ХУДКАРДАРО ДАВО НЕСТ….,
Асосгузори сулху вахдати милли-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалии Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки «Мубоиза бо экстремизм, терроризм ва ҷинояткориро харгиз чун мубориза бар зидди дин муариффи набояд кард. Зарур аст, ки ба истифодаи ислом бо чунин мақсадҳои зишт роҳ дода нашавад, ҷинояткорону ифротиён барои амалҳои ҷинояткоронаашон дар назди қонун чавоб гуянд».
Чи тавре,  ки ба мо маълум аст, Суди олии Ҷумхурии Тоҷикистон ба далелхои  раднопазир фаъолияти ҲНИТ-ро ҳамчун ҳизби ифротию экстремизм манъ намуд. Аммо баъзе аз кишвархои  хориҷӣ, алалхусус кишвари ба мо хамзабону хамҷавери Эрон ҳоло ҳам  ин ташкилоти экстремистиро пуштибонӣ менамояд, тавассути маблағгузорӣ кумак менамояд. Ҷумхурии Исломии Эрон бо ин амали худ ҳатто то андозае муносибати худро бо  кишвари мо то андозае сард намудааст. Рохбарияти кишвари Эрон дар он акидаанд, ки дар  Точикистон фаъолияти ҲНИТ-ро маън кардан ин гуё манъи дини ислом бошад. Аммо дар асл ҲНИТ-ро на барои номи исломро доштанаш, балки барои ташкилоти ҷудоихоҳ, террористӣ буданаш мамнуъ эълон карданд. Аз ин лихоз, ҲНИТ-ро пуштибони кардани Эрон маънои пуштибонии ташкилоти террористиро дорад.
Бояд кайд намуд, ки ҳануз кабл аз ҳамчун ташкилоти террористӣ-экстремистӣ  эътироф шудани ҳизби нахзати ислом коршиносону сиёсатмодарон, донишмандону олимон, адибону равшанфикрон, шаҳрвандони оддӣ бо дарки масъулияти ватандорӣ оид ба амалхои ғайриинсониву зиддиконститутсионии ҲНИТ ва аъзоёнаш вокуниш нишон дода,  Кабириву ҳаммасолаконашро ҳушдор намуданд, ки чунин амалхояшонро хотима бахшанд.
Ҳатто моҳи июли соли 2015-ум 8657 нафар донишчуёни муассисахои оилии вилояти Суғд ба Раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ муроҷиат намуда зикр намуда буданд, ки аз амалхои ноҷавонмардонаашон даст кашанд. Аммо ин ҳизби мамнуъшуда бар    амалҳои нангини  худро давом дода, нақшаи барангехтани низоъ ва ҷанги нави шаррвандиро дар кишвари мо  тарҳрезӣ мекарданд. Имруз бошад, ҳизби мамнуъшудаи ҲНИТ умед ба хоҷагонии хориҷии худ баста ба хар гуна туҳмату дасисаҳо мехоҳанд, фазои сулҳу суботи Тоҷикистонро

халалдор созанд. Аммо чӣ тавре, ки аз васоити ахбори омма медонем, вазъият дар дохили Ҷумхурии Исломии Эрон ноором аст.  Чуноне,  ки дар халк мегуянд:
Худкардаро даво нест,
Вовайлои пинхонӣ.

Сардори  БИСТ Усмонов Ш.Ҷ.

