Донишкадаи
куҳӣ - металлургии
Тоҷикистон
Хуш омадед ба сомонаи Донишкадаи куҳӣ - металлургии Тоҷикистон
русӣ
англисӣ
тоҷикӣ
 
Яндекс.Метрика
Яндекс.Метрика
ИЗҲОРОТИ  ШУЪБАИ  ТАРБИЯИ  ДОНИШКАДАИ КУҲӢ-МЕТАЛЛУРГИИ ТОҶИКИСТОН НИСБАТИ ТЭТ ҲНИТ
Кормандони Шуъбаи  тарбияи Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон   ҳамаҷониба  рафтору кирдорҳои хиёнаткоронаи ТЭТ ҲНИТ маҳкум намуда фикру андешаҳои  нопоки  онҳо,  ки мағзашон аз таъсири дастурҳои хоҷагонӣ  бегона пур  гаштааст,   дар назарашон оромию субот, пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат ба назар намерасад.
Ин хоинони миллаат , зархаридони хоҷагонӣ хориҷӣ ба ҷои он, ки пешравиву муназзамии рушди кишварро гиромӣ доранд, афроди нопок теғи хасмашонро баҳри боз ҳам тезутун намудани оромии кишвар истифода намуда боз мехоҳанд, ки анҷумане созмон диҳанд.
Мо ҷомеаи меҳнатии шуъбаи тарбияи ДКМТ шукронаи Истиқлолият, тинҷию оромӣ намуда баҳри гулгулшукуфии Ватани азизамон сарбаландона, аз таҳти дил бо тамоми кӯшишу ғайрат баҳри ғани гардонидани дастовардҳои Истиқлолият ҳиссаи арзанда мегузорем.

ҶОМЕАИ МЕҲНАТИИ  КАФЕДРАИ  МАТЕМАТИКАИ ОЛӢ ВА ИНФАРМАТИКАИ  ДОНИШКАДАИ КУҲӢ-МЕТАЛЛУРГИИ ТОҶИКИСТОН  НИСБАТИ МАҲКУМ НАМУДАНИ ТЭТ ҲНИТ ҲАМЧУН ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИЮ ЭКСТРЕМИСТӢ
Ҷомеаи меҳнатии кафедраи  математикаи олӣ ва инфарматикаи  Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон аз файзи Истиқлолияти  мамлакат ва Ваҳдати миллӣ тавассути сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои сулҳу субот зиндагӣ карда истода, аз гулгулшукуфии Ватани азизамон қаноатманд буда, кушиш ва ғайрати худро барои боз ҳам мустаҳкамгардони дастовардҳои Истиқлолият аз таҳти дил меҳнат менамоем .
Мо ТЭТ ҲНИТ-ро ҳамчун ташкилоти экстремистию террористӣ маҳкум намуда, аз найрангбози ва мардум фиреби онҳо ҳама безор аст. Зеро  як гурӯҳ  хоинони миллат яъне аъзоёни  ТЭТ ҲНИТ  бо дастгтри хориҷиёни беруна мехоҳанд боз анҷумане созмон диҳанд.
Мо ба онҳо гуфтанием, ки Шумо дигар хеҷ вақт ба мақсади нопоки худ нахоҳед расид, чунки  халқи азизамон  аллакай кирдорҳои ношиоста ва хиёнаткоронаи Шуморо дарк намуданд.
Мо ҳайати профессорону омӯзгорони кафедраи  математикаи олӣ ва инфарматикаи  ДКМТ изҳор менамоем, ки дастовардҳои Истиқлолият ва ваҳдати миллиро ҳамчун гавҳараки чашм муҳофизат намуда ҳамагуна анҷуману  ҳизби мамнуън гардидаи   наҳзатиҳоро  ба ҳайси ташкилоти экстремистию террористӣ маҳкум менамоем.

Ҷомеаи   меҳнатии кафедраи  математикаи олӣ ва инфарматикаи  ДКМТ

ИЗҲОРОТИ  КАФЕДРАИ ФАНҲОИ ТАБИИ ИЛМӢ ФАКУЛТЕТИ МЕТАЛЛУРГИЯИ ДКМТ  НИСБАТИ ТЭТ ҲНИТ
  Олимон ва омӯзгорони ҷомеаи меҳнатии кафедраи фанҳои табии илмӣ факултети металлургия шукронаи хамин сарзамини биҳиштосо намуда дар фазои сулҳу ваҳдат ва тинҷию оромӣ кору зиндагӣ намуда истодаем.
Дар хориҷӣ кишвар гурӯҳи хоинони миллат, ки асосан азъзоёни ТЭТ ҲНИТ барои амалҳои ношоистаи худро амали намудан мехоҳанд анҷумане созмон диҳанд.
Ин гурӯҳи зархаридани хориҷӣ магар фаромӯш кардан, он рафтору кирдорҳое, ки нисбати Ватан Модар солҳои 90-ум ва соли 2016  содир намуданд. Дигар ҳеҷ вақт ин нопокон мардуми Тоҷикистонро  алалхусус ҷавононро гумроҳ карда наметаваонад, чунки халқ дигар ба доми фиреби ин шайтонсириштон намеафтанд.
Бояд зикр намуд, ки имрўз Тоҷикистон Истиклолияти худро бо комёбиҳои  ба даст овардаи худ дар сиёсат , иктисодиёт , ичтимоиёт ва фарханг  қайд намуда, ҳаёти хушбахтонаи  сокинон ва давлати худ Тоҷикистонро баланд бардошта ба суи камёбихои нав ба дар бунёдкори, созандагӣ ва гул-гул шукуфии Тоҷикистони соҳибистилол бо сарварии Асосгузори сулху ваҳдати миллӣ -Пешвои  миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , муҳтарам Эмомалӣ Рахмон ба суи пешрафихои нав ба нав мехнат намуда  ба хифзи харяк вачаби ватани азизамон Точикистон хар як фарди  кишварамон хушёрӣ зиракии худ ба хифзи ватан бо номи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар омодабош хастанд.
Мо ҳайати профессорону омӯзгорони  кафедраи фанҳои табии илмӣ факултети металлургияи ДКМТ изҳор менамоем, ки Ватани азизамонро содиқона дӯст дошта,  дастовардҳои Истиқлолият ва ваҳдати миллиро ҳамчун гавҳараки чашм муҳофизат намуда ҳизбу анҷуманҳои наҳзати исломро ба ҳайси ташкилоти экстремистию террористӣ маҳкум менамоем.

Кафедраи фанҳои табии илмӣ факултети металлургияи
17 февралӣ соли 2018
 
Ҷомеаи  меҳнатии  Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон нисбати маҳкум намудани ТЭТ  ҲНИТ ҳамчун ташкилоти террористию экстремистӣ

Мо ҷомеаи меҳнатии Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон бо шукргузорӣ аз файзи Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ тавассути сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои сулҳу субот зиндагӣ карда истода, аз гулгулшукуфии Ватани азизамон қаноатманд ҳастем.
Наҳзатиҳо 14-16 сентябри соли 2015 боз ба халқу Ватан хиёнат карданд. Он нақшаи тарҳрезишудаи мушаххасе буд, ки бо дасти хоҷагони зархариди беруна омода  гардида, бо дасти худиҳо бояд амалӣ мешуд. Дар ин қазия дигар ҷойи шубҳа намонд. Дақиқ шуд, ки Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба лақаби «Ҳоҷӣ Ҳалим» ва гурўҳи террористии ў бевосита аз ҷониби раиси онвақтаи ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ идора ва роҳнамоӣ мешудаанд.   Бисёриҳоро то ҳол ин савол ором намегузорад, кӣ: «Чаро Кабирӣ ва Ҳоҷӣ Ҳалим ба он молу сарвате, ки доштанд қаноат накарданду ба чунин иқдоми номардонаву хиёнаткорона ва ҷинояткорона даст заданд?». Посухаш оддист. Онҳо бояд барои маблағҳои гирифтаашон дар назди хоҷагонашон ҳисобот медоданд. Ба ин хиёнат даст задани наҳзатиҳо, пеш аз ҳама, бохти онҳо дар интихоботи охири парлумонӣ буд. Муроҷиатномаҳои қишрҳои гуногуни ҷомеа дар хусуси қатъи фаъолияти ҲНИТ барояшон болои сўхта намакоб гашт ва онҳо хостанд мисли солҳои 90-ум, бо баҳонаи ҷони ҳазорҳо ҳамватан ва ҳизби худро нигоҳ доранду манфиатҳои хоҷагони хориҷиашонро дар Тоҷикистон пиёда созанд. Тирашон хок хўрд. Хиёнати навбатии онҳо боз ба шикаст мувоҷеҳ гашт. Қисме аз сарварони ҳизб паси панҷара рафтанду аз иштибоҳу пушаймонии худ мегўянд, вале аллакай дер шуд. Роҳбарашон берун аз Ватан луқмаи хоҷа хўрдан дораду тарҳҳои дигар кашидан.
Мо  ТЭТ ҲНИТ-ро ҳамчун ташкилоти экстремистию террористӣ маҳкум менамоем. Зеро фаъолияти террористии ҳизби мазкур аз ҷониби чандин созмонҳои байналхалқӣ ва кишварҳои гуногун эътироф шудааст. Ҳарчанд,  ки роҳбарони ин ҳизби мамнуъ шуда бо дастгирии баъзе хоҷагони хориҷии худ мехоханд, худро сафеду бегуноҳ нишон диҳанд, аммо бефоида зеро офтобро бо доман пӯшонидан намешавад. ҲНИТ - бояд донад, ки дигар миллати моро фиреб додан, ба низоъ кашидан ғайриимкон аст, зеро Ваҳдати миллӣ  поянда аст!

Изҳороти кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоии Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон нисбати  ТЭТ ҲНИТ

Баъд аз байн рафтани   Иттиҳоди Шўравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-сентябри соли 1991 дар харитаи сиёсии ҷаҳон ҳамчун давлати мустақил ҷой гирифт. Вале,  баъзе  аъзоёни ҳизбу ҳаракатҳо ба монанди ҲНИТ, ба ҷойи аз ин неъмати бебаҳои Истиқлолият истифода бурдан гирдиҳамоиҳо ташкил намуда, нақша мекашанд то, ки ҳокимияти давлатиро ғасб намоянд, лекин ин гуруҳ одамон ҳеҷ гоҳ ба мақсади ғаразнок ва нопоки худ намерасанд. Дар солҳои 1990-уми  қарни гузашта ин бадхоҳони миллат гирдиҳамоиҳо ташкил намуда, Тоҷикистонро ба майдони набард табдил дода буданд.
Имрўз мо бо боварии комил метавонем гуфт, ки ин бадхоҳони миллат ҳеҷ вақт ба мақсади нопок ва зишти  худ намерасанд. Зеро Тоҷикистон  давлати қафомомондаву нотавон нест, хушбахтона  худованд ба сари мардуми Тоҷикистон Сарвари боақлу хирад, донову зиракро овардааст, ки пуштибонӣ давлату миллат  гаштааст.
Ҳукумати Тоҷикистон, аллалхусус Президенти мамлакат дар ҳамаи вохӯриҳо, баромадҳо, Паёмҳои худ оиди оромиву осоиштагӣ, сулҳу ваҳдат, бунёдкориву созандагӣ сухан ронда, мардуми Тоҷикистонро ба иҷрои ин амалҳо даъват менамояд ва худ намунаи ибрат мебошанд, ки на ба ҳама сарвару роҳбар ин хислат хос аст.
Аммо, роҳбарону  намояндагони ҲНИТ дар ин самт чӣ кор кардаанд, маълум нест.
Якчанд мисолҳоро оид корҳои зишти ҲНИТ рўи қоғаз меорем, ки боварии кас намеояд.
Воқеаи аввали моҳи сентябри соли 2015.с  ба амал омада, имрӯзҳо тамоми ҷомеаи моро ба ташвиш овардааст.  Амалҳои хиёнаткоронаи генерал Назарзода Абдуҳалимро ҳатто ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳкум менамояд. Генерал Назарзода ба қадри сулҳу осоиштагии кишвар нарасида, ба амалиётҳои мусаллаҳонӣ даст ба куштор зад.  Ҳоло гурӯҳ ва ҳаракатҳои экстремистӣ фаъол гаштаанд, ки ғараз ва мақсади тахрибкоронаи худро зери пардаи ислом амалӣ кардан мехоҳанд. Онҳо сабабгори бисёр ихтилоф ва ноамнӣ дар баъзе  манотиқи олам гардида, исломро бадном мекунанд, ки ҷараёни салафия аз ҷумлаи ин гуна гурӯҳҳо мебошад, ки дар ибодату ақоид мардумро ба ихтилоф андохтаанд.


