ДИНИ МУБИНИ ИСЛОМ БА ЯГОН ҲИЗБ ЭҲТИЁҶ НАДОРАД.
Бо номи муқадаси дини мубини ислом номгузорӣ кардани ҳизб ин риоя накардани оятҳои Қуръон мебошад. Тафриқаангезӣ дар оятҳои Қуръону ҳадисҳои нобавӣмаҳум карда шудааст ва дини ислом ба дастгирии ягон ҳизб муҳтоҷ нест. Зери ниқоби дини мубини ислом танҳо шахсони худобехабар амалҳои нангинро иҷро менамоянд. Бо амалҳои нангини худ онҳо обрӯи мулалмонини дунёро мерезонанд. Қату куштори шахсони бегуноҳ, азобу шиканҷаҳои шахсони бегуноҳ инҳо гуноҳи кабиро буда, аз нуқтаи назари шариати ислом маҳкум карда шудааст. Мувофиқи гуфти пайғамбари ислом Муҳаммад (с.с) мусулмони ҳақиқӣ, шахсест, ки дигарон аз забон ва дасти ӯ озор намебинанд.
Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) аз гуфтаҳои собиқ намояндагони он Иззатулло Саъдулло ва Сияҳаков С.Ш бар меояд, ки мақсадаш на ҳифзи ҳуқуқӣ мусалмонон, балки резонидани обрӯи онҳо мебошад. Ҳар як ҳизб новобаста ба сохтору ақоиди сиёсиаш дар назди худ як вазифа мегузорад, ки он соҳиби мансаб шудан мебошад. Баъди ба сари ҳокимият омадан аъзоёни ҳар як ҳизб кӯшиш мекунанд сотори давлатиро мувофиқи низоми худашон ба роҳ монанд. ҲНИТ низ баъди ташкилёбиаш танҳо як мақсад дошт, ғазби ҳукумат, сарнагум сохтани сохти давлатдорӣ, барпо кардани давлати исломӣ. Барои ноил гаштан ба ин мақсади ғаразнопокашон онҳо аз номи дини ислом баромад намуда, давлату тенҷу оромро ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ ғӯтониданд. Дар натиҷа ин ҷанги бемаънии бародаркуш зиёда аз 150000 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҷони худро аз даст доданд.
Мардуми зиёди қисмати ҷануби Тоҷикистон ба Авғонистони ҷангзада аз тарси ҷон ва номуси зану фарзандҳояшон фирор карданд.
Хушбахтона бо ташабуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон гурезаҳо ба ватан бар гардонида шуда, дар Тоҷикистон сулҳу субот ва оромӣ танинандоз гашт. Вале хоинони миллатӣ тоҷик бо роҳбарии ҲНИТ, бо кушиши табадулоти давлатиро карданд, вале халқи шарафманди тоҷик  онҳоро дастгирӣ нанамуд ва сохторҳои қудратии саркардагон ва иштирокчиёни ин табадуллотро несту нобут кардан два хушбахтона ҳоло дар Тоҷикистон тенҷию оромӣ ҳукмфармо мебошад.

Устоди ДКМТ Гафоров С

КАҲРАМОНОН НАМЕМИРАНД
Хайдар Косимов яке аз чеҳраҳои бисёр намоён дар дунёи сиёсат  буданд, ки ӯ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми Иттиҳоди  Чамоҳири  Шӯравии Сотсиалистӣ  шуҳрат доштанд. Вақте ки соли 1992 Чанги шаҳрванди дар шаҳри Душанбе  сар шуд  мардуми тоҷик ба дигар ҷойхо гуреза шуданд, дар ҳамин вақт Хайдар Косимов аз сарҳади Тоҷикистон  гузаштан намехост ва гуфта буд, ки «Мурам ҳам дар Ватани худ мурам»  барои  ин Ватан  ман ҷонбозӣ кардам ва намехоҳам аз ин ҷо равам. Хамаи мардум ӯро хеле  ҳурмат мекарданд.  У бо  қисми мардуме, ки аз  сарҳад гашта омаданд, дар мактаб, масҷид ва хонаҳо ҷой намуданд.  Соли 1993  яроқбадастон ӯро гирифта бурданд.Баъди чанд вақт ҷасади ӯро ёфтан, ки  аз дасти душманон ваҳшиёна  ба қатл расонида шуд. У ба  муқобили душманон қаҳрамона ҷангида, барои  насли ояндаи худ  заминаи сулҳ офарид, номи тоҷикро  шарафмандона боло бардоштанд.
Имрӯзҳо низ як қатор ҷавонон ба доми фиреби гуруҳҳои          тахрибкору моҷароҷӯ афтидаанд.   
Хар як фарди солимфикр ва худшинос бояд аз гузашта сабақ гирифта, ба чунин ҳизбу ҳаракатҳои террористию ифротӣ даст назананд ва барои  ҳимояи халқу ватан саҳми арзанда гузоранд.
Сарвари давлат  чунин тафриқаандозӣ  ва  фитнаангезиро  маҳкум намуда, аз минбари баланди Созмони Миллали Муттаҳид иброз доштанд, ки терроризм ва экстремизм ба ҳеҷ дин иртибот надорад, аз ҷумла ба дини мубини Ислом. Имрӯз Тоҷикистони мо таҳти роҳбарии  хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар масир тақвияти  сиёсати хориҷӣ ва боло бурдани обрӯву нуфузи худ  дар арсаи ҷаҳонӣ бо муваффақият пеш рафта истодааст.  
Дар чунин вазъи ҳассоси ҷаҳони муосир мо бояд беш аз ҳар вақти  дигар эҳтиёткор бошем,  барои  ҳифзи  арзишҳои милливу дастовардҳои  Истиқлолияти давлатӣ талош варзем.
Чавононро месозад, ки хизматҳои чунин мардони шуҷоъро  қадр намоянд.

Кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ сарлаборант  Силмонова С. И.     

