Донишкадаи куҳӣ – металлургии Тоҷикистон
Донишкадаи кӯҳӣ – металлургии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
таҳти № 1737 аз 24 апрели соли 2006 таъсис дода шуда буд ва мавқеи ҷойгиршавии он дар заминаи
моддӣ- техникии собиқ Коллеҷи куҳӣ-металлургии ш.Чкалов бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 03.05.06. таҳти № 210 муайян карда шудааст.
Донишкада фаъолияти худро тибқи Ойинномае, ки ба тариқи расмӣ аз қайди давлатӣ гузаронида
шудааст, тибқи санадҳои меъёриву ҳуқуқии батанзимдарорандаи соҳаи таҳсилоти олии касбӣ, махсусан,
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи
таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Консепсияи миллии
маълумоти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Консепсияи рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»,
«Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва
дигар санадҳои меъёрии соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ба роҳ мондааст.
Дар 10 соли фаъолияташ хеш аз як муассисаи кучак ба як таълимгоҳи калон мубаддал гашта, сол ба сол
инфраструктураи он тағйир ёфта, масоҳати таълимӣ, миқдори донишҷӯёну кормандон, базаи моддиву
техникии инкишоф ёфта истодааст. Соли хониши 2014-2015 ва 2015-2016 дар сохтори донишкада якчанд
тағйиротҳо ворид гардиданд. Миқдори кафедраҳо аз 13 ба 15 расида, шуъбаи аспирантура, шуъбаи
тарбия, маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони корхонаҳои саноатӣ таъсис дода шуд. Соли
2015 дар ДКМТ Шӯрои олимон, 15 адад кафедраҳо, аз инҳо 6 адад кафедраҳои байнифакултавӣ ва 9 адад
кафедраҳои тахассусӣ, 3 адад факултетҳо, муҳосибот, қисми хоҷагӣ, шуъбаи таълим, шуъбаи илм, шуъбаи
тарбия, шуъбаи кадрҳо, шуъбаи аспирантура, конселярия ва бойгонӣ, китобхона бо ҷузъи электронӣ,
маркази бақайдгирӣ, маркази ташхис ва хизматрасонии компутерӣ, шуъбаи дуюм, шуъбаи кор бо
ҷавонон, шуъбаи ҳифзи меҳнат ва экология, фаъолият бурда истодаанд. Илова бар ин, ташкилотҳои
ҷамъиятӣ, ба монанди Иттифоқи касаба, Шӯрои занону духтарон, Шўрои донишҷўён ва Шӯрои
собиқадорони меҳнат фаъолият бурда истодаанд.
РЕКТОРИ ДОНИШКАДА
номзади илмҳои геология ва менералогия, дотсент
Фозилзода Мухтор Муродалӣ
Телефон: +992(3451) 5-96-28
Email:
m-fozilov@mail.ru
РОҲБАРИЯТ
МУОВИНИ РЕКТОР ОИД БА КОРҲОИ ТАЪЛИМ
номзади илмҳои физика-математика, дотсент
Қозиев Камолудин Сангинович
Телефон: +992 (83451) 5-67-41
Email:
Koziev_k@mail.ru

МУОВИНИ РЕКТОР ОИД БА КОРҲОИ ИЛМ, ИННОВАТСИЯ ВА РОБИТАҲОИ БАЙНАНМИЛЛАЛӢ
номзади илмҳои геология ва менералогия, дотсент
Насриддинов Замониддин Зайниддинович
Телефон: +992(3451) 5-40-40
Email:
samoan@mail.ru
МУОВИНИ РЕКТОР ОИД БА КОРҲОИ ТАРБИЯ
номзади илмҳои педагогӣ, дотсент
Сайдуллоева Манзура Махкамовна
Телефон: +992 (92)
Email:
ДЕКАНИ ФАКУЛТЕТИ МЕТАЛЛУРГИЯ
номзади илмҳои техникӣ, дотсент