08 февралӣ соли 2018
СИЁСАТИ НОДУРУСТИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ЭРОН ДАР МУНОСИБАТ БА ХАЛҚИ ХУД ВА ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Тоҷикистону Эрон бо якдигар ҳамзабон ва ҳамфарҳанг мебошанд, вале рӯзҳои охир аз пӯшти ҳизби назҳати исломии Тоҷикистон, ки ӯро ҳамчун ҳизби терористи эътироф намуда амали онро қатъ намудааст ва сардори ин ҳизб Муҳиддин Кабириро Эрон пуштибони менамояд. Ба ақидаи ман Эрон бояд сардори ҳизби дар боло зикршударо ба Тоҷикистон баргардонад ва Муҳиддин Кабирӣ дар назди қонун ҷавоб гӯяд.
Мақоми расмии давлатӣ ва узви роҳбарияти Вазорати умури хориҷии Эрон дар  бораи ҳимояи қатъии Эрон аз ҳизби мамнӯъи наҳзати исломии Тоҷикистон чунин изҳорот содир намояд, зеро то имруз, баъди он ки дар муносибатҳои Тоҷикистону Эрон сардӣ омад,  мақомоти эронӣ дар мулоқотҳо гуё эҳсоси андаке нороҳатӣ ба ҷониби Тоҷикистон тавҷеҳ мекарданд, ки гуё даъвати раиси ҳизби ҷинояткор эътирофшудаи ҲНИТ  Муҳиддин Кабирӣ ба Эрон  аз суи як созмони фарҳангии ғайридавлатӣ сурат гирифтааст ва мақомоти расмии давлат аз он огоҳ набуданду чунин кор дигар такрор намешавад, вале мутассифона он такрор гашт.
Нашри чунин матлаб аз назари дипломатию давлатдории Эрон огоҳона ва манфиатбарона ва муҳимтарин аз ҳама ғаразнок иҷро шуд. Номаи расмии мушовири аршади вазири умурихориҷи Ҷумҳурии Исломии Эронро дар ҳимояти қатъи аз  ин ҳизб думболи он сиёсат метавон ном бурд, зеро нашри чунин баёноти дар ин сатҳ тамоми гумонҳоро дар бораи хатто баъди аз тарафи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнӯъшудани ҲНИТ идома ёфтани ҳимояи Эрон аз ин ҳизб комилан тасдиқ намуданд.
Коршиносон бар он ақидаанд, ки ҷониби Эрон ҳимоят аз Кабириро ки асоси «яхбандии муносибатҳо» гардид, хатои сиёсии худ дарк кард  ва болои «сӯхта намакоб» гуфтагӣ барин дар нишасти охирини сарони кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай дар Алмаато гуё бо айби  Душанбе напазируфтани ҶИЭ ба узвияти ин созмони минтақавӣ  «дардашон боло» гирифтану аз пайи «интиқом» шуданд.
Вале имруз Эрон дар такя ба сиёсати таҳрезишудаи ҷосусони ғарбии ҳимоят аз  радикализми исломӣ ба  бархе кишварҳои арабӣ тақлид менамоянд ва нуфузи эътиробихешро ба ин  ва силаи дар ҷаҳони ислом тақвият бахшидааст.  Оҳиста - оҳиста дар зеҳни гуруҳҳои муайяни кишвар худро чунонвонамуд карданд, ки гуё маҳз онҳо аз исломи мусалмонӣ мегӯянд ва ҳизбашон ҳизби Худост. Аъзои ҲНИТ  ба мислиихвониҳо аз демагогия зиёд истифода мебаранд,  шиорҳоиозодӣ,  демократия,  баробарӣ,  озодии матбуотро ба миёнме гузоранд, ки  ин гуна шиорҳо  дар воқеияти исломӣ сиёсати татбиқнашавандаанд. 
Мо бовари дорем, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон дар онда нисбати кирдорҳои ҲНИТ хулосаҳои зариро бароварда бо Тоҷикистони азизамон мисли пештара дӯст ва бародар хоҳад шуд.
Тоҷикистону Эрон бо ҳамдигар муносибати дуҷониба намуда барои пегири намудани хатарҳои дар минтақа ва ҷаҳон талош меварзанд. Чун, ки Тоҷикисто ва Эрон давлати дӯсту бародар буданд ҳастан ва хоҳанд монд.

Кафедраи “Ташкили ҳамлу нақл” Ғаффоров Хушрӯз Нарзуллоевич

ЧАВОНОН- НЕРУИ БУЗУРГ БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ
Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобали табдил ёфта, аҳли чомеаро  ба ташвиш овардааст.  Мо худ шоҳидем, ки баъзе гуруҳҳо дар як катор давлатҳо  мехоҳанд бо ҳар роҳу восита  ниятҳои нопоки худро  амали созанд. Чуноне, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  пайваста дар мулоқоту суханрониҳо  ёдрас мешаванд, ки халқи тоҷик  танҳо дар ҳамбастагӣ ва ваҳдату ягонагӣ  метавонад армонҳои  ҳазорсолаи  соҳибватану  соҳибфарҳанг  буданро амалӣ  созад.  Барои амалӣ гардидани ин мақсадҳо  беш аз пеш  арзишҳои ватандорию  ватанпарастӣ  бояд миёни ҷавонон  тарғиб карда шаванд. 
Максади  муҳими мо ин ҳифз кардан ва таҳким бахшидани давлатдории милли мебошад. Аз ин лиҳоз вазифаи чонии мо ин масъалаи ҳифзи давлату давлатдори, таъмини амнияти кишвар  ва нигоҳ доштани  субботу оромии  чомеаро бояд фаромуш насозем. Мо мардуми тоҷик дар атрофи Пешвои миллат, асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гашта, барои расидан ба қуллаҳои баланди сулҳу субот ва амнияту шукуфоии Ватани азизамон  - Тоҷикистон  пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳем. Дар ин ҷода ҷавонони мо низ, ки ояндаи миллатанд, ҳиссаи худро гузошта истодаанд.
Вале дар ҷомеа нафароне низ ҳастанд, ки пешравию шукуфоии кишвари азизамонро дидан нахоста, таҳдидҳоро ба миён оварда, бехатарию субот ва осудагии кишварро халалдор мекунанд.
Яке аз сабабҳои ба ин гуруҳҳои тундрав шомил гаштани мардум, алалхусус ҷавонон ин нокифоя будани дониши илмиву дунявӣ, сиёсӣ ва номукаммал фаҳмидани дин аст. Дар муқобили терроризм ва экстремизм аз ватандӯстӣ ва инсондӯстӣ дида дигар қувваи бурге нест. Пеши эҳсоси бегонапарастиву инсонбадбиниӣ ва даҳщатафканиро маҳз ҳамкории аҳли илму маърифат, воли дайн ва уламои дин гирифта метавонад. Барои ин ватандӯстию инсондӯстиро ба меҳвари мафкура табдил додан зарур аст, то аз терроризму ифротгароӣ ҷилавгирӣ шавад.
Баъзе ҷавонон бо сабаби ноогоҳии сиёсӣ ва надонистани ҳуввияти милливу эҳсоси ватандӯстию инсондӯстӣ оқибати рафтори худро дарк накарда, ба ин роҳ мераванд ва ба Ватану миллат хиёнат мекунанд. Бояд моён шахсиятҳои бофарҳанг бар зидди ин ифротгароён мубориза барем. Ба ҷавонон бештар оиди зиён ва кори зишти гуруҳҳои манфиатҷӯй сӯҳбатҳо ва ҳангоми машғулиятҳо дар бораи мафкураи вайрони ин гуруҳҳои ифротгаро маълумот диҳем.
Ба ин хотир мо -чавонон бояд пайрави  гояҳои башардустонаи Пешвои муаззами худ бошем, аз гаравиш ба чунин ҳизбу ҳаракатҳо дури чуем ва чунон, ки Сарвари давлат борҳо таъкид карданд,  зиракии худро аз даст надиҳем. Харчанд муковимат бар зидди терроризму эктремизм вазифаи асосии макомоти ҳифзи ҳукук ва сохторҳои кудратист, вале алайҳи ин вабои аср муборизаи дастчамъона мебояд. Ва дар сафи пеши он бояд чавонон карор дошта бошанд. Зеро маҳз насли наврасу чавон ҳамчун кувваи пешбарандаи чомеа шинохта шудааст ва ояндаи неки хар давлату миллат дар дасти онҳост.

