Раёсати Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияту дарки хоса қабул намуд ва дастуру супориш, нуктаҳои роҳнамои он, дар назди ҳайъати устодон ва донишҷӯёни донишкада вазифаҳои нави самтиро гузошт.
Ба ин муносибат санаи 20-уми январи соли 2017 кумитаи тадорукот конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявиро таҳти унвони «ПАЁМИ РАҲНАМО» баргузор намуд, ки дар кори он олимон, мутахассисон, намояндагони ҳавзаҳои илмӣ ва устодон аз саросари Ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Кори конфронс дар се бахш: 1) Паёми раҳнамо, 2) Ҷавонон ва 3) Дурнамои рушди иқтисодии кишвар мавриди амал қарор гирифт. Иштирокчиёни конфронс асосан бо 68 маърӯза самтҳои дурнамои сиёсии рушди иқтисодии кишвар, рушди татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ ва таъсири он ба истихроҷи канданиҳои фоиданок, соли эълоншудаи ҷавонон, Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ, дурнамои рушди илм, сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумат, масъалаҳои омодасозии кадрҳо ва такмили ихтисоси кормандони соҳа ва ғайраро мавриди баррасӣ қарор доданд, ки бевосита дар Паёми навбатӣ ироа гашта буданд.
Ба идораи кумитаи тадорукоти конфронс 68 аз мақола ворид гардид, ки 4 мақола дар қисмати пленарӣ ва 64 мақола дар кори ҷаласаи бахшӣ ироа гардиданд.
«П А Ё М И     Р А Ҳ Н А М О»
бахшида ба Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
20-уми январи 2017
Дар қисмати пленарӣ шахсони зерин баромад намуданд:
• Давлатов Д.С., устоди ДКМТ дар мавзӯи: «ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ТАҶАССУМГАРИ СУЛҲУ ВАҲДАТОФАРӢ»
• Набиев В.М., д.и.т мудири кафедраи «Таърихи ватан»-и ДДХ ба номи ак. Б.Ғафуров дар мавзӯи «ПАЁМИ САОДАТОФАРИН ВА СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶАВОНОН»
• Сироҷиддинзода М.,  устоди ДИТ ба номи Абуҳанифа Нуъмон дар мавзӯи: «МАСЪУЛИЯТИ ҶАВОНОН ДАР АСРИ ҶАҲОНИШАВЇ»
• Абдуллоева Т.Б., устоди ДКМТ дар мавзӯи: «ҶАВОНОН-НЕРЎИ СОЗАНДА ВА ПЕШБАРАНДАИ ҶОМЕА»

Конфронс дар сатҳи олӣ баргузор карда шуд. Маводҳои конфронс дар сомонаи расмии донишкада: www.gmit.tj нашр карда шудаанд. Маводҳои конфронс дар ҳаҷми 200 саҳифа дар матбааи Меъроҷи шаҳри Хуҷанд бо сифати баланд ба теъдоди 100 дона аз чоп бароварда шуд ва худи рӯзи баргузории конфронс ба иштирокчиён ва ба муассисаҳои дахлдор ирсол карда шуд.
Дастгирии иттилоотии шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон ва Сафина, телевизиони Суғд, телевизионҳои маҳаллии Танин ва Азия, радиои вилояти Суғд, рӯзномаи Омӯзгор, рӯзномаи Ҷумҳурият, рӯзномаи шаҳрии Паёми Бӯстон, маҷаллаи донишкадавии Маъданшинос аз кори конфронс гузориш ва муҳтавои корро таъбу нашр намуданд.
Раёсати донишкада нуктаҳои Паёми навбатиро дастури роҳнамои кори худ қарор дода, дар асоси он ба кормандони худ, олимон, муҳаққиқон, мутахассисон ва донишҷӯён супоришҳои мушахас дар асоси нақша-чорабинии омоданамуда додааст.
Бо азму иродаи қавӣ, ҳар як устод ва донишҷӯи Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои амал, асос гирифта, кӯшиш менамояд, ки дар амалисозии ҳадафҳои созандаву дурбинонаи он саҳм гузорад.
Дар ин замина, раёсати донишкада баргузор намудани ҳамоиш, конфронс ва семинарҳои навбатиро низ ба нақша гирифтааст.

Муовини ректор оид ба илм,
инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ
Насриддинов З.З.
20 январи соли 2017
КОНФРОНСИ ИЛМӢ - АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ
Муфассал...