Баргузории «мизи гирд», ки санаи 2.11.2017 дар ҳошияи конференсияи САҲА бо хизмати хирсонаи якчанд нафар фаъолони ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон ва созмони ғайридавлатии «Евразиян Диалог» дар шаҳри Вена баргузор шуд, онро ҳамчун амали ифротӣ ва дасисаангез ном мебарем. Ҳарчанд ходимони ин «мизи гирд» бо маълумотҳои бардурӯғашон  мехоҳанд байни ҷомеа иғво ангезанд ва мардумро ба муқобили Ватану миллат ситезонанд, аммо ҳаминро бояд таъкид намоям, ки онҳо ба мақсади нопоки худ ҳеҷгоҳ нахоҳанд расид. Мо мардуми меҳнатқарини тоҷик бо чашми худ дидем, ки фаъолони ин ҳизби мамнуъ дар Тоҷикистон чӣ бадбахтиҳоеро ба сари ин миллати фарҳангсолор оварданд. Ба қатл расонидани беҳтарин рӯзноманигорони тоҷик, ки онҳо ҳамеша бо ҳақиқатнигории худ дар байни ҷамъият мақому манзалати худро пайдо намуда буданд, аз тири ин палидон ҷойгоҳи худро холӣ карданд. Бо далелҳои бардурӯғи ин ҳангомаҷӯён гӯё дар Тоҷикистон озодии баён вуҷуд надорад. Ман бори дигар ба ин аблаҳон муроҷиат мекунам, ки имрӯз дар Тоҷикистон 600 нашрияву маҷалла, 260 матбаа ва 11 оҷонсии иттилоотӣ дар кишвар амал мекунанд ва дар нигориши вазъи осудаи Тоҷикистон маълумотҳои дақиқу саҳеҳро пешниҳод мекунанд.
Мо ҷанги хунини шаҳрвандиро аз сар гузаронидаву рӯзҳои сангинро дидаем ва ҳеҷгоҳ дигар фирефтаи ин гуна иғвоангезону дасисабозон намегардем. Тоҷикистон гаҳвораи умеди мост, то ҷон дар вуҷудамон ҳаст барои ҳифзи арзишҳои маънавию фарҳангии ин сарзамин хизмат мекунем ва ҳамеша ин гуна «мизҳои гирд», ки мақсадашон нопок аст маҳкум менамоем.

Осими Оқил
сармуаллими ДКМТ


ҲНИТ ВА ДОИШ: ИСБОТИ АМАЛИИ ЯК БУДАНИ ТАЪЛИМОТ, ФАЪОЛИЯТ ВА МАҚСАДИ ИН ДУ ТАШКИЛОТИ ЭКСТРЕМИСТӢ
Тавре ВАО хабар доданд, масъулияти амали террористиро, ки чанде пеш дар Ню-Йорки ИМА содир карда шуд, ДОИШ (дар Тоҷикистон мамнуъ эълон шудааст!) ба зимма гирифт. Ин бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки  хатари ин созмони террористӣ  ба амнияти ҷаҳон беш аз ҳама таҳдид мекунад. Аз ҷумла, ба Тоҷикистон низ, ки узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аст. Ва махсусан вақте ки таълимот, фаъолият ва аҳдофи Ҳизби дар кишвари мо мамнуи наҳзати исломии Тоҷикистон ва ДОИШ ба ҳам монанданд.
ДОИШ як созмони тундрави мазҳабист, ки дар соли 2014 қисматҳои бузурге аз қаламрави Сурия ва Ироқро ба даст оварда, дар ин сарзаминҳои зери назораташ эълони «хилофат» кард. Ин гурӯҳ бо ақидаҳои хеле тунди мазҳабӣ ва бархӯрди бераҳмона нисбат ба асирону дигарандешон, аз ҷумла бо қатлҳои дастаҷамъӣ ва зинда ба зинда сӯзондану гӯрондани асиронаш ном баровардааст.
Ба ҳисоби мақомоти амниятии Русия, аз кишварҳои пасошӯравӣ беш аз 5 ҳазор нафар ба Сурияву Ироқ рафта, ба сафи созмонҳои ифротӣ ва асосан ба ДОИШ пайвастаанд. Мақомоти Тоҷикистон шумори шаҳрвандони тоҷик дар Сурияву Ироқро ҳудуди 1100 нафар баробар мекунанд.