Баромбекова З.С., ассистенти кафедраи забони давлати ва забонхои хоричи

РОҲҲОИ ПЕШГИРИ ТАБЛИҒИ ИФРОТГАРОӢ АЗ ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТӢ
Коршиносон дар натиҷаи пурсишҳои афкори омма собит намуданд, ки солҳои охир интернет дар баррасии мавзўъҳои динӣ таъсири бештар дорад. Агар дар соли 2009-ум 49,3% пурсидашудагон ишора карда бошанд, ки ба саволҳои динӣ аз руҳониёни маъруф ва имомхатибон посух мегиранд, пас дар соли 2016 шумораи онҳо то 9,7% коҳиш ёфт, вале теъдоди ашхосе, ки дар ин масъала ба интернет такя мекунанд, ба 42,9% расид. Яъне дар пахши ақидаҳои ифродгарои нақши интернет имрўзҳо хеле фаъол шудаву назорат намудани муҳтавои маводи он душвор гаштааст.
Ҳангоми гирифтани маълумоти ғаразноки динӣ нақши зиёд доштани ин воситаи иттилоотӣ ташвишовар аст, зеро дар интернет на ҳамеша маълумоти динӣ холисона ва аз манбаву сарчашмаҳои муътамад пешниҳод  мешавад.
Баробари густариши ҷомеаи иттилоотӣ таъсири расонаҳо ва технологияҳои иттилоотӣ дар раванди ташкили афкори омма пайваста густариш меёбад. Расона ва технологияҳои иттилоотӣ абзори қавии «шустани мағзҳо» мебошанд, ки ҷаҳонбинӣ ва дидгоҳҳои ҷомеаро тағйир медиҳад ва танзим менамояд. Таҳлили коршиносон нишон медиҳад, ки расонаҳо аз ҷониби гурўҳҳои иҷтимоӣ барои таблиғи ақидаҳои тундрав истифода мешаванд. Масалан, дар шабакаҳои иҷтимоии «Фейсбук» ва «Одноклассники», ҳамчунин мессенҷерҳои «Whats App», «Viber», «Telegram» ва ғайра гурўҳ ва саҳифаҳои ҷонибдорон ва мубаллиғони «Дииш», «Ҳизбу-т-таҳрир», салафия ва ғайра фаъолона амал мекунанд. Зимни таҳлили қисми тоҷикии шабакаҳои иҷтимоӣ метавон истифодабарандагони онро аз нигоҳи меъёри тундрав будан ба гурўҳҳои зерин тақсим кард.
Ба гурўҳи аввал афроде шомил аст, ки таълими диниро дар кишварҳои хориҷӣ гирифтаанд ё дар кишварҳои хориҷӣ донишҷў мебошанд. Муҳтавои фаъолият ва маводи пешниҳоднамудаи онҳо ба масъалаҳои имонӣ ва фарзияҳои динӣ марбут буда, бештар суннат ва маросимҳои мардумӣ ва фаҳмиши суннатии исломро, ки дар ҷомеъаи мо вуҷуд доранд, зери танқид қарор медиҳанд ва онҳоро ба унвони «будъат», «хурофот» ва «дур шудан аз исломи ноб» муаррифӣ менамоянд. Ба ақидаи онҳо, руҳониёни суннатӣ аз аслҳои исломӣ дур шуда, дар таҷрибаи худ ба сарчашмаҳои муътабари динӣ, яъне Қуръон ва суннат такя намекунанд. Намояндагони ин гурўҳ гўё ба масъалаҳои сиёсӣ аҳамият надода, ба масъалаҳои динӣ машғуланд. Аммо ин дар зоҳир аст. Фаъолони гурўҳ бо коҳиш додани эътибори руҳониёни исломӣ суннатӣ дар байни ҷомеъаи кишвар, бахусус насли ҷавон, заминаҳоеро барои пазируфтани ақидаҳои тундрав эҷод мекунанд ва мо бояд ба ин роҳ надиҳем.
Ҷанбаҳои иттилоотӣ таъмини амният ниёз ба истифода аз неруҳои зеҳнӣ ва технологияҳои навин барои тақвияти суботи давлат доранд. Дар ин самт натиҷагирӣ ва пешниҳодҳои зерин ба мақсад мувофиқ менамоянд.  Ҷанбаҳои иттилоотӣ таъмини амният воситаи муҳими рушди устувори давлат ва ҷомеа мебошад. Дар шароити муосир ба ҷуз чораҳои манъкунандаи дастрасӣ ба муҳтавои фазои иттилоотӣ ҳеҷ талоши ҷиддии чашмрасе ба назар намерасад ва имкониятҳои содаи техникӣ ба осонӣ гузаштан аз ин монеаҳо барои корбарони фаъоли интернет вучуд доранд. Барои ин бояд аз неру ва имконияти мавҷуда дар ниҳодҳои давлатӣ ва иҷтимоӣ барои омўзиши пайвастаи вазъи таблиғи андешаҳои тундраву ифротӣ истифода барем, то ба масъалаи таҳлили муҳтавои фазои иттилоотӣ дар шабакаҳои ичтимоӣ бо истифода аз методология ва технологияҳои муосир аз ҷониби ниҳодҳои марбута таваҷҷуҳи зарурӣ дода шавад.
Омўзиши муҳтавои расонаҳои ватанӣ нишон медиҳад, ки он бештар хусусияти тасвирӣ дошта, маводи арзишманди таҳлилӣ камтар ба назар мерасад. Барои пешгирии таъсири ифротгароии динӣ ва тундгароӣ бояд ҳамкории расонаҳои миллӣ бо коршиносон ва марказҳои илмӣ-таҳлилӣ тақвият ёбад.
Бояд гурўҳҳои доимоамалкунанда аз ҳисоби коршиносони соҳаҳои гуногун бо мақсади пайгирӣ ва таҳлили вазъи ифротгароию тундгароӣ таъсис дода шавад. Ин равиш барои омўзиши амиқи масъала ва андешидани чораҳои муносиб барои коҳиши сатҳи таъсири ақидаҳои ифротгароию тундгароӣ дар афкори иҷтимоӣ имконият фароҳам меоварад.
Истифодаи неърў ва имкониятҳои руҳониёни суннатӣ барои ҳамоҳангсозии кўшишҳо дар роҳи мубориза бо таъсири ҷараёнҳои бегонаи динӣ ба афкори ҷавонон низ аз аҳамият холи нест.
Ташкили фазои мусоиди иттилоотӣ барои коҳиши сатҳи ифротгароӣ дар байни ҷавонон тақозо мекунад, ки торномаҳои интернетӣ ва расонаҳои алоҳида барои тарғиби арзиш ва фарҳанги суннатӣ дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа, бахусус ҷавонон, таъсис дода шаванд ва ин расонаҳо бояд маҳсулоти аудиовизуалии ҷолиб тавлид созанд. Зеро тибқи таҳлилҳои коршиносон таъсири ин гуна мавод дар байни ҷавонон пайваста дар ҳоли афзоиш ва рушд аст.   
  
Кафедраи таҷҳизот ва технологияҳои мошинсозӣ Воҳидов А.А.

ҲНИТ ҲИЗБИ ТАФРИҚААНГЕЗ
Мувофиқи маълумотҳо дар баробари ҷиноятҳои марбут ба терроризм ва экстремизм, аъзои ҲНИТ, инчунин дар содир намудани як қатор ҷиноятҳои дигар, аз қабили куштор, роҳзанӣ, зархаридӣ, таҷовуз ба номус, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, гаравгонгирӣ, одамрабоӣ, ғайриқонуни нигоҳдоштани яроқ ва дигар ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин айбдор дониста шуданд.
Дар маҷмӯъ, аз ҷониби аъзоёни ташкилоти террористӣ - экстремистии ҲНИТ 1610 ҷиноят содир шудааст. Ҳизбе, ки ҳангоми фаъолияти расмиаш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста дини исломро ҳамчун ниқоб истифода мебурд, аъзои он ба чунин ҷиноятҳои ниҳоят мудҳиш ва нанговар даст задаанд.    
Албатта, ба ҳамагон маълум аст, ки мақсади ҳар як ҳизбӣ сиёсӣ ин дар доираи қонунҳои амалкунандаи он кишвар ба даст овардани ҳокимият мебошшад. Собиқ Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ба амал баровардани мақсаду ҳадафҳои худ нақшаи мукаммал ва манфиатовар барои ҷомеъа пайдо накард ва рӯз ба рӯз обрӯ ва эътибори худро дар ҷомеа аз даст медод. Маҳз баъди ноком шудан дар муборизаҳои сиёсӣ ва ба боди фано рафтани маблағҳои зиёди пуштибонони хориҷии ҳизб, сарварони он дастур гирифтанд, ки имконияти охиринашонро истифода баранд, яъне бо роҳи низомӣ ҳокимиятро ғасб намоянд. Ин ошӯби душманона ва мусаллаҳонаи ҲНИТ бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ ва Ҳалим Назарзода, бо дастгирии худи мардуми Тоҷикистон аз тарафи мақомоти қудратии кишвар пахш карда шуд. Дар муҳлати кӯтоҳ ҳадафи душман барбод дода, гурӯҳи мусаллаҳи ҷинояткорон безарар гардонида шуд.
Қаблан низ тӯли фаъолияташ ҲНИТ ба ҷуз ихтилофу ҷудоандозӣ дигар кору амали манфиатоваре ба нафъи давлату миллат ва халқ анҷом надодааст. Бо мурури вақт мақсадҳои душманона ва дар оянда хатар доштани фаъолияти ин ҳизбро дар ҷомеъаи навини Тоҷикистон дарк намуда, қисмати зиёди аъзои ин ҳизб онро тарк намуданд.
Барои мардуми Тоҷикистон чеҳраи аслии ҳизби ифротӣ ошкор гардид ва 29 сенябри соли 2015 аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон он ҳамчун ташкилоти террористӣ - экстреместӣ эълон гардид.
Агар фаъолияти ҲНИТ сари вақт боздошта намешуд, такрори пайомадҳои солҳои 90-ум аз ҷониби он бар сари миллати тоҷик овардашуда имконпазир мегашт. 
Дар пайи зикри корҳои анҷомдодаи ҳукумат ҲНИТ, ки худро як ҷониби сулҳи тоҷикон ва неруи сиёсии мухолиф меҳисобид, баъд аз барқарор гардидани оромию субот дар Тоҷикистон ягон коре барои пешрафти кишвар анҷом надодаасту ягон барномае барои ҳалли масъалаҳои муҳим пешниҳод накардааст.
Дар тамоми ин муддат роҳбарияти ҳизби мазкур бо истифода аз номи дин танҳо супоришҳои хоҷагони хориҷиашонро (ҷиҳати татбиқи манфиатҳои геостратегии онҳо) иҷро кардаанд ва манфиатҳои шахсию гуруҳии худро амалӣ сохтаанд. Таваҷҷуҳи онҳо на ба ободии кишвару мардум, балки ба сарватҷамъкунию ҷойталабӣ равона карда шуда буд.
Мувофиқи маълумотҳо ҲНИТ мисли дигар ҳизбҳои кишвар сирф тоҷикистонӣ набуда, аз аввали пайдоши худ як неруи аз берун идорашаванда буд. Ин ҳизб дар давоми мавҷудияташ ҳамеша аз ҷониби ниҳодҳо ва доираҳои муайяни сиёсию мазҳабии кишварҳои хориҷӣ дастгирии моддию маънавӣ ёфта, манфиатҳои онҳоро амалӣ мекард. Аз ин рӯ, ҳангоми пеш омадани ҳар мушкилие ҲНИТ ба шаҳрвандони Тоҷикистон такя накарда, балки ба созмонҳо ва кишварҳои хориҷӣ муроҷиат мекардааст.
Дар изҳорот аз ҷумла омадааст, ки ҳоло ҲНИТ дар натиҷаи пешрафти кишвар ва огоҳтар шудани мардум аз фаъолияти он таъсири худро дар ҷомеа пурра аз даст додааст: Вале ҳамагон, аз ҷумла ташкилотҳои байналхалқӣ ва кишварҳои хориҷие, ки ҲНИТ муроҷиат кардааст, аз вазъияти воқеии Тоҷикистон ва дурустии роҳ барои рушд интихобкардаи он огоҳанд. Таҷрибаи талхи дастгирии баъзе неруҳои динӣ, ки вазъияти минтақаро солҳои охир ниҳоят хароб кардааст, низ ба онҳо маълум мебошад. Аз ин хотир, созмонҳои байналхалқӣ ва кишварҳои хориҷие, ки дар раванди ба даст омадани сулҳи тоҷикон ширкат доштанд, бояд вазъияти имрӯзаи Тоҷикистон ва минтақаро ба назар гирифта, иғвоангезона ва беасос будани муроҷиатномаи роҳбарияти ҲНИТ-ро дарк намоянд.
Дар ниҳояти изҳорот мардуми Тоҷикистон то кадом андоза муҳим будани ҳифзи давлати демократию дунявӣ ва ҳуқуқбунёду шаҳрвандиро медонанд: “Фаҳмидаанд, ки зиндагии хушу босаодат танҳо дар натиҷаи татбиқи сиёсати созандаю ободкорона, рушди илму техникаи муосир ва раҳо ёфтан аз таъсири ҳар гуна неруҳои динӣ - сиёсии бегонапараст (мисли ҲНИТ) ва ақидаҳои мазҳабии мутаасибонаю хурофотӣ ба даст меояд”.