ҲАҚИҚАТ ТАЛХ АСТ
Гарчанде, ки ҳақиқат талх аст, вале мардона бояд онро эътироф кард. Масъулияти ҳамешагии журналистон дар ҷомеа ин инъикоси воқеият ва интишори иттилооти саҳеҳ мебошад. Дар ҳама солу замон рӯзноманигорон кор ва фаъолият мебурданд. Мутаассифона, аъзоёну тарафдорони ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ муқобили инъикоси воқеият мегарданд. Дар солҳои 90 - ум, ки ҷанги бародаркуш амал мекард, журналистон хеле мардонагӣ нишон доданд. Онҳо асли воқеаро нишон медоданд. Ин амали онҳо ба мухолифин маъқул намешуд. Бинобар ин дар он солҳои мутҳиши ҷанги бародаркуш ба журналистон фишор меоварданд. То ҳатто ба қатл мерасониданд. Аз соли 1992 то соли 2000 - ум 10 нафар журналистонро ба қатл расониданд. Масалан директори барномаҳои телевизиони Тоҷикистон Давлаталӣ Раҳмоналиев 18 -уми августи соли 1994 ба қатл расонида шуд. Аз рӯи далелҳои тафтишотӣ амали террористиро бо дастури собиқ муовини Вазири мудофиаи ҶТ Назарзода А. содир намуданд.
Вазъи сиёсии мамлакатҳои исломӣ дар замони муосир хеле ноором аст, ки ин бевосита ба тамоми ҷаҳон таъсири манфӣ мерасонад. Равияҳо ва ҳизбҳои диниву экстремистии давлатҳои Исломӣ, давлати соҳибистиқлолу дунявии тоҷикро низ ба гирдоби ҳалокатовари идеологияи динии худ кашиданианд. Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки дар гузашта дар сатҳи сиёсии давлатамон пурра фаъолият мекард, дорои рӯзномаи “Наҷот”ва сомонаи интернетӣ буд, ки бо воситаи он дар ҷомеа ба идеологияи ифротгариву иғвогарӣ, ки бар зидди сиёсати оқилонаи Президенти ҷумҳуриамон равона шуда буд, баромад мекард. Амалиёти ғайриқонунӣ бо мақсади аз нав оғоз кардани ҷанги бародаркуш сарнагун кардани давлати дунявии тоҷик , нест кардани ваҳдат ва ягонагии халқ, барпо кардани давлати исломӣ ва маҳдуд кардани озодии тоҷик буд. ҲНИТ дини исломро истифода бурда, амалиётҳои экстремистиву террористии худро баҳри ба даст овардани ҳокимият бо дини мубини ислом пардапӯш карда, халқи тоҷикро ба ҷанги бародаркуш даъват мекард.
Айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои амну осоиш сулҳу суботи комил ҳукмфармост. Мо мардуми Тоҷикистон аз он фахр менамоем, ки осмони софу беғубор дорем, озодона дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ кор ва фаъолият мебарем. Мо мардуми шарифи кишвар ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгароӣ, иғвогароӣ, моҷароангез, хиёнаткор сарфи назар менамоем ва ба номуси баланди ватандориву ватанпарастӣ иснот намеоварем. Ватанамонро чун гавҳараки чашм нигоҳ медорем ва муҳофизат менамоем!

Сармуаллимаи кафедраи ФТИ: Мирхолиқова М.А.

ҲНИТ ВА ДОИШ: ИСБОТИ АМАЛИИ ЯК БУДАНИ ТАЪЛИМОТ, ФАЪОЛИЯТ ВА МАҚСАДИ ИН ДУ ТАШКИЛОТИ ЭКСТРЕМИСТӢ
Тавре ВАО хабар доданд, масъулияти амали террористиро, ки чанде пеш дар Ню-Йорки ИМА содир карда шуд, ДОИШ (дар Тоҷикистон мамнуъ эълон шудааст!) ба зимма гирифт. Ин бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки хатари ин созмони террористӣ ба амнияти ҷаҳон беш аз ҳама таҳдид мекунад. Аз ҷумла, ба Тоҷикистон низ, ки узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аст. Ва махсусан вақте ки таълимот, фаъолият ва аҳдофи Ҳизби дар кишвари мо мазмуни наҳзати исломии Тоҷикистон ва ДОИШ ба ҳам монанданд.
ДОИШ як созмони тундрави мазҳабист, ки дар соли 2014 қисматҳои бузурге аз қаламрави Сурия ва Ироқро ба даст оварда, дар ин сарзаминҳои зери назораташ эълони «хилофат» кард. Ин гурӯҳ бо ақидаҳои хеле тунди мазҳабӣ ва бархӯрди бераҳмона нисбат ба асирону дигарандешон, аз ҷумла бо қатлҳои дастаҷамъӣ ва зинда ба зинда сӯзондану гӯрондани асиронаш ном баровардааст.
Ба ҳисоби мақомоти амниятии Русия, аз кишварҳои пасошӯравӣ беш аз 5 ҳазор нафар ба Сурияву Ироқ рафта, ба сафи созмонҳои ифротӣ ва асосан ба ДОИШ пайвастаанд. Мақомоти Тоҷикистон шумори шаҳрвандони тоҷик дар Сурияву Ироқро ҳудуди 1100 нафар баробармекунанд . дар бораи ҳалокати то 300 нафари онҳо дар он ду кишвари арабӣ гузориш шудааст.
Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон соли гузашта гуфта буд, ки 80 дарсади ин шаҳрвандони тоҷик ҳангоми муҳоҷирати корӣ дар Русия ва асосан аз тариқи шабакаҳои интернетӣ ба доми мубаллиғони созмонҳои ифротӣ афтода, ба Ховари Миёна рафтаанд.
