Коллективи меҳнатии факултаи металлургия оиди фаъолияти ташкилоти террористии ҲНИТ
Тоҷикистон чун давлати демокративу ҳуқуқбунёд имрӯзҳо дар ҷомеа мақом ва манзалати хоса дорад. Баҳри такмилёбии Ҳокимияти Конститутсиони амалӣ намудани ғояҳои демократия чун меҳвари асосӣ ҳисобида мешавад.
Имрӯз мо оиди ин ташкилоти террористӣ чанде аз ақидаҳоямонро баён намоем:
1. Ислом дар шароити имрӯз ниёзе ба ҳизб надорад.
2. Аз номи исломи пок ин гурӯҳи террористӣ мехоҳанд ба мақсадҳои нопоки хеш бирасонд.
3. Мардуми тоҷик ҳанӯз доғи ҷанги шаҳрвандиро фаромӯш накардааст.
Саволҳои хеле зиёдеро метавон ин ҷорӯи қоғаз овард. Раиси ҲНИТ ҳамеша нақшаҳои нопок, ҳадафи иғвоангезона дорад. Дидаву дониста Кабирӣ ба ҷомеаи ҷаҳон он амалҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро нодид гирифта, худро ҳомии сулҳу тарафдори ваҳдати миллӣ меҳисобад. Андеша наменамояд, ки тобеонаш, аъзоёни ин ҳизб аз номи дини ислом баромад намуда, давоми ин солҳо даст ба амалиётҳои чангин задаанд ба мисли амалҳои ифротгароёна, нигоҳдории силоҳ фиреби мардум, қатлу ғорат.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри пойдории сулҳу ваҳдат давоми 25 соли Истиқлолият бисёр амалҳоро ба сомон расонид ба мисли оташбаснамудани ҷанги шаҳрвандӣ, баргардонидани гурезаҳо ба ватан, баровардани Тоҷикистон аз бунбастикомуникатсиони ва ғайраҳо.
Ҳамаи инро аъзоёни ҲНИТ бо чашми кӯр-кӯрона нигоҳ намуда мехоҳад бо ақидаҳои ғаразноки хеш дар байни мардум аз нав тухми низоъро хезонад. Тоҷикистон чун узви ҷомеаи ҷаҳони тарафдори сулҳ ва кафили ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандонаш аст.
Мо шаҳрвандони ба нангу номуси ватан бояд доим муборизи роҳи сулҳ ва ободкору созанда бошем.





Терроризм ва экстремизм - вабои аср
Имрӯз аҳли ҷамъияти оламро ифротгароӣ, экстремизм ва терроризм ба ташвиш овардааст. Ифротгароӣ ва терроризм аз ҷумла ҳодисаҳое мебошанд, ки барои тинҷию амони, амнияти миллӣ ва давлатдории ҳар як мамлакат ва барои тамоми ҷомеаи ҷавонон хатар пайдо мекунад.
Ба ҳамагон маълум аст, ки гурӯҳҳои террористӣ барои анҷом додани амали ваҳшиёнаи худ ба мазҳабу дин такъя мекунанд, ки ин ба дин ҳеҷ алоқамандӣ надорад.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар таъкид намуданд, ки «Терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар аъмоли он гувоҳ аст, ки терроризм ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст».
Мо ҳамеша бо суханони Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайравӣ намуда, терроризм ва экстремизмро шадидан маҳкум менамоем. Инчунин барои ҳифзи якпорчагии ин Ватани биҳиштосои мо ҳамеша омодаем ва сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Пешвои миллатро дастгирӣ мекунем.
Имрӯз коршиносон ба ин назаранд, ки ба доми террористӣ бештар ҷавонони муҳоҷир ё муҳассилини кишварҳои арабӣ ҷалб мешаванд. Барои ҷалб кардани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ ба таври восеъ истифода мебаранд. Аз ҷумла барои ҷалби ҷавонони минтақаи Осиёи марказӣ сомонаҳои мухталифи интернетӣ воситаи асосӣ мебошанд. Чӣ хеле, ки аз тариқи шабакаҳои телевизионӣ як гурӯҳ ҷавонони тоҷикро бо гурӯҳи исломии Узбекистон пайваст шуданро намоиш дод, дар он ҷо падари яке аз ҷавонон бо оби дида гуфт, ки чунин фарзандро аз руи замин нест созед то ин, ки ман ҳамчун падар пагоҳ дар назди миллату давлатам сархам ва ба ҷавобгарӣ кашида нашавам. Чуноне, ки вақтҳои охир аз воситаҳои ахбори оммавӣ- сиёсӣ ва дигар ахборотҳои сохторҳои қудратӣ маълум гардид, дар ҷумҳурӣ 14 - гурӯҳи муташаккили террористӣ аз ҷониби неруҳои қудратӣ маҳв гардида, фаъолияти 12 - ҳаракат, ҳизб ва гурӯҳҳои экстремистӣ - ифротӣ, тундгаро дар қаламравӣ кишвар манъ гардид. Бархе аз ҷавонон - шаҳрвандони ҷумҳурӣ аз номи гурӯҳи давлати Исломии Шому Ироқ меҷанганд муайян гардида нисбати онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Барои пешгирӣ намудан аз ин вабои аср мақомотҳои қудратии кишвар чораҳои мушаххасро андешидаанд. То имрӯз 1190 нафар ҷавонони ҷумҳурӣ дар сафҳои созмонҳои террористӣ ошкор карда шуданд ва нисбати онҳо тафтишот бурда шуда истодааст ва зиёда аз 150 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба ҳалокат расидаанд.
Сулҳе, ки Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон овард, нодиртарин ва қиматтарин неъмат мебошад. Ба мо зарур аст, ки ин ваҳдати миллӣ ва сулҳро чун гавҳараки чашм ҳифз кунем ва ҳама аз як гиребон сар бароварда барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ камар баста, дар муқовимат ба афкори экстремистӣ, террористӣ муташаккилона мубориза барем, зеро бетарафӣ дар лаҳзаҳои таърихӣ нобахшиданӣ мебошад ва нагузорем, ки нохалафе фазои ороми Тоҷикистони азизамонро ғуборолуд созад.