Кенҷаев Шӯҳрат Абдуманонович,ассистенти кафедраи Т ва ТМ



16 февралӣ соли 2018.

ХИЁНАТИ ҲНИТ НОБАХШИДАНИСТ
Солҳои охир раванди пайвастани ҷавонони гумроҳ ба сафи ҳизбу ҳаракатҳои  ғайри қонуни ва созмону равияҳои ифротӣ ба назар расида, боиси нигаронии аҳли ҷомеа гардидааст.
Дар саҳифаи таърихи халқи тоҷик ҳизби мамнўъ гардидаи ҲНИТ ҳанўз  4.12-1991 дар хориҷи кишвар таъсис ёфта, фаъолияташро дар ҷумҳурӣ оғоз намуд. Дар ибтидо то давраи мамнўъ эълон гардидани ҳизб сарварони ҲНИТ худро ҳамчун ғамхори халқ нишон медоданд. Баъдан маълум шуд, ки самти фаъолияти ин ҳизб бо сарварии аҳли раёсаташ, ҳаммаслакони хориҷиаш беғараз набуда танҳо ҳимояи як гуруҳи муайянро таъмин менамуд. Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки мақсади асосии ин ҳизб бо сарпарастони хориҷиаш пеш ҳама гумроҳ кардани ҷомеа, коштани тухми низоъ бо истифода аз номи поки дини Ислом.
Барои ба ин ниятҳои нопок ноил гардидан роҳу равишҳои навро ҷустуҷў менамуданд. Яке аз роҳҳои пешгирифтаи ин ҳизб ноором гардонидани вазъи сиёси дар кишвар мебошад.
Албатта барои амал гардонидани ин нақшаҳо маблағҳои зиёд зарур буд. Мувофиқи хабарҳои таҳлилшуда сарпарастии ҳизм ва ҳамчун маблағгузор хоҷогони эронии ҶИЭ будааст. Роҳу амалҳои фаъолият, ҷо ба ҷо куниҳои «кадр»-ро, содироту воридоти молу маҳсулоти озуқаворӣ, тамос бо ташкилоту ҷараёнҳои терористӣ, дастраскунии яроқу аслиҳаро ба роҳбарияти ҲНИТ ин инструкторони эронӣ мефаҳмониданд.
Далелҳои хеле зиёд мавҷуд аст, ки пурра назорати ҲНИТ дар қаламрави Тоҷикистон аз хориҷи кишвар, аз ҷониби хоҷагони эронии ҶИЭ вогузор буд. Вақт нишон дод, ки ин нақшаю амлҳои таҳрезида шудаи душманони миллати тоҷик ҷомаи амал напушиданд.  Албата ин ба фаҳмиши хирадмандона ва сулҳҷўёнаи мардуми тоҷик вобаста буд. Халқ фаьмид, ки ҲНИТ бо хоҷагони хориҷии худ, бо амалҳои зидди инсон худ натавонистааст фаъолият барад.
Мо шаҳрвандони бо нангу номуси Тоҷикистон баҳри пешрави ва гул гулшукофоии Ватани азизамон саҳмгузор бошем. Нагузорем, ки бори дигар мардуми тоҷик ба вартаи бесару сомониҳо рў ба рў гардад. Барои ин ҳамеша дўстдор ва нигаҳбонӣ ҳар ваҷаб замини ин меҳани биҳиштосо бошем.  

Дўсталиев Сарвар Тўйчимуродович, ассистенти кафедраи Таҷҳизот ва технологияи мошинсозӣ,                                                    Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон

СИЁСАТИ НОДУРУСТИ ҲУКУМАТИ ЧУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ЭРОН ДАР МУНОСИБАТ БА ХАЛҚИ ХУД ВА ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Намоишу эътирозҳое, ки дар давлати Эрон ба амал омада истоддаст, дар маркази диққати ҷомеаи ҷаҳонӣ аст. Намоишу эътирозҳо, ки аз 28 декбри соли 2017 ба амал омада истоддаст боиси қурбонии зиёда аз 10 нафар шаҳрвандон гардид. Намоишчиён аз сиёсати президент Ҳасани Рӯҳонӣ норозигӣ баён нмаудаистоддаст. Бояд қайд кард, ки ин баромади издиҳом асосан бо иштироки ИМА ташкил карда шудаст, зеро дар муносибатҳои ИМА ва Эрон зиддиятҳои сиёсӣ ба амал омаданд дар атрофи якчанд масъалаҳо: яке аз масъалаи Сурия мебошад, ки Эрон ҳукумати Башар Асадро дастгирӣ намуд.Ба ғайр аз ин муносибатҳои сиёсӣ байни ҳар ду давлат оиди манфиатҳои геополитикӣ бо ҳам зиддият пайдо намуданд. Ҳамчунин бояд зикр кард, ки Эрон ба иттифоқчии ИМА давлати Исроил низ хатар дорад. Бояд зикр кард, ки имрӯз Эрон бо давлати Руссия муносибатҳои дӯстона дорад ва ҳамкории тиҷоратию иқтисодии ҳарду давлат инкишоф ёфта истодааст. Бинобар ба ИМА чунин муносибат маъқул нест. Ҳамин тавр чунин баромадҳо ки муқобили ҳукумати Ҳ. Рӯҳонӣ равона карда мақсади дигаргун кардани ҳокимиятро дорад. Чунончӣ, президент Ҳ. Рӯзонӣ сарвари ҲНИТ Муҳиддин Кабириро, ки фаъолияти он бо қарори Суди Олии Тоҷикистон манъ карда  шудааст, дастгирӣ намуда онро пуштибонӣ менамояд. Чунин сиёсати давлати Эрон боиси нигаронӣ мебошад. Хуб мебуд, ки ба ҷойи он ҳукумати Ҳ. Рӯҳонӣ масъалаҳои иқтисодию сиёсии дохилии мамлакатро ҳал намуда барои беҳтар кардани ҳаёти дохилии мамлакат тадбирҳои судманд меандешид. Воқеан ҳам дар дохили мамалакат оиди масъалаҳои иқтисодию - сиёсӣ баъзе муаммоҳо пайдо гардидаанд, ки он боиси сар задани эътирозу нобоварӣ нисбати ҳокимияти Ҳ.Рӯҳонӣ гардида истодааст.

Мансуров Б.А. - мудири кафедраи экология

ПУШТИБОНИИ ТЭТ ҲНИТ ҲАМЧУНИН ТАРҒИБИ ТЕРРОРИЗМ АЗ ҶОНИБИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ЭРОН ВА 11 ЭЪТИРОЗҲОИ МО ОИДИ ИН МУАММО:
1.ҲНИТ бо омадани худ дар арсаи сиёсии кишвар ихтилофоти мазҳабиро низ бо худ овард.
2.Бо дастгирии Эрон наҳзатиҳо равиш ва биниши исломии анъанавии моро иваз карда, аз маҷрои аслӣ дур сохтанд ва боиси ихтилофи шадиди ақидавӣ дар ҷомеа гардиданд.
3.Оқибати майдоннишинӣ, қонуншиканӣ, муқовимати сиёсӣ наҳзатиён ба чи овард, ҳама медонанд. Вале муассисону сарварон, аъзои ин ҳизб, фаъолони он таърихро зуд фаромўш намуда худро мусичаи бегуноҳ, ҳатто «ҷабрдида», «бечораву» «оҷиз» мешуморанд.
4.Солҳои тӯлонӣ Ҳукумати Эрон сарварони ҲНИТ-ро дастгирї карданд ва наҳзатиён ба ҷойи ватандӯстию миллатпарастӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Точикистон таассубро талқин мекарданд, барои «ҷиҳоду шаҳодат» кор мебурданд, супоришҳои хоҷаҳои хориҷии худро иҷро мекарданд.
5.Муаллиф ба далелҳои мӯътамад парда аз болои ҲНИТ мебардорад.
6.Мухолифини тоҷик зери ниқоби ислом бо ёрии хоҷагони худ рӯзи Тоҷикистонро сиёҳ кард.
7.Бале, хуб шуд, ки фаъолияти ғаразноки ҲНИТ дар Тоҷикситон манъ карда шуд.
8.Ба сари Тоҷикистони озод, ки ҲНИТ чи борҳоро овард. Муаллиф дуруст зикр менамояд, ки ҳисороти ҷанги шаҳрвандӣ басо калон мебошад. 150 ҳазор одам мурд, беш аз 1 млн. нафар амалан гуреза шуданд.
9.Манъ карда шудани фаъолияти ҲНИТ бо қарори Суди Олии Тоҷикистон ҳукми одилона буда вай барои манфиати ҷомеа, пойдории сулҳу салоҳ дар ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.
10.Созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ бояд барои дар хориҷа манъ кардани фаъолияти ҲНИТ бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ мусоидат намоянд, зеро бо фаъолияти наҳзатҳо дар хориҷа авзои сиёсати ҷомеаро  ноором намуда барои ба амал омадани амалҳои террористӣ сабаб мегарданд.
11.Дар солҳои истиқлолият дар ҷумҳурӣ ҳизби демокрит, ҲНИТ таъсис ёфта фаъолият оғоз намуданд. Аммо онҳо мақсадҳои барномавии худро бо роҳи ташкил кардани низоъю хунрезӣ барои амалӣ кардан мубориза бурданд.

Абдуллоев З.И -лаборанти кафедраи экология

ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОИ ВАБОИ АСР.
Терроризм ва ифротгароӣ аз рӯзҳои ба вуҷуд омаданаш то ба ин рӯз ҳамеша бар муқобили оромии ҷомеа ва пешравии он буд. Ин зуҳурот ҳамеша бар он мусоидат мекард, ки ҷомеа ноором бошад ва мардум худро ҳамеша дар ноамнӣ эҳсос намоянд. Дар ин баробар, аз лаҳзаҳои аввал неруҳое ба вуҷуд омаданд, ки ҳамеша ба муқобили ин зуҳурот мубориза мебурданд, то мардум осудаву ором зиндагӣ намоянд.
Имрӯз мутассифона, ин зуҳурот ба як масъалаи асосии башарият табдил ёфта ҳамчун вабои аср муаррифӣ мешавад.
Аз ин рӯ дар тамоми кишварҳо, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон тамому неруву ҳастӣ барои пешгирии он ва таъмини амнияту осоиштагии мардуми мамлакат равона шудааст.
Сабабҳои асосии ба ин гуруҳҳо пайвастани шаҳрвандон, хусусан ноболиғон ва ҷавонон паст будани маърифати ҳуқуқӣ, динӣ, ҷой доштани камбудиҳои ҷиддӣ дар кори таълиму тарбия дар оила ва ҷомеа мебошад. Хусусан, беназорат мондани ҷавонон, истифодаи ғайримақсадноки расонаҳои электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ сабабҳои дигаре мебошанд, ки ташкилотҳои террористиву экстремистӣ бо истифода аз онҳо ба паҳн кардани ҳар гуна наворҳои махсус ва сабтҳои таблиғотии шахсони алоҳида ва зархаридони хориҷиро паҳн менамоянд.
Аз ин расонаҳои бемаънӣ бархе аз ҷавонон ва наврасоне, ки маърифати ҳуқуқию диниашон дар сатҳи паст қарор дорад ба ҷиҳод ва барҳам додани асосҳои сохтори конститутсионии давлатҳои гуногун даъват менамоянд.
Мақомоти суди Олии мамлакат бо сабаби моҳияти иртиҷоӣ, терористию ифротгарои доштан бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти як қатор ташкилоту ҳизбу ҳаракат, аз ҷумла, «Ҳизб-ут-таҳрир», ҷамъияти «Гуруҳи-24», «Ҷабҳат-ун-насра», «Давлати исломӣ», Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон террористӣ эътироф карда шуда фаъолияташон маън гардидааст.

