(мудир - дотсент Олимов А. А.)

Кафедраи мазкур соли 2006 бо номи коркард ва истифодабарии конҳои нафту газ таъсис ёфта, иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи коркард ва истифодабарии конҳои нафту газ, доктори илмҳои техникӣ, профессор Розиқов З. А. таъин карда мешавад.
Баъд аз он ки дар Донишкада қабул ба ихтсоси 330101-05 - ҳифзи муҳандисии муҳити зист ҷорӣ карда мешавад, кафедра аз соли 2009 кафедраи экология ва корҳои нафту газ номгузорӣ карда шуд.
Аз 18. 01. 2010с. дар асоси қарори Шӯрои олимон номзади илмҳои биологӣ, дотсент Ортиқбоев Иброҳим Махкамбоевич мудири кафедраи экология ва корҳои нафту газ таъин карда мешавад ва то 01. 09. 2011с. ин вазифаро иҷро менамояд. Дар ин давра, устодони кафедра барои мураттаб сохтани нақшаи таълимии ихтисоси 330101-05 - ҳифзи муҳандисии муҳити зист, кӯшиш ба харҷ дода, онро тайёр менамоянд.
Аз 1 сентябри соли 2011 то августи 2013с. сарварии кафедраи экология ва корҳои нафту газро доктори илмҳои химия, профессор Юнусов М. М. ба ӯҳда дошт.
Аз соли 2006 то соли 2013 дар кафедраи экология ва корҳои нафту газ ҳамчун кафедраи тахассусӣ мутахассисони ихтисосҳои 510202 - коркард ва истифодабарии конҳои нафту газ, 330101-05 - ҳифзи муҳандисии муҳити зист тайёр карда мешуданд.
Моҳи сентябри соли 2013 бо қарори Шӯрои олимони Донишкада кафедраи мазкур ба ду кафедра - кафедраи корҳои нафту газ ва кафедраи экология тақсим карда шуда, сарварии кафедра аз 29 августи соли 2013 ба сармуаллими кафедра Иброҳимов И. М. вогузор мешавад. Дар ин муддат дар кафедра аёниятҳои дарсӣ ва таҷҳизотҳои соҳаи нафту газ дастрас карда шуда, қисман синфхонаҳо бо маводҳои  зарурӣ таъмин карда шуданд. Дастгоҳи нафткашӣ ба саҳни ҳавлии Донишкада насб карда шуд.
Аз 1-уми сентябри соли 2014 иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи корҳои нафту газ ба зиммаи сармуаллими кафедра Иброҳимов Н. X. вогузор карда шуда буд.
Аз соли хониши 2014-2015 баъди ба роҳ мондани қабули донишҷӯён ба ихтисоси 510101 - геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок, бо қарори Шӯрои олимони Донишкада №7 аз санаи 06. 03. 2015с. кафедра геология  ва   корҳои   нафту газ  номгузорӣ карда мешавад.
Аз санаи 2-юми майи соли 2015 дотсент Олимов А. А. и. в. мудири кафедраи геология ва корҳои нафту газ таъин карда шудааст.
Кафедраи геология ва корҳои нафту газ аз рӯи ихтисосҳои 510101 - геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок ва 510202 - коркард ва истифодабарии конҳои нафту газ мутахассисонро тайёр мекунад.
Дар тӯли 10 соли фаъолияти Донишкада устодони зерин дар кафедра кор ва фаъолият намудаанд: доктори илмҳои техникӣ, профессор Розиқов З. А., доктори илмҳои химия, профессор Юнусов М. М., номзади илмҳои геологӣ-минералогӣ, дотсент, Фозилов М. М., номзади илмҳои геологӣ-минералогӣ Насриддинов З. З., номзади илмҳои  геологӣ-минералогӣ, дотсент Зайниддинов  А., номзади илмҳои химия, дотсент Ортиқова Ф. Н., номзади илмҳои биология Саидова М., номзадҳои илмҳои биология Ҷӯрабоев X., сармуаллимон Музаффаров М. Р, Иброҳимов И. М., Иброҳимов Н. Ҷ., Иброҳимов С. Т., Шукуров М., Махкамов Ф. Ғ., Нурматов Ф. Н., Зязев Г. Г., ассистентон Мирбобоев Ш., Шерматов X., Саксанова  Н., Ғуломҳайдарова Х. М., Ғафуров Ф. Ф. Почоев А. А., Мирсамиев Н. А.
Ҳоло дар кафедра 17 нафар омӯзгорон фаъолият бурда  истодаанд, ки аз онҳо 7 нафар омӯзгорони штатӣ, 4 нафар   муштараквазифаи дохилӣ ва 6 нафар муштараквазифаи берунӣ мебошанд. Аз ин шумора 1 нафар доктори илм, профессор ва 4 нафар номзадҳои илм, дотсентон мебошанд.
Дар кафедра як озмоишгоҳи нафту газӣ ба кор оғоз намуд, ки дар он ба донишҷӯён дарсҳои лабораторӣ аз фанҳои химияи нафту газ, ҷамъоварӣ ва омодасозии маҳсулотҳои нафт ва газ, геологияи нафту  газ, пармакунии чоҳҳо ва ғайраҳо гузаронида мешаванд.
Инчунин дар назди кафедра Осорхонаи минералҳои ҷинсҳои кӯҳӣ мавҷуд мебошад. Дар осорхонаи мазкур минералҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он мавҷудбуда нигоҳ дошта мешаванд, ки ҳар кадоми он аз рӯи ном ва ба кадом синфҳо тааллуқ доштанашон дар алоҳидагӣ классификатсия шудаанд.
Устодони кафедра дар озмоишгоҳи нафту газӣ