Бобоев Ш.А., омӯзгори ДКМТ

Терроризм ва экстремизм вабои асри мо
Терроризм, ки маънои аслиаш куштор ва даҳшатангезӣ дар байни инсоният мебошад, чи хеле ки Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳою борҳо таъкид менамоянд терроризм ва экстремизм дин, мазҳаб, миллат, ватан ва нажод надорад.Зеро мақсади асосии ин равияи одамон ташкил намудани гурӯҳҳои зидди давлатӣ ва зидди шаҳрвандӣ мебошад, ки мехоҳанд мақсадҳои ғайриқонунии худро амалӣ сохта, дар байни ҷомеаи шаҳрвандӣ низоҳои байнимиллӣ ва байнимазҳабиро барангезанд. Албатта ин зуҳуроти даҳшатовар якбора пайдо нашудааст ва таърихи тӯлонӣ дорад. Барои ба сатҳи имрӯза доман паҳн кардани ин ҷараёни вабоангезанда  албатта сабабҳои обективӣ ва субективӣ мавҷуданд ва ин зуҳуроти тоқатшикан, даҳшадовар ва даҳшатзо имрӯз ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Коршиносони ин соҳа сабабу омилҳои пайдоиш ва рушди тероризм ва экстремизмро меомӯзанд ва таҳқиқ менамоянд.
Аз расонаҳои хабарии ҷаҳонӣ ва ҷумҳурӣ мо қариб,ки ҳар рӯз оиди ба амал оварда шудани ягон амали террористӣ аз тарафи як гурӯҳи гумроҳшудаи тоифаи одамон хабардор мешавем.Одамони дину мазҳабашон гуногун барои гӯё дар роҳи худо шаҳид шудан худро дар байни омма метарконанд,бо нақлиётҳо шаҳрвандонро зер мекунанд,сари инсонҳои бегуноҳро бераҳмона аз танашон ҷудо месозанд, зинда ба хок мегӯронанд ва  ба об ғарқ менамоянд ва билохира бо яроқҳои оташфишон одамони бегуноҳро қатли ом месозанд. Ва албатта дар охир ин гурӯҳи одамон даст ба худкушӣ мезананд. Аммо дини мубини ислом худкуширо қатъиян маҳкум месозад ва ҳатто барои ин тоифаи одамон новобаста аз мазҳабу динашон ҷаноза хонда намешавад. Дар ягон китобҳои муқаддаси динии ҷаҳонӣ далелҳо оварда нашудаанд, ки шахсони мардумони бегуноҳро ба қатл расонида шаҳид ҳисобида шуда ба ҷаннат мераванд.
Аз ин лиҳоз имрӯзҳо тамоми мардумони инсонпарвари дунё бо терроризм ва экстремизм даст ба гиребон шуда, муборизаи беамон бурда истодаанд, то ин ки ин зуҳуроти ғайриинсонӣ,ки монанди манҳусу анчар аст аз решааш  то зи бех бурида шуда, бе шоху барг карда шавад.
Ба туфайли сиёсати хиадмандонаи пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳли зиё дар ватани маҳбуби мо сулҳу ваҳдат пойдор мебошад. Ва мо устодон, донишҷӯён ва аҳли зиё бояд сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро пурра ва қатъиян тарафдорӣ намуда, барои пешгирии роҳи шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва ифротгаро саҳми босазои шаҳрвандии худро гузорем.
 
