Нишонаи кафедра
Мудири  кафедраи  иқтисодиёт  ва идоракунӣ
номзади илмҳои иқтисодӣ, и.в. дотсент
Юсупов Хуршедҷон  Маҳмудҷонович
Телефон:
+992 (92) 808-37-37
Email:
kiberweb12@mail.ru
Аз таърихи кафедра
Барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ихтисоси Коллеҷи кӯҳӣ - металлургии Чкалов аз фанҳои иқтисодӣ ва тайёр кардани мутахассисони соҳаи иқтисодиёт аз 31.03.2000 кафедраи иқтисодиёт ва менеҷмент  (мудир Абдуллоева Ойим Исматовна, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент) таъсис ёфтааст.
Абдуллоева  Ойим Исматовна ба кафедра тӯли зиёда аз 2 сол роҳбарӣ менамояд. Аз 4.12.2002с.  сармуаллима Шарипова Башорат Абдурозиқовна мудири кафедраи иқтисодиёт ва менеҷмент таъин карда шуда, дар ин вазифа то 15 июни соли 2005 фаъолият мебарад.
Рустамова Манзура аз 1 сентябри  соли 2005 то 29 маи соли 2006 вазифаи мудири кафедраи фанҳои иқтисодиёт ва менеҷментро иҷро менамуд.
Дар натиҷаи азнавсозӣ кафедраи иқтисодиёт ва идоракунии саноати кӯҳию металлургӣ 02.10.2006с. таъсис дода мешавад. Аз 15 ноябри соли 2006с.  ба зиммаи Абдуллоев А. В. иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи иқтисодиёт ва идоракунии саноати кӯҳию метуллургӣ то гузаштан аз озмун гузошта шуд.
Соли 2008 аз сабаби кам шудани теъдоди устодони кафедра, муваққатан фаъолияти кафедра боздошта шуда, феҳрасти фанҳои он ба кафедраи фанҳои гуманитарӣ - иҷтимоӣ гузаронида мешавад.
Як сол пас, 10.03.2009с. ҳамчун кафедраи алоҳида бо номи иқтисодиёт ва идоракунии истеҳсолот барқарор карда шуда, аз 10.03.2009с. номзади илмҳои иқтисодӣ,  дотсент Сатторов М.С.  мудири кафедраи иктисодиёт ва идоракунии истехсолот таъин  карда мешавад.
Аз соли 2009 инҷониб кафедра самти тайёр намудани мутахассисони дараҷаи бакалаврро пеша кардааст, ки ин гурӯҳи ихтисосҳо бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №394 аз 30.06.2007с. тасдиқ карда шудааст.
Номзади илмҳои иқтисодӣ Назаров Хуршед Собирҷонович аз 1.09.2010с. мудири кафедраи иқтисодиёт ва идоракунии истеҳсолот таъин карда шуда, ин вазифаро то 1.09.2012с. ичро менамояд. Дар солҳои минъбада роҳабарии кафедра ба зиммаи муаллимаи калон Ниязова Саломат Каримовна аз 5.10.2012с. то 1.09.2015с. ва Юсупов Хуршедҷон Маҳмудҷонович аз 01.09.2015с. то ҳол гузошта мешавад.

Самтҳои омодасозии мутахассисон- ихтисос
Кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ аз рўи ихтисоси 270101-0909 -иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот (муҳандис- иқтисодчӣ) тайёр мекунад.

Шарҳи бештари тахасус-мувофиқи стандарт
Соҳае, ки хатмкунанда метавонад фаъолият намояд: Бакалаврҳое, ки ин ихтисоси 270101-09 -иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот (металлургия) корҳои истеҳсолӣ-технологӣ ва ташкилиро дар корхонаҳои саноатӣ иҷро менамоянд.

Объектҳои фаъолияти касбӣ: корхонаҳои металлургӣ, корхонаҳои мошинсозӣ, корхонаҳои энергетикӣ, муассисаҳои соҳаҳои гуногуни саноатӣ, ташкилотҳои лоиҳавӣ, корхонаҳои кӯҳӣ-химиявӣ ва ғ.

