Мубориза зидди терроризм
Дар Паёми соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат аз паёмҳои солҳои гузашта фарқ дошт.
Паёми мазкур дар шароити торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир, махсусан, терроризм ва экстремизм, инчунин, шиддат гирифтани буҳрони молиявию иқтисодӣ дар бисёр кишварҳои олам пешниҳод гардид.
Он воқеаҳое, ки дар  Сурия ва Ироқ сокинони сайёраро ба андешаву нигаронӣ мувоҷеҳ сохт. Амалҳои террористию экстремистӣ ҳамагонро ҳушдор месозад, ки хомӯшу бетараф набошем ва мавқеи инсонгароёнаи худро муайян кунем. Гурӯҳҳои экстремистӣ барои расидан ба мақсадҳои нопоки сиёсии худ ба амалҳои бешарафона даст зада, аз қатли кӯдакон ва занони бепаноҳ рӯй намегардонанд. Дар зери шиори «ҷиҳод» мехоҳанд «бемории бедавояшон»-ро ба кишварҳои дигар таҳмил созанд. Ҳамчунин, мехоҳанд, бо ин кирдори носолимашон дунёро дар гирдоби тарсу даҳшатҳои тасаввурнопазир нигаҳ доранд ва бо ин васила мавқеи сиёсии худро мустаҳкам намуда, соҳиби пулу мол гарданд. Рафтори дагалона гурӯҳҳои ҷиноятпеша барои бархе аз ҷавонони тоҷик, ки бо гумроҳӣ ба ҳаракату гурӯҳҳои ифротгарову ситезаҷӯ, бахусус, дар гурӯҳи  ба ном «Давлати исломӣ» шомил шудаанд, бояд сабақи зиндагӣ гардад. Ҷавонони раҳгумзада бояд дарк намоянд, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯ, аз касодии неруву зеҳни онҳо истифода мебаранд. Аслан, чунин ҷавонон на аз таълимоти ислом бохабаранду на аз сиёсати кишварҳои манфиатхоҳ. Ин проблема, албатта, боиси нигаронӣ ва ташвиш буда, ҳар як шаҳрванди солимфикрро масъул менамояд, ки ҷиҳати аз роҳи бад гардонидани чунин ҷавонон дар ҳамдастӣ бо ниҳодҳои дахлдор кӯшиш намоянд. Ҳоло вакти  он аст, ки мо бо тамоми масъулият нисбат ба ин амалҳои ғайриинсонӣ мубориза намоем.
Шомил шудани ҷавонон ба сафи ҳаракатҳои номатлуб аз нуктаи назари сиёсатшиносон чунин омилҳо таъсир мерасонад:
- шомилшавӣ бо роҳи муҳоҷирати меҳнатӣ;
- шомилшавӣ бо роҳи ширкатҳоои сайёҳӣ;
- шомилшавӣ бо воситаи сомонаҳои интернетӣ;


Ҷавонони давлати мо  бояд огоҳ бошанд, ки симои аслии ҳизбҳои ғайриконунӣ ба исломи асил ва суннатҳои он  мувофиқатӣ надорад.
Мо бояд, ки бо ҷавонон бештар кор кунем, онҳоро ба тарзи ҳаёти солим, варзиш, хештаншиносӣ, меҳанпарастӣ ва илмомӯзӣ машғул намоем, ки то ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳо шомил нашаванд. Мақсади ташфиқот дар он аст, ки ҳаракатҳои ғайриқонуни пурра нест карда шавад.

