30 августи соли 2017
ТАМОШОИ МУСТАҚИМИ ДАРСИ СУЛҲИ ПРЕЗИДЕНТ

Таҷлили Рӯзи дониш дар Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон ва пахши намоиши мустақими телевизионӣ оиди суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш дар маросими ифтитоҳи иншооти нави таълимии Академияи  Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи 30.08.2017 с., иншоотҳои таълимӣ, толорҳо ва роҳраву гулгаштҳои донишкада бо шиору овезаҳои ҷашнӣ оро дода шуданд.


















Толорҳои маҷлисгоҳ, Шӯрои олимон ва факултетҳо барои пахш намудани намоиши мустақими телевизионӣ ҳамаҷониба омода карда шуданд. Дар ин рӯз 245 нафар омӯзгорону кормандон ва донишҷӯён бо либосҳои идона ва руҳияи болида ба толорҳо ҳозир шуда, гузориши телевизиониро аз ташриф ва суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иншооти нави таълимии Академияи  Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи дониш дидан намуданд.
Суханронии Сарвари давлат ба ҷомеаи меҳнатии донишкада таассуроти бузург гузошт. Зеро Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун  ҳарвақта соҳаи маорифро соҳаи афзалиятноки ҷомеа ҳисобида сахми омӯзгоронро дар пешбурди ҷомеа мусбӣ арзёбӣ намуданд. Дар назди роҳбарони муассисаҳои олӣ, олии касбӣ ва омӯзгорон вазифа гузоштанд, ки бояд ба омӯзиши фанҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва забонҳои хориҷӣ, алалхусус, забонҳои русӣ ва англисӣ масъулиятнокии баланд зоҳир намоянд, зеро бе донистани фанҳои зикршуда, дастрасӣ ба технологияи коммуникатсионӣ ва кашфиёту навоварӣ ғайриимкон аст.
Ҳамзамон, Пешвои миллат таъкид намуданд, ки дар замони сиёсати ҷаҳонишавӣ, фаъолияти ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ тарбия намудани ҷавонони дорои ҷаҳонбинии баланд ва ватандӯсту созанда вазифаи асосии омӯзгорон ва ҳар як фарди ватандӯст мебошад.
Баъди анҷоми намоиши мустақими телевизионӣ ректори донишкада дотсент Фозилзода М. ба сухан баромада, омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёнро ба муносибати фарорасии Рӯзи дониш табрик намуд.
Сарвари таълимгоҳ аз ҷомеаи меҳнатии таълимгоҳ даъват ба амал овард, ки баҳри татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат тамоми саъю кушиши худро равона намуда, баҳри тарбия намудани насли ватандӯсту худогоҳ сахмгузорӣ намоянд.
Муфассал...