Мирзомиддинов И.М., ДКМТ

МО ҶАВОНОН БОЯД АЗ СИЁСАТ ОГОҲ БОШЕМ!
Имрўз бояд Ҷумҳурии исломии Эрон мавқеи худро нисбат ба сиёсатӣ дохилӣ ва хориҷии кишвари мо мушахас намояд, то сўи тафоҳум дар байни мардуми дўсту ҳамзабон ба миён наояд ва ҳамкории мардум дар фазои дўстию бародарӣ, амнияту осудаҳолӣ ва бо муҳабату якдигарфаҳмӣ дар ҳама ҷанбаҳои ҳаётӣ ва дар самтҳои иқтисодию иҷтимоӣ, диниву фарҳангӣ ва ғайра ҷараён дошта бошад.  
Бояд қайд кард, ки дар расонаҳои гуногуни хориҷӣ ва интернетӣ роҳбарони ташкилоти экстремистӣ - террористи бешармона дар бораи Ватан, миллат,  мазҳаб ва ғайра ҳарф мезананд ва аҳли ҷомеаро  ба гумроҳӣ бурданӣ мешаванд. Аммо халқи тоҷик медонанд, ки онҳо ин арзишҳои муқаддасро , яъне ватану миллатро кайҳо фурўхта, зери по кардаанд.   
Ҳаминро қайд кардан лозим аст, ки Ислом ба ҳизб ниёз надорад: Дар замони муосир муассисони аҳзобу ҷараёнҳои ба ном исломӣ комилан бо номи дину диндорӣ аз минбарҳо баромад намуда, худро ворисони ҳақиқии дини мубини Ислом мепиндоранд ва даъво мекунанд, ки аҳли дину диёнат буда, ҷуз онҳо касе вориси аслӣ намебошанд. Онҳо мардумро бо таълимоти фиребона, шиорҳои зоҳирфиреб, ҳилаву макри ошкору пинҳон, ваъдаҳои шоҳонаи дарунхолӣ саргарм намуда, дини мубини Исломро ҷомаи сиёсӣ пўшонидан мехоҳанд.
Шахсиятҳое буданд, ки дар донишгоҳои уропоӣ суханронӣ карда, оиди «мақоми кишвар ва ҷасорат надоштани он нутқи эътирозӣ ба он кишварҳо бифиристанд, чунки Эрон кишвари исломӣ ва форсизабон аст, ҷуръат пайдо кардаанд, ки эътироз бикунанд» суханрони намудааанд. Ин дар ҳолест, ки аз ҷои дигар истода халқ ва миллатро байни худ иғво меандозад.  Мо бояд ҷавонони тоҷикзамин ба чунин  кирдорҳо аҳмият надода барои гул гулшукуфии Тоҷкистони азизамон саҳми беназири худро гузорем.

Назарматов А., ассистенти кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ дар истеҳсолот.     

«МАЗҲАБФЎРУШИ» - ДАР ДИНИ ИСЛОМ
Аз солҳои аввали фаъолияташ, бо инқилоби исломӣ дар Эрон ва роҳбарони он диққат ва пайравии бисёр дошт. Дар байни аксари роҳбарияти ҲНИТ ба шахсияти калони олами шиъа, роҳбари инқилоби Эрон Оятулло Ҳумайнӣ муридӣ ҷой дошта, вайро бо эҳтиром «Ҳазрати Имом» меномиданд. Наҳзатиҳо ҳоло  ҳам Ҳумайниро дар байни худашон хамин хел меноманд. Ба ҷойи Қуръону суннат китобҳои мазҳаби шиъаро мехонданд. Баъзе наҳзатиҳо дар васфи Ҳумайнӣ чандин шеър ва рубоиёт навишта буданд, ки дар рўзномаашон чоп шудааст.
Факти диққатҷаблкунанда ҳамин аст, ки аксари роҳбарони ҲНИТ фарзандони худро бо номи имомони мазҳаби шиъа, домуллоҳои калони шиъа ва роҳбарони калони инқилоби Эрон номгузорӣ кардаанд. Инҳо ҳамаашон номҳои пешвоёни инқилоби исломии Эрон аст, ки барои тоҷикон умуман ин номгузорӣ хос нест. Ин далелҳои оддӣ пайравии роҳбарони ҲНИТ нисбат ба пешвоёни мазҳаби шиаъро нишон медиҳад. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ бошад, роҳбарони ҲНИТ ба Эрон гурехта, ба оилаҳои худашон дар ин кишвар умр ба сар бурдаанд. Дар ин давра садҳо нафар фаъолон ва пайравони ин ташкилоти террористӣ - эекстремистӣ дар мадрасаҳои динии шиъагӣ дар Эрон дарс хонда, ба мазҳаби шиъа даромаданд. Тамоми таъминоти моли- моддӣ аз тарафи марказҳои мазҳаби шиъа таъмин мешуд.
Ҳамин хел аст, ки ТЭТ ҲНИТ дар Тоҷикистон ва дар миёни халки тоҷик, ки пайрави мазҳаби ҳанафӣ мебошанд, дигар ягон хел эътибор ва эҳтиром надорад. Онҳо ҷойгоҳи худашонро дар байни халқи мусалмони Тоҷикистон, ки пайрави мазҳаби ҳанафӣ мебошад, пурра аз даст додаанд, зеро ки халқи тоҷик ҳаргиз мазҳабфурўшонро намебахшад. Ҳар тоҷике, ки имоми мазҳаби худаш Абў Ҳанифа ва мазҳаби ҳанафии худашро дўст медорад, ин наҳзатиҳои мазҳабфурўшро маҳкум мекунад.
Пас маълум аст, ки масҳабфурўшони наҳзатӣ дигар ҳаргиз ҳак надоранд, ки аз номи миллати тоҷик ва халқи Тоҷикистон сухан гўянд. Халқи Тоҷикистон аз ватанфурўшону мазҳабфурўшон безор аст.   

Ассистент  Саидов М.К.

16 февралӣ соли 2018.
09 февралӣ соли 2018.
СИЁСАТИ  НОДУРУСТИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ЭРОН ДАР МУНОСИБАТ БО ХАЛҚИ ХУД ВА ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН.
Ба ҳамагон маълум аст, ки  давлатҳои  манфиатталаб барои густариши  қаламрави  нуфузи  сиёсиву  маъмурии  худ бо баҳонаҳои мухталиф ба умури  дохилии давлатҳои  дигар дахолат мекарданд ва яке  аз шеваҳои маъмулии  дахолати онҳо  ба умури дохилии кишварҳои ғайр ин дарёфти нуқтаҳои заъф  ва  дастгирии  афроду  ниҳодҳои  эътирозгару исёнкоре буд,  ки дар дохили  ҳамон давлатҳо ва ҷомеаҳо нуфуз доштанд. Давлатҳои тавсеаталаб бо дастгирии  чунин  ашхосу  гурўҳҳои  эътирозгар  аз дохил  заминаҳои  ихтилофу  низоъро дар ҷомеаҳое, ки  ба объекти сиёсиашон табдил додан мехостанд, ба вуҷуд  меоварданд ва баъдан  аҳдофу  иддао ва эътирозу исёни  ин гурўҳҳоро ҷонибдорӣ карда ҳимояти  онҳоро  ҳимоят аз  адолату инсоф муаррифӣ менамуданд ва  ба ин васила баҳонаи  дахолати  худро  ба корҳои дохилии давлатҳои  дигар  ба вуҷуд оварда мекўшиданд, ки барои  амалкардҳои беасоси  минбаъдаашон ҳадди ақал зоҳиран асосе эҷод кунанд.
Ин шеваи  қадиму маъмулии дасисаангезӣ ва дахолати сиёсии давлатҳои тавсеаталаб дар замони  кунунӣ бо назардошти пешрафти технологӣ ва фаровонии  имконоти таъсиргузориҳои идеологиву иттилоотӣ хеле  такмил  ёфтаву беш  аз ҳад мураккаб  шудааст.  Найрангу  айёрии  сиёсӣ то ба ҳадде расида, ки  баъзе қудратҳои сиёсии сатҳи  байналмилалӣ ба  ҳайси  «ҳомиёни ҳуқуқи башар» ва бо  иддаои  ҳифзи  ҳуқуқи башар  ба торумори  башарият машғуланд. Амалиёти бардавому  густурдаи  ҳарбии  неруҳои  ифротиву тундгарое чун гурўҳҳои  «Давлати исломӣ», «Бокуҳарам», «Толибон», «Ал-қоида», «Ҷамоат-ул-ансор», «Ҷамоат-ул-муҷтаҳидин» ва ғайра, ки мутаассифона, ҳар яке  аз онҳо чандин  пуштибонҳову сарпарастони  абарқудрат доранд, далели возеҳу рўшани  иддаои  болост.
Яъне, гуфтан мумкин аст, ки номаи расмии мушовири аршади вазири умуми хориҷии ҶИ Эронро дар ҳимояти қатъӣ аз ин ҳизб думболи он сиёсат метавон ном бурд, зеро нашри чунин баёния дар ин сатҳ тамоми гумонҳоро дар бораи ҳатто баъди аз тарафи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнӯъ шудани ҲНИТ идома ёфтани ҳимояти Эрон аз ин ҳизб комилан тасдиқ намуданд.
Нашри чунин матлаб аз назари дипломатию давлатдории Эрон огоҳона ва манфиатбарона ва муҳимтар аз ҳама ғаразнок иҷро шуд.
Давлати Эрон сад дар сад медонад, дар ҳодисаҳои пурташвиш ва амали содирнамудаи террористии нимаи аввали моҳи сентябри соли 2015, ки дар шаҳри Душанбе ва Ваҳдат руҳ доданд ва дар ин замина оромиву суботи кишвар то ҷое халалдор гардид, даст доштани ҲНИТ ошкор шуд. Маълум гардид, ки ин ҳизб аз рӯзи таъсисёбиаш хислати иртиҷоӣ-динӣ ва экстремистӣ-террористӣ дошта, барои инкишофи раванди сиёсии Тоҷикистон ва мустаҳкам намудани принсипҳои демократӣ дар шароити тағйирпазирии ҷомеи монеаҳои зиёд эҷод намудааст. Зиёда аз ин, бо чунин фаъолият ҳамчун ҳизби дорои хислати экстремистӣ-террористӣ дар ҷаҳон шинохта шуд.

Сармуаллими кафедраи МО ва И                                Зиёмидинов Б.М.