Кафедраи ТҲН

Сабабҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу    ҳаракатҳо ва гурӯҳҳои ифротгароёна ва роҳҳои   пешгирии он. 
Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ ,Пешвои миллат ,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомали Раҳмон борҳо дар баро-мадҳояшон қайд карданд,ки «тероризм ватан,миллат ва мазҳаб надорад».Солҳои охир гурӯҳҳо  ва ҳизбу  ҳаракатҳои ифротга-роёна дар зери ниқоби дини мубини ислом ба амалҳои нангини террористӣ мезананд. Барои тарщиби щояҳои худ онҳо аз шабака-ҳои иҷтимоӣ васеъ истифода мебаранд. Ҷавонони гумроҳе , ки аз асли дини мубини ислом бехабаранд, фирефтаи ваъдаҳои онҳо ме-гарданд.                                                                                     
Бо дастуру ҳидоятҳои  Пешвои миллат ,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомали Раҳмон китоби муқаддаси  Қуръон  ба забони тоҷикӣ тарҷима карда шуда , ройгон ба муассисаҳои давлатӣ ва таълимию фарҳангӣ  тақсим карда дода шудааст, ба щайр аз ин бо супориши он кас китобҳои ҳадиси набавӣ ва китобҳои фиқҳии мазҳаби «Имоми Аъзам» ба забони тоҷикӣ тарҷума карда шуда, озодона ба фурӯш гузошта шудааст. Ин щамхории  Пешвои миллат ,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомали Раҳмон нисбати ҳар як фарди соҳибақли мусалмони муқими кишварамон мебошад. Акнун ҳар кас метаво-над бо асли дини мубини ислом шинос гардад ва аз ақидаҳои ху-рофотие,ки пештар мавҷуд буд, дур гардад. Мутаасифона бархе аз ҷавонон ба ҷои мутолиаи ин китобҳо рӯ ба шабакаҳои иҷтимоӣ оварда, ба афсонаҳои миссионерҳои   гурӯҳҳо  ва ҳизбу  ҳаракатҳои ифротгароёна бовар карда, шомили онҳо мегарданд ва боиси нооромии волидони худ мегарданд.Ин албатта  сулҳу суботи ҷомеаи кишварамонро халалдор месозад . Солҳои  90-уми қарни гузашта мо донишҷӯ будем ва аз оқибатҳои фоҷиа-овари ҳодисаҳои нангини он солҳо бархурдор ҳастем .Маҳз ҳамон солҳо аввалин маротиба дар ҷумҳуриамон майнаи ҷавононро бунёдгарони ба ном исломӣ- ваҳҳобиҳо заҳролуд карда ,мамлакати тинҷу ороми моро  ба майдони ҷангу набардҳои бемаънӣ табдил дода буданд. Аз фурсати муносиб истифода бурда дуздону щорат-гарон ба дуздии моликияти давлатию шахсӣ машщул гашта,халқу мамлакатро ба қашшоқӣ оварда расонида буданд. Хушбахтона дар Сесияи XVI-и Шӯрои Олӣ,ки моҳи ноябри соли 1992 дар «Қасри Арбоб» барпо гардид , аз тарафи вакилони мардумӣ сарвари давлатамон Эмомали Раҳмонро интихоб намуданд. Аз рӯзҳои аввали сарвари давлат интихоб шудан он кас баҳри истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон камари ҳиммат баста ,бо ёрии халқи шарафманди тоҷик сулҳи пойдорро дар мамлакат барпо карданд. Мутаасифона душманони дохилию хориҷии халқи тоҷик бо ҳар гуна роҳ мехоҳанд сулҳу субот ва оромиро дар кишварамон халалдор созанд , барои роҳ надодан ба ин бояд ҳар як шаҳрванди бо нангу номуси ватандӯст кӯшиш ба харҷ диҳад. Аз ВАО хабарҳои нохуши  шомилшавии ҷавонони тоҷикро ба ҳизбу  ҳаракатҳо ва гурӯҳҳои ифротгароёна бархурдор мегардем,ки сабабҳои асосии шомилшавии онҳо ба ин гурӯҳҳо инҳо мебошанд: -маърифати пасти илмию маънавии ҷавонон, -дуруст сарфаҳм нарафтан ба аҳкоми шариати исломӣ, - ҷустуҷӯи роҳи осони маблащи зиёд ба даст овардан, -аз тарбияи волидон дур мондани фарзандон, -ба ҷои мутолиаи китоб , вақти қиммати худро ба шабакаҳои иҷтимоӣ сарф кардани ҷавонон. Роҳҳои пешгири кардани шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳо ва гурӯҳҳои ифротгароёна: -баланд бардоштани маърифатнокии ҷавонон бо роҳи тарщиби дастовардҳои илмию фарҳангӣ, -дуруст ба роҳ мондани тарбияи ҷавонон дар натиҷаи фаъолияти якҷояи волидону муассисаҳои таълимӣ ва кормандони соҳаи ҳифзи ҳуқуқ, - ташкили вохӯриҳои якҷои бо кормандони амнияти миллӣ , милитсия, прократура , уламои динӣ оид ба мавзӯи «Шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу    ҳаракатҳо ва гурӯҳҳои ифротгароёна ва роҳҳои   пешгирии он».-таҳти назорати қатъи гирифтани марказҳои интернетӣ, -ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим ҷалб намудани ҷавонон.  

Щафоров Содирҷон Ҷалилович-сармуаллими кафедраи фанҳои табиӣ- илмии ДКМТ.

