Тоҷикистон чун давлати демокративу ҳуқуқбунёд имрўзҳо дар арсаи байналмиллалӣ мақом ва манзалати хоса дорад. Баҳри таҳкимёбии ҳокимияти конститутсионӣ амалӣ намудани ғояҳои демократӣ чун меҳвари асосӣ ҳисобида мешавад. Дар Тоҷикистон ба озодии виҷдон,  озодии шаффофияти он пурра дар зери назорати давлат қарор дорад.
Айни замон шахсоне, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кўшиш менамоянд, мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто, бо амалҳои тундравона амалӣ созанд. Яке чунин ҳизбҳо, ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон буд.
Гарчанде таъиноти асосии таъсисёбии ҲНИТ аз ҳифзи истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, ҳимояи якпорчагӣ ва тамомияти арзии Тоҷикистон, ҳимоят аз истиқрори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва ҳамзистии бародаронаи халқҳои ҷумҳурӣ иборат бошад ҳам, вале солҳои охир аъзои он теъдоди зиёди ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистӣ (ифротгароӣ)-доштаро содир намуда, дар байни аҳолӣ, аз ҷумла бо истифодаи воситаҳои ахбори омма норозигию иғво ва кинаю адоват барангехта истодаанд, ки ин амалҳои онҳо боиси халалдоршавии ҳаёти осудаи шаҳрвандон ва амнияти ҷамъиятӣ гардида, ба асосҳои сохти конститутсионӣ ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид менамояд.
Хушбахтона бо қарори Додгоҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ин ҳизби тафриқаандозу ҷудоихоҳ қатъ карда шуда он имрӯз ҳамчун ҳизби ифротӣ ва экстремистӣ эълон гардид.
Назҳат ва назҳатиён ҳамеша ба таърифу тавсиф ниёз дошт ва дорад, чунки аз он меҳаросад, ки симои зишташон пешорӯи мардум намоён гардид ва дигар имкони ба арсаи сиёсӣ по гузоштан ва қудратманд шуданро аз даст дод. Ин аст, ки ба таърифу тавсифхои бебунёд, худнамоиву риёкорӣ, авомфиребию найрангбозӣ ҷавононро ба доми фиребу найранг ва роҳҳои бад кашида истодааст.
Имрӯз ҳам ин талошҳо ҷой доранд. Ҳама иқдомоти террористони наҳзатӣ ва пуштибононашон тавассути паҳн намудани иттилооти муғризона ва бардурўғ ба ҷалб кардани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба худашон, паст задани нуфузи давлатдории миллии мо нигаронида шудааст.
Замоне фаро расидааст, ки қатъи назар аз гуногунии ақидаҳои сиёсӣ ва динию мазҳабӣ дар амри пешгирӣ аз хатарҳои экстремистӣ ва терроризм баҳри саодати мардумамон, ободии хонаву дар ва ҳифзи Ватани азизамон ҳаммаром бошем.    
Устоди ДКМТ Ҳошимов Х   15.12.2017с.

САБАБҲОИ ШОМИЛШАВИИ ҶАВОНОН БА ҲИЗБУ    ҲАРАКАТҲО ВА ГУРӮҲҲОИ ИФРОТГАРОЁНА ВА РОҲҲОИ   ПЕШГИРИИ ОН. 
Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ ,Пешвои миллат ,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомали Раҳмон борҳо дар баро-мадҳояшон қайд карданд,ки «тероризм ватан,миллат ва мазҳаб надорад».Солҳои охир гурӯҳҳо  ва ҳизбу  ҳаракатҳои ифротга-роёна дар зери ниқоби дини мубини ислом ба амалҳои нангини террористӣ мезананд. Барои тарщиби щояҳои худ онҳо аз шабака-ҳои иҷтимоӣ васеъ истифода мебаранд. Ҷавонони гумроҳе , ки аз асли дини мубини ислом бехабаранд, фирефтаи ваъдаҳои онҳо ме-гарданд.                                                                                    Бо дастуру ҳидоятҳои  Пешвои миллат ,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомали Раҳмон китоби муқаддаси  Қуръон  ба забони тоҷикӣ тарҷима карда шуда , ройгон ба муассисаҳои давлатӣ ва таълимию фарҳангӣ  тақсим карда дода шудааст, ба щайр аз ин бо супориши он кас китобҳои ҳадиси набавӣ ва китобҳои фиқҳии мазҳаби «Имоми Аъзам» ба забони тоҷикӣ тарҷума карда шуда, озодона ба фурӯш гузошта шудааст. Ин щамхории  Пешвои миллат ,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомали Раҳмон нисбати ҳар як фарди соҳибақли мусалмони муқими кишварамон мебошад. Акнун ҳар кас метаво-над бо асли дини мубини ислом шинос гардад ва аз ақидаҳои ху-рофотие,ки пештар мавҷуд буд, дур гардад.                               Мутаасифона бархе аз ҷавонон ба ҷои мутолиаи ин китобҳо рӯ ба шабакаҳои иҷтимоӣ оварда, ба афсонаҳои миссионерҳои   гурӯҳҳо  ва ҳизбу  ҳаракатҳои ифротгароёна бовар карда, шомили онҳо мегарданд ва боиси нооромии волидони худ мегарданд.Ин албатта  сулҳу суботи ҷомеаи кишварамонро халалдор месозад . Солҳои  90-уми қарни гузашта мо донишҷӯ будем ва аз оқибатҳои фоҷиа-овари ҳодисаҳои нангини он солҳо бархурдор ҳастем .Маҳз ҳамон солҳо аввалин маротиба дар ҷумҳуриамон майнаи ҷавононро бунёдгарони ба ном исломӣ- ваҳҳобиҳо заҳролуд карда ,мамлакати тинҷу ороми моро  ба майдони ҷангу набардҳои бемаънӣ табдил дода буданд. Аз фурсати муносиб истифода бурда дуздону щорат-гарон ба дуздии моликияти давлатию шахсӣ машщул гашта,халқу мамлакатро ба қашшоқӣ оварда расонида буданд. Хушбахтона дар Сесияи XVI-и Шӯрои Олӣ,ки моҳи ноябри соли 1992 дар «Қасри Арбоб» барпо гардид , аз тарафи вакилони мардумӣ сарвари давлатамон Эмомали Раҳмонро интихоб намуданд. Аз рӯзҳои аввали сарвари давлат интихоб шудан он кас баҳри истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон камари ҳиммат баста ,бо ёрии халқи шарафманди тоҷик сулҳи пойдорро дар мамлакат барпо карданд. Мутаасифона душманони дохилию хориҷии халқи тоҷик бо ҳар гуна роҳ мехоҳанд сулҳу субот ва оромиро дар кишварамон халалдор созанд , барои роҳ надодан ба ин бояд ҳар як шаҳрванди бо нангу номуси ватандӯст кӯшиш ба харҷ диҳад. Аз ВАО хабарҳои нохуши  шомилшавии ҷавонони тоҷикро ба ҳизбу  ҳаракатҳо ва гурӯҳҳои ифротгароёна бархурдор мегардем,ки сабабҳои асосии шомилшавии онҳо ба ин гурӯҳҳо инҳо мебошанд:                                                           -маърифати пасти илмию маънавии ҷавонон, дуруст сарфаҳм нарафтан ба аҳкоми шариати исломӣ,                             - ҷустуҷӯи роҳи осони маблащи зиёд ба даст овардан, -аз тарбияи волидон дур мондани фарзандон,                                      -ба ҷои мутолиаи китоб , вақти қиммати худро ба шабакаҳои иҷтимоӣ сарф кардани ҷавонон.                                                    Роҳҳои пешгири кардани шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу    ҳаракатҳо ва гурӯҳҳои ифротгароёна  :                                                -баланд бардоштани маърифатнокии ҷавонон бо роҳи тарщиби дастовардҳои илмию фарҳангӣ,                                                           -дуруст ба роҳ мондани тарбияи ҷавонон дар натиҷаи фаъолияти якҷояи волидону муассисаҳои таълимӣ ва кормандони соҳаи ҳифзи ҳуқуқ,                                                                                             - ташкили вохӯриҳои якҷои бо кормандони амнияти миллӣ , милитсия, прократура , уламои динӣ оид ба мавзӯи «Шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу    ҳаракатҳо ва гурӯҳҳои ифротгароёна ва роҳҳои   пешгирии он».                                                                   -таҳти назорати қатъи гирифтани марказҳои интернетӣ,-ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим ҷалб намудани ҷавонон.
Ғафоров Содирҷон Ҷалилович-сармуаллими кафедраи    фанҳои табиӣ- илмии ДКМТ.

НАЗАРЕ БА МАҚОЛАИ «ШОҲИДИ ЗИНДАИ БЕДОДИИ ҲНИТ»
Мусоҳибаи рӯзноманигори рӯзномаи «Хатлон» Носирҷон Маъмурзода бо собиқ яке аз роҳбарони САМНИТ (ниҳоди амниятии ИНОТ) дар солҳои 90-уми асри гузашта доир ба фаъолиятҳои ғаразнок ва тахрибкоронаи ҲНИТ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ касро ба хулоса меоварад, ки дар ҳақиқат ин ҷанги шаҳрвандӣ - ҷанги таҳмилӣ буда, дахолати неруҳои хориҷӣ хело калон буд.