Ниязова Саломат,  Саидов Мустафохон
Омӯзгорони ГМИТ


Моҳияти ислом - ҷилавгирӣ аз ҳаракатҳои ифротгаро

Мо бояд барои ҷавонон чунин шароите муҳайё созем ва онҳоро тарзе тарбия кунем, ки фарзандони мо дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намоянд, илму донишҳои муосирро азхуд кунанд, касбу ҳунарҳои замонавиро омӯзанд ва оянда мақоми арзандаи худро дар ҷомеа соҳиб шаванд, фармудаанд., асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон . Тоҷикистон ба унвони як мамлакате, ки аксарияти кулли аҳолияш мусулмон аст,  мисли дигар кишварҳои уммати исломӣ бояд роҳу равиши худро биёбад, то аз рӯи усули ахлоқи мазҳабамон (ахлоқи исломӣ) зиндагӣ кунад, ҳамзамон бо ин дар тақвияти  ҷомеа дар ҳалли масоил ва мушкилоти дунёи муошир бояд ширкат варзад. Беҳбудӣ ва пешравии сатҳи зиндагӣ дар Тоҷикистон, ки мо ҳама барои он талош мекунем, на бояд боиси дар ҷомеа ворид шудани рафтору аҳмоли  ғайриахлоқӣ  ва одоти иҷтимоии хилофи таълимоти динии мо, Ислом гардад. Ва агар ба таърихи гузаштаамон назар афканем, дар тӯли  чандин аср дар таърихи башар  тамаддуни ислом  дар соҳаҳои  мухталиф дар андешаву афкор ва дониш дар ҷаҳон пешрав будааст. Он пешсафиро  набояд фаромӯш кард .
Замонавӣ будан  маънои беимонӣ нест, зиндагӣ моддӣ ва руҳонӣ  мебошад. Вақте шахс ба дунё меояд, ба ӯ ҷисм ва руҳ ато мешавад. Зиндагии моддӣ маҳдуд ва зиндагии руҳонӣ номаҳдуд аст. Мо бояд аз ин огоҳ бошем, якеро ба хотири дигаре раҳо накунем. Як таодули саҳеҳ миёни зиндагии моддӣ ва маънавӣ дошта, барои боло бурдани сатҳи зиндагӣ талош кунем. Талошҳо бояд хирадмандона анҷом ёбанд, яъне бо роҳи ростагорӣ ва бахшандагӣ, ки ҳама вақт  сулҳ ва эҳтиром дар Тоҷикистон бошад. Ҳеҷ шахсе, ҳеҷ хонаводае, ҳеҷ созмоне наметавонад озодона фаъолият кунад, вақте ки одамкушӣ бошад. Мо бояд тамоми чораҳоро биандешем ва ба ҳар кас машварат кунем, то сулҳ ва эҳтиром дар зиндагӣ бошад ва ҳар фарде,  дар ҳар ҷое, ки бошад, ҳамаро барои   сулҳ ба мамлакат ҳидоят кунад.  мо бояд барои ҳалли ихтилофи назарҳо  аз ақл истифода кунем, на аз куштор. Барои ҳалли ихтилофи назарҳо  бидуни куштор роҳҳои зиёде ҳастанд. Тафовутҳо аз рӯзҳои аввали расидани ваҳӣ дар Ислом мавҷуд будаанд. Қуръони маҷид мефармояд: «Эй мардум, мо шуморо марду зан офаридем ва он гоҳ ба миллатҳо ва фирқаҳои мухталиф гардонидем, то якдигарро бишиносед, ҳамоно беҳтарини шумо дар назди Худованд парҳезгортарин ва ботақвотарини мардуманд. Худованд доно ва огоҳ  аст» (Сураи Ҳуҷурот, Ояи 13)
Пас Қуръон худ фирқаҳои байни мусулмононро қабул мекунад ва мегӯяд, Худо шуморо мутобиқи рафтор ва равиши зиндагиатон қазоват хоҳад кард. Ақл бузургтарин неъмати Худованд ба инсон аст ва ақли мо бояд ҳифз шавад ва на бояд ба ин зиён расад ва мабодо нобуд гардад.
Бинобар ин бояд ва қатъиян аз ҳама гуна амволи мухаддир ва нашъовар, терроризм ва экстремизм ва  дигар корҳои бад худдорӣ кунем. Истифода аз ақл дар ҳар замон, рафтори муносиб аст дар зиндагӣ. Мо дар як замони таърихие зиндагӣ мекунем, ки дар он пайдарҳам тағйиротҳои хеле ва хеле амиқ ба вуқӯъ  мепайванданд.