Терроризм - вабои аср
Дар Паёми соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат аз паёмҳои солҳои гузашта фарқ дошт.
Паёми мазкур дар шароити торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир, махсусан, терроризм ва экстремизм, инчунин, шиддат гирифтани буҳрони молиявию иқтисодӣ дар бисёр кишварҳои олам пешниҳод гардид.
Он воқеаҳое, ки дар  Сурия ва Ироқ сокинони сайёраро ба андешаву нигаронӣ мувоҷеҳ сохт. Амалҳои террористию экстремистӣ ҳамагонро ҳушдор месозад, ки хомӯшу бетараф набошем ва мавқеи инсонгароёнаи худро муайян кунем. Гурӯҳҳои экстремистӣ барои расидан ба мақсадҳои нопоки сиёсии худ ба амалҳои бешарафона даст зада, аз қатли кӯдакон ва занони бепаноҳ рӯй намегардонанд. Дар зери шиори «ҷиҳод» мехоҳанд «бемории бедавояшон»-ро ба кишварҳои дигар таҳмил созанд. Ҳамчунин, мехоҳанд, бо ин кирдори носолимашон дунёро дар гирдоби тарсу даҳшатҳои тасаввурнопазир нигаҳ доранд ва бо ин васила мавқеи сиёсии худро мустаҳкам намуда, соҳиби пулу мол гарданд. Рафтори дагалона гурӯҳҳои ҷиноятпеша барои бархе аз ҷавонони тоҷик, ки бо гумроҳӣ ба ҳаракату гурӯҳҳои ифротгарову ситезаҷӯ, бахусус, дар гурӯҳи  ба ном «Давлати исломӣ» шомил шудаанд, бояд сабақи зиндагӣ гардад. Ҷавонони раҳгумзада бояд дарк намоянд, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯ, аз касодии неруву зеҳни онҳо истифода мебаранд. Аслан, чунин ҷавонон на аз таълимоти ислом бохабаранду на аз сиёсати кишварҳои манфиатхоҳ. Ин проблема, албатта, боиси нигаронӣ ва ташвиш буда, ҳар як шаҳрванди солимфикрро масъул менамояд, ки ҷиҳати аз роҳи бад гардонидани чунин ҷавонон дар ҳамдастӣ бо ниҳодҳои дахлдор кӯшиш намоянд. Ҳоло вакти  он аст, ки мо бо тамоми масъулият нисбат ба ин амалҳои ғайриинсонӣ мубориза намоем.
Шомил шудани ҷавонон ба сафи ҳаракатҳои номатлуб аз нуктаи назари сиёсатшиносон чунин омилҳо таъсир мерасонад:
- шомилшавӣ бо роҳи муҳоҷирати меҳнатӣ;
- шомилшавӣ бо роҳи ширкатҳоои сайёҳӣ;
- шомилшавӣ бо воситаи сомонаҳои интернетӣ;
Ҷавонони давлати мо  бояд огоҳ бошанд, ки симои аслии ҳизбҳои ғайриконунӣ ба исломи асил ва суннатҳои он  мувофиқатӣ надорад.
Мо бояд, ки бо ҷавонон бештар кор кунем, онҳоро ба тарзи ҳаёти солим, варзиш, хештаншиносӣ, меҳанпарастӣ ва илмомӯзӣ машғул намоем, ки то ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳо шомил нашаванд. Мақсади ташфиқот дар он аст, ки ҳаракатҳои ғайриқонуни пурра нест карда шавад.

Ниязова С., Саидов М., омӯзгорони ДКМТ

ТЕРРОРИЗМ - ИН ПЕШАИ ИНСОНИ СОҲИБАЌЛ НЕСТ!
Чуноне ки иттилоъ дорем ҳамсола дар ҳамаи давлатҳои љаҳон ва кулли Аврупоро таркишҳои мудҳиши террористӣ ва тирпаррониҳои шадид фаро гирифтааст. Ин амалҳои ваҳшиёнаи зидди инсонӣ, ки бо номи давлати исломӣ баромад мекунанд барои мардуми ҷаҳон корҳои онҳо заруратие нест, ки онҳо сохти давлат ва ҷомеаро дигаргун кунонад. Мардуми тамоми ҷаҳон аз давраҳои қадим то ба имрӯз фақат барои тинҷию зиндагии хушбахтона мубориза мебаранд. Ба инсони оқил зарурати кунҷковие  нест, ки ин ё он фарди ҷомеа дар кадом дин аст, дар кадом дине, ки набошад, кадом миллат ё нажоде набошад, инсон якдигарро эҳтиром кунанд, зӯроварии ваҳшониятро ба ҳамдигарӣ нишон надиҳад ва ин ҳолатҳои ногувори зидди инсониро ва то ҳол дидан ҳам намехоҳад. Ягон дине, дар ҷаҳон нест, ки инсонро ба зӯроварї ва ваҳшоният, гаравгонию  инсонкушӣ даъват намояд. Ҳар як дине, ки дар ҷаҳон пайдо шудааст, мардумро ба тинҷию осоиштагӣ тарѓибу ташвиқ мекунад. То якдигарро дӯст доранд, хиёнат ба ҳамдигар накунанд, муносибати некбинона бо якдигар дошта бошанд, шаҳодати дурӯѓ надиҳанд, дуздӣ ва хиёнат накунанд. Акнун ин чӣ хел дине аст, ки тамоми ҷаҳонро ба ларзиш оварда истодааст. Ба осудагии мардум халалдор мекунад. Вақте ки инсон дар ин рӯзҳои вазнини иқтисодӣ зиндагии худро гузаронида истодааст, чӣ мехоҳанд? Мусалмон он шахсе, ки бо дасту забонаш касеро озор надиҳад. Пас, ин шахсон кӣ ҳастанд? Дар ягон қонуни зиндагӣ ва Сарқонуни тамоми ҷаҳон гуфта нашудааст, ки инсонро аз зиндагӣ маҳрум созанд. Ин қадар инсонҳоро аз пайвандонашон ҷудо сохта истодаанд. Марги садҳо нафар кушташудагон бар гардани кист? Ашки модарони фарзандгумкардагонро кӣ бар мегардонад? Дар дини ислом эҳтироми волидайн ва онҳоро ҳурмату эҳтиром кардан дар ҷойи аввал меистад. Акнун чаро амалҳои террористӣ бо номи давлати исломӣ ин қадар модаронро дар ташфиш андохтааст. Аз чунин амалҳои мудҳиши террористӣ тамоми фарзандони ҷаҳон бераҳму ноадолатї меомӯзанд, на ин ки инсону инсонпарастӣ. Барои ба камол расонидан ва тарбия ёфтани кӯдакон  як идда гурӯҳҳои манфиатхох ба аҳли башар халал ворид карда истодаанд. Фарзандоне, ки кушта шудаанд, чӣ гуноҳ доранд, ки ба гаравгонӣ, мегиранду мекушанд. Оё он  шахсҳое, ки ба чунин амалҳои зишт даст мерасонанд, модар, фарзанд, бародар, хоҳар надоранд магар?
Барои он давлат бунёд ёфтааст, ки амнияти халқро ба зимаи худ гирад. Вақте ки ин қотилонро дастгир мекунанд, ҳатман ба ҷазои сахти қонунӣ аз озодӣ маҳрум карда шаванд. Сипас, дарк кунанд, ки озодӣ беҳтар аст ё маҳрум аз озодӣ! Ҳарчанд ки онҳо аз озодӣ маҳрум  шаванд ҳам онҳо дар ҳаёт зиндагӣ мекунанд. Лек шахсоне, ки шаҳид гаштаанд, дигарбора ба назди пайвандону фарзандон бар-намегарданд. Аз замонҳои ќадим то имрўз барои зиндагии шоиста инсоният мубориза мебарад ва ин мубориза барои зиндагиро хуш гузаронидан ва манфиат бахшидан ба мардуми диёр маҳсуб меёбад.
Фарҳанги ниёгони мо фиреб, фитна, дурўѓ, кизб, ѓурур, хиёнат, ифрот ва халал форид намудан ба шахсони дигарро намеписандад ва кўшиш ба харљ медиҳанд, ки барои осоиштагї ва некўаҳволии хеш ва меҳан ҳиссаи арзандаи хешро гузошта бошанд. Нест бод терорризм! Нест бод одамфурўшї! Нест бод ифротгарої!!!