ҲНИТ дар бинои Моҳи апрели соли 1992, вақте, ки ТЭТ ҲНИТ бо нақшаи хоҷагони хориҷияш фазаи яроқноки ҷанги шаҳрвандиро сар кард, аввалин кораш гаравгонгирии мардум, кушодани зиндонҳо, шиканҷахонаҳо ва қатлгоҳҳо буд. Зиндони марказии ҳаммоми совхози «Туркманистон»-и ноҳияи Вахш ҷойгир шуда, солҳои 1991-1992 наҳзатиҳо дар он садҳо нафарро нигоҳ дошта, бе ягон муҳокима шиканҷа ва қатл мекарданд. Аз ин хотир, ҳар вақте, ки телевизон ҷиноятҳои ДОИШ-ро нишон медиҳад, ҳамон ҳаммоми хунини ҲНИТ дар ноҳияи Вахш пеши назар меояд. Яъне ДОИШ дар мо даҳсолаҳо пеш корашро сар карда буд.
Аммо коре, ки пурра як чиз будани ҲНИТ ва ДОИШ-ро нишон медиҳад, ихтирои бемислу монанди наҳзатиён дар Тоҷикистон, яъне «бочка-зиндонҳо» ва «бочка-шиканҷаҳо» мебошад. Ин ихти-рои  зиддиинсонии ҲНИТ чунин буд, ки онҳо систернаҳои оҳании об ё бензину керосинро гирифта, одамонро дар даруни онҳо зиндон мекарданд. Гоҳо дар як бочкаи оҳании як-ду тоннагӣ то 8-10 нафарро андохта, дари онро қулф карда мемонданд. Аз чунин зиндон на танҳо гурехта намешуд, балки аксаран инсонҳо аз гармии тоқатфарсо, аз нарасидани ҳаво ва аз бӯю гази наҷосатҳо нафасгир шуда, рӯзҳо ҷон канда - ҷон канда мемурданд. Ё дар чунин систерна-зиндонҳо зимистон аз хунукӣ шах шуда ҳалок мешуданд. Ба маълумоти сад фоиз мушаххас, чунин «бочка-зиндонҳо»-и ҲНИТ-ро дар ноҳияи Ҷиргатол ва Тоҷикобод командири машҳури ҲНИТ Шайхи Ёрибек, дар Нуробод Мулло Абдулло, дар Роҳатӣ «Раҳмон Гитлер» ва Мансур васеъ истифода мебурданд.
Ин даҳшатноктарин тарзи ҷазодиҳӣ ва шиканҷа ва қатл буд, ки маҳз ҲНИТ ихтироъ карда, ба ҳазорон нафар иҷро кардааст. Ин кори наҳзатиёнро шиканҷа ё қатли «аккустикӣ» номидан мумкин будагист.  Даҳшате, ки ҳатто ақли ДОИШ ҳам ба он нарасидааст.
Оё ягон наҳзатие ҳаст, ки гӯяд, ки будани бочка-зиндонҳои ҲНИТ дурӯғ аст? Албатта, не, чунки ҳамаашон нағз медонанд, ки ҳар як қумандони наҳзатӣ чандто чунин бочка-зиндон дошт. Ё наҳзатиҳо гумон доранд, ки табассумҳои маккоронаи М.Кабирӣ ин чизҳоро мепӯшонад, ё мардуми тоҷик ин чизҳоро фаромӯш кардааст? Не, ҳаргиз. Барои исбот, даҳҳо нафар мардуми минтақаи Ҷиргатол, Нуробод, Тоҷикобод, Ромит ё Роҳатӣ то имрӯз ҳам аз ин шиканҷаи бемисл дар «бочка-зиндонҳо»-и ҲНИТ назди духтурҳои рӯҳшиносу асабшинос табобат мегиранд. Ҳар яки ин тасодуфан зиндамондаҳо шоҳиди ин ҷинояти бемислу монанди ҲНИТ-ДОИШ ҳастанд.
Ҳамаи ин боз ҳам нишон медиҳад, ки дар масъалаи зулму бераҳмӣ ва қатлу ҷиноят байни ҲНИТ ва ДОИШ ягон фарқе нест.
Хулоса, дар ҷанги дохилии Тоҷикистон, ки ҲНИТ онро ташкил кард, аз тарафи ин ташкилот кушта шудани 150 ҳазор нафар аҳолии кишвар худаш бас аст, ки сатҳи ҷинояти ҲНИТ дар назди халқи тоҷик баҳо дода шавад
Хадафи Кабири пас аз бархам хурдани «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон» хамрох бо ташкилотҳои террористии «Ансоруллоҳ», «Ҳаракати исломии Узбекистон», «Ҳизби таҳрир», «Ҷамоати таблиғ», «Ҷамоати даъват», «Салафия», «Толибон» ва «Давлати исломӣ» ки фаъолияташон дар Тоҷикистон мамнӯъ эълон шудааст, ноболиғонро бо ҳар роҳу восита ба сафҳои худ ҷалб намуда, ба давлатҳои исломӣ мефиристанд
Ниҳоят, моҳи сентябри соли 2015 ин ташкилоти экстремистию террористӣ бо дастури бевоситаи хоҷагони худ ва бо воситаи дастпарвари худ генерал Ҳ.Назарзода нақшаи табаддулоти давлатиро амалӣ карданӣ шуда, ба сулҳу ваҳдату амнияти Тоҷикистон ҳуҷум карданд. Албатта ин кӯшиши онҳо саривақт саркӯб шуду Тоҷикистони мо аз ин хатари аҷнабӣ наҷот ёфт. Аммо ин амали ҲНИТ ба таври қатъӣ маълум кард, ки ин гурӯҳ дигар ислоҳ намешавад. Аз ҳамин сабаб, Суди Олӣ маҷбур шуд, ки фаъолияти ин ташкилотро қатъ кунад. Ин ҷо ҳам адвокатҳои наҳзатӣ бояд донанд, ки манъ кардани ҲНИТ ба шартномаи сулҳ ягон муносибат надорад, чунки ҲНИТ-ро барои он ҷиноятҳои вазнини ДОИШ-ияш набастаанд, балки барои дар соли 2015 бо супориши кишвари хориҷӣ тарҳрезӣ, сармоягузорӣ ва амалӣ кардани кӯшиши табаддулоти давлатии мусаллаҳона бастаанд. Магар барои ин хел кор давлат бояд нисбати ин ташкилот чӣ кор мекард?