Умарҷонов Абдусафо Абдунаимович
Телефон: +992(92) 964-01-03
Email:
ДЕКАНИ ФАКУЛТЕТИ ЭНЕРГОМЕХАНИКА
номзади илмҳои физика-математика, дотсент
Эгамов Мухтор Ҳасанович
Телефон: +992(93) 983-93-53
Email:
ДЕКАНИ ФАКУЛТЕТИ КОРҲОИ КУҲӢ

Телефон:
Email:
Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон:
Email:
Сайт: sanoat.tj
Дастовардҳои Донишкадаи куҳӣ - металлургии Тоҷикистон   
Донишкадаи кӯҳӣ – металлургии Тоҷикистон дар соли 2015 ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълиму
тарбия ва илм, корҳои ободониву созандагӣ чунин тадбирҳоро амалӣ намуд:
1. Соли ҷорӣ донишкада Иҷозатномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди пешбурди фаъолияти
таълимӣ аз рӯи ихтисоси 510201-0104- коркарди конҳои канданиҳои фоиданок (корҳои пармакунӣ) ва
фаъоляти магистратура аз рӯи ихтисосҳои 510202- коркард ва истифодабарии конҳои нафту газ, 360101-
технологияи мошинсозӣ, 430103-01- таъмини корхонаҳои саноатӣ бо барқ, 420101-0104- металлургияи
металлҳои ранга, 510201-01- коркарди конҳои канданиҳои фоиданок (корҳои кушоди кӯҳӣ), гирифт.
2. Бо мақсади шаффоф ва тибқи низоми кредитии таҳсилот гузаронидани имтиҳонҳои ниҳоӣ, шуруъ аз
соли хониши ҷорӣ қабули имтиҳонҳо тариқи компутер ба роҳ монда шуда, синфхонаҳои компутерии
донишкада ба шабакаи ягонаи электронӣ васл карда шуданд.
3. Бо мақсади боз ҳам беҳтар гардонидани раванди таълим, тибқи шартномаи ҳамкории донишкада бо
ҶДММ КМ «Зарафшон» лабораторияи таълимии навтаъсиси коркарди конҳои канданиҳои фоиданок бо
таҷҳизотҳо таъмин карда шуда, барои ихтисоси нафту газ лабораторияи таълимӣ таъсис ва лавозимотҳои
зарурӣ харидорӣ карда шуд.
4. Дар назди кафедраи сохтмон ва графикаи муҳандисӣ синфхонаи муҷҷаҳаз бо 10 адад компутерҳои
ҳозиразамон, 1 тахтаи электронӣ ва 1 адад проектор бо мақсади ташкили курси омузиши графикаи
муҳандисӣ, гузаронидани машғулиятҳои амалӣ, татбиқи амалии таҷҳизотҳои мултимедӣ ва
технологикунонии ҷараёни таълим барои омӯзгорон ва хатмкунандагон ташкил карда шуд.
5. Дар назди факултетҳо барои гузаронидани корҳои лаборатории виртуалӣ аз фанҳои тахассусӣ 3
синфхонаи компутерии ҳозиразамон (иборат аз 60 компутер) мавриди истифода қарор дода шуд.
6. Тибқи шартномаҳои ҳамкорӣ аз тарафи ҶСШК “Комбинати металлҳои нодири Ленинобод”
лабораторияи фанни химия бо реагентҳо ва дигар маводҳои химиявӣ, лабораторияи гидравлика бо лулаҳо
таъмин гардида, ба китобхонаи донишкада 600 адад адабиётҳои тахассусӣ тақдим карда шуд.
7. Имконияти донишкада дар самти омода намудани кадрҳо барои равияҳои корҳои таркишӣ хеле васеъ
буда дар робита бо дастуру дастгириҳои вазорат ва ҳамкории роҳбарони корхонаҳои саноатӣ амалӣ
карда мешавад. Айни ҳол барномаҳои таълимӣ омӯзишии корҳои тарконишӣ ва роҳбарӣ ба корҳои
тарконишӣ таҳия шуда, барои мувофиқа ба мақомотҳои марбута ирсол гардидааст.