Туев Ш.Ш., омӯзгори ДКМТ

ҲНИТ - ДУШМАНИ ХАЛҚУ ВАТАН АСТ
Тоҷикистон чун давлати демокративу ҳуқуқбунёд имрўзҳо дар арсаи байналмиллалӣ мақом ва манзалати хоса дорад. Баҳри таҳкимёбии ҳокимияти конститутсионӣ амалӣ намудани ғояҳои демократӣ чун меҳвари асосӣ ҳисобида мешавад. Дар Тоҷикистон ба озодии виҷдон,  озодии шаффофияти он пурра дар зери назорати давлат қарор дорад.
Айни замон шахсоне, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кўшиш менамоянд, мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто, бо амалҳои тундравона амалӣ созанд. Яке чунин ҳизбҳо, ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон буд.
Гарчанде таъиноти асосии таъсисёбии ҲНИТ аз ҳифзи истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, ҳимояи якпорчагӣ ва тамомияти арзии Тоҷикистон, ҳимоят аз истиқрори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва ҳамзистии бародаронаи халқҳои ҷумҳурӣ иборат бошад ҳам, вале солҳои охир аъзои он теъдоди зиёди ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистӣ (ифротгароӣ)-доштаро содир намуда, дар байни аҳолӣ, аз ҷумла бо истифодаи воситаҳои ахбори омма норозигию иғво ва кинаю адоват барангехта истодаанд, ки ин амалҳои онҳо боиси халалдоршавии ҳаёти осудаи шаҳрвандон ва амнияти ҷамъиятӣ гардида, ба асосҳои сохти конститутсионӣ ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид менамояд.
Хушбахтона бо қарори Додгоҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ин ҳизби тафриқаандозу ҷудоихоҳ қатъ карда шуда он имрӯз ҳамчун ҳизби ифротӣ ва экстремистӣ эълон гардид.
Назҳат ва назҳатиён ҳамеша ба таърифу тавсиф ниёз дошт ва дорад, чунки аз он меҳаросад, ки симои зишташон пешорӯи мардум намоён гардид ва дигар имкони ба арсаи сиёсӣ по гузоштан ва қудратманд шуданро аз даст дод. Ин аст, ки ба таърифу тавсифхои бебунёд, худнамоиву риёкорӣ, авомфиребию найрангбозӣ ҷавононро ба доми фиребу найранг ва роҳҳои бад кашида истодааст.
Имрӯз ҳам ин талошҳо ҷой доранд. Ҳама иқдомоти террористони наҳзатӣ ва пуштибононашон тавассути паҳн намудани иттилооти муғризона ва бардурўғ ба ҷалб кардани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба худашон, паст задани нуфузи давлатдории миллии мо нигаронида шудааст.
Замоне фаро расидааст, ки қатъи назар аз гуногунии ақидаҳои сиёсӣ ва динию мазҳабӣ дар амри пешгирӣ аз хатарҳои экстремистӣ ва терроризм баҳри саодати мардумамон, ободии хонаву дар ва ҳифзи Ватани азизамон ҳаммаром бошем.   