Ҳамин тавр, ДОИШ ва ҲНИТ дар асл як ташкилот буда, тарроҳону спонсорҳояшон ва хоҷагонашон як аст. Мақсад, идеология ва тарзи корашон ҳам як чиз аст. Инро дар назар гирифта, дигар фарқе надорад, ки мо «ДОИШ» гӯем, «Ал-қоида» гӯем, «Толибон» гӯем, «Боку Ҳаром» гӯем ё «ҲНИТ» гӯем. Номҳо гуногунанд, аммо фаъолият ва моҳият як чиз аст. Ё дигар фарқ надорад, ки Бен Ладен гӯем, Мулло Умар гӯем, Абубакри Бағдодӣ гӯем ё Муҳиддин Кабирӣ гӯем. Номҳо фарқ мекунанд, ҷойҳо фарқ мекунанд, формаҳо фарқ мекунанд, аммо вазифаҳо, ролҳо, хоҷагон, спонсорҳо як аст. Масалан, моҳи январи соли 1993, вақте минтақаи Рашти Тоҷикистон муваққатан зери назорати ҲНИТ афтод, онҳо дар ин минтақа зуд давлатчаи худро бо номи «Ҷумҳурии исломии Ғарм» (ҶИҒ) ташкил намуда, дар он қоидаҳои исломиро аз фаҳмиши ифротии наҳзатӣ ҷорӣ карданд. Аз тарафи ҲНИТ узви раёсати олии ҳизб Саъдиддини Рустам,  ки  ҳоло  дар зиндон аст, «президент»-и ин «давлати исломӣ» ва қумандони хунхори ҲНИТ Ризвон Садиров «вазири мудофиаи ҶИҒ» эълон шуданд. Диққат кунед, ки аввалин фармонҳои ин давлати худхондаи ҲНИТ чи хел буданд: «аз хона набаромадани занон», «аз чор ангушт кам набудани риши мардон», «ба мактаб нарафтани духтарон», «аз ҳар хона ба лашкари наҳзат додани ду муҷоҳид», «ба ихтиёри ҷангандаҳои ҲНИТ супоридани захираҳои озуқавории мардум, аз ҷумла орд, асал, чорво, картошка, себ ва ғайра», «манъ будани мусиқӣ дар тӯйҳо» ва ғайра буданд. Агар ин фармонҳои «давлати исломӣ»-и ҲНИТ-ро бо амрҳои халифаи ДОИШ муқоиса кунем, ҳеҷ фарқе дида намешавад.
Маҳз ҳамин умумият ва ҳақиқатро дар назар гирифта, моҳҳои охир ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва кишварҳои қудратманди олам ҲНИТ-ро ҳам дар қатори «Алқоида»-ю «Толибон»-у «ДОИШ» ба рӯйхати ягонаи ташкилотҳои экстремистию террористӣ дохил карда, фаъолияти онро дар ҳудуди худашон манъ карданд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати хориҷаи Тоҷикистон, дар ҷараёни дидори муовини вазири хориҷаи Русия аз Душанбе ҷонибҳо дар заминаи талошҳои муштарак барои муқобала бо гурӯҳи террористии ДОИШ тавофуқ кардаанд
Тарафҳо бар зарурати муттаҳидсозии талошҳо барои мубориза алайҳи ДОИШ, андешидани ҷораҳои фарогир дар муқобала бо падидаи ҷангиёни террористи хориҷӣ ва коҳиши таҳдидҳо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ таъкид кардаанд. Таваҷҷӯҳи аслӣ ба муқовимати муассир алайҳи хатарҳои террористӣ ва ҷиноӣ, ки аз ҳудуди Афғонистон таҳдид мекунад, ҷалб шудааст.
Зимнан, мақомоти Русия такрор ба такрор аз хатари эҳтимолии гурӯҳҳои террорист, бахусус, гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ба амнияти Тоҷикистон ҳушдор додаанд
Бояд зикр намуд ки имрўз Тоҷикистон 26-солагии Истиклолияти худро бо комёбиҳои  ба даст овардаи худ дар сиёсат, иктисодиёт , ичтимоиёт ва фарханг  қайд намуда, ҳаёти хушбахтонаи  сокинон ва давлати худ Тоҷикистонро баланд бардошта ба суи камёбихои нав ба дар бунёдкори, созандагӣ ва гул-гул шукуфии Тоҷикистони соҳибистилол бо сарварии Асосгузори сулху ваҳдати миллӣ -Пешвои  миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , муҳтарам Эмомалӣ Рахмон ба суи пешрафихои нав ба нав мехнат намуда  ба хифзи харяк вачаби ватани азизамон Точикистон хар як фарди  кишварамон хушёрӣ зиракии худ ба хифзи ватан бо номи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар омодабош хастанд.

ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ: МУШКИЛОТ ВА ДУРНАМОИ МУБОРИЗА БО ОНҲО
Вобаста ба вазъияте, ки имрӯз дар ҷаҳон ба амал омадааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати сарони давлатҳо, ин мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм мебошад. Дар Паёми навбатии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ин таҳдиду чолишҳо омадааст: «Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ узви ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳонишавии муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёт қарор дорад.
Имрӯз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд. Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бистуяк табдил ёфтааст». [1]
Пас аз пош хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар кишварҳои мустаъқили минтақаи Осиёи Марказӣ, фазои холии идеологӣ ба вуҷуд омад ва дар байни мардум бештар равияҳои гуногуни динӣ рӯ ба афзоиш ёфт.
Тақвият ёфтани ташкилотҳои радикалии исломӣ ва террористӣ, ки тарсондан ва хушунатро ҳамчун як воситаи муҳим барои татбиқи манфиатҳои худ пайгирӣ мекарданд, боиси нигарониҳои ҷиддӣ гашт.
Аз оғози ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз масъалаи муҳим ба монанди таъмини амнияти минтақавӣ ва миллӣ дучор гардид. Авҷи хатари терроризм ва экстремизм ин ҳодисаҳои марбут ба ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвари мо дар солҳои 1992-1997 мебошанд.
