Донишгоҳҳои Федератсияи Россия (ва собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ) яке аз муассисаҳои бонуфузи дунё ба ҳисоб рафта, сифати омодасозии мутахассисон аз рӯи равияӯои гуногун дар онӯо дар сатҳи хеле баланд ба роҳ монда шудааст. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз даврони Иттиҳоди Шӯравӣ то ба имрӯз ҳангоми интихоби муассисаҳои таҳсилоти олӣ ба таълимгоҳҳои Россия бартарият медиҳанд, ки ба умумияти урфу анъанаҳои омодасозии мутахассисон, забон, муносибат ва натиҷаҳои минбаъдаи муносибатҳои байнидавлатӣ вобастагӣ дорад.
Дар ин замина, Ҳукумати Ҷумӯурии Тоҷикистон ҳамасола, робитаҳои трафайнро дар риштаи омодасозии мутахассисони соҳавӣ, кардҳои илмӣ-педагогӣ, ҳамкориҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва фарҳангӣ бо Федератсияи Россия вусъат дода истодааст. Бо ин мақсад, ҳар сол маъракаҳои ташвиқотӣ-тарғиботӣ ва бевосита имтиҳонҳои қабул ба муассисаҳои таҳсилоти олии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва баргузор карда мешаванд.
Қобили зикр аст, ки бо баробари қабул, инчунин ҳамасола хатмкунандагони мактабҳои олии Федератсияи Россия барои фаъолияти минбаъда ба Тоҷикистон бармегарданд.
Форуми хатмкунандагони мактабҳои олии Федератсияи Россия низ бо мақсади баррасии фаъолияти минбаъдаи хатмкунандагон баргузор карда мешавад. Дар форум масъалаҳои марбут ба саҳмгузорӣ дар рушди минбаъдаи иқтисодиёти Тоҷикистон бо истифода аз фаъолияти гуногунҷабҳаи хатмкунандагон-мутахассисони омоданамудаи мактабҳои олии Федератсияи Россия ҳаллу фасл ва баррасӣ карда мешавад.
Форум бо ибтикори намояндагии «Россотрудничества» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва баргузор карда мешавад. Баргузоршавии ин чорабинӣ дар Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон бори аввал соли 2015 ба нақша гирифта шуда, барои ҳар сол ба ҳукми анъана даромадааст. Форуми навбатӣ низ санаи 20-уми декабр бо иштироки хатмкунандагон, консулгарӣ, намояндагони созмони «Россотрудничества», намояндагони  васоити ахбори омма ва дигар шахсони расмӣ баргузор карда мешавад.

Муовини ректор оид ба илм, инноватсия
ва робитаҳои байналмиллалӣ Насриддинов З.З.  
20 декабри соли 2016
Баргузории форуми хатмкунандагони  донишгоҳҳои Россия
Муфассал...