Аз мусоҳиба маълум мегардад, ки қувваҳои аҳримонии хориҷӣ, алалхусус аз ҶИА, ҶИЭ, ҶИП барои ноил гардидани ниятҳои ғаразноки худ чӣ қадар кӯшишҳо карда, маблағҳои бешумореро сарф кардаанд.
Собиқ яке аз роҳбарони ниҳоди амниятии ИНОТ Сияҳаков С.Ш. бо ҷавобҳои худ баъзе саҳифаҳои барои оммаи мардуми тоҷики номаълуми ҷанги таҳлилии шаҳрвандон солҳои 90-умро дар Тоҷикистон боз намуд.
Алалхусус симои он шахсоне, ки дар хизмати хоҷагони хориҷии худ буданду баҳри манфиатҳои шахсии худ амалҳои ваҳшонии гӯшношунид мекарданд.
Навиштаҳои ин мақола ҳар як шахс, ҳар як шаҳрванди боору номуси Тоҷикистонро ҳушдор медиҳад, ки он фикру ғаразҳои фундаменталистони исломии солҳои 90-ум ва гумаштагони имрӯзаи онҳо ҳанӯз ҳам аз ниятҳои худ даст накашидаанд.
Рафтору амалҳои душманони миллати тоҷик, ки барои сарнагун кардани сохти давлати дунявӣ ва ба ҷои он бунёди давлати исломӣ буду ҳаст боиси маҳкумкунӣ аст. Зеро фаъолияти таҳрибкоронаи онҳо хатари зиддиро дар кишвари озоду ободомон ба вуҷуд оварда, ваҳдату ягонагии миллати тоҷикро барбод доданӣ мебошанд.
Ҳанӯз солҳои 90-уми асри гузашта ва имрӯзҳо низ аксарияти кули мардуми тоҷик онҳоро маҳкум менамоянд. Дигарбора фирефтаи онҳо ва бегонагон нагардида, ҳамеша ҳушёрии сиёсиро аз даст намедиҳанд.
Дар охири сӯҳбат Сияҳаков С.Ш. бори дигар қайд менамояд, ки ҳанӯз садҳо шоҳидони дигар ҳастанд, ки аз «меҳрубониҳои» аҷнабиён маълумот медиҳанд. Исботи ин суханҳо боз дар он аст, ки имрӯзҳо маҳз Ҷумҳурии Исломии Эрон ба як қатор роҳбарони собиқ ҲНИТ сарпаноҳ дода, дар зери қаноти худ нигоҳ медоранд. Мақсад аз ин дар чист? Ба ҳамагон маълум аст.
Абдуллоев И.Р., дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ

ОЁ ФИКР НАМЕКУНАНД
Ба  ҳамагон маълум аст, дар ҳудуди Тоҷикистони соҳибистиқлол тинҷиву ороми  ва сулҳу субот  пойдор мебошад. Намедонам,  чи  сабаб  бошад, ки  ин гурӯҳ   нияти баъдро доранд ва оқибати ин корҳои анчомдодаи онҳо  некӣ нест.  Дар  ҳоли ҳозир бошад, дар даврае, ки ҷаҳон торафт дар торҳои партофтаи нақшаи глобалии абарқудратҳо печидан дорад, қарзи ҳар як фарди  миллатпарасту ватандӯст яктост: роҳ надодани ғояҳо ва андешаҳои  бегона ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии  мо ва маҳкум намудани терроризму экстремизм.  Мо хуб медонем, ки  дар шароити имрӯза дар Ватани азизи мо Тоҷикистон,   ҳамчун давлати соҳибистиқлол, озодӣ бо тамоми мушаххасоти давлати демокративу ҳуқуқбунёду дунявӣ рўи пояҳои мустаҳками давлатдорӣ қарор гирифт ва аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуд. Ва намоёнтарин чеҳраи сиёсии ин айёми мураккаб ва ҳамзамон тақдирсоз  хизматҳои фидокоронаи Президенти кишвар мебошад.