Шаклҳои зиёди экстремизм ба монанди: сиёсӣ, миллатгароӣ, динӣ, наврасон ва ҷавонон, экологӣ, зиддиҷаҳонишавӣ, маънавӣ ва ғайра муайян карда шудаанд.
Экстремизми миллатгароӣ - ғояҳои радикалӣ, таҳамуллнопазирӣ ва амалҳои зидди намояндагони дигар гуруҳҳои этникӣ, миллатҳо, гуруҳҳои нажодӣ, кӯшиши бартарафкунии сиёсӣ ё ҷисмонии онҳо, хушунат дар шаклҳои шадид - терроризм зидди мардуми гурӯҳҳои дигари этникӣ мебошад.
Экстремизми динӣ - қатъиян эътироф накардани ғояҳои динии дигар, муносибат ва рафтори хашмгинона нисбат ба пайравони мазҳабҳои дигар, таблиғоти ақидаҳои устувор, «ҳақ будани як таълимоти динӣ», кӯшиши решакан, бартараф намудан ва то ба ҳалокат расонидани намояндагони динҳои дигар мебошад.
Экстремизми наврасон ва ҷавонон - назар ва навъи рафтори ҷавонон мебошад, ки аз рӯйи принсипи қувва, хушунат нисбати дигарон, то ба таҷовуз ва куштор асос ёфтааст. Ӯ адоват ба гуногунандешӣ (махсус нисбат ба ҳаракатҳои муайяни ҷавонон), инчунин хоҳиши бунёди ҷомеаи тоталитариро дар асоси тобеият пешниҳод менамояд.
Экстремизми экологӣ - назари радикалӣ нисбат ба ташкилот ва корхонаҳои ба таназзули муҳити зист мусоидатунанда мебошад. Он дар амалҳо ва намоишу эътирозҳо барои ҳифзи муҳити зист бар зидди гунаҳкорони ҷиноятҳои экологӣ зоҳир мегардад. Чораҳои радикалӣ ҳатто нисбати шахсоне, ки либосҳои аз пашми ҳайвонот ба бар кардаанд, метавонанд зоҳир шаванд.
Экстремизми зиддиҷаҳонишавӣ - назари радикалӣ ва рафтори бераҳмона нисбати ташкилотҳои ба фазои ҷаҳонишавии иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ таъсиркунанда мебошад. Ифротгароён дар ҳаракати зидди ҷаҳонишавӣ ба ташкили бетартибиҳои оммавӣ, истифодаи зӯроварии бевосита дар мубориза бо ширкатҳои трансмиллӣ, ниҳодҳои байналмилалии иқтисодӣ ва сиёсии характери ҷаҳонишавидошта, иштирок мекунанд.
Экстремизми ахлоқӣ - таҳаммулнопазирии шадид ба навъи муайяни меъёрҳои ахлоқӣ ва қоидаҳои рафторӣ, роҳ додан ба зӯроварӣ барои таблиғи маҷмӯи талаботҳои маънавӣ, накукорӣ ва аҳкоми динӣ аст. Намунаҳои он танқиди бадахлоқӣ, суханони қабеҳ, пӯшидани либосҳои бегона, риоя накардани қоидаҳои шарафи динӣ ва дунявӣ ва ғайра мебошад.
Ҳар яке аз ин шаклҳо дорои хусусияти худ мебошад, аммо онҳоро зуҳуроти харобиовар, таҷовузкорона, бераҳмона, ки ҳадафи равшан надорад, бо ҳам мепайвандад.
Амалиётҳои сиёсии экстремизм дар шаклҳои гуногуни фаъолияти экстремистӣ оғоз шуда ва дар шаклҳои хавфноки иҷтимоӣ чун шӯриш, фаъолияти исёнгарона ва терроризм хотима меёбад.
Терроризм ҳамчун падидаи мураккаби иҷтимоӣ-сиёсӣ ва ҷиноӣ аз зиддиятҳои дохилӣ ва берунаи рушди иҷтимоӣ вобаста мебошад.
Терроризм ин таҳдиди бисёрҷониба ба манфиатҳои ҳаётан муҳими шахс, ҷамъият ва давлат, ки яке аз навъҳои аз ҳама хатарноки ифротгароии сиёсӣ дар тарозуи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ мебошад, муайян карда шудааст.
Экстремизм ва терроризм дар маҷмӯъ хатари воқеӣ ҳам ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳам барои кишвари мо ба ҳисоб меравад.
Сабабҳои пайдоиши экстремизм мисли шаклҳои он гуногун аст. Ин сабабҳоро чунин метавон дарҷ кард:
• сатҳи пасти дониши динӣ ва дунявӣ, маърифати ҳуқуқӣ;
• моддӣ;
• идеологӣ;
• хоҳиши табадулот ва норозигӣ аз вазъи воқеӣ;
• пайдо намудани шавқ ба фаъолияти нав;
• ҷой доштани камбудиҳо дар тарбияи оилавӣ;
• коҳиш ёфтани сатҳи зиндагӣ;
• хусумати шахсии роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ, байни шахсиятҳои сиёсӣ;
• поймол намудани ҳуқуқҳои динӣ ва этникӣ;
• дар сатҳи паст қарор доштани фарҳанги иттилоотӣ;
• фаъолияти динии мубаллиғони хориҷӣ ва ғайраҳо.
Дар ҳар як дин (на фақат дар ислом) эҳтимолияти падидаи экстремизм дида мешавад. Оинҳои динӣ рафтори муайян, ҳисси тобеият, дарки масъулиятро дар шакли амрҳои динӣ дастур медиҳанд. Аз ин рӯ, экстремизми динӣ дар давраҳои гуногуни инсоният дар кишварҳои гуногун, дар қаъри мазҳабҳои гуногун ба вуҷуд омадааст. Мақсади экстремизми муосир таъсиси давлате мебошад, ки ҳудуди байни кишварҳои мусулмониро эътироф намекунад. Фаъолияти онҳо ҳамаи ҷаҳони исломиро фаро гирифта, мақсадашон бошад, барпо намудани ҳокимият аз болои ҷаҳони ислом ва сипас бар тамоми ҷаҳон мебошад. Воқеаҳои ҷаҳонӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки айни замон бузургтарин таҳдид ин фақат экстремизм не, балки экстремизми динӣ мебошад. Оғози онро мо дар мисоли фаъолияти ба ном Давлати исломии Ироқу Шом, ки тамоми Ховари Миёнаро бахусус: Ироқ, Сурия, Либия, Яман ва ҳоло бошад. таҳдиди вай ба Афғонистон ва давлатҳои ҳамсарҳади Осиёи Миёна дида мешавад, метавон хотиррасон кард.