8. 28 марти соли 2015 дар донишкада семинари илмӣ - методӣ дар мавзӯи “Аҳамияти фанҳои
умумитехникӣ дар таҳсилоти муосири техникӣ” бо иштироки намояндагони 5 муассисаҳои таҳсилоти
олии вилояти Суғд баргузор гардид. Дар кори семинар зиёда аз 80 нафар омӯзгорону донишҷӯён, аз ҷумла
3 докторони илм профессорон ва 12 номзадҳои илм, дотсентон иштирок доштанд. 12 июни соли 2015 дар
донишкада семинари илмӣ - методӣ дар мавзӯи “Таълими фанҳои дақиқ ва ҷомеашиносӣ бо усулҳои
технологияҳои инноватсионӣ” бо иштироки намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Суғд
баргузор гардид. Дар кори семинар зиёда аз 75 нафар омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.
9. Дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва барои ба роҳ мондани ҳамкории тарафайн ва муфид баланд бардоштани
самаранокии корҳои илмӣ-методӣ бо Донишгоҳи миллӣ- тадқиқотии Қазони Федератсияи Русия
«Шартномаи ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, илм ва фарҳанг» ба имзо расид. Ҳамзамон, донишкада бо
донишгоҳи нафти Ҷумҳурии мардумии Чин Созишнома ба имзо расонд. Тибқи Созишнома 20 - августи
соли ҷорӣ Донишкадаи Конфутсия дар назди донишкада ифтитоҳ гардид.
10. 08.12.2015с. то 16.12.2015с. дар шаҳри Оренбурги Федератсияи Русия Ҷоми ҷаҳон аз рӯи гуштини
камарбандӣ баргузор гардид, ки дар он донишҷӯи курси 2, ихтисоси 360101 Маматқулов А. дар вазни 81
кг иштирок намуда, сазовори ҷои 3-юм гардида, бо Ифтихорнома ва медали биринҷӣ сарфароз гардонида
шуд.
11. Аз 11 то 13 марти соли 2015 дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тољикистон олимпиадаи
донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти Ҷоми Академияи
илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки донишҷӯёни донишкада иштирок намуда, ба гирифтани
ҷои 3-юм (аз фанни геология) ва ҷои чорум (аз фанни физика) мушарраф гардиданд. Ҳамчунин, 7-8-уми
майи соли 2015 дар ш.Душанбе даври хотимавии олимпиадаи донишҷӯён баргузор гардид. Дар олимпиада
донишҷӯёни донишкада фаъолона иштирок намуданд. Донишҷуи бахши 2 ихтисоси 430102-03, факултети
энергомеханика Боқизода Д. ба дипломи дараҷаи 2 сазовор гашт.
12. Ҳайати устодону профессорони донишкада соли 2015 – ро бо натиxа{ои хуб xамъбаст намуданд. Аз
тарафи омeзгорон 181 адад корҳои илмӣ-методӣ, аз он ҷумла 3 китоби дарсӣ, 5 нахустпатенти ҶТ, 29
дастури таълимӣ методӣ, 144 мақола, ки аз онҳо 42 то дар хориҷи кишвар нашр шудаанд, ба чоп расид.
13. 18-декабри соли 2015 бо ибтикори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи
куҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамкории донишкада Семинар -машварати техникӣ
баргузор гардид.
14. Xомеаи ме{натии ДКМТ нисбати кор{ои ободонb, таъмири бинову иншоот, тоза намудани атрофи
таълимго{ чора{ои амалb андешид. Аз xумла, замин{ои {удуди донишкада шудгор, гирду атроф тоза
карда шуд. Бо иrдоми кормандон 450 бех ни{ол{ои ороишb ва сояафкан, 800 бех гули садбарг шинонида
шуд.