Чи хеле, ки асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  фармудаанд: Ояндаи мамлакат аз фаъолияти омӯзгор ва рушди илму маориф вобастагии зиёд дорад. Дар хотир бояд дошт, ки танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро пайдо намояд, ба падару модарон, масъулони таълиму тарбия, роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва тамоми ҷомеаи шаҳрвандӣ муроҷиат менамоем, ки барои аз мактаб дур намондани фарзандон саъю талош намоянд, ба илму донишандӯзӣ ва касбу ҳунаромӯзии наврасону ҷавонон диққати махсус диҳанд. Ҳамзамон ҳамкориро бо мактаб тақвият бахшанд ва барои таълими фарзандон тамоми шароити заруриро муҳайё намоянд.
Ҳар яки мо бояд худамон ва фарзандони худро барои оянда омода созем. Таълимоти Ислом дар саросари  ҷаҳон паҳн гаштааст, ки даъват ба саховат, меҳрубонӣ, ғамхорӣ, авф ва гузашткунӣ мебошад, яъне дар роҳи хидмат ба ниёзмандон ва бахшидани касоне, ки муртакиби иштибоҳе шудаанд ва ба шумо осеб расондаанд, вазифаи аввалиндараҷаи аҳли ислом мебошад, зеро гузашткунӣ ва бахшида тавонистан боиси тақвияти  шумо ва мӯҷиби эҳтироми онҳо нисбат ба рафтори шумо мегардад ва онҳоро ташвиқ менамояд, то аз рафтори шумо ибрат омӯзанд. Яъне, гарчи мардум дар қисматҳои  мухталифи ҷаҳон мутаваллид шуда, бо забонҳои мухталиф сухан мегӯянд ва дар баъзе мавридҳо мазҳабро дар байни худ ба таври гуногун таъбир кунанд ҳам, ҳамаи ин бад-он маънӣ нест, ки онҳо бародару хоҳар нестанд, бад-он маънӣ нест, ки онҳо наметавонанд миёни худ ҳамкорӣ кунанд ва наметавонанд мақсадҳои муштарак дошта, ба ҳадафҳои муштарак бирасанд. Дар ин таҳқиқи ақлонӣ мо бояд ақл ва мазҳабро  аз ҳам ҷудо накунем. Ақл ҷанбаи дигари мазҳаб ҳаст ва ин марбути мову шумост, ки ақламонро дар (чаҳорчӯбаи) ахлоқи мазҳабамон дар ҳар замоне ва дар ҳар ҷое, ки бошем, ба кор барем. Имрӯз теъдоди уммати Ислом ба чандсад миллион нафар расидааст ва калимаи шаҳодат, яъне «Ло иллоҳа илаллоҳу Муҳаммадун Расулаллоҳ» онҳоро ба мазҳаби худ пайваста, ба ҳам алоқаманд менамояд. Мактаби ислом олитарин омӯзишгоҳи такомули башар аст, зеро анбои он бар асоси таҳорати нафсу тарбияи ахлоқӣ гузорида шудааст.
Чун пояҳои ахлоқии зиндагии маданӣ дар ҳамаи мазҳабҳои Ислом яксон мебошанд, мо як фурсати олӣ дорем, то ҷомеаи мадании ояндаро,  ки дар он зиндагӣ хоҳем кард, он гуна поягузорӣ намоем, ки он ҳамаи мусулмононро муттаҳид созанд, на ин ки онҳоро аз ҳам ҷудо созад. Ба онҳое, ки аз неъматҳои моддӣ маҳрум мондаанд, бояд ёрӣ ва дастгирӣ намоем. Ин дастгирӣ ва ёрӣ бояд ба мақсади қудратманд намудани афроди маҳрум аз неъматҳои моддӣ бошад, то онҳо битавонанд худро аз тангдастӣ раҳо намоянд.
Табиати хушманзар ва сарватхои он дар тӯли ҳаётамон ба мо амонат супорида шудаанд ва мо бояд онҳоро ғанитар намуда аз худ боқӣ гузорем. Мо бояд ба муқаддас будани ҳаёт мутлақан эҳтиром бигузорем. Дар Куръони маҷид омадааст: «Ҳар кас ҳаётеро наҷот диҳад, гӯё кулли башариятро наҷот додааст». Инҳо баъзе пояҳои ахлоқие мебошанд, ки бояд раҳнамои фаъолиятҳои ҳаррӯзаи зиндагӣ ва ҷузъи ҷудонашавандаи фаъолиятҳоямон бошанд.