«Давлати исломӣ» як гурӯҳи тундравест, ки дар як соли пеш аз бадани шуъбаи ироқии шабакаи «Ал-Қоида» ҷудо шуда, дар як муддати кӯтоҳ қаламравҳои бузурге дар Ироқу Сурияро ишғол кард. Ин гурӯҳ дар сарзаминҳои таҳти назораташ “Хилофати исломӣ” таъсис дода, мехоҳад хилофати воҳиди исломиеро, ки дар асрҳои аввали зуҳури Ислом вуҷуд дошт ва тамоми сарзаминҳои мусалмониро муттаҳид мекард, барқарор ва дар қаламрави он меъёрҳои шадиди шариатро ҷорӣ кунад. Дар харитаҳои «Давлати исломӣ», аз ҷумла тамоми Осиёи Марказӣ ҳамроҳ бо шарқи Эрон ва Афғонистону Покистону Ҳинд дар як «устон»-и воҳид бо номи «Хуросон» мунъакис шудаанд. [2]
Тибқи гузориши Гурӯҳи байналмилалии буҳроншиносӣ (ICG) таҳти унвони «Бонги изтироб аз Сурия: Тундгароӣ дар Осиёи Марказӣ» шумораи афзояндаи ҷангиён аз ин минтақа дар сафҳои созмони тундрави «Давлати исломӣ» «мушкили печида» барои ҳукуматҳои ин қаламрави собиқи Шӯравӣ номида шудааст.
Дар ин гузориш, ки рӯзи 20 январи соли 2015 нашр шудааст, гуфта мешавад, «маргинализатсияи сиёсат ва ояндаи тираи иқтисодӣ» танҳо дар 3 соли охир тақрибан аз 2 то 4000 нафарро таҳрик додааст, «то ба ҳукуматҳои дунявии ин кишварҳои пасошӯравӣ пушт гардонда, дар созмонҳои тундгаро ягон алтернатива биҷӯянд».[3]
Созмони «Давлати исломӣ», бино ба ин гузориш, «на фақат онҳоеро, ки ҷанг меҷӯянд, балки ҳам онҳоеро, ки диндортару эътиқодмандтаранд ва ба ҳаёти мазҳабии бунёдгароёна бартарӣ медиҳанд, ба худ ҷалб мекунад.»
Қодир Маликов, директори маркази мустаъқили таҳлилии "Дин, ҳуқуқ ва сиёсат" аз Қирғизистон рӯзи 20 январ дар як нишасти хабарӣ дар Бишкек гуфт, ки созмони “Давлати исломӣ”, ки дар Сурияву Ироқ бо ҳадафи таъсиси хилофати воҳиди исломӣ меҷангад, барои ба ҳам задани вазъ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ 70 миллион доллар ҷудо кардааст. Қодир Маликов мегӯяд, “Давлати исломӣ” дар ҳайаташ гурӯҳи ҷангии алоҳидае бо номи “Мовароуннаҳр” созмон додааст, ки ҷангиён аз кишварҳои Осиёи Марказиро муттаҳид мекунад.
Ӯ таъкид кард, ки ин 70 миллион бояд барои ташкили шӯъбаҳо, ҷалби афрод ва ҳатто анҷоми ҳамлаҳои террористӣ дар минтақаи водии Фарғона истифода шавад.» [4]
Тибқи маълумоти роҳбари маъмурии Ироқ Фуад Ҳусейн шумораи аъзоёни ин созмон то моҳи ноябри соли 2014 зиёда аз 200 000 нафар муайян карда шудааст.[5]. Дар асоси маълумоти Хадамоти федералии амнияти Федератсияи Росия (800 то 1700 нафар шаҳрвандони рус) [6], узви Ҳизби Лейбории Великобритания Холид Маҳмуд (наздики 1500 нафар шаҳрвандони Великобритания) [7], роҳбари Вазорати корҳои хориҷии Олмон Томас де Мезьер (650 нафар шаҳрвандони Олмон)-ро муайян намуданд.[8].
Бино ба маълумоти расмӣ дар ҳайати ин созмони тундрави мазҳабӣ беш аз 1000 нафар аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла то 300 нафар аз Тоҷикистон меҷанганд. [9]
Рӯзноманигори радиои «Озодӣ» Зарангези Наврӯзшоҳ дар мақолаи худ «Ду зани тоҷикро "Давлати Исломӣ" ба шавҳар додааст», қайд кардааст, ки 02 апрели соли 2015 бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ ва Вазорати корҳои дохилии ҶТ ҳамоиш дар мавзӯи “Ҳамкориҳои ҷавонон бо мақомоти дохилӣ дар мубориза бар зидди ифротгароӣ” баргузор гашт. Дар он масъулини мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, Кумитаи дин ва дигар ниҳодҳои ҷамъиятӣ бо ҷавонон суҳбат оростанд.