15. Бо мақсади зиёд намудани масоҳати таълимӣ, таъмири ошёнаҳои 2 ва 3-и хобгоҳи №1 ба итмом расида
шуд ва корҳои сохтмонии ошёнаи дигар дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Дар назар аст, ки хобгоҳи
№1 пас аз таъмири пурра ҳамчун бинои таълимӣ ба истифода дода мешавад.
16. Барои гузаронидани суҳбату вохӯриҳо бо меҳмонон, ба тариқи мустақим ва ё фосилавӣ баргузор
намудани мизҳои мудаввар, гузаронидани конфронсу семинарҳо толори нав (конференсзал) бо масоҳаташ
86 м2 мебошад ва таъмир бо таҷҳизотҳои замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуд.
Аз 6 то 30-юми апрел спартакиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Суғд баргузор
гардид. Дар он дар қатори дигар муассисаҳои таҳсилоти олии вилоят варзишгарони донишкада фаъолона
ширкат варзида ба муваффақиятҳои калон ноил гардиданд. Ёдрас карда мешавад, ки спартакиада аз рӯи
10 намуди варзиш
баргузор гардид. Дастовардҳои варзишгарони донишкада дар ин мусобиқа хело назаррас мебошад.
Файзов Диловар – донишҷӯи бахши 3 ихтисоси 27010109 дар намуди гӯштини озод, Мӯминов Зоҳир –
донишҷӯи бахши 4 ихтисоси 51020103 дар намуди гӯштини миллӣ, Ҳаитов Р. – донишҷӯи бахши 4
ихтисоси 440101 дар намуди гӯштини озод соҳиби мақоми аввал гардиданд.
Абдуалимов Азимшо – донишҷӯи бахши 2 ихтисоси 27010109 дар намуди гӯштини миллӣ ва самбо,
Бозоров Нурулло – донишҷӯи бахши 4 ихтисоси 430101 дар намуди гӯштини миллӣ ва дзю-до, Хуршеди
Шукрулло – донишҷӯи бахши 1 ихтисоси 510202 дар намуди гӯштини дзю-до, Одинабеков Нуриддин –
донишҷӯи бахши 1 ихтисоси 27010109 дар намуди гӯштини озод сазовори мақоми дуюм гардиданд.
Шарипов Сайдулло – донишҷӯи бахши 2 ихтисоси 510201 дар намуди гӯштини миллӣ ва дзю-до,
Абдуллозода Саидолим – донишҷӯи бахши 2 ихтисоси 70020106 дар намуди гӯштини миллӣ, Хуршеди
Шукрулло – донишҷӯи бахши 1 ихтисоси 510201 дар намуди гӯштини миллӣ, Сафарбеков Аҳмад –
донишҷӯи бахши 3 ихтисоси 27010109 дар намуди самбо, Сӯфизода Меҳроб – донишҷӯи бахши 4
ихтисоси 70020106 дар намуди дзю-до, Бозоров Нурулло – донишҷӯи бахши 4 ихтисоси 430101 дар
намуди гӯштини озод, Тоҷидинов Ҳуснидин – донишҷӯи бахши 2 ихтисоси 51020102 дар намуди бокс,
Камолов А. – донишҷӯи бахши 4 ихтисоси 42010104 дар намуди бокс соҳиби мақоми 3-юм гардиданд.
Дар умум донишҷуёни Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон дар ин спартакиада соҳиби 23 медал
гардиданд. 4 нафар донишҷуён, Файзов Диловар – донишҷӯи бахши 3 ихтисоси 27010109 дар намуди
гӯштини озод ва Ҳаитов Р. – донишҷӯи бахши 4 ихтисоси 440101 дар намуди гӯштини озод, Мӯминов
Зоҳир – донишҷӯи бахши 4 ихтисоси 51020103 дар намуди гӯштини миллӣ, Бобоев Аскар –донишҷӯи
бахши 2 ихтисоси 42010104 дар намуди таэквандо ба спартакиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни
муассисаҳои таҳсилоти роҳхат гирифта, мақоми 3-юм ва медалҳои биринҷиро соҳиб гардиданд.