Ҳошимов Х., омузгори ДКМТ

Ватанро дӯст дорем
Мардуми тоҷик дар атрофи Пешвои миллат, асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гашта, барои расидан ба қуллаҳои баланди сулҳу субот ва амнияту шукуфоии Ватани азизамон  - Тоҷикистон  пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Вале дар ҷомеа нафароне низ ҳастанд, ки пешравию шукуфоии кишвари азизамонро дидан нахоста, таҳдидҳоро ба миён оварда, бехатарию субот ва осудагии кишварро халалдор мекунанд. Ба номи миллати тоҷик ва наздикону пайвандонашон доғ меоранд, волидаён ва аҳли байти хешро дар назди халқу миллат сархаму шарманда месозанд.
Яке аз сабабҳои ба ин гурӯҳҳои тундрав шомил гаштани бархе аз ҷавонон, алалхусус  ин нокифоя будани дониши илмиву дунявӣ, сиёсӣ ва номукаммал фаҳмидани дин аст.
Агар шахс дар ҳадди зарурӣ дониши илмиву дунявӣ ва ё фаҳмиши мукаммали динӣ дошта бошад, ҳеҷ гоҳ мутеи фикру ақидаҳои дигарон нахоҳад шуд.
Дар муқобили терроризм ва экстремизм аз ватандӯстӣ ва инсондӯстӣ дида дигар қувваи бузурге нест. Пеши эҳсоси бегонапарастиву инсонбадбинӣ ва даҳшатафканиро, маҳз ҳамкории аҳли илму маърифат, волидайн ва уламои дин гирифта метавонад. Барои ин мо бояд ҷавононро дар рӯҳияи инсондӯстиву  ватандӯстӣ  тарбия  намоем. Ва онҳоро тавре тарбия намоем, ки  аз терроризму ифротгароӣ ҷилавгирӣ намоянд.
Терроризм дар асри ҷаҳонишавӣ аз насли бесаводу бефаросат ҳамчун бозичаи дастӣ истифода мебарад. Агар назар афканед, як одами бесаводу ҷоҳил на танҳо гузаштаро намедонад, балки ояндаро ҳам тасаввур карда наметавонад, танҳо бесаводона дастур иҷро мекунад. Аз ин нуқтаи назар одами босавод ҳатман ватандӯст ва инсондӯст ҳам ҳаст. Хулоса, тарбияи як насли босавод, ки ватандӯст ва инсондӯст ҳам ҳаст, ҷавоб ба бозиҳои нави ҷаҳонист.
Воқеан, имрӯз ҳодисаҳои мудҳише, ки аз гурӯҳҳои террористию экстремистӣ анҷом дода мешаванд, боиси ҳалокати ҳазорон одамон мегарданд, водор мекунад, ки барои саводнок шудани ҷавонон, алалхусус, аз ҷиҳати сиёсӣ ҷаҳду талош бояд кард. Зеро то ҷамъият аз ҷаҳлу бесаводӣ берун наояд, то фарҳангу фаросату инсондӯстиаш боло нагирад, мубориза бо терроризму ифротгароиву вайронкорӣ натиҷаи дилхоҳ нахоҳад дод.
Баъзе ҷавонон бо сабаби ноогоҳии сиёсӣ ва надонистани ҳуввияти миллӣ эҳсоси ватандӯстию инсондӯстӣ оқибати рафтори худро дарк накарда, ба ин роҳ мераванд ва ба Ватану миллат хиёнат мекунанд.
Мувофиқи нишондодҳо дар натиҷаи истифода аз дин ва озодиҳои динӣ тадриҷан зиёдшавии экстремизми исломӣ ба назар мерасад. Ифротгароёну террористон, ки бо шиорҳои динӣ по ба майдони сиёсат гузоштаанд, аз ҳама беш мафкураи ҷавононро ба нишон гирифтаанд. Зеро медонанд, ки ҷавонон дар ҳар ҷомеа нерӯи асосӣ ва имрӯзу ояндаи давлат ба шумор мераванд.
Ба ҳар як шахси хирадманд маълум аст, ки маҳз дар шароити соҳибистиқлолии кишварамон масҷидҳои зиёде сохта шудаанд. Уламои динро лозим аст, ки шукри инро ба ҷо оварда, дар баромадҳои худ бештар оид ба ватандӯстию инсондӯстӣ сухан кунанд.
Замоне фаро расидааст, ки қатъи назар аз гуногунии ақидаҳои сиёсӣ ва динию мазҳабӣ дар амри пешгирӣ аз хатарҳои экстремистӣ ва терроризм баҳри саодати мардумамон, ободии хонаву дар ва ҳифзи Ватани азизамон ҳаммаром бошем.    
Назҳат ва назҳатиён ҳамеша ба таърифу тавсиф ниёз дошт ва дорад, чунки аз он меҳаросад, ки симои зишташон пешорӯи мардум намоён мегардад ва дигар имкони ба арсаи сиёсӣ по гузоштан ва қудратманд шуданро аз даст медиҳанд. Ин аст, ки ба таърифу тавсифхои бебунёд, худнамоиву риёкорӣ, авомфиребию найрангбозӣ ҷавононро ба доми фиребу найранг ва роҳҳои бад мекашанд.
Бояд моён шахсиятҳои бофарҳанг бар зидди ин ифротгароён мубориза барем. Ба ҷавонон бештар оиди зиён ва кори зишти гурӯҳҳои манфиатҷӯй сӯҳбатҳо ва ҳангоми машғулиятҳо дар бораи мафкураи вайрони ин гурӯҳҳои ифротгаро маълумот диҳем.
Ифроггароён то куҷо дар ин кори зишт муваффақ мешаванд, вақт нишон медиҳад, аммо набояд фаромӯш кард, ки наҳзат чӣ дар гузашта ва чӣ имрӯз дар мағшуш сохтани насли ва сӯи бегонашавӣ ва аҷнабигароӣ раҳнамун намудани онон «нақши калидӣ» дошту дорад.
Бо вуҷуди ин доимо риёкорона иброз медорад, ки бо рафтани ҲНИТ аз саҳнаи сиёсӣ интиқод аз байн рафт ва наҳзатчиён худро «қаҳрамон» дар майдони сиёсиию фарҳангии ҷумҳурӣ талқин мекунанд.