Ислом неку бад (ё хайру шар)-ро ба мо меомўзад, ахлоқ ва рафтори дурусти иҷтимоиро ба мо нишон медиҳад, усули зиндагиро  ба мо таълим медиҳад. Тасаввур ва дарки сироталмустақимро ҳар рўз дар қалбҳои худ ҷилвагар намудан, бар мабнои зиндагӣ ба усули  сироталмустақим талош намудан, вазифаи ҳар як фарди тоҷик аст. Чун ҷаҳон кӯчактар мешавад, пас зарур аст, ки мардумон байни худ ҳамкорӣ кунанд, на ин ки хилофи якдигар кор кунанд. Агар одамон хато кардаанд, онҳоро авф кунед. Ва агар одамон ба шумо зиён расондаанд, фаромӯш кунед ва авф кунед. Кина дар дил нагиред, нагӯед, ки ӯ ба ман дирӯз зарар расонд ва ман ҳам чунин ба ӯ зиён мерасонам». Ин рӯҳи исломӣ нест ва чунин амал ба ақидаи мо таърифе нест, бинобар ин дастуроти пурарзишеро баҳри ҷилавгирӣ аз ин офатҳо, алалхусус, ба ҷавонон пешкаш менамоем, то эшон аз фитнаву фасодҳо, баҳсу ҷанҷолҳо, мадҳу  ситоиши  ноҷо, дурӯягию забонбозӣ, ғайбаткунӣ дур бошанд ва алайҳи он мубориза баранд.
Силмонова Сурма Исломбековна, сарлаборанти кафедраи забони давлатӣ ва забони хориҷӣ

Дини мубини ислом ба ягон ҳиз эҳтиёҷ надорад.
Бо номи муқадаси дини мубини ислом номгузорӣ кардани ҳизб ин риоя накардани оятҳои Қуръон мебошад. Тафриқаангезӣ дар оятҳои Қуръону ҳадисҳои нобавӣмаҳум карда шудааст ва дини ислом ба дастгирии ягон ҳизб муҳтоҷ нест. Зери ниқоби дини мубини ислом танҳо шахсони худобехабар амалҳои нангинро иҷро менамоянд. Бо амалҳои нангини худ онҳо обрӯи мулалмонини дунёро мерезонанд. Қату куштори шахсони бегуноҳ, азобу шиканҷаҳои шахсони бегуноҳ инҳо гуноҳи кабиро буда, аз нуқтаи назари шариати ислом маҳкум карда шудааст. Мувофиқи гуфти пайғамбари ислом Муҳаммад (с.с) мусулмони ҳақиқӣ, шахсест, ки дигарон аз забон ва дасти ӯ озор намебинанд.
Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) аз гуфтаҳои собиқ намояндагони он Иззатулло Саъдулло ва Сияҳаков С.Ш бар меояд, ки мақсадаш на ҳифзи ҳуқуқӣ мусалмонон, балки резонидани обрӯи онҳо мебошад. Ҳар як ҳизб новобаста ба сохтору ақоиди сиёсиаш дар назди худ як вазифа мегузорад, ки он соҳиби мансаб шудан мебошад. Баъди ба сари ҳокимият омадан аъзоёни ҳар як ҳизб кӯшиш мекунанд сотори давлатиро мувофиқи низоми худашон ба роҳ монанд. ҲНИТ низ баъди ташкилёбиаш танҳо як мақсад дошт, ғазби ҳукумат, сарнагум сохтани сохти давлатдорӣ, барпо кардани давлати исломӣ. Барои ноил гаштан ба ин мақсади ғаразнопокашон онҳо аз номи дини ислом баромад намуда, давлату тенҷу оромро ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ ғӯтониданд. Дар натиҷа ин ҷанги бемаънии бародаркуш зиёда аз 150000 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҷони худро аз даст доданд.
Мардуми зиёди қисмати ҷануби Тоҷикистон ба Авғонистони ҷангзада аз тарси ҷон ва номуси зану фарзандҳояшон фирор карданд.