Мӯминов Зоҳир – донишҷӯи бахши 4 ихтисоси 510201-03 дар намуди гӯштини миллӣ ба аъзогии дастаи
яккачини ҷумҳуриявӣ шомил гардида, ба мусобиқаи байналмилалӣ, ки дар Ҷумҳурии Қазоқистон
баргузор мегардад, роҳхат ва ҳуқуқи иштирок карданро соҳиб шуд.
Аз 08.12.2015с. то санаи 16.12.2015с. дар шаҳри Оренбурги Федератсияи Россия Ҷоми ҷаҳон аз рӯи
гуштини камарбандӣ баргузор гардид, ки дар он донишҷӯи курси 2, ихтисоси 360101 Маматқулов А. дар
вазни 81 кг иштирок намуда, сазовори ҷои 3-юм гардида, бо Ифтихорнома ва медали биринҷӣ сарфароз
гардид.
Муваффақиятҳои варзишгарони донишкада
Соли ҷорӣ дар донишкада 145 адад корҳои илмӣ-методӣ, аз он ҷумла 4 китоби дарсӣ, 2 нахустпатенти
ҶТ, 19 дастури таълимӣ методӣ, 145 мақолаю фишурдаю маърӯзаҳо, ки аз онҳо 16 то дар хориҷи кишвар
нашр шудаанд, ба чоп расиданд. Аз ин рӯ донишкада соли 2014 соҳиби иҷозатнома оид иба тайёр
намудани кадрҳои илмӣ (аспирантура) гардид, шумораи аспирантон ва унвонҷӯён нисбат ба солҳои
2010, 2011, 2012, 2013 зиёд гардиданд. То ҳол тайёр кардани мутахассисони илмӣ (аспирантҳо,
унвонҷӯён) дар дигар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурӣ амалӣ карда мешуданд. Соли 2014 ва 2015
14- нафар ба аспирантураи донишкада дохил шуданд.
Интишор
Патентҳо
Дар таълимгоҳ ба масъалаи дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии фаъолияти ихтироъкорӣ ва корҳои
патентиву литсензионӣ аҳамияти махсус дода мешавад. Дар ин марҳила якчанд устодони
донишкада дорои патентҳо ва ихтироотҳо шудаанд, чунончӣ: Қодиров А.А. мудири кафедраи
таъминоти барқи дорои 3 ихтироот: (1. Насоси автоматикии гидравликӣ 2. Таҷҳизоти
фотометрии «ГМИТ - 2010» 3. Насоси пневогидростатикӣ) ва 2 патент (1.Патрон ва бун барои
лампаҳои люменесентии хурдҳаҷм. 2. Деги пневмогидростатикӣ). Назаров Х.М. мудири кафедраи
металлургия дорои5 патент:
(1. Патент TJ 108. Способ переработки отходов урановой промышленности. Заявка № 0700103 от
04.05.2009г.2. Патент TJ 109. Способ извлечения урана из шахтных вод. Заявка № 0700104 от
04.05.2009 г 3. Авторская свидетельство. Природный сорбент и индикатор для урана.
Свидетельство о регистрации интеллектуального продукта. Номер и дата регистрации 0184 TJ от
16.09.2009г.4. Соли 2014 барои гирифтани патенти хурд дархост дода шудааст. Способ
повышения коррозионной стойкости силуминов, легированием сурьмой.
5. Соли 2014с. барои гирифтани патенти хурд дархост дода шудааст. Способ повышения
механических и акустодемпфирующих свойств промышленных силуминов, модифицированием
сурьмой.) Осими Оқил мудири кафедраи коркарди конҳои канданиҳои фоиданок дорои 2 патент:
(1. Усулҳои баландбардорӣ ва зангзанӣ, устувории силуминҳои бо сурмалегиронидашуда. 2.