Оё онҳо  як бор аз худ мепурсанд, ки бо чунин роҳ  ба ҳукумат  расидан чӣ паёмадҳое дар  пай хоҳад дошт?  Оё фикр намекунанд, ки кишвари  оромиро  ба коми ҷангҳои  беохир мекашанд.  Боқӣ, ин тоифаро инсоф диҳад, бигузор як хулоса  даркории худро дар мавриди аз даст кашидан ва ё умуман по додани он бароранд.    Аз ин рӯ, халқ дар шахсияти  ӯ роҳбар ва сарвари олиҳиммати худро пайдо намуд. Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба тимсоли ифтихори ватандорӣ барои мардум табдил ёфт ва иродаи мардумро дар истиқрори сулҳ ва пиёда  намудани  сиёсати мусолиҳаи  миллӣ ба таҳрик овард, ки зеҳни мардумро дигаргун сохт ва иродаи ӯро ҷанбаи созандаю бунёдкорӣ дод. Бояд қайд намуд, ки Ваҳдати миллӣ бешубҳа рамзи воқеӣ ва ҷавҳари фалсафаи сулҳофарии миллати  тоҷик ва таҷассумгари ҳамбастагию ҳамдилии тамоми мардуми Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, дастгирии онҳо аз ҷониби кишварҳои бузургу созмонҳои байналмилалӣ аз боло рафтани нақши Тоҷикистон дар ҳалли масоили ҷаҳонӣ ва минтақавӣ гувоҳӣ медиҳанд.

БОИСИ ТААССУФ АСТ, КИ ҶАВОНОН ГУМРОҲ МЕШАВАНД
Мардуми тоҷик дар атрофи Пешвои миллат, асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гашта, барои расидан ба қуллаҳои баланди сулҳу субот ва амнияту шукуфоии Ватани азизамон  - Тоҷикистон  пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Имсолро Пешвои бузургамон Соли Ҷавонон эълон намудаанд. Пешбарандаи ҷомеа ҷавонони далеру шуъҷои мо ҳастанд.Ояндаи миллати кӯҳанбунёди тоҷик дар дасти онҳост.Ҷавонон бояд дар ободии Ватани маҳбубамон ҳиссагузор бошанд.
Вале дар ҷомеа нафароне низ ҳастанд, ки пешравию шукуфоии кишвари азизамонро дидан нахоста, таҳдидҳоро ба миён оварда, бехатарию субот ва осудагии кишварро халалдор мекунанд.
Боиси таассуф аст, ки бархе аз ҳамватанон бо кӯмаки аҷнабиён  барои ноором кардани вазъияти дохилии кишвар иштирок намуда, задухӯрдҳои мусаллаҳонаро  амалӣ мекунанд. Ба номи миллати тоҷик ва наздикону пайвандонашон доғ меоранд, волидаён ва аҳли байти хешро дар назди халқу миллат сархаму шарманда месозанд.
Яке аз сабабҳои ба ин гурӯҳҳои тундрав шомил гаштани бархе аз ҷавонон, алалхусус  ин нокифоя будани дониши илмиву дунявӣ, сиёсӣ ва номукаммал фаҳмидани дин аст.
Агар шахс дар ҳадди зарурӣ дониши илмиву дунявӣ ва ё фаҳмиши мукаммали динӣ дошта бошад, ҳеҷ гоҳ мутеи фикру ақидаҳои дигарон нахоҳад шуд.
Дар муқобили терроризм ва экстремизм аз ватандӯстӣ ва инсондӯстӣ дида дигар қувваи бузурге нест. Пеши эҳсоси бегонапарастиву инсонбадбинӣ ва даҳшатафканиро, маҳз ҳамкории аҳли илму маърифат, волидайн ва уламои дин гирифта метавонад. Барои ин мо бояд ҷавононро дар рӯҳияи инсондӯстиву  ватандӯстӣ  тарбия  намоем. Ва онҳоро тавре тарбия намоем, ки  аз терроризму ифротгароӣ ҷилавгирӣ намоянд.
Терроризм дар асри ҷаҳонишавӣ аз насли бесаводу бефаросат ҳамчун бозичаи дастӣ истифода мебарад. Агар назар афканед, як одами бесаводу ҷоҳил на танҳо гузаштаро намедонад, балки ояндаро ҳам тасаввур карда наметавонад, танҳо бесаводона дастур иҷро мекунад. Аз ин нуқтаи назар одами босавод ҳатман ватандӯст ва инсондӯст ҳам ҳаст. Хулоса, тарбияи як насли босавод, ки ватандӯст ва инсондӯст ҳам ҳаст, ҷавоб ба бозиҳои нави ҷаҳонист.