Хуҷамов Ш.Э., омӯзгори ДКМТ

Экстремизм ва терроризм - падидаҳои номатлуби ҷомеа
Дар замони мо шахсоне, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кўшиш менамоянд, мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто, бо амалҳои тундравона амалӣ созанд. Ба ақидаи аксари муҳаққиқон, сиёсатшиносон, рўзноманигорон экстремизм бештар аз ҳама дар соҳаи дин дучор меояд ва ин падида дар тамоми гўшаву канори сайёраи мо ба амал меояд.
Аксари мусулмонони олам чунини мешуморанд, ки нисбат ба онҳо мамолики Ғарб сиёсати-духўра, дурўя, меъёру стандартҳои мунофиқонаро ба кор мебаранд. Мутаассифона аксари онҳое, ки бо асли аркони ислом, таърих, фарҳанг, аҳком, фалсафа ва ахлоқи ислом ошно нестанд, чунин меҳисобанд, ки ба ислом хислати ситезу тундравӣ, таҷовузгароӣ, бадқасдӣ, ғайритаҳаммулпазирӣ хос аст. Ин андешаи мутлақо ғалат аст. Зеро «Қуръон», ҳадис, тамоми аҳкому аркони ислом ва фалсафаю ахлоқи он бар пояи адолат, баробарӣ, бародарӣ, озодӣ, амният бунёд ёфта, зарурияти сулҳ, ризоият, таҳаммул, оромӣ, амният, адолатро бо тамоми зуҳуроти он дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагӣ таъкид ва фармудааст. Ислом дини сулҳу салоҳ ва бародарист, на барқасдиву бетаҳаммулӣ.
Экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳоест, ки дар дунёи имрўза вирди забо-ни ҳама шудааст ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошад. Экстремизм (тундра-вӣ, аз андоза гузаштан) ба терроризм меорад. Истилоҳи «терроризм» (аз калимаи лотинии «tеrrоr») маншаъ гирифта, маъноаш «тарс ва ваҳм» аст. Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зўроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан, ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст.
Нахустин баҳсу мунозираҳо миёни мутафаккирон, диншиносон ва баъзе уламои хуруфотпараст ва тундрави дин ҳанўз дар дунёи қадим ба миён омада, мактабу равияҳои гуногуни диншиносӣ, андешаву афкор ва осори диншиносони Ғарбу Шарқ равшангари ин гуфтаҳост. Сиёсати динии давлати абадқудрати шўравӣ, ки замоне ҷумҳурии мо низ як ҷузъи таркибии он буд, бар пояи атеизм ва ҷаҳонбинии атеистӣ асос ёфта буд. Таъбири (тезиси) машҳури К.Маркс «Дин барои мардум афюн аст» шиор ва моҳияту мақсади муносибат ба дин қарор дода шуда буд.
Бо мақсади татбиқи ин сиёсат муборизаи густурдаву оштинопазир алайҳи дин ва ҳар гуна эътиқоди диниро тақозо мекард, ҷиҳати аз байн бурдани ба истилоҳ «боқимондаҳои динӣ, кўҳнапарастӣ, хурофот» аз шуури мардум зудудани ҳар гуна андешаи динӣ, аз ҷомеа решакан кардани дин тадбирҳои гуногун андешида, амалӣ карда мешуд. Аммо мубориза алайҳи дин ва эътиқоди динӣ, динситезӣ дар аксари мавридҳо натиҷаи баръакс медод ва вокунишро бармеангехт. Мардум аз рўи фитрати азалии хеш то ҷое метавонист, муқовимат мекард, пинҳонӣ амал мекард ва ҳатто, дар баъзе мавридҳо ба амалҳои ифротӣ, тундравӣ даст мезад.
Таърихи афкору андешаи инсонӣ исбот менамояд, ки илму дониш ҳеч вақт душмани дину имон набуда, балки бар зидди хурофот, кўҳнапарастӣ, бофтаҳои баъзе диндорони бесаводу чаласавод буд. Ягон мутафаккир ё донишманди асили замони гузашта ва муосир низ бар зидди дин набаромадааст, балки хурофот, нодонӣ, ҷаҳолатро зери интиқод қарор додааст.
Замоне, ки давлати абадқудрати Иттиҳоди Шўравӣ вуҷуд дошт, мубориза миёни ду гурўҳи давлатҳо, ду идеология - лагери сотсиализм, ки ҷонибдори идеологияи коммунистӣ буданд ва дар раъси онҳо қарор дошт ва давлатҳои капиталистӣ бо сардории ИМА, ки худро чун кишварҳои демократӣ ва озод муаррифӣ менамоянд, муборизаи шадид, «ҷанги сард» идома дошт.