Усулҳои баландбардории хосиятҳои механикӣ ва акустикии силуминҳои саноатии бо сурма
модификатсияшуда). Тухтасунов О мудири кафедари фанҳои табии илмӣ дорои 2 патент:1.№ TJ
561Сохтор барои ҳосил кардани йод аз пӯсти сабзи чормағз.2. .№ TJ 0273 Роҳҳои ҳосил кардани
ёд аз пӯсти чормағз.Санаи 02.02.2015с. сармуаллимони кафедраи «Фанҳои умумитехникӣ»
Умарджонов А.А., Абдуллозода Б.Х., ва донишҷӯ Валламатов Ш.В. «Панҷараи ҳавозаи
тозакунаки маводи нахдор» соҳиби патент гаштанд. - Қодиров А.А. мудири кафедраи таъминоти
барқи соли ҷорӣ ба гирифтани 2 патент ноил гашт: (1. Патрон ва бун барои лампаҳои
люменесентии хурдҳаҷм. 2. Деги пневмогидростатикӣ ), проф. Назаров Х. М. –профессори
кафедраи металлургия бо ҳамроҳии сармуаллим Осими Оқил. , -Усулҳои баланд бардории
хосияхои механикӣ ва акустикии силуминҳои саноатӣ бо сурма модификасияронида шуда./
Ѓаниев И.Н., Назаров Х.М., Осими Оrил, Сангов М.М. – 2014 (пешни[од шудааст) -Усулњои
баланд бардории ба зангзанї устувори силуминњои бо сурмалегиронида шуда / Ѓаниев И.Н.,
Назаров Х.М., Осими Оrил, Бердиев А.Э., Сангов М.М., Иброгимов Н.Ф.- Арзномаи № 1400886 аз
28.08.2014г.Умарджонов А.А., Абдуллозода Б.Х., Валламатов Ш.В. «Панҷараи ҳавотозакунаки
маводи нахдор» - Способ выработки электроэнергии за счет подземных грунтовых вод при
разработке руд на шахтных горизонтах. Қодиров А., Исматов Ш.И., Юсупов С.А. Моҳи феврали
соли 2015 сармуаллимони кафедраи «Фанҳои умумитехникӣ» Умарджонов А.А., Абдуллозода
Б.Х., ва донишҷӯ Валламатов Ш.В. «Панҷараи ҳавозаи тозакунаки маводи нахдор» соҳиби патент
гаштанд.
Санаҳои 11-13 марти соли 2015 дар ш.Душанбе Олимпиадаи донишҷӯён муассисаҳои таҳсилоти олии
касбии Ҷумҳурӣ барои дарёфти ҷоизаи «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор
гардид. Донишҷӯёни донишкада фаъолона иштирок намуданд, Субҳонқулов Субҳонқул донишҷӯи бахши
2 ихтисоси 510201-02 факултаи корҳои куҳӣ соҳиби дипломи дараҷаи 2 гашт ва боқимонда донишҷӯён
бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.Инчунин санаҳои 7-8-уми майи соли 2015 дар
ш.Душанбе даври хотимавии олимпиадаи донишҷӯён баргузор гардид. Дар олимпиада донишҷӯёни
донишкада саъйу кӯшиш намуда фаъолона иштирок намуданд. Донишҷӯи бахши 2 ихтисоси 430102-03
факултаи энергомеханика ба дипломи дараҷаи 2 сазовор гашт. Дигар донишҷӯёни донишкада низ бо
туҳфаву ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.
