассисони самти коркарди канданиҳои фоиданок мебошад.
Кафедра тахассусӣ ба ҳисоб рафта чунин ихтисосҳоро дар бар мегирифт: 1-510101 - геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок, 1-510201-01 - корҳои кушоди кӯҳӣ, 1-510201-02 - корҳои зеризаминии кӯҳӣ.
Соли хониши 2007-2008 ихтисоси 1-510101 - Геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок баста шуд.
Бо таъсис ёфтани факултетҳо дар ДКМТ аз 2 сентябри соли 2008 кафедраи КККФ ба факултети корҳои кӯҳӣ вобаста карда мешавад.
Сентябри 2009с. ба сохтори кафедра тағйирот ворид гашт ва бо фармони ректори донишкада аз 5 сентябри соли 2009 ихтисоси 5102 01-03 - тоза кардани канданиҳои фоиданок, ки дар сохтори кафедраи металлургӣ буд, ба кафедраи КККФ гузаронида шуд.
Ҳоло самтҳои асосии фаъолияти кафедра ин таъмин намудани донишҳои назариявию амалии донишҷӯён тибқи нақшаи таълимии ихтисосҳои 510201-01 - корҳои кушоди кӯҳӣ,  510201-02 - коркарди зеризаминии конҳои канданиҳои фоиданок, 510201-03 - тоза кардани канданиҳои фоиданок мебошад.
Кафедра дар давоми фаъолияти худ барои ташкили синфхонаҳои таълимӣ, лабораторияҳо бисёр корҳоро анҷом дод. Соли 2009 Осорхонаи геологӣ, ки дар хобгоҳи №1 ва бинои таълимӣ дар ҳолати парокандагӣ қарор дошт бо роҳбарии декани факултет Ниёзов А. М. дар бинои таълимии донишкада ҷамъ оварда, аз нав ташкил ва бо экспонатҳои нав таҷҳизонида шуданд.
Устодони кафедраи КККФ
Барои васеъ гардонидани масоҳати таълимӣ, ба ҷои анбори таҷҳизотҳои кӯҳӣ, соли 2010 бинои таълимӣ иборат аз 7 синфхона ва як зали лексионӣ бунёд карда шуд.
Соли хониши 2014-2015 бо дастгирии Раёсати донишкада барои ташкили озмоишгоҳҳо, аз корхонаҳои кӯҳӣ таҷҳизотҳо оварда шуданд ва ду озмоишгоҳ: озмоишгоҳи тоза кардани канданиҳои фоиданок ва корҳои кӯҳӣ ташкил карда мешаванд.
Дар давоми 10 сол кафедраро инҳо роҳбарӣ намудаанд: Абдураҳимов Баҳриддин (сентябри соли  2006. то сентябри соли 2007); Нурматов Раҳимҷон (сентябри соли 2007 то августи соли 2008); Мутавалиев Абдуваҳҳоб Толибҷонович (аз сентябри соли 2008 то августи соли 2009); Тӯхтасунов Обиддин (аз сентябри соли 2009 то августи соли 2010); Самадова Гулӣ Мирҷоновна (аз сентябри соли 2010 то декабри соли 2010); Мутавалиев Абдуваҳҳоб Толибҷонович (аз декабри соли 2010 то апрели соли 2013); Осими Оқил (аз майи 2013 то августи соли 2014); Самадова Гулӣ Мирҷоновна (аз сентябри соли 2014 то ҳол).
Дар кафедра айни ҳол 15 нафар, аз ҷумла 3 нафар номзади илм, дотсент, 4 нафар сармуаллим, 3 нафар ассистент, 2 нафар лаборант, 3 нафар аспирантон фаъолият менамоянд.
Аз онҳо 6 нафарашон хатмкунандагони худи ҳамин Донишкада ба ҳисоб мераванд, ки ҳоло аз фанҳои гуногуни соҳаи кӯҳкорӣ ба донишҷӯён дарс мегӯянд.
Дар давоми 10 сол дар кафедра 332 нафар мутахассисони соҳаи кӯҳкорӣ омода карда шуданд, ки мувофиқи солҳо чунин мебошад:
№ р/т Соли
дохилшавӣ
Соли хатми донишкада Шумораи
хатмкунандагон
1. 2006 2011 84
2. 2007 2012 40
3. 2008 2013 83
4. 2009 2014 73
5. 2010 2015 52
Аз тарафи устодони кафедра дар тӯли фаъолияташон дар кафедра якчанд корҳои таълимӣ-методӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ ба анҷом расонида шуданд, аз ҷумла, сармуаллими кафедра Осими Оқил дар соли 2014 «Дастурамали иҷрои лоиҳаи дипломӣ», ва дар соли 2015 китоби «Фарҳанги истилоҳотии корҳои кӯҳӣ»-ро омода ва чоп намуд. Инчунин ин омӯзгор патенти ихтироотӣ бо унвонҳои «Усулҳои баландбардории  хосиятҳои механикӣ ва акустикӣ, силуминҳои саноатии бо сурма модификатсиякардашуда» ва «Усулҳои баландбардории ба зангзанӣ устувори силуминҳои бо сурма легиронидашуда»-ро соҳиб гашт.


.
Кафедраи коркарди конҳои канданиҳои фоиданок
Муфассал...