СИЁСАТИ ТУНДГАРОӢ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ЭРОН ДАР МУНОСИБАТ БА ХАЛҚИ ХУД ВА ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати дунявӣ буда, дин аз давлат ҷудо мебошад. Мафкураи хеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гуруҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад.   Бинобар ин қиёс гузоштан миёни қонунгузории амалкунанда ва меъёрҳои шариату дини Ислом хилофи Конститутсияи  Ҷумхурии Тоҷикистон мебошад.
Тарғибу ташвиқи ақидаҳои ифротгароӣ, барангехтани тухми низоъ дар миёни инсонҳо, нодида гирифтани арзишҳои олии давлату миллат, даъвати одамон ба  муноқишаҳои қавмию мазҳабӣ ва таҳдид ба суботу оромии ҳар як халқияту миллат аз амлу кирдорҳои ҷинояткорона ба ҳисоб рафта, ба ояндаи он хатари ҷиддӣ эҷод мекунад.  Мутаассифона, солҳои охир сар боло кардани гуруҳҳои тундраву дар Ҷумҳурии исломии Эрон вазъи сиёсиро дар як қатор кишварҳои олам ноором сохта, боиси содир намудани актҳои террористӣ ва дигар амалу кирдорҳои ҷинояткорона мегарданд. Тоҷикистон низ аз қабили кишварҳое маҳсуб меёбад, ки дар якчанд соли охир дучори амалу кирдориҳои ҷиноӣ,  актҳои террористӣ ва фаъолияти ин гуна гурӯҳҳо гардида, барои барҳам задани онҳо талошу кӯшиш менамояд.
Асосгузори сулҳу ваҳдаи миллии Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ баён намуданд: “Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони истиқлолияти худ ҳамкории густурдаи минтақавиро воситаи муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, иҷтимоӣ, экологӣ ва таъмини амнияту суббот дар Осиёи Марказӣ дониста, ҷонибдори таҳкими муносибатҳои байниҳамдигарии мардумони минтақа бар пояи дӯстӣ ва ҳусни эътимод мебошад.  Тоҷикистон кӯшиш менамояд, ки ҳамкории беғаразонаро бо ҳукумати кишвари ҳамсоя дар ҳамаи ин соҳаҳо тақвият бахшад”. Ҳар як халқу миллат дар таърихи худ давраҳои шукуфоиву боландагӣ ва фоҷиабору талх дорад. Халқи тоҷик баъд аз истилои араб ҳодисаҳои фоҷеабореро аз сар гузаронидааст, ки ҳуҷуми муғулҳо бо роҳбарии Чингизхон ва ба сарзамини тоҷикон  сарозер шудани қабилаҳои ӯзбек бо роҳбарии Шайбонихон намунаи ин гуна ҳодисаҳост.
Агар то истилои муғул воридшавии қабилаҳои турк ба ҷуғрофиёи сукунати халқҳои эронӣ ва махсусан тоҷикон таъсири воқеӣ ва назаррас нарасонда бошад, ҳуҷуми Чингизхон ба Осиёи Миёна ва Эрон на танҳо ба саросар нобудсозӣ ва қир кардани тоҷикон оварда расонд, балки ба дигаргуншавии вазъи ҷуғрофии сукунати тоҷикон дар сарзамини обоии онҳо ибтидо гузошт. То тохтутози муғулҳо ба Осиёи Миёна дар нақшаи миллии халқҳои Хуросону Мовароуннаҳр мардуми тоҷик мавқеи асосиро ишғол намуда, дар тамоми ин сарзамин ба таври аксарият зиндагӣ мекард. Ба ғайр аз тоҷикон дар ин давра қабилаҳои туркӣ низ, аз қабили қарлуқҳо (бозмондаи қарахониҳо), оғузҳо (туркманҳо) (натиҷаи сиёсати нодурусти Ғазнавиҳо ва ҳуҷуми Салҷуқиён), қипчоқҳо (дар дашти Қипчок, ки собиқ дашти Тӯрон ва собиқтар дашти Тоҷик ном дошт) ва ғайра (бештар дар қисмати шарқии Осиёи Марказӣ) сокин буданд, ки бештар фарҳангу тамаддуни мардуми тоҷикро қабул намуда, баъзеи онҳо ҳатто забони худро фаромӯш карда, тоҷикзабон шуда буданд.
Аз нигориши ин ҳодисаҳо дар «Шоҳнома» - и Фирдавсӣ фақат аз лиҳози робитаҳои сиёсиву байналмилалӣ ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки Эрониён  барои барқарор кардани муносибатҳои мустақими тиҷоративу иқтисодӣ бо Чин ва зери назорат гирифтани бахше аз роҳи бузурги абрешим барои аз байн бурдани рақиби ҳисоб мешуданд, аз миён бардоштанд. Вале ин кори сиёсии Ҷумҳурии Исломии Эрон барои ояндаи халқи тоҷик ва худи минтақаҳояш нақши хеле фоҷиабор дорад.
Мо тарафдори мустаҳкам шудани муносибатҳои ҳамкорию дӯстии ду давлат Тоҷикистону Эрон дар асоси робитаҳои қонун ва низоми байналхалқӣ ҳастем.
Аз ин лиҳоз, вазифаи мо, вазифаи ҳар як шахси ватандӯст, миллатдӯст ва мусулмон, бахусус роҳбарияти Ҷумҳурии исломии Эрон  аз он иборат аст, ки  чунин равияҳои номатлуби замони муосир ба монанди радикализм (тундгароӣ,  экстремизм (ифротгароӣ) ва терроризм пайравӣ накарда, барои ҳифз намудани ҷомеаи озоду мустақил, сиёсати адолатхоҳӣ ва муносибатҳои дӯстонаи байни ду давлати ҳаммазҳабу ҳамфарҳанг ҳамеша саъю талош варзем, барои мустаҳкам ва қави  намудани муносибатҳои дӯстонаи ояндаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон фикр кунем, хулоса барорем ва саҳми худро гузорем.

Ҷалолова З.А., мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоии ДКМТ         
26 январи 2018 сол
Вокунишҳо
Муфассал...