ХУДШИНОСИ ОМИЛИ ПЕШРАВИСТ
Имрӯз ҳамагон бо вуҷуди пешрафту дастовардҳои муасисаҳои Олӣ аз омилҳои нигаронкунанда низ сухан мегуем.
Ба худ суол медиҳему ангушти ҳасрат мегазем: чаро донишҷӯёни муосир танбалу то андозае коргурезу меҳнатқимоб шуданд, чаро доираи тафаккуру биниши эшон тангу махдуд аст, чаро аз мафҳумҳои арзишманду волои ватандустӣ ҳувиятҳоӣ, худогоҳию хештаншиносӣ ва озодманишӣ моҳиятан бардошти хираю андаке доранд?
Посухҳо, бешак мухталифанд.
Аввалан, ба донишҷӯ фаҳмониданлозим аст, ки инсон дар ҷомеа танҳо барои худу манфиатҳои шахсиаш зиндагӣ ва кору фаъолият набояд кунад.
Ҳар шаб зи худ бипурс агар ту марди,
Ки имрӯз чи хизмате ба мардум карди
Зиндаги инсонҳои саодатманду комил фаротар аз омилҳовӯ хоҳишҳои шахси ва манфиатҷӯёна мебошад. Одамият дар рӯзгори пур аз муаммовӯ мушкилбарангез фақат барои нафси хеш зиста, фирӯзбахту комёб намегардад. Суол ин аст, ки ҳар фард даҳҳовӯ садҳо норасоиҳои моддӣ ва маънавӣ дорад ва баҳри ҳаллу фасл ва рафъи он ҳама мушкилот дасташ намерасад ва аз уҳдаи канор задани ҷамеи он монеаҳо баромада ҳам наметавонад. Онҳое, ки фақату фақат ба «дарду аламҳо» ва муаммоҳои шахсиашон гирифторанду дар ин баҳри сардаргум ғарқ гардидаанд.
Бадеҳист ки ҳар як мушкил дар ҳаёт мушкили дигареро тавлид месозад ва бад - ин тариқа, он «дардҳо» беохир зуҳур карда, маҷоли аз чоҳи муаммоҳо берун баромадани шахсро сангинтару мушкилтар месозанд аз ин рӯ, инсон баҳри аз ин гирдоби мушкилиҳо халосӣ ёфтан, бояд аз гузаштаҳои умр камтар фикр кунаду бо ҷасорат ба пеш ҳаракат кунад.
Чунон кун зиндагони дар замона,
Ки аз вай зинда мони ҷовидона.
Баҳри дигар одамон низ бояд зисту ҷонфидоӣ кард. Барои ҳимояту ҳифзи шаъну шараф нангу номуси ёрону бародарон халқу миллат ва ниҳоят, якпорчагии ин замин дар муқовимату мубориза қарор доштан, оё шарту фарз нест?! Ба шогирдон талқин намудани амалҳои созанда ба нафъи миллату ватан саъю азм ва иродатмандӣ муҳим ва аввалиндараҷа ба шумор меравад. Оре, танҳо ҳарақату талош ва амал баҳри ба ҳадафҳои неку ободкорона расидани фард(хонанда) шароит муҳайё хоҳад кард. Ҳамин талошу заҳмат ба Инсон бахт меорад. Ба шогирдон дарку фаҳмиши марҳилаҳои ҳарақату талош ва амалҳои созанда мушкилию вазнинние эҷод нахоҳад кард. Дигар омиле, ки ба хонанда пайваста гушзад мебояд кард, Эътиқоду бовар ба нерӯи ақлонию зеҳнии ӯ ва дар маҷмӯъ, ба ояндаи дурахшон мебошад. Дар дарозии таърих инсонҳои қудратманди бузурге зиндаги ва пайкор намудаанд, ки ҷараёни таърихро тағир додаанд. Ҳар одам метавонад зиндагии хешро (ба маънои мусбаташ) тағйир диҳад. Ба иҷрои тамоми хоҳишу мақсадҳо ва амали намудани орзӯҳо дасти инсон намерасад. Ба қувваи рӯҳию ҷисмониаш басандаги намекунад. Бо вуҷуди ин, ба донишҷӯён муқарраран таъкид кардани он фикр, ки ӯ ҳар субҳ бояд бо андешаи «аз дасти ман корҳои зиёде меояду имрӯз ва ҳама рӯз муваззафан, ки амалҳои неку ба ҷомеа судмандро ба анҷом мерасонам», ҳеҷгоҳ аз манфиат холӣ нест шояд чунин ақида, ки бо неруи ду- се ё шояд чанд ҳазор нафар ба ҳеҷ ваҷҳ пеши роҳи ҷангҳои хунини фоҷиабор дар ин ё он гӯшаи сайёра, ва вижа, дар қораи Осиё ва Афрқо, Суриявӯ Яман, Афғонистону Ироқро гирифтан ноимкон аст, дар мағзи аксари мо сахт лона монда бошад. Шояд ҳамин тавр ҳам ҳаст. Вале оё мо боре ба худ суоле додаем, ки агар чунин тавоноию қудрат воқеан ҳам хеле аз доираи рисолатҳои инсониамон хеле дур бошад, пас чи бояд кард? Бо майлу иродат ва қувваи волои тафаккур магар мо наметавонем, ки бо даъвату муроҷиат ва хитобаҳои хаттию шифоҳӣ хусусятҳои зидди башарию ҳалокатбори ин ҷагро, ки дар саргаҳи он давлати ба ном исломии Шому Ироқ истодааст маҳкум намоем? Метавонем, оре! Ана ҳамин андешаро, ки сарчашмаи он аз омилҳои, чун эътиқоду бовар ба нерӯҳои ақлонию зеҳни ҳар фарди соҳибдил (ва насли наврас ва ҷавонон низ) ва иродати қавъи об мехурад, бояд ба шогирдон таъкиду хотиррасон кард. Яъне бо роҳҳовӯ шеваҳои мухталифи маҳкумнамои амалиётҳои тахрибкоронаи размандагони бе аслу насаби ДИИШ метавон раванди даҳшатангези ҷангро суст ё ба қафо партофт.
Дур будан аз ду омили манфӣ: танбалӣ ва тарс барои инсон баҳри талошҳои пайгиронаи ҷасурона бар зидди нерӯҳои ҷангбарангез нақши мондагор мебозад. Устодону омузгоронро зарур аст, ки ба шогирдон он маъниро, ки бояд эшон алайҳиҳама гуна иғвою дасиса ва нифоқангезию ҷудоихоҳии гӯрӯҳҳои алоҳидаи хиёнатпеша дар муқовимату мубориза бошанд, бо ҳама ҷанбаҳои воқеияш шарҳу тавсир намудан шарт мебошад.
Аз ин ҷо омили дигари муҳими таконбахш дар раванди тарбияи ахлоқии насли наврас ва ҷавонон ба миён меояд, ки он содиқу бо аҳду паймон будан ба ғояву ормонҳои милли давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистони азиз ба шумор меравад. Вафо ба аҳду паймон ба сухан ба ҳуқуқу уҳдадориҳо, ба худи шахс, ба супоришҳои ватан ченаки арзишманди ҳар фарди меҳнатпараст бояд бошад. Аҳду паймон бояд сидқан дар ниҳоди кас маъво гирифта, дӯст доштани ватан ва ба ҳимояи марзу буми он омода будани шахс низ танҳо дар сухану гуфтор набошад. Садоқат дилбастаги аҳду вафо мафҳумҳои пурмуҳтавоеанд, ки аз инсон фидокориро талаб менамоянд.
Сабақгирандагони донишгоҳу донишкадаҳои олӣ бояд дар рӯҳияи ҷасорату шуҷоат ва омода будан ба ҳимояи Ватан, ва расидан ба қадри сулҳу оромӣ, соҳибистиқлолии кишвари тарбия гарданд.   
 
Мудири кафедраи сохтмон ва графикаи муҳандисӣ:     Ёқубов С.