Кафедраи геология ва корҳои нафту газ бо корхонаҳои зерин робитаҳои таълимӣ, илмӣ-тадқиқотиро ба роҳ мондааст.
•Корхонаи воҳиди экспедитсияи комплексии геологии Қайроққум.
•Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
•Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
•Ҷамъияти муштараки дорои масъулияти маҳдуди Тоҷикистону Австрия «Петролеум Суғд».
•Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи «Суғднафтугаз»
Устодони кафедра дар тайёр ва нашр намудани китобҳо, дастурамалҳо, барномаҳои таълимӣ ва таҷрибаомӯзии донишҷӯён фаъолият намуда дар тӯли фаъолияти кафедра чунин маводҳоро рӯи нашр овардаанд:
1.Геофизика. Ғафуров Ф. Ғ., Фозилов М. М., Маҳмудов М., Молоҳов Ф. А. - Душанбе, 2007с.
2.Муҳаммадиев П. А., Фозилов М. М. Техникаи иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок. - Душанбе, 2013с.
3.Олимов А. А., Ибрагимов И. М. Барномаи таҷрибаомӯзии пешаздипломӣ барои ихтисоси 510202 - «Коркард ва истифодабарии конҳои нафт ва газ». - Бӯстон, 2016с.
4.Олимов А. А., Ибрагимов И. М. Барномаи таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ барои ихтисоси 510202 - «Коркард ва истифодабарии конҳои нафт ва газ». - Бӯстон, 2016с.
5.Махкамов Ф. Ғ. Барномаи таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ барои ихтисоси 510101 - «Геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок». - Бӯстон, 2016с.
Аз тарафи омӯзгорони кафедраи геологияи нафту газ 15-апрели соли 2016 конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ бахшида ба 25-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 10-солагии Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон гузаронида шуд.
Дар ин конфрос 29 мақолаҳои илмӣ нашр шуданд. Дар конфронси мазкур зиёда аз 35 нафар устодони Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон, меҳмонон аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, Институти химияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва баромад намуданд.
Маводҳои конфронс дар шакли маҷмӯи маводҳо таҳти унвони  «Геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок, дурнамои рушди соҳа» дар ҳаҷми 78 саҳифа чоп гардидааст.


.
Кафедраи геология ва корҳои нафту газ
Муфассал...