Кафедра дар асоси  Низомномаи  муассисаи  олии таълимӣ, тибқи  қарори Шӯрои олимони донишкада аз санаи 01. 10. 2006с., таҳти №21 таъсис дода шудааст.
Кафедраи забонҳо ҷузъи таркибии сохтори донишкада буда, дар байни донишҷӯён, омӯзгорон корҳои таълимӣ-тарбиявӣ, илмию  методиро бо назардошти Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шўрои олимони донишкада ба роҳ мемонад.
Фанҳои таълимии кафедра: Забони тоҷикӣ, Забони русӣ, Забони англисӣ.
Самтҳои асосии фаъолияти кафедра аз ташкил ва гузаронидани  машғулиятҳои амалӣ, роҳбарӣ ба корҳои мустақилонаи донишҷўён, ташкил ва ба роҳ мондани корҳои тарбиявӣ дар байни донишҷўён, роҳбарӣ ба корҳои илмӣ-тадкикотии донишҷўён иборат мебошад.
Устодони кафедра
Аввалин мудири кафедраи забонҳо номзади илмҳои филологӣ, дотсент Кенҷаев Ю. К. 28. 08. 2006с. таъин гардида буд, ки ин вазифаро то соли 2010 иҷро менамояд. Дар ин давра кафедра ҳамчун як сохтори Донишкада ташаккул ёфта, он бо устодон таъмин карда мешавад. Аъзоёни кафедра бо сарварии Кенҷаев Ю. К. ҳамаи масъалаҳои ташкилиро дар раванди таълим, тарбия ва илм ба роҳ монда, дар як муддати кўтоҳ омўзгорони зеринро дар сафи худ муттаҳид намуд:  сармуаллимон - Аминҷонова М. С., Ҷалолова З. А., Раҳмонова Х., ассистентон - Тоҷибоева М. И., Тўйчиева А. Д., Султонова Р. М. ва  корманди техникӣ -Темуршоева А.
Кенҷаев Юсуфҷон 19. 01.2010с. аз вазифаи мудири кафедра озод карда шуда, ба ҷои ў номзади илмҳои филологӣ, дотсент Усмонов Акбар иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедра таъин мегардад.
Аз 30. 06. 2010с., вазифаи мудири кафедра ба зиммаи номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Ҷалолова З. А. гузошта мешавад, ки ин вазифаро то 30. 01. 2015с . иҷро менамояд.
Аз санаи 04. 02. 2015с., ба вазифаи мудири кафедра номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Аминҷонова М. С. таъин гардид.
Айни замон дар кафедра Аминҷонова М. С. - номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, Усмонов А. Р. - номзади илмҳои филологӣ, дотсент, Сатторова М. Ф. - номзади илмҳои филологӣ, дотсент, сармуаллимон - Валиева М. Н., Светличная Е. И., Тоҷибоева М. И., Одинаев Ѓ. А., Тўйчиева А. Д., Нуров Н., ассистентон - Валиева М. С., Баромбекова З. С., Пулатова Н. И., Симоненко Л. Ф., Баҳронова М. М., Муҳаммадиев А. Н. ва корманди техникӣ - Силмонова С. И. фаъолият мебаранд.
Дар тўли солҳои охир аз тарафи устодони кафедра корҳои илмӣ-тадқиқотӣ хуб ба роҳ монда шуд, ки дар натиҷа 4 нафар устодон: Ҷалолова З. А., Аминҷонова М.С., Раҳимова Д.А., Сатторова М. Ф.,   рисолаҳои номзадии худро бомуваффакият дифоъ намуданд.
Кафедра бо кафедраҳои забони тоҷикӣ, методикаи таълими забони тоҷикии ДДХ ба номи Б. Ғафуров, ДДҲБСТ, Институти забон   ва адабиёти ба номи А. Рўдакии АИ ҶТ, маркази илмии Хуҷанд ҳамкорӣ дорад.
Аҳли кафедра  ҷамоатчигии  фаъоли донишкада  ва берун аз он мебошад, аз ҷумла Валиева М. Н. вакили халқи вакилони маҳалии ш. Бўстон мебошад.
Бо ташаббуси кафедра соле  як маротиба  оид ба тарғиби  накши забон, солгарди суханварони бузург конференсияҳои илмӣ-назариявӣ, мизҳои мудаввар оид ба тарғиби ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ва амсоли инҳо  гузаронида мешавад.
Кафедраи забони давлатӣ ва заюонҳои хориҷӣ
Муфассал...