Дар доираи масъалаи ҷалби ҷавонон ба созмонҳои тундрав аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар соли гузашта алайҳи 110 нафар барои ифротгароӣ ва терроризм ва нисбати 74 нафар ҳам барои ширкат дар ҷангҳои Сурияву Ироқ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ҳамчунин, зикр гардид, 30 ҷавони тоҷик дар ин ҷангҳо кушта шудаанд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузорӣ фаъолияти чунин созмонҳои экстремистӣ мисли «Ал-Қоида», «Толибон», «Бародарони мусалмон», «Ҳаракати исломии Узбекистон», «Ҳизб-ут-Таҳрир», «Салафия», «Ҷамоати таблиғ», «Ҷамоати Ансоруллоҳ», «Ҷабҳат Ан- Нусра», «Гурӯҳи-24» ғайриқонунӣ эълон карда шуда, фаъолияти онҳо дар қаламрави кишвар манъ карда шудааст. Аммо новобаста аз ин, бинобар маълумоти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта, то имрӯз аз сӯйи ин ниҳод 85 нафар барои узвият бо Ҳизби Исломии Узбакистон, 64 нафар узви Ҷамоати Ансоруллоҳ, 3 нафар узви Толибон, 4 нафар узви Ҷабҳат Ан-Нусра, 10 нафар - Давлат-ул-Ислом, 7 нафар - Мусалмонони Солеҳ, 11 нафар - Ҳизб-ут-Таҳрир, 35 нафар Салафия, 2 нафар - Гурӯҳи 24, 14 нафар барои ҳамкорӣ бо Ҷамоати Таблиғ боздошт шудаанд.[10]
Таҳлили сарчашмаҳо нишон медиҳанд, ки бештар ҷавонон, ки яке аз қишри осебпазири ҷомеа ба ҳисоб мераванд ҳадафи асосии гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ мегарданд. [11]
Ба андешаи мо, барои фаҳмиши дурусти ин масъала бояд худи мафҳуми «ҷавонон» ва сабабҳои шомил гардидани онҳо ба ин ҳизбу ҳаракатҳо мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор гирад.
«Ҷавонон - ин гуруҳи иҷтимоию демографӣ мебошанд, ки дар асоси маҷмӯи хусусиятҳои синну сол ҷудо карда шуда, аз хусусиятҳои вазъи иҷтимоӣ ва аз дигар хусусиятҳои иҷтимоӣ-равонӣ вобастагӣ дорад. Ҷавонӣ ҳамчун марҳалаи муайяни давраи зиндагии биологӣ гуногунпаҳлу аст, вале доираи мушахасси синнусолии он, ки бо мақоми иҷтимоӣ ва хусусиятҳои иҷтимоӣ-равонӣ алоқаманд аст, дорои хусусияти иҷтимоӣ-таърихӣ буда, аз сохтори ҷамъиятӣ, фарҳангӣ ва қонуниятҳои ҷомеакунонии он вобастагӣ дорад». [12]
Шароити мусоид барои онҳо ин дараҷаи кофии имконияти иқтисодии ҷомеа мебошад, ки барои баркамол расидани ҷавонон, рушди малакаи онҳо, азхуд намудан ва дарёфти мақоми хоссаи худ дар ҷомеа дар соҳаҳои гуногунро таъмин намояд.
Муҳити ҷавонон бо хусусиятҳои иҷтимоии худ ва дарки муҳити атроф яке аз қисми ҳассоси ҷомеа ба ҳисоб меравад, ки дар он иқтидори манфӣ барои эътироз босуръат ба амал меояд. Зери таъсири омилҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва ғайра дар муҳити ҷавонон онҳое, ки бештар ба ин таассурот гирифтор дучор мешаванд, ташаккули ақидаҳои радикалиро ба вуҷуд меорад. Ҳамин тариқ, шаҳрвандони ҷавон сафи созмонҳои экстремистӣ ва террористиро зиёд менамоянд, ки дар ин раванд ҷавонони тоҷик ҳам истисно нестанд. Ҳамаи гурӯҳҳои экстремистии ҷавонон характери ғайрирасмӣ доранд. Барои ҳамин ҳам аксар вақт ҷавонон дар бораи заминаи идеологӣ доштани ин гуруҳҳо ва ҳаракатҳои ифротӣ тасаввурот надоранд ва онҳо зери таъсири шиорҳои баланд, хусусиятҳои зоҳирӣ ва ҷузъиёти дигар қарор мегиранд.
Дигар воситаи таъсиррасон ба шомилгардии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ ин истифодаи васеи сомонаҳои интернетӣ мебошад. Созмонҳои экстремистӣ ва террористӣ аз ин усул бо паҳн кардани сабтҳои видеоӣ, наворҳои таблиғотӣ ба равони ҷавонон таъсир карда, тарафдорони худро зиёд намуда, ҳатто ба ҷиҳод ва ҷанг даъват менамоянд.
Яке аз хислатҳои ҷавонон ҳамчун субъекти муносибатҳои сиёсӣ ин хусусияти вазъи иҷтимоӣ-иқтисодӣ мебошад, ки аз ноустувории нисбӣ, тағйирёбии мавқеи ҷавонон дар сохтори ҷамъиятӣ, мақоми иҷтимоии начандон баланди онҳо, маҳдудияти алоқаи иҷтимоӣ-сиёсӣ ва иштироки сиёсӣ муайян карда мешавад. Ин вазъият ҷавононро бо мавқеи нобаробар бо дигар гурӯҳҳои бештар ташаккулёфтаи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мегузорад. Бо ҳамин муҳити мусоиди низоъҳои гуногуни иҷтимоӣ, таъсири омилҳои идеологии беруна дар тафаккури сиёсии ҷавонон пайдо шуда, аксар вақт тобиши сиёсӣ мегирад.
Хусусияти дигари ҷавонон ҳамчун субъекти иҷтимоии муносибатҳои сиёсӣ аз хусусиятҳои шуури ҷавонон, ки на танҳо бо синну сол, балки ба вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ин гурӯҳ вобаста аст, алоқаманд мебошад.Бояд қайд намуд, ки мафкураи ҷавонон хеле ба осонӣ зери таъсири омилҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, динӣ мегардад. Аз ин рӯ, сарнавишти ҷавонон аз он қувваҳои сиёсие, ки бештар ба ташаккули ҷаҳонбинии онҳо таъсир мерасонад, вобастагии калон дорад.
Тоҷикистон аз назари демографӣ дар ҳоли рушди доимӣ қарор дорад ва аз нисф зиёди аҳолӣ, яъне қувваи асосии пешбарандаи онро ҷавонон ташкил медиҳанд. Бинобар ин, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, масъалаи наврасону ҷавонон ва ҳалли мушкилоти ҳаёти онҳоро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат эълон кардааст.