ПУШТИБОНИИ ТЭТ ҲНИТ ҲАМЧУНИН ТАРЩИБИ ТЕРРОРИЗМ - АЗ ҶОНИБИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ЭРОН ВА (НАЗАРИ МО БА СИЁСАТИ ТАФРИҚААНГЕЗ ВА ҶУДОИХОҲОНАИ ЭРОН, ТАЗОҲУРОТИ ХАЛҚ БАР ЗИДДИ ҲУКУМАТДОРОНИ ЭРОН)
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои Созмони Миллали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ оид ба норавоии ба дини мубини Ислом нисбат додани зуҳуроти нанговари терроризми байналмилалӣ ва роҳу усулҳои тақвият додани мубориза бо ин зуҳурот фикру андеша ва таклифҳои муфиду ҷолиби диққат ба¸н менамоянд.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (22 декабри соли 2016) низ фикру мулоҳизаҳое садо доданд, ки ба ҳифзи дини мубини Ислом ва аз байн бурдани мухолифат дар ҷабҳаи мубориза бо терроризми байналмилалӣ равона шудаанд.
Вақте ки ба робитаҳои ҳамкории Тоҷикистону Эрон дар даврони истиқлол назар мекунем, пай бурдан душвор нест, ки зимнан Эрон хостори густариши мазҳаби шиа дар қаламрави Тоҷикистон аст ва бад-ин васила мехоҳад мамалакате,ки аслан тамоман дорои мазҳаби дигар аст, зери тасарруфи худ нигаҳ дорад. Таърих гувоҳ аст, ки ҳанӯз аз замони ҷанги шаҳрвандӣ Эрон маҳз бо ҳамин ғараз ба майдони баҳсу талош ворид шуд ва ҳамешагӣ аз онҳое пуштибонӣ мекард, ки онҳо узви ташкилоти экстремистиву террористии (ТЭТ) "ҲНИТ" буданд…
Ҷои баҳс нест, ки дар ташкили ин ҳизб ва густариши он таъсири Эрон намудор аст ва пуштибонии ашхоси алоҳида аз ин ҳизб барои Эрон суннати дерина дорад. Бубинед, ки ҳатто баъди эъломи манъи фаъолияти ТЭТ "ҲНИТ" дар Тоҷикистон Эрон роҳбари ин ҳизбро ҳамчун шахси расмӣ дар ҳамоиши байналмилалӣ ба ҳузур пазируфт ва мавқеи кишвареро,ки бо Эрон дӯстии беғаразона дорад, сарфи назар намуд. Аслан ин хатогии бузурге буд, ки ҲНИТ, ҳизбе, ки ташкилоти террористӣ эълон шуд, барои Эрон чун дӯст ва ҳамкор пазируфта гардид. Маҳз ҳамин ҳолат чеҳраи аслии ин кишварро барои мардуми тоҷик ошно кард. Бозиҳои мазҳабии Эрон мо мардуми суннимазҳаби тоҷикро водор мекунад,ки амиқтару аниқтар андеша намоем, зеро он ҳаргиз оқибати нек ба бор намеорад ва метавонад вартаи ҳалокати миллатро эҷод намояд. Зеро дар Тоҷикистон 97% аҳли мазҳаби ҳанафӣ ҳастанд ва он суннати бобогии мост ва рахна дар мазҳаб рахна дар дин ва ақидаи динист. Ҳамкории ин ду кишвар бояд содиқона дар заминаи адабиёт ва фарҳанги муштарак бошад ва манфиатҳои мазҳабӣ бояд сарфи назар гардад. Зеро Тоҷикистон нав аз таъсири манфии ҷараён ва ҳизбҳои ба ном "динӣ" ҳамчун "Ҳизби таҳрир", "Ансоруллоҳ", "Ҷамъияти таблиғ", "Ҳаракати исломии Туркистон", "Ҷундуллоҳ" "Ҷараёни Салафия"халос хӯрда истодааст ва таъсири як мазҳаби дигар ба ҷомеаи ороми Тоҷикистон ба фоидаи фардои миллат нест.
Пештар Маркази исломшиносӣ, як ниҳоди вобаста ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон  бо нашри матлабе Эронро барои талоши бесуботӣ дар кишвар муттаҳам кард ва хост, ки Теҳрон дар муносибат бо Душанбе аз бозии, ба қавли онҳо, "сиёсӣ - мазҳабӣ" даст бардорад. Ин марказ бовар дорад, ки талоши Эрон барои исломисозии ҷомеа, таблиғи ақидаҳои шиаи дувоздаҳимома, аз ҷумла баргузории маросими Ошуро ва пӯшиши либоси сиёҳ дар Тоҷикистон, муносибати ду кишварро ба бунбаст бурд.
Аз ин лиҳоз тайёр намудани (тарбияи) шахсият дар фаъолияти ҳаётии ҷаҳони глобали имрӯза вазифаи ҳозираи маориф ба фазои маорифи  ҷаҳонӣ дохил шуда, барои ба ба вуҷуд овардани насли навраси руҳан ва ахлоқан тоза кӯшиш ба харҷ дода ва бартараф намудани бӯҳрони руҳиро дар ҷамъият бартараф намояд.
Бо мақсади ҳал намудани ин вазифа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2006 «Консепсияи тарбияи миллӣ» қабул карда шуд. Дар консепсия равандҳои асосии тарбияи насли навпас мукайян карда шудааст. Масалан, тарбияи щоявӣ -сиёсӣ , тарбияи экологӣ, тарбияи ахлоқӣ ва пайрав. Дар вай гуфта шудааст: «аз соҳаи маориф тарбияи шахсият, доштани фаҳмиши миллӣ ва ва ҷаҳонбинии илмӣ, эҷоди тафаккур ва қобилият ҷорӣ намудани потенсилали созандагии худ бошад.»
Ҳар як шаҳрванди мамлакат бояд истиқлолияти давлати худ ва бехатарии ва оромии ҷамъиятро қадр кунад. Ҳеҷ вақт ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳад, ба ташфиқотҳои бегонаи экстремистӣ дода нашавад. Дар замони ҳозира терроризм ва экстремизм дар  масштаби нодида паҳн гаштааст , ки бо даҳшатнокӣ ва фоҷиваии дар асри 21 ба масъалаи ҷидди табдил ёфтааст.
Дар солҳои охир Хукумати Ҷумҳур и як қатор чорабиниҳо оиди пешгирии паҳншавии тафаккурҳои радикалии исломӣ дар байни аҳолӣ гузаронида истодааст.
Алалхусус ин ба ҷавононон тааллуқ дорад. Мисол, соли 1999 стратегияи миллии ҶТ оиди пешгирии зӯроварии радикализм ва экстримизм, ки ба терроризм меоварад қабул гардид.
Дар мамлакат моҳи августи соли 2011 қонун «Оид ҷавобгарии волидайнҳо барои тарбия ва таълими фарзандон» қабул гардид. Вай дар худ номгӯи вазифаҳои волидайнҳо аз он ҷумла вазифадор ҳастанд, ки фарзандонашонро ба иштироки фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ намонанд ба щайр аз аз фарзандоне, ки дар ташкилотҳои динии вуҷуддошта таҳсил менамоянд.
Қисми ҷудонавандаи илму маърифат, тарбия дар ҳаёти ҷамъияти нақши муҳимеро иҷро мекунад. Дар оянда тараққии ёфтани ҷамъият ва давлат аз чӣ гуна ба камолрасии ҷавонон вобаста аст. Яке аз равандҳои дар ҳаёт татбиқкунии консепсияи миллии таълимӣ аз гузаронидани соатҳои тарбиявӣ дар мактабҳои олӣ мебошад. Онҳо бо нақшаи умумӣ кадоме, ки ба тарбияи ҳаматарафаи шахсият равона мебошад.
Тарбияи щоявии (мафкуравӣ) ҷавонон яке аз равандҳои консепсияи  миллии тарбиявӣ мебошад. Вай тарбияи шахсият, ба ҳимояи истиқлоли ҶТ ва щайраро дорад. Дар навбати аввал ҷавонон бояд тасаввурот дар бораи қонунҳои давлати худ дошта мувофиқи он амал намоянд.
Онҳо на фақат ҳуқуқи конститутсионӣ худро донанд, балки вазифаҳое, ки ватан гузоштааст бояд иҷро намоянд.
Дуюмаш вай бояд, ки тасаввурот оиди дини ислом ва дигар мазҳабҳоро донад.
Барои ба ин мақсадҳо расидан дар барномаи таълимии фанни махсус оиди омӯзиши асоси дини ислом дароварда шавад.
Аз тарафи дигар дар соати тарбиявӣ бояд дар мавзӯъи «Пешгирии дини экстримизм, таъсири манфии он дар ҷамъият-вазифаи ҳар як шаҳрванд» ва дигарҳо гузаронида шавад. Мақсади гузаронидани соати тарбиявӣ ба донишҷӯён додани маълумотномаҳо оиди терроризм ва экстримизм, ба ҷавонон овардани ҳиссиёти бадбинӣ ва рӯйгардон нисбат ба терроризму экстримизм ва дигар равияҳо мебошад.
Дар аввали саршавии соати тарбиявӣ бояд дар бораи таърихи  ба вуҷуд омадани экстримизм ва терроризм, намудҳои ҳархелаи онҳо, давраи тараққиёти онҳо ва мақсади ин равандҳои динӣ гуфта гузаштан ба мақсад мувофиқ аст.
Бояд гуфтан ҷоиз аст, ки дар солҳои охир фаъолияти чунин ҷамъият ба монанди «Ал-Қоида», «Таъсири Толибон», «Салафия», «Бародарон-мусулмонон» ва дигарҳо дар мавзеъҳои ИДМ, Оси¸и Ми¸на ва ҶТ таъсири манфии калонро ба ҳа¸ти ҷамъиятию сиёсии ин давлатҳо расонидааст.
Бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ин ташкилотҳоро да Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст. 
Воқеаҳое, ки байни қувваҳои ҳукуматӣ ва гурӯҳҳои экстремистӣ дар Рашт, ноҳияҳои Балҷувон ва Темурмалик ва дигарҳо мисолҳое мебошанд, ки ин гурӯҳҳо ба давлат ва халқ зиён овардаанд.
Хуб мешуд, ки бо видеороликҳо оиди мавзӯъи соати тарбиявӣ ташкил карда шавад. Ҳамчун қувваи пешравандаи ҷамъият ҷавонон мебошанд, ки бояд ба муқобили намудҳои экстримизми динӣ мубориза бурда бо ин барои кори мустаҳкамкуни ва тараққиёти мамлакати худ ҳиссагузорӣ намоянд.
Дар охири соати тарбиявӣ донишҷӯён бояд фикру мулоҳиза-ҳои худро оиди мавзӯъи соати тарбиявӣ баён намоянд.
 
  Д.и.т., и.в. профессори каф. «ФУТ»            Буходуров Ш.Б.    


ҲИЗБҲОИ ДИНӢ - МАЗҲАБӢ ВА ҶОМЕЪАИ ҶАҲОНИ ИМРЎЗА
Аз таърихи кишварҳое,ки дар онҷо ҳизбҳои динӣ амал менамоянд, ҳеҷ гуна пешравие ба «шарофати равияҳо ва ҳизбҳои идеологияи динӣ дошта, таҷассумгардида ҳисобида нашудааст. Дар аксар мамлакатҳои шарқи наздик ба монанди Сурия, Ироқ, Либия ва як қатор мамлакатҳои Африқои нооромиҳои вуҷуд доранд, ки сабаби асосии он муборизаи ҳизбҳои динӣ ба ҳисоб меравад. Ин гуна ҳизбу ҳаракатҳо мехоҳанд ба сари қудрат оянд лекин бо роҳи интихобот ба онҳо муяссар намегардад ва аз ҳамин сабаб ҳам ногузир бо муборизаи ғайриқонунӣ, кўшишҳои табаддулоти ба ҳокимият соҳиб шудани мешаванд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҲНИТ ҳамчун ҳизби динӣ, ки ниятҳои нопок дошт, ҳамчун ташкилоти эксктремистӣ эълон гардида фаъолияти ин ҳизб аз тарафи мақомотҳои олии мамлакат боздошта шуд. Аз рўзҳои авали таъсисёбии ин ҳизб мардуми Точикистон ин ҳизбро хуб намепазируфтанд, зеро дар давлатҳои Шарқ сиёсӣ  сохтани дин ҳеҷгоҳ сулҳу субот ва оромиро фарогир набуда пешрафтро низ таъмин наменамояд. Дин бояд поку озода бимонад ва барои мутаҳидӣ ва якдигарфаҳмӣ нигаронида шуда бошад. Дар ҳақиқат баъзе аз кишварҳои арабӣ- исломӣ, ки дар бўҳронҳои иқтисодиву сиёсӣ ва маданӣ қарор доранд аз нотинҷиву низоъҳои динӣ - мазҳабӣ хаста гаштанд. Қайд кардан зарур аст, ки фақат низоми сиёсии дунявӣ, ки асоси он донишҳои илмӣ ва тахассусӣ мебошанд, метавонад ҷаҳони имрўзаи ба бўҳронҳо дучор гардидаро аз хатарҳои глобалӣ ва сиёсӣ наҷот бахшад. Вазъи имрўзаи давлатҳои шарқи наздик баёнгари он аст, ки мафкураи динӣ- мазҳабӣ наметавонад ба таври зарура оромиву субот, сулҳ ва амниятро таъмин намояд. Албата дар давлати Тоҷикистон шароити мусоид барои ҳама гуна ҳизбҳои сиёсие, ки ҳадафи онҳо низ тинҷиву оромӣ ва пешрафти Тоҷикистон мебошад, вуҷуд дорад. Аз ин лиҳоз мо бояд танҳо ва танҳо кўшиш ба харҷ диҳем, ки сулҳи тоҷикон пойдор гардида, тинҷиву оромӣ ва пешрафти давлати Точикистон таъмин  бошад .