ВОКУНИШ
Аз сабаби он, ки Ҳизби назҳати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) бо иҷро ва сарпарастӣ намудани амалҳои ғайриқонунии хусусияти террористӣ ва экстремистӣ дошта, фаъолияти он дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст. Ба ин нигоҳ накарда, фаъолони ташкилоти мазкур бо нияти сиёҳ кардани авзои сиёсии Тоҷикистон дар хориҷи мамлакат ва иғво андохтан дар байни мардуми осоиштаи он, фаъолияти ғаразноки худро берун аз қаламрави Тоҷикистон идома дода истодаанд, ки боиси халалдор шудани ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) шуда истодааст. Вале, онҳо хабар надоранд, ки ҳоло вазъияти сиёсии Тоҷикистон ҳамчун солҳои 90-ӯми асри гузашта набуда, балки сокинони кишвар аллакай гирди сарвари арзандаи худ, Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомали Раҳмон ҷамъ омада, ҳаёти оромонаю осудаҳолона мебаранд, ки гарави баланд шудани некӯаҳволии халқи азияткашидаи тоҷик шуда истодааст. Аммо, ҳар як аъзои ҷамъияти кишвар бояд дар назар дошта бошанд, ки душманони миллат аз ниятҳои ғаразноки худ ҳоло даст накашидаанд ва кӯшиш доранд, ки бо ҳар роҳ байни мардум иғво андозанд ва аз ҳамин сабаб,  бояд ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ дар сатҳи сиёсӣ ҳушёриро аз даст надиҳанд, нагузоранд, ки минбаъд ягон шахс фирефтаи доми душманони миллат дар дохил ва хориҷи кишвар нагарданд.

БА НОМАИ КУШОД БА САФИРИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ЭРОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҲУҶАТТУЛЛОҲ  ФАҒОНӢ
Аҳли кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ аз мундариҷаи  номаи кушод ба сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳуҷаттуллоҳ  Фағонӣ шинос шудем.
Аз мундариҷаи нома бармеояд, ки зодаи Истаравшани бостонӣ Бурҳонов Юнус Аббосович, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор дорад ва пайваста тавассути маводи иғвоангезона бар сари мардуму миллати хеш борони тӯҳмату бӯҳтон мерезад. Инчунин бо интихоби лақаби “Истаравшанӣ” ба номи шаҳри бостонӣ доғ меоварад.
Одатан лақаб ё ин, ки тахаллус  ба шоирону нависандагон хос буда, вобаста ба тавсифи сифатҳои шахсӣ  ва маҳораташон  ё ин, ки ҷои маҳал, зист ва ғ. ба худ тахаллус интихоб менамуданд. Тахаллус ё ин, ки лақаб бояд ба сифати шахсӣ, маҳали зист ва ғ бояд хос бошад.
Зодаи Истаравшани бостонӣ Бурҳонов Юнус Аббосович, ки ба хуб лақаби “Истаравшанӣ” гирифтааст, сазовори  чунин шаҳри бостонӣ  ва таърихи қадимадошта буда наметавонад. Зеро шаҳри Истаравшан  яке аз қадимтарин шаҳрҳои Осиёи Марказӣ ва дуввумин шаҳри азими вилияти Суғд аст, ки таърихи зиёда аз 2500-сола дорад. Асосгузор ва меъмори ин бостонзамин  Куруши Кабир буда, шаҳр бо номҳои Курушкадаву Киропол (асрҳои 529-559 пеш аз милод) шӯҳрат ва маҳбубияте миёни мардуми Тоҷикистон ва хориҷӣ он дорад. Маҳз ин шаҳр бо мардумонаш ба ҳуҷумҳои пайдарҳами Искандари Мақдунӣ муқобилияти шадид нишон додаанд.
Истаравшан (Киропол, Курушкада, Уструшана, Ӯротеппа) ватани бузургони илму адаб чун Шиблӣ, Шаҳдӣ, Зуфархон Ҷавҳарӣ, академикҳо Аҳрор Мухторов, Раҷаб Амонов, Улмас Мирсаидов, Пӯлод Бобоҷонов, Хуршеда Отахонова ва қаҳрамонони арсаи кори пайкор Набӣ Акрамов, Камол Охунов, Сабоҳат Чамолова ва садҳои дигар аст, ки боиси фахри ҳамдиёрон ва кашварҳои хориҷӣ мебошанд.
Умуман марди барӯманд, оқил ҳама вақт кишвари хешро  ҳурмату эҳтиром менамояд ва таърихи аҷдодону миллати хеш ва маҳали зисти худро ҳурмат менамояд.
Лекин ин шахсе, ки мо ҳамчун Бурҳонов Юнус Аббосович мешиносем шоистаи тахаллус ё ин ки лақаби “Истаравшанӣ” нест. Зеро чи хеле, ки дар боло оиди шаҳри қадима, таърихи он, қаҳрамониҳои мардумаш ва инчунин бузургони илму адабаш ёдовар шудем, бо чунин лақаби “Истарашанӣ” арзанда намебошад.
Мо аҳли кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ рафтори чунин шахсро маҳкум менамоем ва номи Истаравшани бостониро, ки ифтихори қаҳрамонӣ, меҳанпарастӣ фазилату маърифати фарзандонашро  дорад, аз лақаби Бурҳонов Юнус Аббосович бардошта шуданро тарафдорӣ менамоем. 

Мудири кафедра  Юсупов Х.М.




18 декабри 2017 сол
Вокунишҳо
Муфассал...