Пас аз суқути ИҶШС ва пош хўрдани иттиҳоди (лагери) сотсиалистӣ мубо-риза шакли дигар ро касб намуд. Рақобати абарқудратҳо, кўшиш барои соҳиб шудан ба нуфуз ба ин ё он минтақаи олам, захираву сарватҳои табиӣ, энергетикӣ, ба даст овардани мавқеи афзалиятноки стратегӣ, ҳарбӣ ва ғайра торафт шиддат мегирад.
Яке аз омилҳои тезу тунд шудани муносибати баъзе кишварҳои мусулмонӣ бо давлатҳои Ғарб маҳз ҳамин сиёсати риёкорона, муғризона, дурўягӣ ва мунофиқона аст, ки он боиси пайдо шудан ва густариши мухолифат байни пайравони дини ислом ва масеҳият, тамаддуни Шарқу Ғарб ва дар айни замон тавлиди ҷараёнҳои тундрав (экстремистӣ) дар дину мазҳабҳои ҳам Ғарб ва ҳам Шарқ аст.
Солҳои 1943-1988 дар кишвари мо ҳамагӣ 34 созмони динӣ, аз ҷумла 17 масҷид, 15 калисо ва ибодатгоҳи насронӣ, 2 куништи яҳудӣ амал мекард.
Ҳоло дар қаламрави ҷумҳурӣ қариб 4 ҳазор иттиҳодияҳои динии исломӣ (масҷидҳои панҷвақта, ҷомеъ ва масҷиди ҷомеи марказӣ, Кумита оид ба корҳои дин, Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шўрои уламои маркази исломии Тоҷикистон, Донишкадаи исломии ба номи Имоми Аъзам, 19 мадраса, дигар иттиҳодияҳо ва ҷамоатҳои (созмонҳои) динӣ) мавҷуданд.
То соли 1990 мусулмонони ИҶШС танҳо дар мадрасаи Мири араби Бухоро ва Донишкадаи олии исломии Тошканд имкони таҳсилоти динӣ гирифтан доштанд. Соли 1990 дар ин ду муассисаи таълимии динӣ аз ҷумҳурии мо ҳамагӣ 27 нафар таҳсил мекарданд.
Соли 1990 дар шаҳри Душанбе Донишкадаи олии исломии ба номи Имом Тирмизӣ (ҳоло ба номи Имоми Аъзам) таъсис ёфт, дар он ҳамон вақт ҳамагӣ 142 нафар донишҷў таҳсил мекарданд. Дар шаҳри Хуҷанд, Қўрғонтеппа мактабҳои динӣ-мадрасаҳо кушода шуданд. Ҳоло танҳо дар Донишкадаи олии исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам беш аз 1,5 ҳазор донишҷў таҳсил менамояд. Дар назди Донишкадаи мазкур гимназияи исломӣ фаъолият дошта, дар он қариб 700 нафар толибилмон таҳсил менамоянд, ки 291 нафарашон духтарон мебошанд ва ба онҳо 44 нафар устодон таълим медиҳанд.
Агар дар тўли беш аз 72 соли салтанати шўравӣ ҳамагӣ беш аз 30 шаҳрванди мо фаризаи ҳаҷро анҷом дода бошанд, дар давраи истиқлолият ҳазорон мусалмонони Тоҷикистон бо истифода аз ҳуқуқу озодиҳои худ ба мартабаи баланди ҳоҷигӣ расиданд. Соли 1943 аз ИҶШС ҳамагӣ 3 нафар ба маросими ҳаҷ рафта буданд. Дар мавсими ҳаҷи соли 2010-ум 5336 шаҳрванди ҷумҳурӣ фаро гирифта шуда буд, ки нисбат ба соли 2009-ум 265 нафар зиёд буд. Соли 2011 қариб 5,5 ҳазор нафар ба ҳаҷ рафтанд.
Бояд қайд намуд, ки дар баробари равоиди мусбату мўътадил ва табиӣ ҳаёти динӣ - маънавӣ, инчунин зуҳуроти манфӣ ва номатлуби ғояҳои ифротгароӣ, ки асосан аз хориҷи кишвар ворид мешавад, дар фаъолияти баъзе созмону ниҳодҳо, ҳизбу гурўҳҳо таъсири муайян расонданд.
Зиёиёни эҷодкор бошанд, баъзе уламои динро ба бегонапарастӣ, арабгароӣ, бесаводӣ, чаласаводӣ, хурофоту таассуб, мавизаҳои бемантиқ, бе рабту низом, лаҳни тунду таҳқиромез ва зиддидавлатию зиддимиллӣ айбдор менамоянд. Дар айни замон баъзе уламои дин зиёиён, рўзноманигоронро ба динситезӣ гунаҳкор медонанд.
Дар ҳарду ҳолат ҳам уламои дин ва зиёиёни тоҷик бояд ҳамфикр бошанд, манфиатҳои умумимиллӣ, умумидавлатиро аз ғаразҳои ҳизбӣ, гурўҳӣ, мазҳабӣ, шахсӣ боло гузошта, ҷомеаро ба ихтилоф, ҷудоӣ ва хатару нооромӣ мувоҷеҳ насозанд.

Шарифов Ф., Шамсиддинова М., омӯзгорони ДКМТ





10 январи 2018 сол
Вокунишҳо
Муфассал...