Устоди кафедраи фанщои умуми техникӣ  :            А. Ҷумъаев

ПУШТИБОНИИ ТЭТ ҲНИТ ҲАМЧУН  ТАРҒИБИ ТЕРРОРИЗМ АЗ ҶОНИБИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ЭРОН
Ташкилоти нахустини Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳанӯз дар соли 1978 дар совхози “Туркманистон“-и ноҳияи Бохтар таъсис ёфта, дар марҳилаи аввал ба монанди созмони “Бародарони мусулмон“ ба таври пинҳонӣ амал мекард. Онҳо ғояҳои худро тартиб намуда  бо роҳи зӯроварӣ  ба ном тартиботи исломиро ҷорӣ намуданд.Онҳо аҳолиро ба “ҷиҳод”-ҷанги муқаддас  ба муқобили ҳокимияти қонунӣ даъват намуданд,яъне дар матбуот ва масҷидҳо баромад намуда  аҳолиро барои сарнагун намудани  ҳокимияти конститутсионӣ ва барпо намудани Ҷумҳурии Исломии Тоҷикистон даъват менамуданд.Солҳои 1992-1997 ҲНИТ  дар Ҷумҳурии Афғонистон амал намуда, баъди ба имзо расидани  Созишномаи  умумии истиқрори  сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  он ҳамчун ҳизби сиёсӣ  аз нав ба қайд гирифта шудааст.
Симои ҳақиқии ҲНИТ-ро собиқ муассис ва узви фаъоли он  Мулло Абдураҳим Ҳалимов чунин баён намудааст :-“Ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистон  аз ҷумлаи аҳзоби сиёсии динӣ ҳаст,  ки пас аз  пошхӯрии Иттиҳоди  Шӯравӣ  нахустин шуда, аз ҳастии худ  дар қаламрави Осиёи Миёна хабар дода буд. Яъне ҲНИТ аз фаъолияти пинҳонӣ ба фаъолияти ошкоро гузашт.Аз он ҷост ки мардуми мусулмон  аз ҷумла рӯҳониёни машҳури тоҷик ҲНИТ-ро намепазируфтан ва онро дастгоҳ ва манбаи идеологияи ваҳҳобия донистанд, фаъолияташро номашрӯъ ҳисобиданд.Аммо ҲНИТ бар иродаи мардуми мусулмон ва рӯҳониёни мазҳабӣ нигоҳ накарда  бо кӯмаки  хоҷагони пасипардагии худ арзи вуҷуд намуд.
Рафтору амалҳои душманони миллати тоҷик, ки барои сарнагун кардани сохти давлати дунявӣ ва ба ҷои он бунёди давлати исломӣ буду ҳаст боиси маҳкумкунӣ аст. Зеро фаъолияти таҳрибкоронаи онҳо хатари зиддиро дар кишвари озоду ободомон ба вуҷуд оварда, ваҳдату ягонагии миллати тоҷикро барбод доданӣ мебошанд.
Ҳанӯз солҳои 90-уми асри гузашта ва имрӯзҳо низ аксарияти кули мардуми тоҷик онҳоро маҳкум менамоянд. Дигарбора фирефтаи онҳо ва бегонагон нагардида, ҳамеша ҳушёрии сиёсиро аз даст намедиҳанд.
Ҳанӯз садҳо шоҳидони дигар ҳастанд, ки аз «меҳрубониҳои» аҷнабиён маълумот медиҳанд. Исботи ин суханҳо боз дар он аст, ки имрӯзҳо маҳз Ҷумҳурии Исломии Эрон ба як қатор роҳбарони собиқ ҲНИТ сарпаноҳ дода, дар зери қаноти худ нигоҳ медоранд. Мақсад аз ин дар чист? Ба ҳамагон маълум аст.
Замон ба марҳилаи наву ҳассос ва ва таърихию сарнавиштсоз ворид шуда  ва акнун метавон гуфт, ки башарият  ба вартаи хатарноку даҳшатборе расидааст.
Гӯё ҳама ва дар чор гӯша олам роҳи берун рафт ва ин бунбастро меҷӯяд,аммо вазъ печидатар шудан дораду роҳи раҳоӣ  аз бӯҳрон то ҳанӯз пайдо нест.
Аз чорсуи дунё ҳар рӯзу ҳар соат маргу таҳриб таъзиқу таъқиб, таҳдиду таркиш ҷангу террор муноқиша одамкушӣ бо шеваҳои гӯшнопадиду муҷодод  мешунавему мехонем.
Таҳлилҳо собит менамоянд ки ба хулоса оем, ки амалҳои агҷомдодаи террористону экстремистон бештар ба дину мазҳаб робита дошта,рушти илму техника ва инсонияту зиндагии онро инкоро мекунад.
Ифротгарони динӣ ин як навъ кӯшиши аз дидгоҳи танги динию мазҳабӣ асоснок кардани фаъолияти гуногунҷабҳаест, ки зӯран ғасб намудани ҳокимият, барангенхтани душманию бадбинӣ миёни намояндагони динҳои мухталиф , халалдор кардани кардани сулҳу субот ва якпорчагии  давлатҳо равона шудааст.
Ҳеҷ гоҳ таасуб ва ақидаҳои мухталиф инсонҳоро ба  ба ваҳдат  ва сулҳ оварда наметавонад.
Сабабҳои пайдоиши терроризму экстримизм мисли шаклҳои он гуногунанд. Омилҳои асосӣ аз ҷумла сатҳи пасти дониши динӣ ва дуниявӣ, маърифати ҳуқуқӣ,хоҳиши табаддулот ва норизогӣ  аз вазъи воқеӣ,пайдо намудани шавқ ба фаъолияти нав, ҷой доштани камбудиҳо дар тарбияи оилавӣ, коҳиш ёфтани сатҳи зиндагӣ,поймол  намудани ҳуқуқҳои динӣ  ва этикӣ, дар сатҳи паст қарор   доштани фарҳанги иттилоотӣ,фаъолияти динии мубаллиғонги хориҷӣ  ва ғайра  ба шумор мераванд.         

ОИД БА СИЁСАТИ НОДУРУСТИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ЭРОН ДАР МУНОСИБАТИ БАЙНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНУ ЭРОН
Аз замони соҳиби мустақилият шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон  байни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Тоҷикистон муносибатҳои бародарӣ ва дӯстӣ мавҷуд буд. Ҳатто Пешвои муаззами миллатамон Эмомали Раҳмон барои бастани сулҳ байни давлатҳои исломии Афғонустону Эрон хеле ҳиссаи зиёде гузоштаанд, ки ин боиси оғози пешрафти ҳамкории дӯстона байни ин ду давлатҳо гашт.
Рӯзҳое буд, ки ин давлати Исломии Эрон бо роҳбарии Аҳмади Наҷот бо давлатамон бисёр ҳамкориҳо кардааст, ба монанди ҳиссагузорӣ дар Сохтмони нақби Анзоб, НОБ-и Сангтӯда 2 ва муомилоти тиҷоратии бо ҳаҷми нисбатан калони маводу маҳсулоти таъминоти хоҷагии халқ мисоли ин гуфтаҳо мебошад.
Вобаста ба самти илм бошад он солҳо барои пешрафти илм якчанд бурсияҳо барои  додани илм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои зиёде кардааст. Ҳаммаи ин ҳамкориҳо барои мустаҳкам шудани робитаи байни халқҳои муносибати таърихӣ дошта аҳамияти калон дошт.
Вале баъди ба сари ҳокимияти Исломии Эрон омадани Ҳасани Рӯҳонӣ муомилоти байни ин ду давлати дусти қадима оҳиста оҳиста коҳиш ёфт. Баъзе намояндагони гурӯҳҳои мансабдори давлати Исломии Эрон, бо мақсадҳои ғаразноки табдилдиҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлати Исломӣ ҳаракатҳои ифротии мазҳабии кишвари моро ташвиқ намуда, маблағгузории назаррас намуданд ва боиси нооромии кишварамон шуданд. Хушбахтона кормандони амнияти кишварамон аз нияту мақсадҳои нопок дар зери партави нишондодҳои Пешвои муаззами миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати милли мӯҳтарам Эмомали Раҳмон сари вақт хабардор шуда, пеши роҳи ғасб ва табаддулоти давлатиро гирифтанд. Баъди ин рафторҳои беандешаи Ҷумҳурии Исломии Эрон муносибатҳои байни ин ду давлати халқи ҳамзабону таърихи ягона дошта коҳиш ёфт ва боиси дур шудани ин ду давлат гашт.
Бо ниятҳои нек мо умедворем, ки ин ду давлати таърихии бо ҳам дӯсту ҳамзабон боз хуб шуда ҳамкориҳои тарафайн ривоҷ меёбанд. Ва ба сари ҳокимияти давлати Исломии Эрон роҳбарони дурандешу хирадманд  омада, ин давлати пурқудрати дунявӣ ки роҳ ба сӯи бесару сомонӣ нигоҳ карда истодааст бо фикрҳои оқилонаву рафтори неки инсондӯстиаш давлати Исломии Эронро байни давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон муаррифи менамоянд. Хуб мешуд мисоли Пешвои муаззами миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати милли мӯҳтарам Эмомали Раҳмон ин давлати бесарусомонро ягон фарди миллати Эрон мисоли Аҳмади Наҷот ба тинҷию оромӣ ва сулҳу суботи замонави оварда расонад.

Ассистенти кафедраи таъминоти барқ                            Бобоев Ш.А.

ТЕРРОРИЗМ КАК ГЛАВНАЯ УГРОЗА СОВРЕМЕННОЙ ЦИВИЛИЗАЦИИ.      
В последнние десятилетия в мире наблюдается активизация такого явления как терроризм, разнообразие маштабов, форм и сфер его проявления.
Современный терроризм- сложное, многоаспектное и крайне негативное социально-политическое явление, вышедшее за рамки национальных границ отдельных государств и превратившихся в маштабную угрозу для безопастности всего мирового общества. С участием руководителей государств, были проведены множество международных конференций   посященных поиску эффективных методов и форм борьбы с этим глобальным злом. На этих форумах неоднократно констатировалось, что для эффективного протевоздействия терроризму нужна международная система борьбы с ним.
Чтобы протевоздействовать терроризму нужно точное определение сущности терроризма.
В настоящее время актуальным является оределение терроризма сформулированное Шанхайской организацией сотрудничества(ШОС) в июне 2001года в принятой ими Шанхайской конвенции о борьбе с терроризмом, сепаратизмом и экстремизмом (в статье 1 п.1):
Терроризм- это «, любое деяние напрвленное на то, чтобы вызвать смерть кого-либо гражданского лица или любого другого лица, не принимающего активного участия в военных действиях в ситуации вооруженного конфликта». Как известно терроризм непосредственно связан с экстремизмом, т.е по существу, экстремизм является частью терроризма.
«Экстремизм» как обобщающий термин был введен в активный оборот современной политики только во второй половине ХХ века. Согласно определению, данному ПАСЕ (Парламенская Ансамблея Совета Европы) в 2003 году, - «экстремизм»-это такая форма политической деятельности, которая прямо или косвенно отвергает принципы парламенской демократии.
Экстремизм- это политическая практика, в основе которой лежат радикальные идеи, отрицающие идейно-институциональные основы данного общественно политического устройства и призывающие к немедленному насильственному изменению легитимного конституционного строя.
Виды терроризма по используемым способам и средствам.
-политический терроризм: политическая иформационно-психологическая или вооруженная провокация: политические или военные санкции, лишение гражданских политических прав по этническому, региональному или мировозренческому принципу: закрытие опозиционных СМИ, запрет критических публикаций, преследование неугодных журналистов,
- экономический терроризм: экономические санкции против отрасли или государства: экономическая блокада с использованием вооруженных сил,
-вооруженный терроризм: индивидуальные и групповые терракты со взрывами в общественных местах, взрывами или захватом транспортных средств, убийством людей, захватом заложников: полицейский террор: партизанская война, диверсии, операции секретных служб на чужой территории в мирное время, военные операции против другого государства, геноцид этносов, социальных слоев, политических групп,
-информационно-психологический терроризм: дезиинформация, внушение СМИ нравственно-этических и поведенческих стериотипов, протеворечащим традиционным для данного народа нравственным ценностям, социально-бытовым традициям и нормам,
-социально-бытовой терроризм: уничтожение и порча имущества, дискриминация.
Для эффективной борьбы с терроризмом необходим системный подход к организации антитерористической деятельности на государственном уровне. Важнейшим условием борьбы с терроризмом является непримиримость, решительность и жесткость ответных действий, наличие хорошо обученных технически оснащенных и экиперованных специальных подразделений.
Заключение
Терорризм всегда носит внеправовой характер демонстративно не желает считатся с нарушаемым им прововом - уголовным, гражданским, экономическим, национальным и международным, правом другого человека на жизнь и свободу.
Проявления терроризма влекут за собой массовые человеческие жертвы, разрушаются духовные, материальные, культурные ценности, которые невозможно воссоздать веками.
Терроризм во всех его формах и проявлениях и по своим маштабам и интенсивности, по своей бесчеловечности и жестокости превратился ныне в одну из самых острых и злободневных проблем глобальной значимости.

Литература:
1.Рыбаков В. К вопросу о терроризме, или две стороны одной медали.     Мировая экономика и международные отношения. -2001-№3
2. Моджорян.Терроризм правда и вымысел.М.1983г.

Кафедра спорт и гражданская оборона Фархазова Р.Н.



















09 февралӣ соли 2018.
Copyright © 2015-2016, Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон. Email: gmit_tajikistan@mail.ru