Хушбахтона бо ташабуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон гурезаҳо ба ватан бар гардонида шуда, дар Тоҷикистон сулҳу субот ва оромӣ танинандоз гашт. Вале хоинони миллатӣ тоҷик бо роҳбарии ҲНИТ, бо кушиши табадулоти давлатиро карданд, вале халқи шарафманди тоҷик  онҳоро дастгирӣ нанамуд ва сохторҳои қудратии саркардагон ва иштирокчиёни ин табадуллотро несту нобут кардан два хушбахтона ҳоло дар Тоҷикистон тенҷию оромӣ ҳукмфармо мебошад.
 

Вокуниш
Нисбати суҳбати ихтисосии рӯзноманигор Носирҷон Маъмурзода бо Сияҳаков Саидҷалол Шашикович собиқ узви ҲНИТ яке аз роҳбарони САМНИТ
Баъди мутолияи мақола ҳар як шаҳрванди ватандӯстро бори дигар нафраташ нисбати амалҳои иғвогаронаи ҳизби мамнӯъи ҲНИТ зиёдтар мешавад.
Собиқ узви ин ҳизб Сияҳаков С.Ш бо далелҳои муътамад фаъолияти аъзоёни ин ҳизбро ошкоро баён намудааст. Ҳизби насҳати исломии Тоҷикистон, ки бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2015 чун ҳизби терористию экстремисти фаъолияташ манъ гардида буд, аз рӯзҳои аввали таъсисёбиаш баҳри амалӣ намудани ҳадафҳои нопоки худ, аз ҳар гуна роҳу воситаҳо истифода мебурд. Шоҳиди он ҳастем, ки фаъолони ин ҳизб, ки худ зархаридони хориҷиҳо буданд бо баҳонаи ташкили давлати исломи Тоҷикистони азизамонро баъди ба даст овардани Истиқлолият ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ оварда расониданд.
Аз нигоҳи шариати дини ислом гирем ислом ҳеҷ ба ҳизбу давлате ниёз надорад. Ин динест, ки ситоишгари инсондӯстиву меҳру муҳаббату тозанобист. Дар ягон сураю оятҳои Қуръони карим гуфта нашудааст, ки хуни ноҳақ рехта шавад баҳри пойдории ин дин. Вале афсӯс, ки аъзоёни ин ҳизби мамнӯъ ҳамаи ин таълимотҳои диниро пеши ро карда, танҳо бо мақсади нопоки худ аз номи ин дини пок баромад мекарданд.
Чунин ба назар мерасад, ки аъзоёни фаъоли ин ҳизб чеҳраҳои шинохта маҳрум С.А. Нурӣ, М.Ҳимматзода, Д.Усмон, Домулло Абдуғаффарӣ «танка» Амриддин Таби
ров, Домулло Маҳммадрасули Саъдӣ Ҷиликӯли ва динҳои дигар ба ҶИЭ сафар намуда, дар он ҷой аз курсҳои махсус мегузаштанд. Ин бори дигар шаҳодат медиҳад, ки барои фаъолияти ин ҳизби мамнӯъгардида ва сарпарастии он Ҷумҳурии Исломии Эрон даст дорад. Наҳзатиёни мо бошанд ҷонфидою сарсупурдаи ин сарпарастони аҷнаби буданд. Доллару сарватҳое ки онҳо аз тарафи сарпарастонашон мегирифтан пардаи чашми гуруснаашонро гирифта буд. Баҳри ин онҳо қодир буданд ба қатли куштори бераҳмона, ғоратгарӣ, золимӣ,машғул шаванд ва албата ҷонисориҳои худро барои Ислом  бо ин амалҳои зишт нишон медоданд. Боре фикр намекарданд, ки худованди бузург пас аз ин онҳоро мебахшида бошад.
Бо айби онҳо кӯдакон бе падару модар, занҳои мусулмон бесаробон, модари мусулмони тоҷик ашкони чашмаш шаш қатор аз доғи фарзанди ҷавону шавҳари такябонаш.
Магар ин аст Мусулмони Моро зарур аст, ки имрӯзҳо баҳри дифои ватан, муҳофизати он зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ҳамеша тарафдори сулҳу амният, осоиштаги ва гулгулшукуфоии Тоҷикистони азизамон бошем.    
04 декабри 2017 сол
Вокунишҳо
Муфассал...