Ба хотири таъмини шароити донишомӯзии наврасону ҷавонон солҳои охир аз тарафи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зиёде ба сомон расонида шуданд. бамонанди таъмиру таҷдиди мактабҳо, сохтмони муассисаҳои таълимии наву замонавӣ, сифати чопи китобҳои дарсӣ ва дастрасии онҳо, компютерикунонии муассисаҳои таълимӣ амалӣ гардонида шуда, Китобхонаи миллӣ бо таҷхизоту технологияи пешрафтатарин ба истифода дода шуд.
Имрӯзҳо беш аз 12 ҳазор нафар ҷавонони соҳибистеъдоду лаёқатманди тоҷик дар хориҷи кишвар аз ҳисоби давлат таҳсил карда истодаанд. Ҳоло дар дохили кишвар зиёда аз 200 ҳазор нафар донишҷӯён таҳсил доранд. Аммо новобаста ба кушишу дастгириҳои ҳамаҷонибаи давлат ва ҳукумат ҳоло ҳам мушкилоти ҷавонон, яъне ба мазҳабу равияҳои бегона шомил гардидани баъзе аз онҳо ҷой доранд.
Тибқи иттилои сардори Раёсати умури дохилии вилояти Суғд генерал Шариф Назаров, дар ду моҳи соли 2015 дар қаламрави вилоят 52 аъзои гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ дастгир шудаанд. Ӯ ин нуктаро дар конфронси илмӣ-амалӣ зери унвони “Муҳоҷирати аҳолӣ, таҳдидҳо ва хатарҳои муосир: нақши ҷомеа ва мақомоти давлатӣ дар мубориза бо чунин зуҳурот”, ки 16 март дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, иброз дошт. Генерал Назаров афзуд, кормандони мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд тайи солҳои 2010 - 66 нафар, 2011 - 73, 2012 - 5, 2013 - 31, 2014 - 84 ва 2 моҳи сипаришудаи соли 2015 - 52, ҷамъ 311 нафарро бо иттиҳоми узвият дар гурруҳҳои мухталифи террористиву ифротӣ боздошт кардаанд: "Аз ҷумла 177 нафар аъзои иттиҳоди ҷиноии “Ҳаракати Исломии Узбекистон”, 68 узви ҷамоати “Ансороллоҳ”, 31 аъзои ҳизби динӣ-экстремистии “Ҳизб-ут-Тахрир”, 13 узви равияи динии “Салафия”, 12 аъзои ҷамоати “Ҷундуллоҳ”, 10 узви ҷамоати динӣ-экстремистии “Даъват-ут-таблиғ”, ки дар ҳайати 12 гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ фаъолият намуда, мақсади содирнамоии ҷиноятҳои вазнини дорои раванди террористию экстремистии таъсири васеи ҷамъиятиро доштанд, муайяну дастгир шуданд ва далелҳои шайъии тасдиқкунандаи харакатҳои ҷинояткоронаи онҳо дарёфту мусодира ва нисбат ба аъзои ин гуруҳҳои ҷиноӣ бо дастрасии талаботҳои моддаҳои 187, қисмҳои 1 ва 2, 401 иловаи 1, қисми 1, 347, қисми 2, 307 иловаи 2, 195, қисми 2-и КҶ ҶТ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуданд”.
Сардори Раёсати умури дохилии вилояти Суғд мегӯяд, ки аз ҳисоби дастгиршудаҳо 82 нафар сокинони шаҳру навоҳии Истаравшан, 58 тан аз Исфара, 17 нафарӣ аз Конибодому Панҷакент, 11 кас аз Хуҷанд, 2 нафар аз Чкалов, 54 кас аз Бобоҷон Ғафуров, 20 нафарӣ аз Ашту Спитамен, 12 кас аз Шаҳринав, 10 тан аз Мастчоҳ, дунафарӣ аз Зафарободу Ғончӣ, якнафарӣ аз Қубодиён, Ҷаббор Расулов, Айнӣ ва Душанбе мебошанд.
Номбурда зимнан таъкид намуд, ки 153 тан аз дастгиршудаҳо ҷавонони синни то 30 ва 158 нафар шаҳрвандони аз 30-сола боло буда, зиёда аз 70 дарсади онҳо дар муҳоҷирати меҳнатӣ берун аз марзи Тоҷикистон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро шомил гаштаанд: “10 нафар аъзои ин ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро дар ҷараёни гузаронидани амалиётҳои муштарак ва нишон додани муқобилияти мусаллаҳона безарар гардонида шуданд”.[13]
Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймуъмин Ятимов дар сӯҳбати расмияш бо донишҷӯёни донишгоҳи давлатии Кӯлоб, ки 11 апрели соли 2015 баргузор гашт, аз ҳузури тоҷикон дар ҷангҳои Сурия гуфта гузашт. Аз ҷумла қайд карда шуд, ки ҳоло аз минтақаи Кӯлоб дар ҷангҳои Сурия 33 тан кушта шуда, дар ҳоли ҳозир 10 нафар бо зану фарзандонашон дар майдони ҷанг қарор доранд. [14] Ба андешаи мо, сабаби чунин рух додани ҳодисаҳо пеш аз ҳама дар сатҳи паст қарор доштани тарбияи ҷавонон, робитаи нокифояи падару модарон бо мактаб, риоя нагардидани талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ки боиси ба дарсшиканӣ роҳ додани ҷавонон ва афзоиши ҷинояткорӣ оварда мерасонад, дида мешавад.
Илова бар ин, баъзе наврасону ҷавонон баъди хатми мактаби миёна барои идомаи таҳсил ва соҳиби ягон касбу ихтисос шудан кӯшиш ба харҷ намедиҳанд, бе шуғл мемонанд, аз хизмати ҳарбӣ низ саркашӣ менамоянд,

18 декабри 2017 сол
Вокунишҳо
Муфассал...