Конфронси илми-амалии байналмиллали, ки тахти унвони «Муаммохои коркарди конхои канданихои фоиданок» баргузор гардид, доираи васеъи олимони сохаро гирд овард. Дар сахни донишкада  дастовардхои илмиву амали ва ихтирооту навгонихои донишчуён, ки хар яке вобаста ба коркарду бойгардонии маъдан ва ба лоихагирии конхоро дар сатххои хамвориву иклими кухсор дар бар мегирифт ба маърази тамошо гузошта шуда буд.
Кори конфронсро ректори Донишкадаи кухи-металлургии Точикистон Мухтор Фозилов ифтитох намуда, конфронси мазкурро дар доираи амали намудани амру супоришхои Асосгузори сулху вахдати милли Эмомали Рахмон, ки дар Паёми имсола вобаста ба истихрочи канданихои фоиданок омада буд, арзёби дошт. Профессори Донишгохи миллии тадкикоти-техникии Иркутск Анатолий Охотин оиди «Хамкорихои корхонахои саноатии кухи ва мактахои олии касби асоси рушди инноватсиони» маъруза намуда, иттиходу хамбастаги, робитаи илмиву фарханги ва амаливу истехсолии Точикистонро бо ФР сарчашмаи рушди иктисодии мамлакат маънидод кард. Конфронс дар се бахш сурат гирифта, дар кори он чабхахои иктисоди, геологи, техникиву инноватсиони ва экологии коркади конхои канданихои фоиданок мавриди бахсу андеша ва мухокимаронии олимони соха карор гирифтанд. Зиёда аз 100 фишурдаи маърузаи илмии олимони мамлакат ва хоричи кишвар руи чоп омаданд. Баргузории чунин конфронсхои илмиву амали имкон фарохам меоварад, то сохаи истихрочу коркарди канданихои фоиданок, ки асоси рушди иктисодиёти мамлакатро ташкил медихад, ру ба ташаккул орад.

30 апрели соли 2016
Конфронси илмӣ-амалии байналмиллалӣ дар Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон
Муфассал...