Воқеан, имрӯз ҳодисаҳои мудҳише, ки аз гурӯҳҳои террористию экстремистӣ анҷом дода мешаванд, боиси ҳалокати ҳазорон одамон мегарданд, водор мекунад, ки барои саводнок шудани ҷавонон, алалхусус, аз ҷиҳати сиёсӣ ҷаҳду талош бояд кард. Зеро то ҷамъият аз ҷаҳлу бесаводӣ берун наояд, то фарҳангу фаросату инсондӯстиаш боло нагирад, мубориза бо терроризму ифротгароиву вайронкорӣ натиҷаи дилхоҳ нахоҳад дод.
Баъзе ҷавонон бо сабаби ноогоҳии сиёсӣ ва надонистани ҳуввияти миллӣ эҳсоси ватандӯстию инсондӯстӣ оқибати рафтори худро дарк накарда, ба ин роҳ мераванд ва ба Ватану миллат хиёнат мекунанд.
Мувофиқи нишондодҳо дар натиҷаи истифода аз дин ва озодиҳои динӣ тадриҷан зиёдшавии экстремизми исломӣ ба назар мерасад. Ифротгароёну террористон, ки бо шиорҳои динӣ по ба майдони сиёсат гузоштаанд, аз ҳама беш мафкураи ҷавононро ба нишон гирифтаанд. Зеро медонанд, ки ҷавонон дар ҳар ҷомеа нерӯи асосӣ ва имрӯзу ояндаи давлат ба шумор мераванд.
Ба ҳар як шахси хирадманд маълум аст, ки маҳз дар шароити соҳибистиқлолии кишварамон масҷидҳои зиёде сохта шудаанд. Уламои динро лозим аст, ки шукри инро ба ҷо оварда, дар баромадҳои худ бештар оид ба ватандӯстию инсондӯстӣ сухан кунанд.
Барои баҳои холисона додан, инсон бояд воқеъбин ва боинсоф бощад. Дар бораи одамони аз инсофу ислом дур Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ чунин мегӯяд:
                 Ҳазор сол роҳ аст аз ту то мусулмонӣ,
                 Ҳазор соли дигар то ба ҳадди инсонӣ
Бояд донист, ки нафарони ба гурӯҳи террористӣ ва экстремистӣ шомилгашта роҳи наҷот надоранд ва қурбони дасисаҳои хоҷагонашон хоҳанд шуд ва номи ин ашхос ҳамчун хоини Ватан дар саҳифаҳои таърих бо ҳуруфи сиёҳ сабт хоҳад шуд.
Замоне фаро расидааст, ки қатъи назар аз гуногунии ақидаҳои сиёсӣ ва динию мазҳабӣ дар амри пешгирӣ аз хатарҳои экстремистӣ ва терроризм баҳри саодати мардумамон, ободии хонаву дар ва ҳифзи Ватани азизамон ҳаммаром бошем.    
Назҳат ва назҳатиён ҳамеша ба таърифу тавсиф ниёз дошт ва дорад, чунки аз он меҳаросад, ки симои зишташон пешорӯи мардум намоён мегардад ва дигар имкони ба арсаи сиёсӣ по гузоштан ва қудратманд шуданро аз даст медиҳанд. Ин аст, ки ба таърифу тавсифхои бебунёд, худнамоиву риёкорӣ, авомфиребию найрангбозӣ ҷавононро ба доми фиребу найранг ва роҳҳои бад мекашанд.
Бояд моён шахсиятҳои бофарҳанг бар зидди ин ифротгароён мубориза барем. Ба ҷавонон бештар оиди зиён ва кори зишти гурӯҳҳои манфиатҷӯй сӯҳбатҳо ва ҳангоми машғулиятҳо дар бораи мафкураи вайрони ин гурӯҳҳои ифротгаро маълумот диҳем.
Ифроггароён то куҷо дар ин кори зишт муваффақ мешаванд, вақт нишон медиҳад, аммо набояд фаромӯш кард, ки наҳзат чӣ дар гузашта ва чӣ имрӯз дар мағшуш сохтани насли ва сӯи бегонашавӣ ва аҷнабигароӣ раҳнамун намудани онон «нақши калидӣ» дошту дорад.
Бо вуҷуди ин доимо риёкорона иброз медорад, ки бо рафтани ҲНИТ аз саҳнаи сиёсӣ интиқод аз байн рафт ва наҳзатчиён худро «қаҳрамон» дар майдони сиёсиию фарҳангии ҷумҳурӣ талқин мекунанд.
Ассисенти кафедраи МО ва И Хуҷамов Ш.Э.
16 декабри 2017 сол
Вокунишҳо
Муфассал...