Такмили ихтисос ва таҳсил дар хориҷи кишвар
Ашӯров Азимҷон
донишҷӯи бахши 5,
факултети металлургия
Обрӯ ва нуфузу эътибори Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон берун аз
ҳудуди Тоҷикистон этироф ва қабул гардидааст. Тасдиқи ин гуфтаҳоро тақвият дода гуфтанӣ ҳастам, ки
донишкадаамон бо якчанд муассисаҳои олии давлатҳои хориҷӣ «Шартномаи ҳамкорӣ дар соҳаи маориф,
илм ва фарҳанг» - ро ба имзо расонида, ба мо донишҷӯён имконият фароҳам овардааст, ки мо дар ин
донишгоҳҳои бонуфузи хориҷӣ такмили ихтисос ва бозомӯзӣ намоем.
Соли 2012 тибқи барнома (лоиҳа) – и байналхалқии «Об ва ҳамоҳангсозии он» ва дархости Донишгоҳи
илмҳои табии Норвегия 2 нафар донишҷӯёни донишкадаи мо Хушнуда Иброҳимӣ – донишҷӯи бахши 3 ва
донишҷӯи бахши 4 – Абдусамиев Исо, ҳарду аз факултети металлургия барои таҳсил дар курси тобистона ба
ин донишгоҳи бонуфузи Аврупо фиристода шуданд.
Дар солҳои минбаъда ин анъана давом ёфт ва донишҷӯёни фаъол ва аълохони доншкада дар асоси озмун
барои таҳсил ва такмили дониши худ ба ин донишгоҳ фиристода мешаванд.
Соли 2013 ҳамсабақони ман, Норқӯзиев Хушрӯз – донишҷӯи бахши 4, факултети энергомеханика ва
Муродов Шаҳзод – донишҷӯи бахши 4, факултети металлургия барои таҳсил дар курси тобистона ба
кишвари Норвегия сафар намуданд.
Дар соли 2014 чунин имконият насиби ман ҳам гардид ва ман бо ҳамроҳии Миҷгонаи Сайфулло -
донишҷӯи бахши 5, ҳарду аз факултети металлургия дар донишгоҳи зикргардида дар давоми як моҳ такмили
донишу малакаи худ кардем. Дар давоми ин муҳлат мо якчанд дӯстони хориҷӣ, ки аз ҷиҳати касбӣ ба мо
наздик буданд, ошноӣ пайдо намуда, дар баробари таълимомӯзӣ мо аз фарҳангу анъанаҳои милливу
таърихии худ ба онҳо нақлҳо мекардем, ки онҳо бо як ваҷҳ гӯш намуда бисёр пурсон мешуданд.
Хулоса, ман аз интихоби касбам ва донишкада пушаймон нестам. Агар кас рағбат ба дониш ва илмомӯзӣ
дошта бошад, ҳамаи қуллаҳоро фатҳ карда метавонад ва ба орзуи худ мерасад.
Такмили ихтисос ва таҳсил
дар хориҷи кишвар
Муфассал...