Ҷоми академияи илмҳои ҶТ
Санаҳои 15-17 майи соли ҷорӣ дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аввалин Форуми
байналмилалии « Ҷавонон –нерӯи рушди зеҳнии кишвар» баргузор мегардад. Омӯзгорони ҷавони
донишкада Воҳидов А.А. аспиранти кафедраи таҷҳизот ва технологияҳои мошинсозӣ дар мавзуъҳои
«Аҳамияти дастгоҳи ҳарроти барои коркади масолеҳҳои чўби ва таҷҳизоти росткунанда», «Кафлесбел
ва таҷҳизоти рехтагарии рўимизи ва аҳамияти онҳо дар замони ҳозира» ва ассистенти кафедраи
таъминоти барқ Ҷалолов М. дар мавзуъи «Теплоэнергетические соотношения при извлечении
внутренней тепловой энергии воды и возможности её в электрическую энергию» иштирок намуда бо
сипоснома ва туҳфаҳо қадодонӣ карда шуданд.
Форум
Равобитҳои илмӣ ва ҳамкориҳои судманди илмӣ-тахникии донишкада бо муассисаҳои таълимии олии
касбии хориҷи кишвар давра бо давра густариш ёфтааст. Дар самти барқарор намудани ҳамкориҳои
тарафайн муфид дар соҳаи таҳсилоти олӣ, баланд бардоштани самаранокии корҳои илмӣ-методӣ,
илмӣ-тадқиқотӣ, тайёр намудани мутахассисон ва кормандони илмӣ-педагогӣ, мубодилаи донишҷӯён
донишкада бо 23 муассисаҳои олии касбии хориҷи дуру наздик «Шартномаи ҳамкорӣ дар соҳаи
маориф, илм ва фарҳанг»-ро ба имзо расонидааст. (Украина, Белоруссия, Федератсияи Россия,
Қазоқистон, Қирғизистон, Олмон, Норвегия, Словакия) Тибқи ин шартномаҳо, тарафҳо аз
имкониятҳои воқеӣ истифода бурда, дар масъалаҳои фаъолияти оинномавии муассисаҳо бо
сафарбаркунии олимону омӯзгорон, донишҷӯёну аспирантон, ҳамкориҳо дар самти тадқиқотҳои
илмии муштарак, мубодилаи олимон, ҳамкорӣ намудан дар самти такмилу ривоҷ додани таълимоти
фосилавӣ, мубодилаи адабиётҳои таълимию методӣ, барномаю нақшаҳои таълимӣ, маводҳои илмӣ ва
даъват намудани намояндагони тарафҳо барои иштирок дар конфронсҳо ва дигар ҳамкориҳои
судмандро ба роҳ монданд.
Донишкада дар баробари бо муассисаҳои олии касбӣ ба роҳ мондани ҳамкориҳои илмӣ, ҳамзамон бо як
қатор ташкилоту созмонҳои байналхалқӣ низ робитаҳои судмандро барқарор намудааст. Барномаи «Илм
бар манфиати Сулҳ» и созмони НАТО оиди Лоиҳаи «Баҳодиҳии дараҷаи ифлосшавии оби ҳавзаи
Сир-дарё» аз ҳар гуна металлҳои вазнин бо дастгирии бевоситаи роҳбарияти Вазорати саноат ва
технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расидааст. Дар доираи Лоиҳа 2 омӯзгорони ҷавон дар
ташхисгоҳи замонавии хориҷа таҳсил намуда соҳиби сертификат шуданд. Ҳоло дар ин лаборатория
ташхиси оби Сир-дарё мунтазам гузаронида мешавад. Ҳамчунин Донишкада ба гранти «Ҳамкории тайёр
кардани мутахассисон дар равияи «Об ва тоза кардани он» аз рӯи барномаи Норвегия-Евроазия» ноил
гашт. Ба ин лоиҳа 7-Донишгоҳҳо аз давлатҳои Украина, Белоруссия, Қазоқистон, ва Норвегия шомиланд.
Мақсади асосии Лоиҳа баланд бардоштани сифат ва маҳорати илмӣ-педагогии омӯзгорони муассисаҳои
олӣ оиди ба танзим даровардани манбаъҳои об ва технологияҳои тоза кардани оби шоранда
мебошад.Мувофики накшаи Лоиха хамасола ду донишҷӯи донишкада тачрибаомузии тобистонаи худро
дар заминаи Донишгохи илмӣ- табии