Маълумоти кўтоҳ дар бораи хатмкунандаҳо ҳамкорон барои таҷрибаомўзӣ ва кор
Кафедра дар тайёр намудани мутахассисони соҳа барои корхонаю муассисаҳои ҷумҳурӣ, аз наздик шинос намудани донишҷӯён бо истеҳсолот, барқарор намудани робитаҳои илмӣ-истеҳсолӣ, илмӣ-татқиқотӣ бо корхонаҳои истеҳсолӣ ба монанди КВД «Фулузоти нодири Тоҷикистон», ҶМТКММ «Апрелевка», ҶММТАКМ «Анзоб», ҶДММКМ «Зарафшон», КВД «Ширкати алюминийи точик», ҶММ «Ширкати кӯҳӣ - саноатии Тоҷикистону Хитой», ҶДММ «Элегант», ҶСК «Комбинати фулузотии нодири Ленинобод» ҶСК “Норд Азия Металл” шартномаҳо дорад, ки дар он ҷо донишчуён таҷрибаомӯзии худро мегузаронанд.

Ҳайати педагогӣ
Дар соли таъсисёбии кафедра ҳайати профессорону омӯзгорони кафедра аз дотсент Сатторов М.С., дотсент Назаров Х.С., муаллими калон Воситов Х.Ю., муаллими калон., Акрамов Р-муаллими калон.,  Ниязова С.К., муаллимаи калон  Шарипова Б.А., н.и.и Собирова Ш.Р., Зиёев Р.З- муаллими калон., Исобоев П.И ассистент., Годойбоев Ф., Эгамбердиев О.А., Латипова М.Ҷ., Мирзоева Ф- лаборанти кафедра иборат буда, минбаъд ҳайати кадрии кафедра аз ҳисоби омӯзгорони ҷавон - хатмкунандагони худи донишкада Раҳматов А.А., Асатова Г.Ў, Эгамбердиев Н.Н., Назарматов А.А., Муҳамадюсупова М.А., васеъ карда шуд.

Корҳои илмӣ-тадқиқотии кафедра
Корҳои илмӣ-тадқиқотии кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ барои солҳои 2016-2020 бо мавзӯи “Таъмини истифодабарии оќилонаи захирањои моддї дар корхонањои саноатии Љумњурии Тољикистон” ба роҳ монда шудааст.

Чорабиниҳои илмии кафедра
Кафедра аз рўи нақшаи чорабиниҳои илмии кафедра оиди “Барономаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои солҳои 2011-2020 амал карда истодааст.
Чорабинии илмӣ бахшида ба ҷашни 80-солагии дотсент Сатторов Мансур Сатторович дар мавзўи “Ваҳдати миллӣ ва рушди инноватсионии иқтисодиёти ҶТ  ” дар моҳи майи 2017 конфронси илмӣ-амалӣ гузаронида шуд.

Дастовардҳои  устодон
Устодони кафедра дар тайёр ва нашр намудани китобҳо, дастурамалҳо, барономаҳои таълимӣ ва таҷрибаомўзии донишҷўён фаъолият намуда дар тўли фаъолияти кафедра чун ин маводҳоро рўи нашр овардаанд:
1.Дар соли таҳсили 2016-2017с. , моҳи май китоби дарсӣ бо номи Назирияи Иқтисод дар ҳаҷми 249 саҳифа бо ҳаммуаллифии Сатторов М.С., Юсупов Х.М аз чоп 100 нусха бароварда шуд, ки имрўзҳо онро донишҷўёи ихтисосҳои мухталифи ДКМТ мутоила намуда дар раванди таълим истифода бурда истодаанд.
2.Дар моҳи декабри соли 2016 устоди кафедра  Собирова Ш.Р., дар мавзуи “Государственное регулирование развития розничного рынка энергетических услуг” (на примере РТ) рисолаи номзадиро дифоъ намудааст.
3.Соли 14.12.2017 дар дошигоҳҳи миллии Кирворожский дар конфронси байналмилалии илмӣ техникӣ дар мавзуи “Рушди инноватсионии соҳаи куҳӣ” омузгорони кафедари мазкур, Саидов М.К., Назарматов А.А., Раҳматов А.А., иштирок намуда соҳиби сертификат шудаанд.

Кафедраи иҷтисодиёт ва идоракунӣ
Муфассал...