Дар қасри фарҳангӣ ноҳияи Ҷаббор Расулов ва маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен мулоқоти роҳбарони муасиссаҳои олии вилоят бо хатмкунандагони ноҳияҳо баргузор гардид. Раиси ноҳия вохӯриро ифтитоҳ намуда, гуфтан, ки ин иқдоми шоиста барои боз ҳам беҳтар ва дақиқтар шинос шудани довталабони макотиби олии вилоят аз дастовардҳои муассисаҳои олии вилоят мусоидат мекунад.
Замониддин Насриддинов, муовини ректори ДКМТ  баромад намуд.
Ҳамзамон дар ҷараёни мулоқот ректори ДДХБСТ Чамшед Чўрабоев, директори ДПДТТ Дилафрўз Сангинова, директори ДИСДТТ Инъом Аминов ва ректори ДДХ Анвар Мақсудов баромад намуданд.
Сипас, хамткунандагон доир ба вазъи таҳсил, имкониятҳои донишгоҳҳо, ҳамкориҳои хориҷӣ ва дигар муаммову мушкилоти хеш ба роҳбарони муассисҳои олии вилоят саволҳо матраҳ намуда, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.
Дар мулоқот намояндаи МИҲД-и вилояти Суғд Мирзотоҳир иштирок ва суханронӣ намуд
.
НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ ВА СПИТАМЕН
Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом мулоқоти роҳбарони муасиссаҳои олии вилоят бо хатмкунандагони шаҳр баргузор гардид. Раиси шаҳри Конибодом Ғайбулло Боҳирӣ вохӯриро ифтитоҳ намуда, гуфт, ки ин иқдоми шоиста барои боз ҳам беҳтар ва дақиқтар шинос шудани довталабони макотиби олии вилоят аз дастовардҳои муассисаҳои олии вилоят мусоидат мекунад.
Мухтор Фозилов, ректори ДКМТ баромад намуда, аз ҷумла гуфт, ки фаъолияти таълимии донишкада дар 3 факултет, аз ҷумла 15 кафедра, аз он 10 кафедраи тахассусӣ, Парки технологӣ ба роҳ монда шудааст. Дар донишкада аз рӯи 15 ихтисос дар шӯъбаи рӯзона ва аз он 6 ихтисос дар шӯъбаи ғоибона дар асоси нақшаҳои таълимӣ таҳсил сурат мегирад. 
Ҳамзамон дар ҷараёни мулоқот ректори ДДХБСТ Чамшед Чўрабоев, директори ДПДТТ Дилафрўз Сангинова, директори ДИСДТТ Инъом Аминов ва ректори ДДХ Анвар Мақсудов баромад намуданд.
Сипас, хамткунандагон доир ба вазъи таҳсил, имкониятҳои донишгоҳҳо, ҳамкориҳои хориҷӣ ва дигар муаммову мушкилоти хеш ба роҳбарони муассисҳои олии вилоят саволҳо матраҳ намуда, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.
Дар мулоқот намояндаи МИҲД-и вилояти Суғд Мирзотоҳир иштирок ва суханронӣ намуд.
ШАҲРИ КОНИБОДОМ