08 сентябри соли 2016
25-соли истиқлолият ва 10-соли таъсисёбии донишкада
        Донишкадаи куҳи-металлургии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Бустон  муассисаи олии таълимии омодасозии мутахассисони соҳаи куҳӣ-металлурги ва энергетикиву иқтисодии мамлакат мебошад. Ҷомеаи меҳнатии ин боргоҳи маърифат бо руҳияи баланди созандагиву ободкори 25-солагии истиқлолияти мамлакатро таҷлил намуданд. Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода ва Раиси шаҳри Бустон Рухсора Давлатзода сарогоз аз махсули тафаккуру андешаи устодону шогирдони донишкада - китобу маҷаллаҳо ва патентхои ихтирооту кашфиётҳо, ки ба намоиш гузошта шуда буд боздид намуданд. Зикр карда шуд, ки чандин ихтирооту навовариҳое, ки дар давоми 25-соли истиқлолият ва 10-соли таъсисёбии донишкада руи кор омадааст, патенти ихтироотро ба даст овардаанд.
















Макетҳои ба намоиш гузошташуда бозгукунандаи навгониву мукаммалсозиҳо дар самти балоиҳагирӣ ва истихроҷу коркарди канданиҳои фоиданок, металлургия ва энергетика буданд. Чорабини бо садо додани Суруди милли огоз гардида, Ректори донишкада меҳмононро хайрамақдам гуфт. Вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумхурӣ Шавкат Бобозода ҷомеаи меҳнатии донишкада ва мухассилини ин муассисаро бо чашни таърихии Истиқлолият ва 10-солагии ДКМТ шодбош намуда,  ба устодоне, ки дар таълиму тарбияи мутахассисони баландпоя хизматҳои шоиста кардаанд ва ба донишчуёне, ки бо баҳои аъло таҳсил намуда, дар чорабиниҳои чамъиятиву сиёси ва фарҳанги хизматҳои арзанда кардаанд бо ифтихорномаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонид. Хамчунин раиси шаҳри бустон низ дар суханронии худ саҳми устодону донишчӯёнро дар ободонии шаҳр ва сахмгузори дар чорабинихои оммавии шахри шоистаи таҳсин хонда, ҳамагонро бо ҷашни истиқлолияти давлатии кишвар шодбош намуд. Вазири саноат ва технологияхои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода дар суҳбати озоди худ бо устодону донишчуён оиди омузиши забонҳои хориҷӣ, омодасозии мутахассисони рақобатпазир ва робитаи мустаҳками илм бо истеҳсолот дастурҳои судманд дод. Чорабиниро барномаи фарҳангии хунармандони қасри фарҳанги шаҳри Бустон ва донишчӯёни ДКМТ шукуҳи бештар зам намуд.
Муфассал...